ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 18 Декабр 2017 10:12


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб доир ба мақолаи Ҷ.Раҷабов «Кӯлоб кай соҳиби автобус мешавад» иттилоъ медиҳад, ки ҳоло дар ш.Кӯлоб Корхонаи воҳиди давлатии нақлиёти автомобили назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр амал карда, ба сокинон дар самти мусофиркашонӣ хизмат мекунанд. Солҳои 2006-07 дар арафаи таҷлили 2700-солагии ш.Кӯлоб аз ҷониби Президенти кишвар 22 адад микроавтобусу автобусҳои истеҳсоли давлатҳои Чину Ҳиндустон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб ҳамчун туҳфа тақдим шуда буд. Соли барориши автобусу микроавтобусҳо солҳои 2005-2006-ро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки то ба имрӯз муҳлати истифодабарии автобусу микроавтобусҳо ба охир расида, бинобар истеҳсол нашудани қисмҳои эҳтиётӣ аз ҷониби давлатҳои истеҳсолшаванда корношоям шудаанд. Яъне 12 сол боз онҳо дар истифода буда аз кор баромадаанд. Ҳар кадоме аз ин автобус ва микроавтобусҳо масофаи 250 то 300 км-ро тай кардаанд. Тибқи меъёрҳои мавҷуда баъди тай кардани 200.000 км ва гузаштани 6 сол муҳлати истифодабарии нақлиёти мусофирбар ба манфиати кор нест, чунки онҳо ба кашонидани мусофирон машғуланд. Масъалаи дигаре, ки муаллиф гуфтааст, ин тамбашавии роҳи назди бозори «Саховат» аст. Сабабии асосии тамбашавӣ дар таъмир будани кӯпруки назди Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии коммуналӣ»-ст, ки аз ин роҳ асосан мошинҳои гаронвазн мегузаштанд. Рӯзҳои наздик ба истифода додани кӯпрук дар назар дошта шудааст…

С.Ситамов, мудири бахши бойгонӣ-матбуотӣ, ш.Кӯлоб

Душанбе, 18 Декабр 2017 10:11


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва кулли аъзои Ихвон-ал-СССР! 2 гуфтанӣ дорам. 1.Ман ба ҳамсолам, ҷаноби сардабири СССР, мӯҳтарам Сайёфи Мизроб 1 саволи сиёсӣ дорам ва аминам, ки дар ҳамин ҷо посухашро менависад:
-Дар ҳамин шабу рӯз тамоми мусалмонони олам барои найранги навбатии Доналд Трамп-президенти кунунии ИМА даст ба тазоҳурот зада, дар хиёбонҳо рехтаанд! Хуллас, Трамп бо ҳамтои худ-Бенямин Нетаняҳу, ки ҳар 2 яҳудии асиланд, ин бор низ шайтонгарии худро нишон доданд! Аммо чаро мо-мусалмонони Тоҷикистон хомӯшем? Ва ё мо мусалмон нестем??? Ё метарсем?
2.Наход мо ҳамун аблаҳи афғони Кӯри Сатторро маҳв карда натавонем?! Агар илоҷу имкон ва роҳи ликвидатсияи ӯро наёбем? Дар ин бобат достони «Баҳроми Чӯбина»-и Фирдавсии Тӯсиро дар «Шоҳнома» бихонед, илоҷашро меёбем!

Исмоил Маҳмудов,
н.Ҷайҳун (Қумсангир), тел: 93 388 07 47

Душанбе, 18 Декабр 2017 10:08


Рӯзи шанбе (9.12.2017) дӯстам Наъим Атоев-корманди 1 китобхонаи пойтахт аз ман хоҳиш намуд, ки ҳамроҳ барои хариди баъзе аз лавозимоти зиндагияш Бозори Корвон равем. Хуллас, рафтем бозори мазкур ва ҳангоми сайру гашт назарам ба ошхонае афтид, ки дар қабати ҳоҷатхона (туалет) ҷо гирифтааст. Иловатан, назди дарвозаи туалет «Самбӯсаи уйғурӣ» низ фаъол аст (ниг.ба акс!). Ман ҳайронам, ки барои чӣ раҳбарияти Корвон дидаву дониста зидди сиҳати мардум рафтор мекунанд? Охир, магар ин аз рӯи фаросату ақлу маданият аст, ки ошхонаву самбӯсахонаро дар пеши дари туалет ҷой бидиҳанд??? Ва оё худи маъмурияти бозор «обед»-и худро дар чунин ошхонаҳо мекарда бошанд? Маврид ба зикр аст, ки дар ин бозор боз чандин ошхонаҳо ҳаст, ки айнан чунин ҷойгир шудаанд: Дар пеш, ё пушт, ё паҳлӯи туалет!!! Пас оё бовар ҳаст, ки ошхонаҳои Корвон аз ҷиҳати санитарӣ ва экологӣ 100% посухгӯ ба талаботи беҳдошт ва стандарти давлатӣ бошанд???

Муҳаммад Амон,
маҳаллаи 61, кӯч.50-солагии Тоҷикистон-13, н.Фирдавсӣ
 

Душанбе, 18 Декабр 2017 10:05


Узви Ихвон-ал-СССР, Нозим Насруллоев, сокини маҳаллаи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки ҳоло зимистон сар шуду ягон барфи сахте наборида, аллакай лимити барқ дар маҳаллаи мо сар шуд. Ҳол он ки чанде пеш намояндагони Ширкати Барқи Тоҷик эълон карда буданд, ки лимити барқ комилан барҳам хӯрд…

Душанбе, 18 Декабр 2017 09:59


Узви Ихвон-ал-СССР, Дилшод Ҳабибов, сокини шаҳри Кӯлоб ба СССР занг задаву гуфт, ки ман аз 1 мушкили ҷиддӣ сахт хавф дорам. Ин ҳам бошад, кран-борбардорҳои даврони Шӯравист, ки дар гардиши аэропорти кӯҳнаи шаҳри Кӯлоб то кунун боқӣ монда, дар вазъи бад қарор дорад. Кран аз 2 ҷиҳат зараровар аст: 1 ҳусни шаҳрро мекоҳонад. 2.Дар зер ва атрофи он кӯдакон бозӣ мекунанд. Агар яке кран чаппа шавад, пас киро гунаҳкор мебароранд? Оё демонтажи он кори мушкил аст?

Душанбе, 18 Декабр 2017 09:42


1 кӯдаки 3 сола, сокини н. Восеъ шоми 13.12.2017 пас аз хӯрдани ҳасиб заҳролуд гашта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шаби 13.12.2017, тақрибан соати 20:30 Умаралӣ Давлатовро падараш дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона овард. Худи ҳамон шаб боз 4 кӯдаки дигар ва модари онҳо  дар ҳолати вазнин ба беморхона оварда шуданд. Баъди пурсишҳо ва ташхисҳои мутахассисони беморхона маълум гардид, ки аъзои ин хонавода баъд аз истеъмоли ҳасиб ба чунин ҳолат афтодаанд. Айни ҳол саломатии 5 нафар аъзои ин хонавода дар ҳолати муътадил қарор дошта, онҳо пас аз шустани меъда аз беморхона ҷавоб дода шуданд.
Чуноне ки пас аз ташхиси ҳасиб маълум шуд, дар он моддаи кимиёвии нитрат хеле зиёд истифода гашта, он боиси заҳролуд ва марги кӯдак шудааст.

СССР

Ҷумъа, 15 Декабр 2017 17:01


14 декабр дар Сафоратхонаи ФР дар Тоҷикистон бо иштироки вежаи сафири ин кишвар-Игор Лякин Фролов дар 1 маросими хос ба 50 нафар сокини Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро доданд. Пеш аз супурдани ҳуҷҷати шаҳрвандӣ нахуст гимни давлатии Русия садо дод, сипас ҳар 1 тоҷикистонии шаҳрвандии Русияро бадастоварда савганд ёд кард, ки «аз ин пас шаҳрванди Русия асту ба тамоми арзишҳои миллии ин давлат-эҳтироми Сарқонун, ҳимояи марзу буми ин давлат…  арҷ хоҳад гузошт».
Ёдрас мешавем, ки дар соли гузашта наздик ба 4000 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Ҷумъа, 15 Декабр 2017 13:45


Дар бораи таърихи Оқсой ривояте ҳаст. Он беш аз 300 сол аз ин пеш дар мавзеи Ворух ҷойгир буд. Соле обхезии калон шуда, ин ҷойро хароб кардааст… Ана ҳамин Оқсойи моро ҳоло қирғизҳо «Ақсай» мегӯянд, гӯё ин мавзеъ ҳам аз қирғизҳо аст. Ин дар ҳолест, ки номи имрӯзаи Оқсой Меҳнатобод асту Думи разон ном дорад, ки аслан «Доми разон» аст. Ворух мавзеъи тоҷикист ва дорои 32.000 аҳолӣ аст. Ҷойҳои хушманзари аҷиб ва таърихиву этнографӣ дорад бо номҳои Беди каҷ, Шимирғон-бобо (Чимирғон-бобо), Балогардон, Себи Ҳисор, Рахнаи Оташ, Хоҷаи Чорсанг, Хоҷаи Ғорбобо. Бобосолӣ Бобоумарови 95-сола, иштирокчии ҶБВ дар ақибгоҳ ва шарқшинос Абӯбаҳриддин Абдураҳимов мегӯянд, ки Хоҷаи Ғорбобо ҷои муқаддаси динӣ-зиёратгоҳ (мисли Эмом Аскара, Ҳазрати Амирҷон, Бурхи Валӣ…) ба шумор меравад. Агар дар Шибирғон-бобо Хоҷаи Абдуллои Чимирғонӣ зиста бошанд, дар қисми ғарбии Ворух Аҳмади Чимирғонӣ зистааст. Тибқи ривоятҳои таърихӣ ва ба қавли Абдураҳимов, ин бародарон 7 нафар буда, дар Ворух зиндагӣ кардаанд.

Мирзоҳикмат Маҳкамов,
муаллим, деҳаи Ворух, н.Исфара

Дар ҳамин маврид
Қирғизҳо аллакай харитаи сунъӣ сохтаанд!
Марзбонони қирғиз хатти марзро боз пештар оварда, аллакай дар теппаҳои атрофи Хоҷаи Ғорбобо қарор гирифта, дар роҳи равуои сокиноне, ки хонаҳо ва заминҳояшон дар он сӯи хатти нави марз монд, монеа эҷод мекунанд. Қирғизҳо инчунин ба аксбардории Хоҷаи Ғорбобо ва харитасозӣ машғуланд ва гурӯҳи занони Ворухӣ бо онҳо ҷанҷоли лафзӣ доранд. Марзбонҳои Тоҷик дар ин минтақаи баҳсӣ аслан нестанд ва танҳо сокинони маҳаллианд, ки бо марзбонҳои қирғиз дар баҳсанд. Марзбонҳои қирғиз даъво доранд, “теппаҳои атрофи мазори Хоҷаи Ғорбобо қаламрави мост. Ҳамаи заминҳои аз лоток (ҷӯйбори бетонӣ) боло замини мост”. Вале сокинони Ворух дар он тараф замини кишт, ҳатто хона доранд. Акнун замину хонаҳои онҳо андаруни марзи қирғиз мемонад. Дар ин минтақаи баҳсӣ мазори дар байни сокинони ин мавзеъ маъруфи Хоҷаи Ғорбобо ҷойгир шудааст, ки мардуми зиёде аз гӯшаҳои Исфара ва манотиқи дигари вилояти Суғд ҳар сол ба зиёраташ меоянд.
Дилшод Расулзода-раиси ш.Исфара ҳафтаи гузашта ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, масъалаи қитъаи "Хоҷаи Ғорбобо” дар баҳси комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ташхиси марз ворид шудааст: "Дар ин масъала харитаи солҳои 1924, 1958 ва соли 1989 ҷой доранд. Дар ҳар кадоме аз ин харитаҳо аз маҳалли мазори "Хоҷаи Ғорбобо” 3 хатти шартии марзӣ мегузарад. Якеаш аз поёни мазор ва дигаре аз наздикии мазор. Бар асоси харитаи с.1924 хатти шартӣ 1 каме аз мазор болотар мегузарад. Ҳоло комиссияи ташхиси марз ин 3 хатти шартиро баррасӣ дорад. ”
Маврид ба зикр аст, ки дар 8 соли охир Душанбе ва Бишкек дар амри таъйин ва аломатгузории минтақаҳои баҳсии марз ягон км пеш нарафтаанд. Ҷониби Тоҷикистон дар баҳси масоили марзӣ талаб дорад, ки такя ба харитаҳои солҳои 1920 карда шавад, лек Қирғизистон ба харитаҳои солҳои 1950-80 такя карданист, ки тибқи он заминҳои марбут ба Тоҷикистон ҳамчун чарогоҳ ба Қирғизистон иҷора дода шуда буд. Ҳоло бошад Қирғизистон заминҳои як вақт ба иҷора гирифтаашро моли худ мешуморад.


СССР

саҳ 6 аз 13

Китобҳо

Flag Counter