ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 27 Ноябр 2017 11:54


(Мактуби саркушода ба Вазири Молияи ҶТ)

Душанбе, 27 Ноябр 2017 11:49


Азбаски моҳи сентябри с.1991 вазъи шаҳру ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) хело ноором ва хатарзо ба назар мерасид, вакилони Маҷлиси шаҳриву ноҳиявӣ ба хулосае омаданд, ки иҷлосияҳои маҷлиси маҳаллиро доир намуда, мавқеи худро вобаста ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодии шаҳру ноҳия (ҳамчунин ҷумҳурӣ) муайян кунанд. Ҳарчанд вобаста ба масъала қарори дахлдор қабул карда бошанд ҳам, аз он қаноатманд нашуда, Исмат Ҳафизов-раиси Кумиҷроияи н.Кофарниҳонро вазифадор намуданд, ки ба қабули Президенти тозаинтихоб Набиев Раҳмон равад ва дар хусуси вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва дигар мушкилоти мавҷудаи шаҳру ноҳия гузориши муфассал диҳад. Президент суханони раисро бо таваҷҷӯҳ шунидаву пазируфта барои иҷрои онҳо супориш ба мақомоти дахлдор дода бошад ҳам, мутаассифона, ягон қисмати он иҷро нашуд. Пас аз барқарор гардидани ҳукумати қонунӣ ашхосе пайдо шуданд, ки фаъолияти онвақтаи Кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявиро нодида гирифта, роҳбаронро ба ҳамкорӣ бо қувваҳои мухолифин гунаҳгор донистанд ва ё онҳоро хайрхоҳи дастаҳои мусаллаҳ шумурданд. Ин тоифаи ҷонширин, ки баъдан «гуреза» шуда буданд, «нархи сабзиву пиёзро напурсида» даричаи тӯҳмати раисони вақт Мирзоалӣ Болтуев ва Ҳафизовро кушуданд. Ҳол он ки дар ҳамин шабу рӯзи пуртаҳлука Ҳафизов дар иҷлосияи ноҳиявии вакилон гуфта буд: «Мутаассифона, рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 21 ва 22 сентябр вазъияти сиёсии ш.Душанбе басо пуршиддат шуд. Ба пуршиддат шудани авзоъ қарори Кумиҷроияи ш.Душанбе дар бораи фуровардани муҷассамаи В.И.Ленин мусоидат кард. Он кореро, ки қувваҳои оппозитсионӣ анҷом доданд, дар ҳеҷ чорчӯбаи ақлу хирад ҷо намегирад. Афтондан, шикастан, лагаткӯб кардан ва дигар аъмоли ношоиста (хонда шавад «ба даҳонаш нос туф кардан») ҳеҷ гоҳ хоси миллат ва мардуми шарифи тоҷик набуд. Ин кор танҳо ҷаҳолат буду бас…». Ана, истифодаи  ҳамин  калимаи «ҷаҳолат» баъдан дарди сараш гашт. Бале, гузашти вақт исбот кард, ки раис ҳақ буд. Воқеан, танҳо ашхосе, ки сураташон саршори разолату ҷаҳолат, сираташон хусумату кудурат ва вуҷудашон кинаву адоват буд, метавонистанд ба чунин амали нанговар даст бизананду бигӯянд:
Мо ҳайкали доҳиро шикастем,
Дар гардани доҳӣ сим бастем. (Бозор Собир)
Хушбахтона, иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави кишварро интихоб карда, Раиси тозаинтихоби он Эмомалӣ Раҳмон ба эъмори қасри «Ваҳдат» шурӯъ кард, лек дастаҳои алоҳидаи хуношом бо сарварии Ризвон Садиров дар Кофарниҳон мустақаршуда ором намегирифтанд, сар намефуроварданд ва «аз ҷони набаромада ҳоло умед» гӯён ҳукм меронданд. 6.12.1992 ҳамаи аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳриву ноҳиявиро дар «ҳуҷраи ленинӣ»-и бинои Ҳизби коммунист ҷамъ карданд ва раису котиби ҷаласаи якҷоя Ризвон буд. Масъала 1: «Агар дар давоми рӯз раиси шаҳр Болтуев ва раиси ноҳия Ҳафизов бо хоҳиши худ аз кор нараванд, ба зинда мондани онҳо кафолат дода намешавад».
Аъзои Кумиҷроия С.З.Тоиров, Ҷ.Сафаров (равонашон шод бод) изҳор доштанд, ки барои ҷамъ кардани депутатҳои «парешон»-у мавҷудияти кворум вақт зарур аст. Лек сардори ситоди мухолифини аз қонуну қонундонӣ фарсахҳо дур ва он шабу рӯз бо Калашникуф мағрур аз таҳдиду пофишории худ даст накашида, такрор ба такрор «ман ҷаҳолату ҷаҳаннамро ба шумо нишон хоҳам дод» мегуфт. Болтуев ва Ҳафизов мардонавор гуфтанд, ки агар истеъфои онҳо боиси тинҷиву амонӣ ва сериву фаровонии шаҳру ноҳия мешуда бошад, ҳозиранд ҳамин ҳоло ин корро анҷом бидиҳанд ва таъкид карданд, ки он тибқи қонунгузорӣ амалӣ гардад. «Тибқи қонунай, ё ғайри қонунай, ай мансаб мерен ва дига ҷои гап нест» шӯрид Ризвон. 7 сентябр иҷлосияи шаҳрӣ Болтуевро бо хоҳиши худаш аз вазифаи Раиси ш.Кофарниҳон озод кард (номбурда аз с.1996 то декабри с.2010 Раиси КМИР буд). Вакилони ноҳиявӣ бошад, 8.12.1992 сессия гузаронида, дар асоси пешниҳоди вакилон Ш.Шарифов, С.Асоев ва Ҳ.Шоев истеъфои Ҳафизовро қабул накарданд ва мавқуф гузоштанд. Баромади сахт эҳсосотии Шоев минбаъд боиси тирборон кардани ҳавлӣ, сӯзонидани манзил ва куштору ҷароҳати вазнин бардоштани фарзандонаш гардид. Мутаассифона, ин қарор ба «оташи ғазаби мухолифин равған рехт» ва худи ҳамон рӯз Ҳафизовро ба «ситод» оварда хеле «гӯшмол» карда, 2 писарашро гаравгон гирифтанд. Миёнараве аз байни худи мухолифин кафолат дод, ки «раис иштибоҳашро фаҳмид ва фардо аз вазифа меравад». Бо мақсади аз хавф эмин нигоҳ доштани Ҳафизов ва аҳли хонаводааш 11.12.1992 сессияи ғайринавбатӣ аризаи ӯро дар ғайбаш баррасӣ намуда, бо мазмуни «Депутат Ҳафизов Исмат бо сабаби бад будани саломатӣ аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Кофарниҳон озод карда шавад» қарори дахлдор қабул намуд. Лек ба раиси тозаинтихоби шаҳр Накатов Киромиддин ва и.в. раиси ноҳия Ибодов Исматулло сарнавишт имкони роҳбариро надод ва пас аз ворид шудани қувваҳои Фронти халқӣ ба ш.Кофарниҳон ва фирори Ризвону ҳаммаслаконаш ба минтақаи Рашт зимоми роҳбарӣ ба зиммаи коменданти шаҳр П.Солеҳов ва муовини ӯ Қ.Ҳ.Азимов вогузор шуд. 11.01.1993 иҷлосияҳои якҷояи шаҳру ноҳия Кофарниҳонро ба тобеияти шаҳр гузаронида, ба 2-ҳокимиятии 1 воҳиди марзиву маъмурӣ нуқта гузошт. Раиси тозаинтихоби шаҳр Азимов Қурбоналӣ Ҳокимович бо командаи наваш (Абдураҳмонов А, Раҳмонов Ҷ., Ш.Ҳ.Хошокова, Қ.Абдуллоев, М.Маҳмадалиев, Т.Икромов, С.З.Тоиров, Ҷ.Бозоров, Б.Мирзоева, Ю.Мирзоев, (худо раҳматашон кунад) ва шахсиятҳои сарсупурдаи давлату миллат дар ҳамон солҳои пурталотум С.Саидамиров, А.Иззатуллоев, Р.Ашуров, Ф.Табарова, М.Саидаҳмадов, И.Раҳимов, П.Солеҳов, Ҷ.Сафаров, Р.Табаров, Б.Меликов, Қ.Ёров, (равонашон пок бод)… барои тинҷию вазъи беҳтари сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ш.Кофарниҳон талошҳои пайваста карданд.

Қиёмуддин Абдуллоев,
шаҳри Ваҳдат

Душанбе, 27 Ноябр 2017 11:45


(Анҷом. Идома аз шумораҳои гузашта.)

Чоршанбе, 22 Ноябр 2017 16:49


Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ш.Ҳисор бо вуҷуди ҳавои сард, бештар аз 12.000 мухлис барои дастгирии дастаи мунтахаби кишвар омада, тӯли 90 дақиқаи бозӣ “То-ҷи-кис-тон”, “Оле-оле”, “Гол-гол-гол”... гуфтанд. Ҳамаи онҳо ба боварӣ омада буданд, ки тими миллиамон соҳиби 3 имтиёз ва роҳхати Чемпионати Осиё мегардад. Сармураббӣ ва капитани даста низ пеш аз бозӣ бо итминон аз омодагии хуби мунтахаб ба ин бозӣ ҳарф зада, аз мухлисон дастгирӣ хоҳиш менамуданд. Сармураббии Яман бошад, дар майдони тоҷикон гузаштани ин вохӯриро аз афзалиятҳои дастаи Фузайлов дониста буд. Албатта, ин суханҳои онҳо мухлисонро водор мекард, ки бо боварӣ ба варзишгоҳ оянд ва шоҳиди ғолибияти футболбозони тими миллии худ шаванд. Дар нимаи аввали бозӣ мо ду дастаи баробарқувваро дидем, ки ҳарду ҳам бо эҳтиёт бозӣ мекарданд ва нияти аввал гол сар доданро надоштанд. Аз лиҳози ҳолатҳои хатарнок ва дигар омор низ ҳарду тим қариб ки баробар буданд. Дар қисмати дуюми рақобат бошад, мизбонон нисбат ба меҳмонон фаъолтар буданд ва як-ду имконияти хуби голзанӣ ҳам доштанд, вале дирӯз бахт ба рӯйи футболбозони тоҷик нахандид ва ин дидор бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Дар бозии дигари ин давр мунтахабҳои Непал ва Филлипин низ бо ҳисоби якранги 0:0 вохӯриашонро анҷом доданд. Акнун барои баромадан аз гурӯҳ, дастаи мунтахаби моро мебояд дар сафар Филлипинро мағлуб кунад ва бо се имтиёз ба хона баргардад.
“Албатта, ин бозӣ аст, ҳар ранг гирифтанаш мумкин. Вале Мо метавонем дар дидори минбаъда ғолибият ва роҳхатро соҳиб шавем”-гуфт баъди бозӣ, Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон. Мо ҳам боар дорем, ки онҳо метавонанд ва бо роҳхат аз Филиппин бармегарданд.

Маҳмадшариф Муродов,
шореҳи футбол

Чоршанбе, 22 Ноябр 2017 16:47


Кормадони Шӯъбаи БДА дар шаҳри Душанбе аз боздошти 2 ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ ва сархушӣ хабар доданд.
Бино ба иттиллои Мирзохон Саидов, сардори маркази матбуоти шӯъбаи мазкур, яке аз ин боздоштшудагон ронандаи троллейбуси хатсайри №1 ва дигаре ронандаи микроавтобуси хатсайри №16 мебошанд. Ронандаи аввалӣ дар сари чамбараки троллейбус дар ҳолати мастӣ боздошт карда шуда, ронандаи микроавтобус бошад, дар ҳолати сархушӣ пас аз истифодаи маводи мухаддир боздошт карда шудааст.
Аз рӯи тартибот ин ронандагон бояд 15 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт мекарданд, аммо суд вазъи молиявии онҳоро ба назар гирифта, ба мӯҳлати 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кард.

СССР

Чоршанбе, 22 Ноябр 2017 16:44


Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мақомоти ВКДро муваззаф кардааст, ки ба Фарҳод Ғоибови 37-сола, сокини Панҷакент 11.000 сомонӣ ҷарима пардозад. Ба гуфти Гулчеҳра Холматова-адвокати Фарҳод, ин қарор охири ҳафтаи гузашта содир шудааст. Наздикони Фарҳод мегӯянд, пас аз латту кӯб дар идораи пулиси ш.Панҷакент 1 гурдаи ӯ кафидааст. Дар ибтидо онҳо аз ВКД барои барқарор кардани гурдааш 650.000 сомонӣ ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ талаб карда буданд. Фарҳод баъди табобат дар яке аз шифохонаҳои Русия ҳоло дар зодгоҳаш ш.Панҷакент зиндагӣ дорад.

Чоршанбе, 22 Ноябр 2017 16:43


Идораи БДА ҶТ ба ронандагон 1 ҳафтаи дигар муҳлат дод, ки шаҳодатномаҳои худро иваз карда, рақами мошинҳояшонро ба меъёрҳои нав мувофиқ намоянд. Дар акси ҳол ронандагон боздошт ва ҷарима хоҳанд шуд. Ивази шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами мошин барои ҳар ронанда тақрибан 800 сомонист. Мақомоти БДА 22 ноябр дар эъломияе гуфтанд, шаҳодатномаи ронандагие, ки акси соҳиби он дар давоми 10 сол иваз нашудааст, беэътибор дониста мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар сурати беэътиноӣ ба ин қарор ронандаҳо боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Чоршанбе, 22 Ноябр 2017 16:36


Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод, ки шоми 19 ноябр бар асари ба 1 чуқурии 200-250 метр чаппа шудани УАЗ-31512 дар мавзеи Оличадараи н.Балҷувон 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. 19 ноябр, соати тахминан 18 "ронандаи автомашинаи тамғаи "УАЗ-31512”, Розиқов Маҳмадулло Каримович (с.тав.1965) сокини н.Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти Балҷувон ба самти Ховалинг, дар мавзеи деҳаи Оличадараи н.Балҷувон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 200-250 метр чаппа шудааст.” Дар натиҷаи садама ронанда ва 5 мусофираш-Маҳмадиев Абдуғаффор, соли таваллудаш 1950, Розиқов Муҳаббат Маҳмадшоевич, соли таваллудаш 1990, Маҳмадиев Мирзоалӣ Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1981, Рамазони Мирзоалӣ, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №25, Вайсов Сафаралӣ, соли таваллудаш 1957, сокинони деҳаи Обидараи н.Ховалинг ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

саҳ 3 аз 14

Китобҳо

Flag Counter