Дар шумораи охирини СССР шеърҳоеро мутолиа кардам, ки онҳоро таҳқир нисбати 2 шоири тавонои миллат меҳисобам. Агар Низом Қосим соҳибмактаб намебуд, ба ин мартаба намерасид. Охир рӯзе, ки ӯро садр интихоб мекарданд, касе аз минбар овоз баланд накарда буд. Садҳо нафарро аз Ӯзбекистон аз доираи адабӣ пеш карданд, осмон омада ба замин начаспид. Биёед, сангандозӣ ва кулӯхандозиро хотима диҳем.
«Дар таърихи тӯлонӣ ва пурғановати халқи тоҷик, ба хусус, давраи исломии он, шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба зуҳур омаданд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг, ҳувият ва асолати миллӣ нақши беандозаро гузоштаанд».
Эмомалӣ Раҳмон, «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ»,
(«Ҷумҳурият», 13.11.2008)
Хокдоне пур аз мардони Худо!
Омӯзиши кору зиндагӣ ва мақоми бузургони гузашта барои худогоҳии ҳар халқ басо муҳим аст. Хоса, омӯзиш ва пос доштани рӯҳи онҳое, ки фаъолияташон баёнгари замони гузашта аст, барои шинохти таърихи хеш ва худогоҳии миллӣ дар замони ба Истиқлолият расидани кишвар хеле нафърасон аст. Бояд гуфт, ки фарзандони фарзонаи халқи тоҷикро, ки тӯли 5000 сол миллатро бо ҳувияташ то имрӯз овардаанд, бо ангушт шуморидан хеле душвор аст. Оромгоҳҳои онҳо дар қаламрави Хуросони Бузург ва дигар кишварҳо мавҷуд буда, таърихи гӯёи мо мебошанд. Мисли дигар ҷойҳои кишварамон дар н.Данғара ва марзҳои гузаштаи таърихии он низ шахсиятҳои бузург мисли Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддини Дашти Кулакӣ, Хоҷаи Зинда, Хоҷаи Заррин, Хоҷаи Нур, Хоҷа Бобои марди Валӣ, Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ, Ҳабибуллоҳ ибни Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ (Соҳибзода), Хоҷа Мастона, Хоҷа Аслихо, Хоҷа Гулгун, Хоҷа Сабзпуш, Хоҷа Ҷароия, Шайх Ҳусайн, Ёқуб Саҳоба, Мирсаид Ибод, Ҳоҷӣ Шарофиддин, Ҳилҳилакбобо, Хоҷа Фатҳулло, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Мири Назири Шингихоӣ, Маҷнуни Сиёпӯш, Ҳоҷӣ Муҳаммадкабири Муҷаддавин, Домулло Шамс, Домулло Файзуллоҳ ва Мақсуди Мавлавии Кӯлобӣ, Девона Мақсум ва дигарон фаъолият намудаанд, ки дар миёни онҳо Хоҷа Шақиқи Балхӣ (асрҳои 8-9) яке аз чеҳраҳои бузурги фарҳанги форсӣ маҳсуб меёбад.
Соли таваллуди бузургвор аён нест. Ӯ дар шаҳри қадимаи тоҷикон-Балх ба дунё омада, солҳои 809-810 дар замини Хатлон (Данғара) дар деҳаи ҳамном-Хоҷа Шақиқи Балхӣ аз дунё гузаштааст. Имрӯзҳо аз вафоти ӯ 1207 сол сипарӣ мешавад. Олими тоҷик Ғолиб Ғоибов дар бораи фаъолияти илмии Хоҷа Шақиқ то тавонистааст маълумоти бештаре гирд овардааст. Хоҷа Шақиқ аз рӯи навиштаи уламои асримиёнагӣ ва муосир шогирди поягузори мазҳаби Ҳанафия Имоми Аъзам ибни Нӯъмон ибни Собит будааст. Шайх Аттор-муаллифи шеъру достонҳои ирфонӣ дар асараш «Тазкират-ул-авлиё» дар бораи Хоҷа Шақиқ менависад: «Ҳотами Асамм муриди Хоҷа Шақиқи Балхӣ буд». Ҳотами Асамм (қабраш дар н.Файзобод (Вашгирди таърихӣ) воқеъ буда, 30 сол дар назди Шақиқ шогирдӣ кардааст. Ҳотами Асамм (кӯр, аммо кар набуд) ҳамаи улуми замон-ҳандаса, ҷуғрофиё, нуҷум, фиқҳ, Илоҳиёт ва шариатро аз устодаш азбар карда, мисли Хоҷа Шақиқ яке аз орифони машҳури Хуросон гашта буд ва бузургии ӯро Саъдии Шерозӣ дар китобаш «Бӯстон» тасвир карда ба анкабут ташбеҳ додааст:
Баромад танини магас бомдод,
Ки дар чанбари анкабут афтод.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар асари ирфонии хеш «Нафаҳот-ул-унс» ба Хоҷа Шақиқ баҳои баланд дода мегӯяд, ки «Ҳотами Асамми машҳур шогирди ӯ буд».
Аз сабр то шукри Шақиқ
Хоҷа Шақиқ дар мулки арабу аҷам сафари бисёре карда, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меорад. Мегӯянд, ӯ мутаалими аҳли сиёсату давлатмандон ва фақеҳон будааст. Дар асарҳои олимони асримиёнагӣ оид ба вохӯриҳову шарафёбии ӯ ба шахсиятҳои мазкур хеле зиёд оварда шудааст. Масалан, боре халифаи машҳур Ҳорун-ар-Рашид ӯро ба дарбор даъват карда, аз ӯ панд мепурсад. Халифа мегӯяд: Ай Шақиқ, ба ман панде бидеҳ! Шақиқ мегӯяд: Ту чашмаву аъмоли ту ҷӯйҳоро мемонад. Агар чашма равшан шавад, тирагии ҷӯйҳо зиён надорад ва агар чашма торик бувад, бар равшании ҷӯйҳо умед нест (Ғ. Ғоибов, с.22).
Боре Хоҷаи мавсуф ба мутафаккири бузурги олами Ислом Иброҳими Адҳам вомехурад ва аз ӯ суол мекунад, ки дар маош (рӯзгузаронӣ) чӣ кор мекунӣ? Адҳам мегӯяд, мисли шумо, агар бирасад, хайр мекунам, нарасад шукр. Шақиқ мегӯяд: «Мо аҳли аҷамем, сагони Хуросон мисли шумо мекунанд. Сониян ӯ аз Шақиқ ин ҳолатро мепурсад. Шақиқ ҷавоб медиҳад: агар бирасад, шукр мекунам, агар нарасад, сабр мекунам («Хазинат-ул-асфиё»).
Хоҷа мегуфт, Худованд яктост ва динҳо бисёр ва адёни дигарро низ эҳтиром мекард. Тифоқо, ӯ ба мулки Чин сафар карда, дучори саҷдаҳои ин мардум ба худоҳои худ мегардад ва мегӯяд, ки чаро шумо ба бутҳо ибодат меоред. Онҳо мегӯянд, ки мо аз рӯи саҷдаи худоҳоямон соҳиби ризқу рӯзӣ ҳастем.
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст,
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ. (Ҳофиз)
Хоҷа Шақиқ тафохурро бад медид, зиндагии порсоёна мегузаронд, ба боғкорӣ машғул буд, либоси оддӣ ва арзон ба бар мекард. Боре имоми Балх дар тан либосҳои қиматбаҳо Шақиқро мазоҳ карда мегӯяд:
Ай Шақиқ, ин чӣ гуна ҷома аст, ки ту пӯшидаӣ? Шақиқ ҷавоб мегӯяд, ҷомае, ки бар ман аст, ба ҷомаи Расули Худо монанд аст».
Хоҷа Шақиқ дар охири умр дар мулки Хатлон, дар Кулон (Дашти Кулак), яъне Данғараи имрӯза умр ба сар мебарад ва ҳангоми сафараш ба Вашгирд (назди муридаш Ҳотами Асамм) аз тарафи туркҳои забткору саҳронишин ба ҳалокат мерасад. Ҳоло қабраш дар мазори деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ (собиқ деҳаи Себистон)-и н.Данғара макони зиёрати мардуми олам аст. Баъзе олимони замони Шӯравӣ, аз ҷумла, Бартолд ва устод Аҳрор Мухторов гуфтаанд, қабри Шақиқ дар мазори шаҳри Балх аст, баъзеҳо бар онанд, ки тани ӯ дар гӯристони н.Данғараву сараш дар мазори Балх аст. Аммо сухани дуруст ба олими тоҷик, сокини шаҳри Балх шайхулислом Шафиуддин дахл дорад. Ин олим с.1192 аз Балх ба Дашти Кулак ва Вашгирд (Файзобод) сафар карда, гӯри Хоҷа Шақиқ ва Ҳотами Асаммро (2 бор) зиёрат кардааст. Аммо олимони тоҷик, аз ҷумла, шодравон Ғолиб Ғоибов қабри дар мазори Балх будаи Хоҷа Шақиқро қабри сунъӣ медонанд.
Қабри Шақиқ ниёз ба табдил аст
Дар бораи ҳаёти Хоҷа ва дигар ҳаводиси таърихии Хатлонзамину Дашти Кулак олимони давраҳои гуногун (асримиёнагӣ ва шӯравӣ) Абдураҳмони Ҷомӣ («Нафаҳот-ул-унс»), Абуюсуфи Балхӣ (имоми шаҳри Балх), Сафиуддин («Фазоили Балх»), Ғуломсарвари Лоҳурӣ («Хазинат-ул-асфиё»), Варсаҷӣ («Ҳафтод машоихи Балх»), Ҳабибӣ (Тавзеҳот ба «Фазоили Балх»), аз-Зирикли («Ал-Аълам», «Лисон-ул-мизон»), Авазбоқии Балхӣ («Ҷарида»), Муҳаммад Доро Шукӯҳ («Сафинат-ул-авлиё»), Бартолд, А.Мухторов («Средневековый Балх», «Ҳудуд-ул-олам», Ғолиб Ғоибов «Мазорҳои Мавлоно Тоҷиддини Дашти Кулакӣ ва Шақиқи Балхӣ дар Данғара»), Бозор Муродов («Таърихи Данғара аз замони қадим то имрӯз, ҷ.1») корҳои пажӯҳишӣ анҷом додаанд. Имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангӣ, тавсеаталабии абарқудратҳо, ба оламиён бад нишон додани дини Ислом, афзоиши терроризм ва экстремизми байналхалқӣ, мо тоҷиконро зарур аст, ки аз фарҳангу таърихи ғании худ, аз адабиёти оламшумули он ва муборизаҳои озодихоҳонаи родмардони халқамон огоҳ гардем ва асолати худро дар шароити нав нигоҳ дорем. Оромгоҳи бузургонро обод ва мавриди сайру саёҳат қарор диҳем. Ҳоло мақбараи Шақиқ дар гӯристони назди деҳаи Хоҷа Шақиқи н.Данғара қарор дошта, мӯҳтоҷи ободсозист. Мақбара дар асри 15 ба таври назарногир сохта шуда буд. Дар охири асри 20 соҳибкорони дилсӯзи ватанхоҳ мақбараро ба тарзи оддӣ тармим карданд. Аммо бино ба сабки меъмории асрҳои 9-10 ҷавобгӯ нест. Зиёда аз он, агар кас ба зиёрати мақбараи Хоҷа равон шавад, бо пайроҳаҳои хокии дохили қабрҳо ба он ҷо мерасад, ки ин аҳвол касро ба хиҷил меорад. Бояд гуфт, ки аз Афғонистону Эрон ҳам ба хотири ин шахси бузург, зодаи шаҳри Балхи бостон мардуми зиёде ба зиёрат меоянд. Солҳои пеш 1 анъана буд, ки барои пайванди риштаҳои гусастаи таърихӣ байни шаҳрҳои Табрезу Хуҷанд (ба хотири Камоли Хуҷандӣ) ва Кӯлобу Ҳамадон (ба хотири Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) аҳди бародаршаҳрӣ баста шуда буд. Намешавад, ки байни шаҳрҳои Балху Данғара алоқаҳои бародаршаҳрӣ барқарор карда шавад ва омаду рафти сайёҳону олимони кишварҳои ҳамзабон байни ҳамдигар ба роҳ монда шаваду оромгоҳи бузургонамонро мо дар якҷоягӣ ободу зебо, шодоб ва рӯҳашонро шод гардонем???
Чанд панди Хоҷа Шақиқи Балхӣ
1.Оқил ҳамвора аз се чиз метарсад: тарсидан аз гуноҳҳое, ки кардааст, агар донад, ки баъди ягон соат чӣ ҳодиса рух медода бошад ва аз он ки охират пурҳазар бошад, тарсад, ки бар чӣ хатм гардад.
2.Агар хоҳӣ, ки умри ту ба роҳат гузарад, бихӯр он чӣ туро додаанд, бинӯш он чӣ ёфтаӣ ва розӣ ба қазои Худо бош.
3.Овардани амал ба илм аст, то ҳар ки дар коре бе илм шурӯъ намояд, ба сарҳади мақсуд намерасад.
4.Мард дарахти хурморо шинонда, метарсад, ки хор оварад ва мунофиқ хор шинонад ва умед дорад, ки хурмо бор диҳад.
5.Ба одамон ҳамчун ба оташ дӯстӣ кун. Аз он манфиат бардор, вале эҳтиёт бош, ки туро насӯзонанд.
6.Ман аз гуноҳи нокарда беш аз он метарсам, ки аз гуноҳи карданӣ. Донам чӣ кардаам, аммо намедонам, ки чӣ хоҳам кард.
7.Таваккул он аст, ки дили ту ором гирад ба он чи ки Худои таоло ваъда фармуда.
Чист таърих, ай зи худ бегонае,
Достоне, қиссае, афсонае?
Ин туро аз хештан огоҳ кунад,
Ошнои кору марди роҳ кунад.
Роҳро сармояи тоб аст ин,
Ҷисми миллатро чу аъсоб аст ин.
Забт кун таърихро поянда шав,
Аз нафасҳои рамида зинда шав.
Қавм равшан аз саводи саргузашт
Худшинос омад зи ёди саргузашт
Даргузашти ӯ гар аз ёдаш равад,
Боз андар нестӣ гум мешавад.
(М. Иқбол)
Бозор Муродов, бунёдгузори осорхонаи Данғара,
таърихшинос, тел: 901 99 68 78
Академияи илмҳои ҶТ бо мақсади ҷалб намудани олимони намоёни кишвар ба фаъолияти илмии академӣ, пурзӯр намудани роҳбарии таҳқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои гуногуни дониш ва пурра кардани ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳоро интихоб намуд.
Вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид (антропологияи фалсафӣ), раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов (сиёсатшиносӣ), сардори Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ Абдуфаттоҳ Шарифзода (таърих), муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ (шарқшиносӣ) аз зумраи нафароне ҳастанд, ки аъзои вобастаи Академияи илмҳои ҶТ интихоб гардиданд.
Инчунин, Ҳикмат Муминов (физика), Зарулло Раҳмонов (математика) ва Юсуфшо Яқубов (таърих) аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Ба иттилои Раёсати Академияи илмҳо, Гулчеҳра Қоҳирова (астрономия), Абдураҳмон Муҳаммад (сиёсатшиносӣ), Сахидод Раҳматуллозода (забоншиносӣ), Абдусаттор Саидов (зоология), Сайфиддин Назарзода (забоншиносӣ), Қозимамад Абдуламонов (генетика), Ҳабибулло Абдуллоев (физикаи назариявӣ), Абдулхайр Бадалов (химияи ғайриорганикӣ), Тошбой Бобоев (физикаи ҳолатҳои конденсӣ), Саидалӣ Гулов (растанипарварӣ), Сайфиддин Давлатзода (ботаника ва экология), Хайридин Идиев (фалсафаи иҷтимоӣ), Худоӣ Шарифов (адабиётшиносӣ), Бахшулло Ҷумъаев(физиология ва биохимияи растаниҳо), Шарофиддин Тӯйчиев(физикаи ҳолатҳои конденсӣ), Абдулло Табарӣ (математика), Мирзоҳасан Султонов (забоншиносӣ), Тағоймурод Салиҳов (физикаи назариявӣ), Лутфилло Саидмуродов (иқтисодиёт), Исматулло Раҳимов (химияи дорусозӣ), Сулаймон Исҳоқов (математика), Зайнолобуддин Кобулиев (экологияи муҳити зист), Аламхон Кӯчаров (адабиётшиносӣ), Умархон Мадвалиев (физикаи таҷрибавӣ), Дилрабо Мансурӣ (мошинсозӣ), Музаффар Муҳаммадалӣ (антропологияи фалсафӣ), Эмомалӣ Насриддинзода (ҳуқуқшиносӣ), Ҳайдаршо Пирумшоев (таърих) ва Маҳмад Раҳимзода (ҳуқуқшиносӣ) аъзои вобастаи (аъзо-корреспонденти) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Ба Боғи ҳайвоноти пойтахт, ки ягона дар кишвар аст, солҳои тӯлонӣ надаромада будам. Ҳеҷ гоҳ фикр ҳам намекардам, ки боғи ҳайвоноти Тоҷик, ки дар маркази ш.Душанбе ҷойгир аст, имрӯз чунин ҳоли табоҳу ҳузнангез дошта бошад. Шояд ба умеди кӯч бастан ба макони дигар аст, ё камбуди маошу маблағу шароит, ки кормандони зоопарк ин қадар фориғболанду барои ободи ин гӯшаи пойтахт саъю талоше намекунанд: Ин аз манзараҳои дохили ҳудуди боғ, шароити он, катакҳои холӣ ва бӯи ғализи оби кӯлҳояш маълум буд.
Либоси хос ку?
Субҳи 8.07.2017. Соат бо вақти Душанбе 9:30 дақиқа. Бо писарам Ромин, ки тайи 1 ҳафтаи охир орзуи дидани Боғи ҳайвонотро дошт, ба зоопарк расидем. Аз хазинаи боғ 2 чипта гирифтем, даромадан ба калонсолон 2 сомонӣ ва барои хурдсолон 1 сомонӣ будааст. Чиптаҳоро дар дари даромадгоҳ ҷавоне аз дастамон гирифт, ки нафаҳмидем кӣ буд ӯ, зеро на либоси махсус дошт, на ягон рамзи он, ки кормандони боғи ҳайвонот аст. Бояд қайд намоям, ки ҳангоми баромадан аз боғ бошад дар ҷои ӯ ҷавони тамоман дигаре меистод.
Боғи ҳайвоноти пойтахт зертобеи шаҳрдории Душанбест ва кормандони он аз директораш сар карда то посбон бояд либоси ягонаи махсус ба бар намуда, ба мардум хизмат расонанд. Имрӯз дар ин боғ намефаҳмӣ, кӣ корманд асту кӣ меҳмон. Инчунин, чанд савдогаре, ки бо фурӯши майда-чуйда дар ин боғ машғуланд, на либоси махсус доранд ва на пешдоман. Онҳо, баръакс сару рӯи худро бо чанд қабат рӯймол печонида ҳамчун қаҳрамонони филми тасвирии «Сангпушт-ниндзя» паси мизҳои пуранвои худ нишастаанд. Дар бораи сифату кайфияти маҳсулоти мефурӯхтаи онҳо аслан ҳарфе нест, ҳамааш маҳсулоти арзону пастсифати қаннодиву нӯшокӣ, ки метавонад кӯдаконро касал намояд.
Катакҳои холии Зоопарк
Соат бо вақти Душанбе 9:45 дақиқа. Бо Ромин ба тамошои олами вуҳуш баромадем. Аввал ба самти катакҳои бузу гӯсфандону шутуру паррандаҳо рафтем. Аз гармии ҳаво ҳайвонот беҳолу бемадор ва аксарият дар гӯшаҳои соядори катакҳояшон, назди ҷӯйборҳои пуроб хоб буданд. Мардум бо сабзиву карам, нони хушку печение бузу гӯсфанон ва паррандаҳоро зиёфат мекарданд. Оби кӯчаи хурди 1 тарафи боғ хеле ифлосу бадбӯ шуда буд. Аксарияти катакҳои қисмати чапи боғ холӣ буда, на хирсро дидем, на шер ва на барсро. Танҳо чанд маймун, ҷайраву харгӯшакҳову мушҳои обӣ дар катакҳои хурд маскан гирифта аз хонаашон, ки сояву торик аст, берун намебаромаданд. Дилам ба ҳоли шутурмурғ Эмми сӯхт, ки аз гармӣ сарашро зери қанотҳояш карда ҷои салқин меҷуст. Ку, он шеру палангу барсу хирсҳои азимҷусса, ки барои тамошояшон кӯдакон аз тамоми кишвар ба Душанбе меомаданд!?
Морҳо аз гармӣ худро зери обу хок карданд
Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа. Ба толори хазандагону ваҳшиҳои обӣ даромадем. Ин ҷо низ катакҳои шишагин қисман холиянд, чанд мори калону хурд, сангпушту тимсоҳчаҳо, калтакалосу моҳичаҳои хурдро дидем. Бароямон он аҷиб буд, ки морҳои хурду калон аз таъсири ҳавои гарм худро ба косаи обашон андохта буданд ва ё худро зери хоки нам кардаанд. Дар бархе аз катакҳо аслан на об буд ва на косаи об ва ин ҷонварҳо дар чунин ҳавои гарм бидуни об то кай мезиста бошанд!? Мутаассифона, 2 ҷавон, ки дар ин толор рафтуомад доштанд, нагузоштанд, ки чунин ҳолати морҳоро акс гирам. Ба суоли ман, ки кистанд, гуфтанд, нозирони боғ. Гуфтам агар нозирони боғ ҳастед, пас ку либоси махсус ва бейҷик бо номатон? Онҳо зери лаб пичир-пичир карда рафтанд…
Биноҳои зиёд, аммо кӯҳнаву тороҷшуда
Соат бо вақти Душанбе 10:45 дақиқа. Хостем аз боғ бароем, вале байни пиёдагарду катаку биноҳои дар дохили зоопарк буда гум шудем. Дар ҳудуди боғи ҳайвонот биноҳои гуногуни пасту кӯҳнашуда бисёр будааст. Ҳатто баъзеи онҳо талаву тороҷ шуда, танҳо 4 девору 1 панҷара боқӣ мондаасту халос. Дар қисмати шимолии бозор бошад ҳатто 1 чуқурии махсус кофта будаанд, ки он барои таъмири мошинҳо лозим аст. Ба ёдам омад, ки 10-12 сол пеш ин қисмати боғро ба устоҳои мошинҳо иҷора дода буданд. Биноҳои идориву хоҷагии боғ низ кайҳо кӯҳна шуда, на симои зоҳириашон ба талабот ҷавобгӯ, на шароити дохилашон. Ҳамагӣ ниёз ба барканор шудан доранд. Ба қавли Бедил: «Он хона, ки табдил наёбад, гӯр аст!» Шояд ба умеди кӯч бастан ба макони дигар аст ё камбуди маошу маблағу шароит, ки кормандони зоопарк ин қадар фориғболанду барои обод кардани ин гӯшаи пойтахт хасеро болои хасе намегузоранд.
Кормандони бепарвои зоопарк
1 обанбори дигари боғ, ки калон асту қаблан дар он паррандаҳои гуногун мавҷуд буданд, ҳоло холист. Оби он ҳам гандидаву бадбӯ шуда, вале чаро касе дар фикри иваз кардани об нест? Ҷӯйҳои боғ ҳама шодобанду дарёи Душанбе низ наздик, пас чаро обҳои кӯлҳоро тез-тез нав накунанд? Ё ин, ки паррандаҳо дар оби ифлосу ғализ гаштанро дӯст медоранд? Нафаҳмидем!!!
Ба боғи ҳайвоноти пойтахт, ки ягона дар кишвар аст, солҳои тӯлонӣ надаромада будам. Ҳеҷ гоҳ фикр ҳам намекардам, ки боғи ҳайвоноти Тоҷик, ки дар маркази ш.Душанбе ҷойгир аст, имрӯз чунин ҳоли табоҳу ҳузнангез дошта бошад. Кормандони зоопарк ин қадар бепарвоянду барои ободи ин гӯшаи пойтахт талоше намекунанд-ин аз манзараҳои дохили ҳудуди боғ, шароити он, катакҳои холӣ ва бӯи ғализи оби кӯлҳояш маълум буд. Ҳанӯз аён нест, ки боғи ҳайвонот кай ҷояшро иваз мекунад ва ба куҷо мекӯчад, пас чаро то ин муддат боғро обод карда барои садҳо кӯдакону наврасоне, ки ҳамарӯза ба зоопарк меоянд, шароити беҳтаре насозем? Мо тасмим гирифтем баъди чанд муддат боз аз боғи ҳайвонот дидан намоем. Мо метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Ҳабибулло Искандаровро онҳое, ки ба кори таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ба хубӣ мешиносанд, хоса насли калонсоли соҳаи маориф. Устод тамоми хислатҳои беҳтарини инсонӣ, мисли хоксорӣ, инсондӯстӣ, хушсуҳбатӣ, покдилӣ, меҳнатдӯстиро дар худ ҷой кардааст. Ӯ ҷоннисори соҳаи маориф ва сарсупурдаи кори хеш буда, зиёда аз 64 соли ҳаёташро дар соҳаи таълиму тарбия бахшидааст. Тарҷумаи ҳоли устод воқеан, ҷолиб ва омӯхтанист. Овони ҷавонии ӯ хело вазнин гузашта, солҳои 1944-45 аз падару модар маҳрум шуда, вазниниҳои зиндагии солҳои ҶБВ ва баъдиҷангиро бо душворӣ паси сар кардааст. Тавре худи устод нақл мекунанд: “Волидайни ман аз аввал сокини ш.Кӯлоб ва таҳсилдида буданд. Волидайнам фарзандони зиёде ба дунё меоранд. Вале аз онҳо 3 нафар саломат мондем. (Апаам-Зулҳиҷҷамол, акоям-Саиддониёр ва ман Ҳабибулло). То солҳои 1930 оилаи бечораи мо фирорӣ шуда, аз 1 деҳ ба деҳи дигар мерафтанд, тахмин солҳои 1931-32 ба Афғонистон рафта, баъди 3-4 моҳ ба ватан баргашта, дар деҳаи Бодомтуи н.Шӯрообод (ҳоло Ш.Шоҳин) қарор мегиранд. Падару модарам барвақт ин дунёро тарк намуданд ва ман дар ба дари хонаи хешон шудам ва дар хизмати онҳо будам”.
Ҳабибуллои ҷавон бепарастор мемонад. Ӯро муаллимонаш Т.Гиёев ва Н.Сафаров ба интернати давлатии деҳаи Саричашмаи ноҳия мебаранд. Устод солҳои дар интернат хонданашро чунин ба ёд меорад:” Солҳои аввал аҳволи интернат бисёр бад буд. Аз хунукӣ, белибосӣ, гуруснагӣ азоб доштем. Ба замми он директори интернат моро латукӯб ҳам мекард. Ба бахти мо марди яҳудӣ Г.Е.Устоевро мудир таъйин карданд ва аҳволамон нисбатан хуб шуд, хоса, аз ҳисоби сару либос ва хӯрок.”
Соли 1950 устод мактаби миёнаи ба номи Лоҳутии ҳамин ноҳияро хатм намуда, ба Донишкадаи муаллимтайёркунии ш.Кӯлоб дохил мешавад ва онро с.1952 ба итмом мерасонад. Соли 1958 бошад Донишкадаи омӯзгории ш.Душанберо хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муаллим аз н.Муъминобод оғоз карда, баъдтар ҳамчун ҷонишини директори мактаб, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия адои вазифа менамояд... Маҳз масъулиятшиносӣ ва ҳалолкорӣ устодро миёни аҳли маорифи кишвар муътабар намудааст. Дар тамоми давраи кор аз роҳбарони мактабҳо ғамхор будан ба насли наврас, ҳамзамон, аз рӯи қонун фаъолият кардан ва садоқат ба кору ватанро талаб мекард. Ҳеҷ гоҳ барои мансабу сарват кӯшиш накарда, зиндагии хоксоронае дорад ва ин тарзи зиндагӣ ҳам барояш писанд аст. Ба касе ҳасад намебарад ва парвои молу ҳоли зиёд ҳам надорад. Устод дар давоми фаъолияти корӣ даҳҳо мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ба табъ расонида, 45 китоби хурду калони марбут ба соҳаи маорифро пешкаши омӯзгорон намудааст. Охирин китоби ӯ “Баъзе масъалаҳои муҳими маориф ва шинохти чеҳраҳои мактаб”(Андеша, таҳлил, тавсия) ҳоло омодаи чоп аст, ки бениҳоят китоби пурарзиш буда, масъалаҳои ҷиддии соҳаи маорифро дар бар мегирад. Аз китобҳои устод бармеояд, ки ӯ воқеан, омӯзгори забардаст, эҷодкор, шахсияти барҷаста, ҷӯянда, донишманди закӣ, қавирӯҳ ва ташкилотчии хубе будаанд.
Ҳангоми суҳбат бо устод ҳис кардам, ки ким-чӣ ӯро нигарон кардааст ва сабаби инро аз ӯ пурсидам. Устод оҳи сабуке кашида афзуд: “Ман фахр аз он дорам, ки кори ҳалол кардам, нони ҳалол хӯрдам, аз кисаи касе умед накардам, чӣ будани муфтхӯриро надонистам ва донистан ҳам намехоҳам. Бовар дорам, ки имрӯз ва фардо маро ба беодобӣ, бадахлоқӣ касе муттаҳам намекунад. Вале аз 1 чиз озурдахотирам, ки аз с.2012 сар карда то имрӯз зиёда аз 60 нафар омӯзгорону мушовирони ДҶТИБКМ-ро дучори таъқиб, таҳдид, нописандӣ, дағалию дуруштӣ, таҳқиру шантаж қарор дода аз кор ронданд. Дар байни онҳо 20 нафар нафақахӯрон, Муаллимони шоистаи ҶТ, нафақахӯрони сатҳи ҷумҳуриявӣ, омӯзгорони унвонҳои илмидошта, муаллифони китобҳои дарсӣ, консепсияҳо, барномаҳо, маводу тавсияҳои илмию методӣ буданд. Чунин амал ба вазъи рӯҳиву равонии бештари мо таъсири ҷиддӣ гузошт. Ҳатто Шаҳодатномаи “Ҷоизадори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф”-ро, ҳам дар он ҷо ба эътибор нагирифтанд... Дар ин синну сол аз ҳама муҳим барои ман ин нафъе расонидан ба ҷомеа аст, на маош. Барои манфиат расонидан ба мардум тайёрам ҳар рӯз бемузд кор кунам. Ҳар касе аз ман соволеро ҷӯё мешавад ва ё кореро ба ман месупорад, хурсанд мешавам ва ҳис мекунам, ки ҳоло ҳам ба ҷамъият даркорам,-гуфт дар охири суҳбат устод Искандаров.
Назари Наврӯз,
хабарнигори мардумии СССР, ш.Душанбе
1 зумра олимон ва адибони кишвар пешниҳод намуданд, ки номи баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ояндаи наздик иваз карда шаванд. Аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки шаҳри Қӯрғонтепаро ба Бохтар, Сарбанд ба Леваканд, шаҳраки Балхӣ ба Муқаннъа, Восеъ ба Ҳулбук ва деҳаи Қурбоншаҳид ба Меҳробод иваз карда шавад. Инчунин, пешниҳод гардид, ки номи ноҳияи Бохтарро ба Кушониён иваз намоянд.
Ин тағийротҳо дар асоси дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта дар ин маврид бо олимони шинохта Фарҳод Раҳимӣ, Абдураҳмон Муҳаммад, Юсуфшоҳ Ёқубов, Зикриё Акрамӣ, Нурмаҳмад Амиршоӣ, Абдувалӣ Шарифзода ва бо адибон Низом Қосим, Абдуҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Бароталӣ Абдураҳмон, Мӯҳтарам Ҳотам, Назри Яздон, Қиёмиддини Сатторӣ машварату мубоҳиса карда шудааст.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар