ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 22 Декабр 2017 17:18



Маош зиёд мешавад!
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр  кард, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад.
Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Ба ибрози Пешвои миллат, дар ин раванд Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши ин гуна молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.

Таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тибқи маълумот, аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Бо дарназардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро бояд ҷиддӣ ба роҳ монад. Ба таъкиди Сарвари давлат, муассисаҳои илмии Академияро зарур аст, ки таҳқиқотро доир ба гуногунии биологӣ, сарватҳои табииву зеризаминӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик идома бахшанд.

Масъалаҳои «Тоҷик эйр»-ро бояд ҳал кард!
Яке аз масъалаҳои ҳалталаб барои рушди сайёҳӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонию мусофиркашонӣ аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик Эйр” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мебошад.
Куҳнаю фарсуда шудани парки техникӣ, номукаммалии сохтори идоракунӣ ва вазъи душвори молиявӣ садди роҳи инкишофи соҳаҳои зикршуда гардидааст.
Зарур мешуморам, ки ҷиҳати навсозии техникии ширкат ва корхонаи мазкур ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркаш пурра аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон бо ин, ба Ҳукумати кишвар супориш дод, ки барои баланд бардоштани қобилияти рақобати ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” барномаи махсуси дастгирии давлатии онро таҳия ва амалӣ намояд.

Ҷавоби марги кӯдаки 3-соларо кӣ медиҳад?
Президенти кишвар таъкид намуд, ки ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат зиёд ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст.
- Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ фаъолияти гурӯҳи корӣ вобаста ба санҷиши сифати маҳсулоти воридотӣ дар 196 ширкати тиҷоратӣ нишон дод, ки ба кишвар ҳамасола 500-600 тонна бозичаҳои гуногун аз 20 давлати дунё ворид мешаванд, ки 90 фоизи онҳо аз рӯи сифат ба талаботи бехатарӣ мувофиқ нестанд ва ба саломатии кӯдакон зараровар мебошанд. Дар баробари ин, технологияи нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ дар сатҳи зарурӣ ва тибқи меъёрҳои қабулшуда таъмин нагардидааст ва соҳибкоронро зарур аст, ки дар ин самт низ чораҷӯӣ намоянд. Чанд рӯз пеш дар н. Восеъ 1 оила аз хӯрдани ҳасиб заҳролуд шуд ва 1 кӯдаки хурдсоли ин хонавода талаф ёфт. Ҷавоби марги ин кӯдаки 3-соларо кӣ медиҳад? Сохторҳои назоративу тафтишотӣ ҳар шом намоиш медиҳанд, ки дар ин ё он гӯшаи кишвар фурӯши маҳсулоти бесифатро ошкор кардаанд, аммо ин маҳсулот чаро ба мамлакат ворид шуд? Худашон гузоштанд водри шавад, зеро назорат нест!,-таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷумъа, 22 Декабр 2017 09:47


Тибқи омор имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 15%-и (80%-и мамлакатҳои тарақикарда) аҳолии ҷаҳонро одамони маъюбиятдошта ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 150.000  маъюб зиндагӣ мекунанд, ки 2%-и аҳолиро ташкил медиҳанд. Хушбахтона маъюбони Тоҷикистон дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мутаассифона дар баъзе маврид маъюбро ҳамчун шахси ниёзманд, дастнигар, талабанда ҳисобида, аз ҷомеа дур месозанд, ки ин шаъни шарафи маъюбро хеле паст месозад. Бояд қайд намуд, ки маъюбон қишри ҷудонашавандаи ҷомеа буда, бо нуқси ҷисмонӣ ва ақлонӣ наметавонанд аз ҷомеа дур бошанд. Ҷудонопазирии онҳоро Сарқонуни ҶТ оиди ҳуқуқи иҷтимоии маъюбон ва инчунин ҳуҷҷати байналхалқӣ Конвенсия оиди ҳуқуқи маъюбон кафолат медиҳанд.

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 14:56


Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова 100-сола шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, мавсуф, ки ба синни мубораки 100 қадам ниҳодааст, аз дидори дӯстону ҳамкасбон ва шогирдонаш хеле хурсанд гардид. Қосимоваро Арбоби ҳунари Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова,  сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов, директорони театрҳои пойтахт ва дигарон бо зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва хушбахтии аҳли хонаводаро таманно намуданд.
Мушаррафа Қосимова 19 декабри соли 1920, дар гузари Чорраҳаи ш.Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ҳунарманд бештар чун иҷрокунандаи нақшҳои маишӣ дар саҳнаи театр шинохта шудааст. Тамоми умр, ӯ ҳамчун ҳунарпешаи Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ (1937-1983) ва аз соли 1989 – дар театра-студияи «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ намудааст. Дар кинематографи тоҷик аз соли 1956 фаъолият намудааст.

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 12:14



18.12.2017. Соат ба вақти СССР 09:17 дақиқа. Ростӣ, навкори газетаи мардумиям. Дар назди СССР Маркази продюсерӣ кушодам ва нахустин коре, ки кардам, бе иҷозати сардабир, аз фоҷеаи сари хонадони Дилноза Каримова-сарояндаи хушадои хуҷандӣ омада, ба даҳшат уфтода, аз номи газетаи мардумӣ эълон кардам, дар Интернет, ки консерти хайрияи наҷоти Дилнозаро баргузор менамоям. Оре, ҳарчанд кӯдаки Дилноза Диёрбеки 6-солаи нозанин мариз шуда бошад ҳам, шифои ӯ наҷоти худи Дилноза аст…
Зимнан ба дафтари кории сардабир даромадам, ки СМ аз ҷо бархоста, дастамро фишурд ва бонг зад:
-Офарин! Командаи СССР бояд худ ташаббускор бошаду дар соатҳои саъбу сангин ҳаммиллату ҳамватани худро дифоъ кунад! Беҳтарин коре, ки кардӣ, хоҳарам. Акнун бигӯ, ки мо чӣ кор кунем???
Ва посухи маро интизор нашуда, чанд роҳу равиши баргузории консерти хайрия ва ирсоли пули бадастомадаро ба ман пешниҳод намуда афзуд:
-Ин кор бояд то ҳадде шаффоф бошад, ки охирин 1 дирами консерти хайрия ба дасти модари Диёрбеки нозанин-Дилноза расад.
Ва боз афзуд: Ба Дилноза гӯй, ки кӯдакро наҷот медиҳем. Мо метавонем!

Диёрбек  саратон аст…
Шунавидани ин хабари шум, мани модари 4 фарзандро чун барқ такон дод. Ба иттилои аз хонаводаи Дилноза расида, наметавон бовар кард. Додари ӯ-Зайниддин Каримов дар саҳифаи иҷтимоии худ менависад:
-Бо навиштани номаи худ ба шумо маълум менамоям, ки ба оилаи мо-Каримовҳо, ки ҳамагӣ аҳли санъату ҳунарем, мушкилие омада. Сахт аст ба ин бовар кардан, тоқат кардан, эҳсос кардан ва ин эҳсосро навиштан. Аммо аз ин пас нанавишта ҳам наметавонистам. Чаро, ки фарзанди хоҳари мо Дилноза Каримова-Диёрбеки 6-сола аллакай 2 моҳ мешавад, ки дар беморхонаи онкологии Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷогаҳист. Ҳамагӣ 2 рӯз пеш мутахассисон пас аз ташхисҳои тӯлонӣ хулоса карданд, ки Диёрбек Аминҷонов ба бемории «саратони лимфомзинаи 4» гирифтор аст. Диёрбек бояд муолиҷаи фавриро дар кишвари Россия идома диҳад, ки ин табобат маблағҳои зиёдро тақозо мекунад. Умедворам, дар ин рӯзҳои душвортарин барои хонаводаи мо шумо ҳамроҳи мо ҳастед. Дуо кунед!

Аҳли фарҳанг  ба по хез!!!
Ин хабарро хонда, дунё дар назарам тираву тор гашт. Дилнозае, ки 17 сол бо хандаи шаккарин 8 млн. Тоҷикистониро мешӯрониду механдониду мехиромонид, ба чунин даҳшат дучор шудааст. Худоё, ягон модар ин рӯзро набинад. Ман ҳадаҳа он шаб дар саҳифаам тасмим гирифтам консерти хайрия роҳандозӣ кардаву маблағи бадастомадаро ба Дилноза ирсол дорам. Хушам омад, ки дар чанд соат чандин ситораҳои эстрадаи миллӣ хоҳиши ширкат дар консерт ва бархе болои ин ирсоли пул кардаанд. Бархе мегуфтанд, «мо пул медиҳем, аммо овоза накун, Шоира». Аммо ман мекунам! Зеро мо миллатем ва бояд ба дарди 1 ҳамватан бирасем. Мо метавонем!

Браво,  устод Афзалшоҳ!
Хушбахтона, хеле аз ситораҳои маъруфи мо, билофосила барои ширкат дар ин консерти хайрия изҳори омодагӣ карданд. Аз ҷумла, Файзигул Юсупова, Ҳаётой Муъминова, Сабоҳат Наҷмиддинова, Садриддини Наҷмиддин, Далери Хайриддин, Сарвиноз Юсуфӣ, гуруҳи Авесто зери роҳбарии Таҳмина Рамазонова, Райҳона Раҳимова, Қобилҷон ва Комилҷон Зариповҳо ва чанд ҳунарпешаи ҷавон. Ровии маъруф СубҳонҶалилов, Бахтовари Бобоҷон ва Таҳмина Раҷабова барандагии консертро бар ӯҳда гирифтанд. Толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон зери роҳбарии устод Афзалшоҳи Шодӣ барои баргузории ин консерт омодагӣ нишон дод. Аллакай, устод Афзалшоҳ ҷавонмарди асиланд ва моро дастгирӣ карданд...

Фарзанди Миллат-Диёрбек!!!
Бовар дорам, дигар ситораҳои санъат ҳоло ин хабарро нахондаанд, зеро мутмаинам агар хабар ёбанд, ҳатман ба ин амали хайр қӯш мешаванд. Консерт авоили моҳи январи с.2018 баргузор мегардад ва аз ҷараёни омодагиҳои он мо ҳатман хонандаро воқиф хоҳем кард. Ҳар нафаре, ки мехоҳад дар ин амри хайр саҳм гирад, метавонад пулу маблағ гузаронад, билети консерт харад ва рӯзи баргузории консерт ба сандуқи хайрия пул гузорад. Ман бовар дорам, Диёрбекро наҷот мебахшем ва ӯ Писари Миллати Тоҷик унвон мегирад. Мо Метавонем!

Шоираи Раҳимҷон,
СССР

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 12:06

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 11:57


Салом, СССРи гиромӣ. Мохи гузашта дар деҳаи мо вохӯрии намояндагони Оғохон бо сокинони маҳал барпо шуд. Дар он менеҷери Оғохон Намакова Ш, муовини якуми раиси ноҳия-Н.Раҷабова… иштирок ва суханронӣ намуданд. Маҳз бо кӯмаку дастгирии фонди Оғохон дар рӯзҳои наздиктарин бояд аз масофаи 8 км ба деҳи мо об биоранд. Оби нӯшокӣ дар маҳалҳои атроф масъалаи №1 аст. «Ман бовар дорам, ки то фарорасии фасли сармо якҷоя бо сокинони маҳал ин проблемаро  ҳал менамоем», гуфт дар суҳбат раиси маҳалла Сӯҳроб Саидов.

Ғуломалӣ Асоев,
н.Файзобод, деҳаи Арзанова

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 11:52


1 сабаби ҷудошавии зану шавҳар, ин тақсими манзили истиқоматист. Тибқи  моддаҳои 121-122-и Кодекси манзили ҶТ хонаи истиқоматии оилаи ҷудошуда ба маскункунии зан тақсимот мегардад. Аммо дар ин бобат низ маскункунӣ дар хонаи шавҳар бисёр паҳлуҳои манфӣ дорад. Шавҳар зани нав мегирад ва он албатта дар ин ҳавлӣ-хона истиқомат мекунад. Акнун кӣ гуфта метавонад, ки байни бонуи собиқу нави хонадон ҷанҷолу хархашаю муноқиша рух намедиҳад? Агар раваду Худо накунад, яке аз занҳо-собиқ ё наваш ба обу таъоми якдигар маводи заҳрноке ё доруе андозад, кӣ гунаҳкор мешавад? Беҳтараш шавҳар маблағу мол ёфта, аз баҳри ҳамон зану 3-4 фарзандаш ба қадри арзиши ҳамон хонаи маскункарда ба ҳамсари собиқаш хонаи алоҳидае харида диҳад, то зан бо фарзандонаш бе ягон фишор, таҳдид, ҳақорат ва ором зиндагӣ кунад. Хеле бамаврид мебуд, агар вакилони мӯҳтарами мо дар ин масъалаҳои ҳалталаби доғи рӯз ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии мавҷуда тағийроти таъсиргузор ворид намоянд.

Нурулло Ҳасанов,
н.Муъминобод

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 11:49


Муроҷиати узви Ихвон-ал-СССР Гулсара Сироҷова ба роҳбарияти Суди Олӣ оид ба кӯмак намудан барои ситонидани алименти духтаронаш, ки дар газетаи СССР (№36(469), 7.09.2017) нашр шудааст, мавриди санҷиш қарор дода шуд. Муайян шуд, ки бо ҳалномаи суди ш.Панҷакент аз 24.10.2016 даъвои Раҳмонова Дилафрӯз бо ҷавобгарии Эсанбоев Хуршед оид ба рӯёнидани алимент қонеъ карда, худи ҳамон рӯз аз ҷониби иҷрочии суд таҳти №409/1 истеҳсолоти иҷро оғоз карда шудааст. Тибқи маълумотномаи пешниҳодкардаи иҷрочии суд аз ҳисоби қарздор Эсанбоев ба фоидаи Раҳмонова рӯзи 25.05.2017 маблағи 5100 рубли русӣ баробар ба 772 сомонию 50 дирам, рӯзи 24.07.2017 маблағи 2040 рубли русӣ баробар ба 293 сомонӣ ва маротибаи охирин рӯзи 8.09.2017 600 сомонӣ алимент рӯёнида дода шудааст. Иҷрочиёни суд вазифадор карда шуданд, ки оид ба иҷрои ҳалномаи дар боло номбурда тамоми чораҳои қонуниро андешанд. Инчунин муайян шуд, ки бо ҳалномаи суди н.Синои ш.Душанбе аз 14.09.2016 даъвои духтари дигари Гулсара – Раҳмонова Адиба бо ҷавобгарии Сафаров Шуҳрат оид ба рӯёнидани алимент қонеъ карда, ҳамон рӯз варақаи иҷро таҳти №СО2-1339/16 ба иҷрочиёни суд ирсол карда шудааст… 1.11.2016 иҷрочии суд таҳти №2/2 истеҳсолоти иҷро оғоз кардааст. Аммо қарздор Шуҳрат аз пардохти алимент саркашӣ карда истодааст. Аз ин рӯ, бо пешниҳоди иҷрочии суд аз ҷониби прокурори ш.Панҷакент нисбати Сафаров бо моддаи 177 КҶ ҶТ (бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст…
Ашурзода А.А., муовини якуми раиси Суди Олӣ

саҳ 3 аз 13

Китобҳо

Flag Counter