ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Янв 23 2017

Дар нишасти имрӯзаи Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Васоити ахбори омма, хабарнигорон аз Раиси Раёсати БМТ тақдири хазинаи охирин амири сулолаи манғитиёни Бухороро пурсон шуданд. 

Иддае аз таърихнигорон ба ин ақидаанд, ки Амир Саид Олимхон, охирин амири манғитиёни Бухоро ҳангоми шикасти тахту тоҷ ва фирори ӯ ба Афғонистон, дар водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон як муддат иқомат намудааст. Ҳамчунин ба ақидаи баъзе аз олимон амир ҳангоми муҳоҷирати иҷборӣ, як қисмати хазинаи бузурги давлати Бухоро дар яке аз ғорҳои водии Ҳисор пинҳон карда, имкони бурдани онро наёфтааст. Ин аст, ки овозаву хабар ва пешгӯиҳо дар ин мавзӯъ солиёни дароз на танҳо миёни мардуми оддӣ, балки доираҳои илмӣ чарх мезананд.

Чанде пеш дар расонаҳои ватанӣ хабаре нашр гардида буд, ки як сокини ин водӣ хазинаи Амирро дар яке аз ғорҳо ошкор карда, тиллову танга ва дигар ашёи гаронбаҳои онро ба Бонки милли Тоҷикистон супорида бошад.

Дар ин маврид Раиси Раёсати Бонки милли Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор намуд, ки аз масъалаи ошкор шудани хазинаи Амир Олимхон дарак надорад ва касе шахсан ба ӯ ва ё БМТ ин хазинаро пешникаш накардааст. Дар сурати ошкор намудан ва ба Бонки миллии Тоҷикистон супоридани чунин хазинаҳо мо омодаем ба афроди пешниҳодкарда, мукофот ва дигар ҷоизҳо пешкаш намоем.

СССР 

 

Душанбе, Янв 23 2017

Қисмати зиёди маърӯзаи дар нишасти матбуотии имрӯза кардаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро, мавзӯи дифоъ ва ё ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ ташкил медод. Ҷамшед Нурмаҳмадзода-раиси БМТ иттилоъ дод, ки дар соли гузашта 1 673 адад дархосту шикоятҳои хаттию шифоҳӣ қабулу баррасӣ гашта, 459 нафар шаҳрвандон аз тарафи роҳбарият бевоста қабулу шудаанд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки БМТ бо мақсади сари вақт ва пурра баррасӣ намудани мушкилот ва камбудиҳо нисбат ба хизматрасонии бонкҳо, дар сохтори Бонки миллӣ, идораи наверо таъсис додаанд. Фаъолияти ин идора махсус ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронида шуда, телефони боварӣ ва почтаи эллектронии он ҳамеша барои сокинони кишвар дар хизмат аст.

Душанбе, Янв 23 2017

Наҷмиддинов Зайниддин, намояндаи ҶСК "Тамоку" мегӯяд, шояд соли равон ин корхона аз нав ба фаъолият шурӯъ намуда, ба истеҳсолот машғул шавад. «Ҳама он қарзҳое, ки дар назди нозироти андоз доштем, пурра пардохт намудем. Моҳи декабр намояндаҳои як давлати хориҷӣ омаданд ва мо гуфтушунид намуда, таҷҳизот ҳам ба корхона ворид намудем. Дар сурати рушди соҳаи таммокупарварӣ метавонем боз фаъолиятамонро идома диҳем» - гуфт мавсуф. Ба андешаи ҳамсӯҳбати мо дар назди корхонаи ҶСК "Табак" ҳамчунин дигар фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷумла соҳибкории хурд ба роҳ монда шудааст. Корхонаи мазкур дар замони Шӯравӣ аз калонтарин корхонаҳои ферментатсиякунии тамоку дар қаламрави СССР маҳсуб мегардид ва бо дастгоҳи хеле пешрафтаи он замон фаъолият дошт. Ба андешаи собиқ кормандонаш, ҳудуди 65%-и буҷаро даромади ин корхона ташкил медод. 

Хуршед Фозилов

 

Сешанбе, Янв 17 2017

Дар саргаҳи муваффақият ва нусратҳои соҳаи бонкдории кишвар нақши яке аз бонкҳои куҳантарини ҷумҳурӣ Амонатбонк лоиқи таҳсин баҳогузорӣ мешавад. Амонатбонк дар баробари тақвияти хизматрасониҳои анъанавии бонкдорӣ, дар чанд соли ахир ба ташаккулу тавсеъаи маҳсулоти наву муосири бонкӣ, насбу ба кор даровардани технологияҳои пешқадам ва дар ин замина давра ба давра боло бурдани сатҳи фаъолияти кормандон корҳои зиёдеро ба субут расонидааст.

Намои имрӯзаи Амонатбонк аз тасвири муассисаҳои вайрону валангори солҳои 90-уми асри гузашта ва оғози солҳои 2000-ум, куллан фарқ менамояд. Биноҳои зебову барҳавои муҷҷаҳаз бо технологияҳои муосир, бонкиру бонкирбонуҳои сабзқабои хеле ҳалиму меҳрубон ва соири хизматрасониҳое, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти имрӯзаи моро фарогиранд тасвири Амонатбонки муосир мебошад.

Яке аз самтҳои хеле пешрафтаи хизматрасониҳои ин бонк дар чанд соли ахир, ин ҷорӣ кардани хизматрасониҳои эллектронӣ мебошад. Соли гузашта Амонатбонк аввалин шуда дар миёни бонкҳо ба ҷори намудани ҳамёни эллектронӣ иқдом гузошта буд. Ин хизматрасонӣ аз ҷониби мизоҷон ва сокинони кишвар бо таваҷҷуҳи зиёд дастгирӣ ёфта, дар як муддати кутоҳ мавриди истифодаи умум қарор гирифт.

Ҳафтаномаи СССР дар мавриди дастовардҳои Амонатбонк дар самти ҷорӣ намудани хизматрасониҳои нав ва технологияҳои муосир бо Муовини Раиси Раёсати ин бонк Бахтиёр Маҳмудзода як суҳбати ихтисосӣ намуда, тасим дорад ҳафтаи оянда онро барои шумо хонандагони гиромӣ дар саҳафоти худ нашр намояд.

СССР

 

Сешанбе, Янв 17 2017

Хушхабарро аввалин шуда ба идораи ҳафтаномаи мардумӣ, ҳамин саҳар  сармуҳосиби СССР, акаи Сайидмурод тариқи телефон аз Кӯлоб расонд. Ба ӯ  масъулони филиали дар шаҳри Кӯлоб будаи Агроинвестбонк, ваъдаи қатъи доданд, ки имрӯз то бегоҳ ҳамаи маблағҳои ҳафтаномаи СССР ва дигар мизоҷон пурра ба таври ғайринақдӣ пардохт карда мешаванд. Ҳамчунин онҳо таъкид карданд, ки аз ин пас тамоми ҳисоббаробаркуниҳо ба таври мунтаззам ва аз рӯйи меъъёрҳои қабулшуда сурат мегиранд.

Душанбе, Янв 16 2017

Субҳи 14 январ дар назди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳо баргузор гардид. Дар ярмарка 13,5 ҳазор бех ниҳолу гулу гулбуттаҳо ва анвоъи тухмиҳо ба марази тамошо ва фурӯш гузошта шуд. Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ин ярмарка иштирок ва суханронӣ намуд, гуфт, ки дар вилоят беш аз 2 миллион бех ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан ва гулу гулбуттаҳо парвариш карда шуда, беш аз 1 миллиони он омодаи фурӯш мебошад. Дар охир аз ҷониби Раиси вилоят ба пешқадамон ва беҳтаринҳо Ифтихорнома тақдим гардид.

Баҳодур Уроқов СССР вил.Хатлон

 

саҳ 61 аз 70

Китобҳо

Flag Counter