Дар байни сокинони шаҳри Душанбе овозае мечархад, ки гӯё кормандони шабакаҳои барқ онҳоро огоҳ кардаанд, ки сар аз 1 ноябр ҳаққи пардохти барқ боло меравад. Сару садоҳо дар бораи боло рафтани ҳаққи истифодаи барқ ҳанӯз оғози соли ҷорӣ баланд шуда, он замон ширкати “Барқи тоҷик” санаи дақиқи онро эълон накарда буд. Ҳоло аҳолӣ барои ҳар килловат нерӯи барқ наздик ба 12 дирам пардохт мекунанд.
Дипломи Газетаи мардумии СССР «Тоҷири муваффақи 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон» ва тӯҳфаи рамзӣ ба Гулбаҳор Маҳкамова, раиси Раёсати Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон шоми 06.10.2016 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» ботантана супорида шуд.
Аз 20 то 22.09.2016 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар доираи ҷадвали давлатҳои Гурӯҳи Авросиё (ГАО) дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди Президенти ҶТ, Агентиии омори назди Президенти ҶТ, Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ВКД, КДАМ, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ, Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди БМТ, Ассотсиатсияи бонкҳои ҶТ, Ассотсиатсияи аудиторони ҶТ, Иттифоқи адвокатҳои ҶТ, мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо), ширкатҳои суғурта ва ширкатҳои аудиторӣ барои омодабошии ҶТ ба баҳогузории тарафайни Гурӯҳи Авросиё семинари таълимӣ гузаронида шуд. Қабл аз оғози чорабинӣ, Раиси БМТ-Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳайати котиботи Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунисозии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро таҳти сарварии котиби иҷроияи Гурӯҳи Авросиё ҷаноби Нечаев В.П, ба ҳузур пазируфт. Мулоқот оид ба зарурати омодагии ҶТ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунисозии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҶТ, ки дар соли 2017 дар назар гирифта шудааст, баргузор шуд. Зимни мулоқот ва мубодилаи афкор ҷонибҳо аз натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомёфта ва омодабошӣ ба даври навбатӣ сухан ронда, изҳори умедворӣ карданд, ки маълумотҳои дар семинар пешниҳодшаванда аз ҷониби иштирокдорон дар тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни мақомоти давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ дар самти идораи самараноки хавфҳои марбут ба қонунисозии даромадҳо ва маблағгузории терроризм самаранок истифода бурда хоҳанд шуд. Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ мутахассисони Гурӯҳи Авросиё ба иштирокдорон дар мавриди мутобиқати баҳодиҳии меъёрҳои техникӣ, хатар ва дарки он ҳини баҳодиҳии тарафайн, нақши мақомоти дахлдори давлатӣ ва бахши хусусӣ дар ҷараёни баҳодиҳии тарафайни Гурӯҳи Авросиё, истифодаи маълумоти васеъ ва саҳеҳ дар самти муқовимат ба қонунисозии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешкаш карда, ба иштирокдорони семинар бо овардани мисолҳо аз таҷрибаҳои беҳтарини дигар кишварҳо маслиҳатҳои муфид доданд. Дар навбати худ иштирокдорони семинар оид ба таҷрибаҳои хеш ва тарзу усулҳои ба роҳ мондани назорати дохилӣ дар самти муқовимат ба қонунисозии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм дар идораву ташкилотҳояшон сухан ронда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Зимнан, изҳори боварӣ карда шуд, ки чорабиниҳои мазкур дар пешбурди фаъолияти низоми молиявии мамлакат, ташаккули равобити хуби корӣ бо Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунисозии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм, табодули таҷриба байни ташкилотҳои қарзӣ ва тарзи дурусти истифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ мусоидат хоҳад кард. Шоистаи зикр аст, ки дар семинари мазкур вохӯрии намояндагони Гурӯҳи Авросиё бо Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравии татбиқи меъёрҳои муқовимат ба қонунисозии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризми назди Ҳукумати ҶТ баргузор шуда, ба иштирокдорони семинар оид ба саҳми Комиссия ба ҷараёни баҳодиҳии тарафайн, натиҷаҳо ва таҷрибаҳои қаблии баҳогузории тарафайн маълумот дода шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҶТ соли 2014 аз ҷониби Гурӯҳи Авросиё ва Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба расмикунонии пул (ФАТФ) ба қатори кишварҳое, ки ба талаботи тавсияҳои ФАТФ комилан ҷавобгӯянд, ворид карда шудааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Навбатпоии зиёд барои супоридани маблағи андоз, пули барқ, маблағи хизматрасониҳоии давлатӣ ва ғайра дар Амонатбонк, сокинони шаҳри Панҷакентро нигарон кардааст. Сокинон мегӯянд, ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ дар Амонатбонк қаблул карда мешавад ва аз ин хусус ҳамарӯза ин бонк серодам буда, навбат зиёд аст.
- Барои супоридани маблағ аз ним соат то 2-3 соат ҳатто дар навбат меистӣ. Хизматрасонӣ дар ин бонк суст аст - гуфт Акмал ном корафтода. Аммо дар ҳамин ҳол Алишери Баҳодур, роҳбари филиали Амонатбонк дар шаҳри Панҷакент бо тасдиқи ҷой доштани ин мушкилот гуфт, «мо ҳамагӣ 2 нафар коргар дорем, ки бевосита ба қабули маблағҳои мардум машғуланд. Дар ҳақиқат шикояти сокинон ҷой дорад. Пас аз як ҳафта мо боз 1 воҳиди кории дигар ва як компютер ҷудо мекунем ва каме ҳам бошад барои осоншудани мушкили сокинон мусоидат хоҳем кард».
Хуршед Фозилов
Пагоҳ, 24.08.2016 роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа- Кӯлоб, қитъаи Ваҳдат – Ёвон бо ширкати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанберо бо минтақаи ҷануби кишвар бо роҳи оҳан пайваст хоҳад кард.
Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Ш. Шоҳин – Шоҳон имрӯз яке аз лоиҳаҳои калонтарини кишвар дар бахши роҳсозӣ буда кор дар ин иншоот аз моҳи май ин тараф вусъати нав гирифтааст. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 86,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дода он аз ҷониби Бонки рушди исломӣ, Бонки рушди Саудӣ, Бунёди рушди иқтисодиёти араби Қувайт, Бунёди Абудабӣ, Бунёди ОПЕК ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа соли 2011 оғоз шуда роҳсозон ният доранд онро то охири соли 2016 ба итмом расонида ба истифода супоранд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар