ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 15 Декабр 2017 13:36


1 гурӯҳ кормандоне, ки чанд соли пеш аз корхонаи “Тоҷиказот” ба рухсатии бемузд рафта буданд, дар меҳмонии СССР арз карданд, ки наметавонанд маоши чандсолаи худро аз ин корхона, ки ахиран номаш иваз шудааст, бигиранд. Дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (№224, 31.10.2017) “Дар бораи барҳамдиҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-ро тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №464 аз 29.09.2017 хонда дар фикр рафтем, зеро феълан дар ин рухсатӣ пас чӣ гуна пуламонро мегирем? Ин гурӯҳ дар аризаи шикоятӣ навиштаанд: «Ҳуқуқҳои мо-коргарони корхона дар соҳаи меҳнат, ки дар Конститутсияи ҶТ тибқи кодекси меҳнати ҶТ, Қонунҳои ҶТ дар бораи шарики иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаи коллективӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба пуррагӣ поймол шуда истодааст. Синну соли аксари мо ба нафақа қариб омадааст, лек то ҳол музди меҳнатро нагирифтаем. Акнун имрӯз фаҳмидем, ки шартномаи коллективии мо бо ҶСК «Азот» бинобар барҳам хурданаш қатъ мегардад».
Коргарони корхонаи мазкур 2 сол боз дар рухсатии бемузди меҳнатиянд. Ҳол он, ки тибқи муқаррарот ва қонунҳои ҷорӣ ин корхона бояд сараввал қарзи музди меҳнатии коргаронро мепардохт, баъдан шартномаи коллективии корхонаро қатъ мекарданд. Гарчанде кормандон аз роҳбарият барои талаб кардани музди меҳнат даъво мекарданд, аммо дар посух роҳбарият сабабашро дар номусоидии вазъи молиявии корхона маънидод менамуду ваъдаи ҷуброни молӣ медод. Ин рафтор хилофи талаботҳои Қонуни ҶТ “Дар бораи меҳнат” аст. Дар қисми 1-и моддаи 140 Кодекси меҳнати ҶТ омадааст: «Корфармо сарфи назар аз вазъи молиявияш уҳдадор аст ба кормандон барои кори иҷронамуда музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд». Дар қисми 2 моддаи 140 ҳамин Кодекс омадааст: «Табъиз дар пардохти музди меҳнат манъ аст. Корфармо ӯҳдадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш музди якхела диҳад ва ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат манъ аст».
Дар ин нома музди меҳнати 1 гурӯҳ кормандон, ки ҳудуди 500 нафаранд, 2 млн. сомонӣ гуфта мешавад. Ин дар ҳолест, ки корхона ҳоло ба кор надаромада, вале номашро иваз кардааст. Оё ин кормандон, ки собиқаи зиёди корӣ дар ин корхонаи азими саноатиро доранд, метавонанд пулашонро гиранд? Абдураҳимов Алӣ-собиқ сардори шӯъбаи меҳнат ва музди меҳнати корхонаи “Тоҷиказот” мегӯяд, ҳамаи кормандоне, ки бо имзои ӯ ба кор пазируфта шудаанд то ҳол мунтазири маош ҳастанд ва ӯ худро дар миёни мардум гунаҳгор медонад. Ҳарчанд худи ӯ аз корхона 8000 сомонӣ пули корашро бояд гирад. Ҳол он, ки дар оғози бозсозии корхона бо ташрифи роҳбарияти олимақоми кишвар гуфта шуда буд, ки пули қарз аз музди меҳнат пардохт шудааст ва кормандони собиқадор ба кор даъват мешаванд, вале ваъда дигар асту кормандони ба рухсатии бемузд рафта чизи дигар мегӯянд.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, 15 Декабр 2017 13:10

Паспорти Тоҷикиямро нишон додам, ки масъул барои ман 1 порс оши ҳарамро, ки аз биринҷу хӯриш ва нон иборат буд, дода, таъкид кард, ки хӯроки хайрияи ҳарам барои шаҳрвандони хориҷӣ ройгон аст!

Ҷумъа, 15 Декабр 2017 13:01


Бонки марказии Русия пешниҳоди чопи пул бо портрети президент Владимир Путинро рад кард. Аз ин пештар 1 иттиҳодияи соҳибкорони Русия хоста буд, ки бо назардошти хидматҳояш пули 10.000-рублиро бо портрети Путин чоп кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон пули нав бо акси президент Назарбоев аллакай чоп шуда буд.

Ҷумъа, 15 Декабр 2017 12:54


Шавкат Мирзиёев-президенти Ӯзбекистон зери фармоне имзо гузошт, ки ба эътибор гирифтани эътирофи гуноҳҳоро зери шиканҷа манъ мекунад. Дар фармон омадааст, ки давоми 3 моҳ боздоштгоҳҳо бояд бо дурбинҳои назоратӣ таъмин шаванд. Тибқи ин фармон, аз ин пас дар Ӯзбекистон шоҳидии шоҳидон, ҷабрдида, гумонбар, айбдоршаванда, судшаванда, хулосаи тиббӣ, далели шайъӣ, сабти садо ва навор, ки бо вайрон кардани қонунгузории мурофиавӣ ба даст омадаанд, ба эътибор гирифта нахоҳанд шуд...

Ҷумъа, 15 Декабр 2017 10:05


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба мақолаи «Коллеҷе, ки 2 аср боз иҷоранишин аст» (СССР, №40(473), 5.10.2017) иттилоъ медиҳад, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент» беш аз 25 сол барои тайёр кардани мутахассисони миёнаи тиббӣ машғул аст. Тӯли ин солҳо беш аз 3900 нафар мутахассисон бо ихтисосҳои гуногун коллеҷро хатм карда, ба муассисаҳои тиббии ш.Панҷакент ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба кор равона шуданд. Айни замон, Коллеҷ дар биноҳои зерин фаъолият мекунад: бинои Раёсати омори ш.Паҷакент бо 11 синфхона ва 13 ҳуҷраи хизматӣ, бинои алоҳида дар назди тавалудхонаи ш.Панҷакент бо 5 синфхона, кӯчаи Терешковаи ш.Панҷакент бо 6 синфхона ва дар бинои Беморхонаи марказии ш.Панҷакент бо 3 синфхона. Масъалаи барҳам додани коллеҷ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми сафараш ба ш.Панҷакент баррасӣ нашуда буд. Ҳангоми сафари корӣ дар моҳи августи с.2017 вазир бо раиси ш.Панҷакент оид ба ҳалли масъалаи мазкур гуфтугӯ дошт ва дар оянда ин масъала роҳи ҳалли худро меёбад.

М.Камолзода,
муовини вазир

Ҷумъа, 15 Декабр 2017 09:58


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар ноҳияи Ваҳдат мардуми коргари маошхӯр-муаллимону духтурон 3 моҳ боз маош нагирифтаанд. Инчунин нафақагирон низ беш аз 3 моҳ аст, ки нафақаи худро гирифта наметавонанд.

Дилшод,
ш.Ваҳдат, тел: 93 719 55 99, 919 85 62 68

Ҷумъа, 15 Декабр 2017 09:53


Писари ман Холов Давлаҳмадро моҳи августи с.2017 дар сартарошхонаи иҷора (дар шоҳидии 3 кӯдаки ноболиғ)-аш, дар мкн.Маяковскийи н.Сино бачаҳои ҳамсоя бо сардории Иброҳим ва 2 шарикаш латукӯб мекунанд. Сабаби ин ҷанҷол баҳонаи напардохтани 20 сомонӣ барои таъмини болопӯши нимсохти хонааш дар маҳаллаи «Грабзавод»-и н.Фирдавсӣ буд. Ҳол он ки ин пулро ӯ ба Иброҳим пардохт намудааст. Ин ҷавонон ба хотире, ки «дар маҳаллаи мо ту сартарошхона дорӣ» хостанд қасд гиранд. Ӯ ба шарти бачаҳо розӣ нашуда, онҳоро аз дӯконаш пеш мекунад. Бо ин қаноат накарда, Иброҳим 2 шарикашро оварда Давлаҳмадро секаса мезананд. Ӯ дар ҳолати асабоният ва барои ҳимояи ҷони фарзандон дар ҷои кораш бо олот-отвёрка дар чанд ҷои бадани яке аз ҳамлагарон мезанад. Онҳо бо ҳамин мегурезанд. Баъди ҳодиса кӯдаконашро ба хона бурда, пеши модарашон мегузорад ва бо хоҳиши худ ба ШКД н.Сино рафта, асли воқеаро нақл мекунад. Нисбати ӯ делои ҷиноӣ кушода… бе иштироки ману дигар наздиконаш 7 сол суд карданд. Аҳволи фақиронаи моро дида падари ҷабрдида ва модараш аз гуноҳи писарам гузашт, аммо Хуршед-судяи суди н.Сино бо исрор мегӯяд, «агар ҷабрдида аз гуноҳаш гузашта бошад ҳам мо аз рӯи қонун кор мекунем». Охир, наход судя зану фарзандони писари маро фикр накунад?

Шарафнисо Абдуллоева,
деҳаи Зиракӣ, ш.Кӯлоб

Ҷумъа, 15 Декабр 2017 09:48


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Абдурауф Олимов, табиби ҷавон аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, ки нахуст салому сипосу барори эҷодиро ба аҳли пролетар ва кормандони эҷодии СССРи гиромӣ ва мардумӣ мерасонам! Вақтҳои охир дар манотиқи кишвар ҳодисаҳое ба чашм мерасад, ки оқибаташ бисёр бад аст. Дар ҳар гӯшаву канори кишвар, аслан дар водиҳои дур мардум даст ба ифротгароӣ мезананд. Дар ин ҷода ҳар яки мо шоҳиди ҳол ҳастем. Ман сабаби инро дар таълиму тарбия медонам. Шукр, ки халқи мо мусалмон, аммо тааҷҷубаш он, ки таълимоти динӣ дар мактабҳои миёна нест. Аз Вазорати маориф хоҳиши онро дорем, ки китоби дарсии Таърихи дини Исломро дар мактабҳо ҷорӣ кунад, зеро мардум ба ин ниёз дорад. Фикр мекунам, ки ин бар зарар нест!

саҳ 7 аз 13

Китобҳо

Flag Counter