ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 27 Ноябр 2017 12:39


ё бузургтарин дуздии қарни ХХ

28.11.1943 дар пойтахти Эрон-шаҳри Теҳрон вохӯрии таърихии "Сегонаи калон"-роҳбарони СССР, Бритониё ва ИМА доир шуд. Сталин, Черчилл ва Рузвелт бори аввал бо ҳам дидор намуда, қисмати баъдиҷангии Олмон ва Аврупоро ҳаллу фасл намуданд.

Душанбе, 27 Ноябр 2017 12:29


23.11.1934. КМИ ва Шӯрои Комиссарони Халқии СССР дастуруламалро оид ба Комиссариати Халқии Мудофиа ба тасвиб расониданд. Комиссариати нав аз ҳисоби якҷо кардани Комиссариати халқии корҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва Комиссариати халқии флоти ҳарбӣ-баҳрӣ созмон дода шуд. Аз ин ба баъд комиссариати нав асоситарин ниҳоди ҳарбии аввалин кишвари Шӯроҳо ба шумор мерафт.

23.11.1917. КМИ РСФСР ва ШКХ Декрет оид ба лағви табақаҳо ва рутбаҳои амалдорони Русияи подшоҳиро қабул намуд. Ҳамин тариқ, дар Русия "Феҳристи мансабу рутба", ки онро Петри 1 с.1772 ҷорӣ намуда буд, бекор карда шуд. Сокинони кишвар аз ин ба баъд расман шаҳрванд хонда мешуданд.

Душанбе, 27 Ноябр 2017 12:19


Мақолаи «Раис на аз боло метарсад, на аз поён» (СССР, №37(470), 14.09.2017) аз ҷониби роҳбарияти ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ин, қайд менамоем, ки баъди ҳодисаи сӯхтор дар Бозори марказии ноҳия соҳибкорон аз ноилоҷӣ хаймаву дӯконҳои худро дар роҳи калони мошингарди назди бозор гузошта буданд. Бо мурури замон харобаҳои бозор барқарор шуду роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифт, дар арафаи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ соҳибкоронро ба дохили бозор кӯчонаду роҳи мошингардро озод намояд. Бо ин мақсад, гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор таъсис дода шуд. Бо корбарии гурӯҳи корӣ дар байни соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди ҷой  гирифтан дар дохили Бозори марказӣ бурда шуд. Дар пиёда шудани ин иқдом соҳибкорону дӯкондороне низ буданд, ки монеа эҷод мекарданд. Шаҳрванд Насим Ҳасанов маъюби гурӯҳи якум буда, чун дигарон 1 дӯкони хурди хизматрасонӣ дошт. Ӯ ин дӯконро, ки ҳаҷман ва сифатан ба талаботҳои имрӯза ҷавобгӯ набуд, на ҳамчун дӯкони фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо, балки чун нуқтаи фиттафурӯшӣ истифода мебурд. Дӯкони ӯ дар ҷои мувофиқ қарор надошт. Аз ин рӯ, гурӯҳи корӣ ба фаъолияти минбаъдаи ӯ розигӣ надод. Зимни суҳбат ва пурсишҳо Насим Ҳасанов гуфт, ки раис ӯро дар назди дӯконаш дашному ҳақорат надодааст. Ҳатто дӯконашро низ бо корбарии раиси ҷамоати шаҳрак аз қади роҳи калон бардоштаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Ҳасанов барои дар дохили Бозори марказӣ ҷой гирифтанаш дастур дод.

С.Вализода, Раиси н.Фархор

Душанбе, 27 Ноябр 2017 12:14


Салом, ба СССРи гиромӣ ва Шукурҷон Зуҳуров-раиси Парламент-Депутатҳои Тоҷикистон!!!
Мӯҳтарам Зуҳуров! Ман ба Шумо ба воситаи ана ҳамин газетаи дӯстдоштаам-СССР шодиву сурури 1 нафар нафақахӯрро мерасонам. Ин марди заҳмат солиёни дароз барои халқу миллати мо ҳалол кору хизмат карда, имрӯз 220 сомонӣ пенсия мегирад. Аммо вақте ки Ӯ дирӯз аз пешниҳод ва суоли таърихии шумо перомуни баланд бардоштани нафақа огоҳ шуд, аз хушнудӣ гирист ва ба ман гуфт: «Оқибат аз ҳоли мо-бечорагон 1 нафар огоҳ мешудааст! Худованд Шуморо ёд кунад!»
Инак, суоли Шукурҷон Зуҳуровро ба Сафаралӣ Махсудинович Наҷмиддинов-раҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ барои ҳаводорони СССР ин ҷо айнан меорам:
"Агар аз рӯи виҷдон гап занем, бояд нафақа ба сабади истеъмолии моҳона баробар бошад, то шахси нафақагир тавонад бо он рӯз барад. Ана он вақт дар бораи ҳифзи воқеии иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфтан мумкин мебуд... Дигар бо чунин ҳолат муросо кардан мумкин нест... Мардум ба гирифтани нафақаи шоиста умед баста метавонанд, ё не?”

Доробӣ,
Узви Ихвон-ал-СССР, тел: 918 10 61 50

Душанбе, 27 Ноябр 2017 12:10


Аз рӯи маълумотҳои оморӣ баръало дидан мумкин аст, ки имрӯз пошхӯрии оилаҳо, хоса, ҷавонон зиёдтар шуда истодааст. Ин раванд боиси сар задани проблемаҳои зиёд мегарданд:
1.Кӯдакон беназорат, бесару либос, бе озуқавории дуруст монда, носолим, касалманд, дағал… ба  камол мерасанд.
2.Наврасон ба гурӯҳҳои авбошон, бекорагардон, ифротиҳо… мепайванданд.
3.Сафи нашъамандон, майзадаҳоро… зиёд мекунанд.
Муҳоҷират боиси он шудааст, ки ҷавонон 2-3 ҳазор доллари ба даст овардаро ба Ватан баргашта тӯю сур мекунанд, зан мегиранд. 1 сол нашуда «характерҳоямон мувофиқ наомад», «айби хушдоманам» «айби хусурам»… гуфта, арӯси ҷавонро талоқ медиҳанду боз Россия мераванд. Ҷавонеро аз н.Муъминобод медонам, ки 4 бор зан гирифта, аз арӯсакони ҷавон ҷудо шуд. Аз онҳо 5 кӯдаки хурдсол дар ба дару сарсон гаштаанд. Агар оилаҳои пошхӯрдаро бе ЗАГС-сабти асноди давлатӣ, яъне бо никоҳи мусулмонӣ гирем, вазъ боз ҳузнангезтар мешавад. Акнун меоем, сари рӯёнидани алимент. Аввалан чунин ақида ҳаст, ки алиментро умуман пурра барҳам диҳанд. Чаро? Чун аксар ба он фикранд, ки ташаббускори бештари ҷудошавиҳо бонувонанд. Онҳо мегӯянд: «Аз пирхар алиментро мегираму каттагӣ карда мегардам!». Дар ҳақиқат бонувон аксаран маблағи алиментро на барои нигоҳубини фарзанд, балки барои орою торои хеш, кӯчагардӣ масраф мекунанд. Чун кӯчагардию фоҳишагарӣ низ 1 дарду проблемаи ҷомеа шудааст. Аммо алиментро бояд супурд. Мард бояд ғами фарзандро хӯрад, агар мард аст…

Нурулло Ҳасанов,
журналист

Душанбе, 27 Ноябр 2017 12:06


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Сангимад Мирзомадови 52-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, омӯзгори фанни дифоъи ҳарбӣ дар Мактаби президентии шаҳри Бӯстон, бо телефони 92 859 45 41 ба СССР занг задаву гуфт, ман СССРро ба он хотир пайваста мутолиа мекунам, ки бештар нисбат ба дигар нашрияҳо роҷеъ ба таърихи ҷанги гражданӣ ва сабабҳои он менависад. Инро ба чӣ хотир гуфтам? Зеро ман ҳам ҷанговари Фронти Халқӣ будам. Ман аслан аз шаҳри Кӯлобам. Аммо нисбати “ҷангномаҳо”-и СССР 1 эроди ҷиддӣ дорам. Ҳаргиз раҳматӣ Рустами Абдураҳимро “дуторнавоз”-и Фронти Халқӣ нагӯед. Зеро ин дар шахсияти Ӯ таҳқири маҳз аст. Ман барои ин ҳарфро гуфтан ҳаққу ҳуқуқ дорам, зеро дар барқароркунии Ҳокимияти Конститутсионӣ 100% саҳм гузоштаам. Ин таъриф нест! Дар армияи бобои Сангак, Файзалӣ Саид, Лангарӣ Лангарӣ... будам. Баъди хатми ҷанги гражданӣ дар 1 қисми ҳарбии марзӣ, дар ноҳияи Шӯрообод кор кардам, баъдтар полевой командир шудам. Ҷонишини Файзалӣ Саид ва Файзалӣ Лангарӣ ҳам будам. Ман архиви шахсӣ дорам. Он ҷо ҳуҷҷатҳое ҳаст бо имзои командирҳои Фронти Халқӣ-Саид Салим, Рустами Абдураҳим, Лангарӣ, Сангак Сафаров, Файзалӣ...
Аз СССР: Мо ҳаргиз вожаи дуторнавозро ба таҳқир корбаст намекунем. Баракс, худи раҳматии Рустам бо ин ҳунараш ифтихори бештар аз қумандонияш дошт!...

Душанбе, 27 Ноябр 2017 12:02


Хонандаи гиромии газетаи мардумии СССР-Насрулло Анваров, сокини маҳаллаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР мегӯяд, ман дар бораи пулҳои кӯҳнаву фарсуда гуфтанӣ ҳастам. Агар тавоноӣ бошад давлат бояд пули 1 сомониро аз мубодила ё аз истифода пурра бардорад ва ба ҷои он 1 сомониро ба шакли танга зиёд кунад. Ё ин ки пули коғазии 1 сомониро барчинаду ба ҷояш 1 сомониҳои навро ба истифода гузорад. Зеро 1-сомониҳои имрӯза комилан фарсуда шудаанд. Дар рӯи асъори 1 сомонӣ акси Турсунзода сабт шудаву ҳамагӣ кӯҳнаву фарсудаанд ва баъзе афроди бефаросат бошанд, акси Турсунзодаро бо ручкаву қалам «ороиш» дода, чашмонашро кӯр кардаанд. Ин ҷо гап аслан сари қаҳрамониҳои устод Мирзо Турсунзода меравад. Қаҳрамонҳоро ҳама вақт ва дар ҳама ҷо эҳтиром бояд кард!

Душанбе, 27 Ноябр 2017 11:59

Бидуни ғараз-5

саҳ 2 аз 14

Китобҳо

Flag Counter