ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Окт 10 2016

27.09.2016. Соат бо вақти Душанбе 13.30 дақиқа. Барои супоридани хун ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» медароям. Фикр мекунам, ана ҳозир медарояму 200 гр хунамро супорида баромада меравам, аммо ин фикрам хатои маҳз будааст! 

Душанбе, Окт 03 2016

Дар баробари 120 нафар ҷавононе, ки аз Панҷакент имрӯз ба сафи артиши миллии кишвар сафарбар гардиданд, 4 нафар ҷӯгиҳо ҳам буданд. Дар ин бора Муҳаммадсодир Сафаров, раиси комиссияи даъвати ҳарбӣ ба СССР иттилоъ дод.  Тибқи иттилои манбаъ, субҳи имрӯз 120 нафар ҷавонони ихтиёрӣ ба комиисариати ҳарбӣ омада, онҳо дар фазои тантанавӣ ба хизмати модар ватан гуселонида шуданд. Дар тантанаи гусели ҷавонон, хешу ақориби эшон, донишҷӯён ва сарбозон ширкат доштанд. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, дар баромади хеш ҳангоми гусели наваскарон иброз дошт, ки хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ин вазифа ва ифтихори ҳар як ҷавонмарди тоҷик аст. Ӯ барои ин наваскарон роҳи сафед ва хизмати содиқона таманно кард. Пас аз чорабинии расмӣ, тантанаи шӯъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Панҷакент ва дастурхони идона барои ин наваскарон омода гардид. Лаҳзаи аҷиб дар ин даъват дар он буд, ки 4 нафар фарзандони лӯлиён низ дар баробари дигар сокинони Панҷакент ба хизмат рафтанд. 

Хуршед Фозилов

 

Ҷумъа, Сен 30 2016

Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ яке аз проблемаҳои ҷиддӣ дар Тоҷикистон буда айни замон 24% занони сини репродуктивӣ ва 29% кӯдакони то сини 5 сола аз камхунии бо сабаби норасоии оҳан пайдо шуда азият мекашанд. Оқибатҳои манфӣ ва аксаран якумрии норасоии микроэлементҳои ғизоӣ барои саломатӣ, инкишофёбӣ, кори имунӣ ва репродуктивӣ, маҳсулнокӣ ва рушди зеҳнӣ харобиовар мебошанд. Дар ин бора ба журналистон Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии кишвар дар чаҳорчӯбаи семинари «Ғизои солим – насли солим», ки рӯзи 30.09.2016 дар Душанбе баргузор гашт,  хабар дод.

-  Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои сину солашон гуногун таъсир мерасонад, вале кӯдакон ва занони сини репродуктивӣ аз ҳама бештар осебпазир буда, бо сабаби норасоии микроэлементҳои ғизоӣ, наметавонанд аз тамоми имконияту қобилиятҳои худ ҳамчун хонанда, волидайн, коргар ва шаҳрванд ба пуррагӣ бархӯрдор бошанд. Равзанаи имконият барои беҳтар намудани ғизо хурд аст – аз оғози ҳомиладорӣ то 2 соли ояндаи кӯдак, яъне 1000 рӯзи муҳим, зеро зарар ба инкишофи ҷисмонӣ, рушд ва ташаккули мағзи сар, ки дар ҳамин давра рӯй медиҳад васеъ ва то ҳадди зиёд бебозгашт аст, - афзуд Шералӣ Раҳматуллоев.

СССР

 

Ҷумъа, Сен 30 2016

Мутобиқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии ҶТ дар соли 2015 дар Тоҷикистон 245 тифл бо нуқсони модарзодии Спина бифида таваллуд шудааст. Спина бифида – иллати модарзодии найчаи асаб аст, ки дар давоми 4 ҳафтаи аввали ҳомиладорӣ пайдо шуда дар ин ҳолат сутунмӯҳра нодуруст инкишоф ёфта ба дараҷаҳои гуногуни иллати доимии ҳароммағз ва системаи асаб оварда мерасонад. 

Чуноне ки профессор Абдусалом Воҳидов, ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Маркази илмии ҷумҳуриявии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакона ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт, айни замон сабаби ин беморӣ маълум нест ва тадқиқот то ҳол идома дорад.

- Мо медонем, ки кислотаи фолиевӣ метавонад хавфи спина бифидаро миёни кӯдакон дар батни модар коҳиш диҳад ва аз ин лиҳоз модарони оянда ҳангоми ҳомиладорӣ бояд аз ин туршӣ истеъмол намоянд. Кӯдакони бо чунин нуқсон тавлидшуда метавонанд дар сутунмӯҳраи худ захми кушода дошта бошанд, ки он зарари зиёд ба асабҳо ва ҳароммағз мерасонад. Гарчанде сӯрохии ҳароммағз дарҳол пас аз таваллуд бо роҳи ҷарроҳӣ табобат карда мешавад, аммо иллати асаб доимӣ мемонад. Он ба дараҷаҳои гуногуни фалаҷи пой ва қисмҳои поении бадан оварда мерасонад, ки аз ҷойгиршавӣ ва шиддати иллат вобастагии зиёд дорад. Ҳатто ҳангоми набудани иллати аён, устухонҳои мӯҳра метавонанд нодуруст ташаккул ёбанд ё кам бошанд ва ба иллати асаб ҳамроҳ шаванд,  - афзуд Абдусалом Воҳидов.

СССР

 

Ҷумъа, Сен 30 2016

Бино ба иттилои Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон аз имрӯз, 30-юми сентябр паст гардида, то 2.10.2016 идома хоҳад ёфт. Мувофиқи пешгӯии КҲФ дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво шабона 15-17 дараҷа ва рӯзона 22 дараҷа гарм мешавад. Фазои кишварро ҳавои чанголуд фаро гирифтааст ва дар бастагӣ бо ин, намояндагони КҲФ ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо селфароӣ дар назар аст. КҲФ огоҳ мекунад, ки дар ин рӯзҳо шаҳрвандони кишвар эҳтиёт ва ҳушёриро аз даст надиҳанд.

 

саҳ 136 аз 156

Китобҳо

Flag Counter