ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 11:47


Узви Ихвон-ал-СССР, Насиба Файзуллоева, китобхоначии собиқадор аз ноҳияи Спитамен ба СССР занг задаву гуфт, ки дар даврони Шӯравӣ ҳамаи нархи молҳо аз марказ танзим мешуд. Ҳатто дар бозор деҳқон молашро бо нархи таъйинотӣ мефурӯхт. Дар ҷомеаи имрӯз тамоми имтиёз ба савдогарон-тороҷгарон дода шудааст. Тоҷир ҳоло тороҷгар асту ҳаққимардумхӯр. Молро чӣ хеле, ки хоҳад, ҳамон хел мефурӯшад. Аз тарафи давлат бошад назорат нест. Дар бозорҳо ҳаннотон мардумро хонасалот карда истодаанд. Дар рӯзҳои пеш аз ид савдогарони бехудо нархҳоро ба осмони 7 бардоштанд. Туҷҷори Тоҷик бизнесро аз мусалмонӣ боло гузоштааст. Дар бозор бошад барои деҳқон ҷой нест. Милитсионер деҳқонро дар қади роҳ савдо кардан намемонад. Ҳукумат бояд 1 идораи махсус ташкил дода, нархҳоро ба танзим дарорад ва назорат кунад. Ҳакиме дар парлумони Рими қадим гуфтааст: «Аз Худо на, балки аз халқ битарсед, зеро ки Худо ҳамеша ҳамроҳи халқ аст».

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 11:45


Узви Ихвон-ал-СССР, Мирхӯҷа Миразизов, сокини ноҳияи Тоҷикобод дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки ман ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа-шанбе барои дастрас кардани газетаи дӯстдоштаам-СССР ба маркази ноҳия 14-20 сомонӣ фақат барои мошинкиро сарф мекунаму аз дӯкон-киоск газета харида меравам. Дар маркази ноҳия ҳамагӣ 1 дӯкони газетаву маҷалла ҳаст. Дӯкондор мегӯяд, ки СССРро дар мо кам меоранд: Ҳамагӣ 4 дона! Аз ин рӯ, ман ҳамчун мухлиси СССР аз раҳбарияти редаксия эҳтиромона хоҳиш дорам, ки СССРро ба ноҳияи мо бештар роҳӣ кунанд. Зеро Мо Метавонем-ку!!! Инро ба он хотир гуфтам, ки баъзе вақт ба марказ меравам, СССРро наёфта, ғамгин ва бо сари хам бармегардам. Ман хумори маънавиямро бо СССР мешиканам.

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 11:34

Бидуни ғараз-8

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 11:26

2-3 душмани миллати Тоҷик, ки 59 сол пеш дар курсии раҳбарияти вилояти Ленинобод менишастанд, бо фиреб додани ҳукумати марказӣ замини Тоҷикистонро бо 2 дасти адаб ба РСС Қирғизистон доданд!

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 11:11



Назорати беруна ба чӣ хотир?
2 ҳафтаи ахир тариқи ВАО атрофи Комиссияи олии аттестатсиони (КОА)-и назди Президенти ҶТ ва ба забони тоҷикӣ навишта шудани рисолаҳои илмӣ сару садоҳо баланд шуданд. Аҷибаш ин аст, ки шахсиятҳои машҳури Тоҷикистон бо ҳар баҳона зидди КОА-и тоҷикӣ баромада, изҳори нобоварӣ мекунанд. Гӯё мо 1 кишвари соҳибистиқлол бе ВАК-и Россия наметавонем. Ҳатто пешниҳод мекунанд, ки 1 назорат аз берун лозим аст. Ҷавоби Раиси КОА-и Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода дар сомонаи Ховар бисёр саривақтӣ, ҳакимона ва дурбинона аст. Муҳтарам Розиқзода дуруст қайд мекунад, ки «Мутаассифона, ҳанӯз ҳам баъзе суитафоҳум, дахолатҳои ноҷо ба фаъолияти Комиссия ба мушоҳида расида, ҳатто андешаҳои хилофи таъсиси он низ садо медиҳанд. Басо шигифтовар ва мояи таассуф аст, ки иддае аз олимони куҳансолу маъруфи кишвар ба ҷои кӯмаку дастгирӣ ва ҳамкорӣ баъзан нисбат ба ин ниҳоди навтаъсис мавқеи оштинопазир ишғол кардаанд».

Розиқзода прав!!!
Воқеан, аламовар аст, ки КОА ҳоло корро сар накарда, ин нобоварони нотавонбин ба сиёҳ намудан сар кардаанд. О, монед-ку ин ҷавонмардон корро оғоз кунанд! Шӯроҳо аз олимони варзида иборатанд ва на камтар аз муддаиёни «дилсӯз» манфиати давлату халқро ба назар мегиранд. Мо бовар дорем, ки беҳтарин рисолаҳо ва навиштаҳо бо забони давлатӣ рӯи кор меоянд, ки оянда боиси ифтихори мо хоҳанд шуд. Розиқзода дуруст қайд мекунад, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил ва соҳибихтиёр аст. Замоне, ки империяи абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буду 15 ҷамоҳири шӯравӣ дар ҳайати 1 давлат буданд, тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ ба воситаи “ВАК”-и назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ мешуд. Вале баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ қариб ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар ибтидои солҳои 1990 “ВАК”-ҳои миллии худро ташкил намуданд ва иштибоҳ ҳам накарданд, ҳарчанд кишвари мо ба ин раванд бо сабабҳои маълум дертар ҳамроҳ шуд. Бинобар ин, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ идомаи мантиқии давлатсозии миллӣ дар замони истиқлолият буда, ниҳоди мазкур маҳз бо ибтикор ва қотеъияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуд.

Чаро зидди «ВАК»-и миллием?
Дар ҳақиқат, чаро тоҷикон «ВАК»-и миллии худро надошта бошанд?! Тобеият ва 1 навъ вобастагӣ ба манфиати кист? Оё «баъзе ҳадафҳо» хилоф ба истиқлоли миллӣ нестанд?! Оё фаромӯш кардаем, ки илму фарҳанги миллӣ таҳкимбахшандаи истиқлол аст?! Дар Тоҷикистон касе мухолифи забони русӣ нест. На танҳо барои забони русӣ, балки барои ҳама забонҳо сиёсати дарҳои бози Ҳукумат имкон додааст. Қонунҳои ҷорӣ низ ба инкишофи онҳо мусоидат мекунанд. Лек баъзе ҳамватанони мо дурнамои шукуфони забони миллиро дидан намехоҳанд. Боиси афсӯс аст, ки маҳз бо монеасозии баъзеҳо қариб 3 даҳсола боз мо илми миллии худро соҳиб гашта наметавонем.
Ҷавоби Розиқзода холисонаву софдилона аст: «Бояд фаромӯш накунем, ки ҳамин “ҳоло барвақт”-ҳо, “назорат аз берун”-ҳо, “саводамон намерасад”-ҳо буд, ки мо, тоҷикон  бисёр чизҳоро аз даст додем. Аз донишманди азизамон даъват ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо мо ҳамкорӣ кунад, маслиҳату машварати худро дареғ надорад, зеро алҳол Комиссия ба ҳамкории  олимони пуртаҷриба ниёзманд аст».

Мо ноӯҳдабаро нестем!
Мо низ мехоҳем, ки монеасозон бори дигар теша ба решаи миллат назананд. 1 маротиба, дар солҳои 1930 бо чоплусии чанд тан анқариб миллат аз даст рафта буд. Ҷонбозиҳову талошҳои Айнӣ барин қаҳрамонон буд, ки ҷараёнҳои зиддимиллӣ ноком гаштанд. Ҳар фарде, ки имрӯз зидди 1 падидаву зуҳуроти миллист, ӯ ноком мешавад. 100 сол тобеи илму забону фарҳанги ғайр будем, кифоя аст. Акнун имкон диҳед, ки илми тоҷик дар пояи забони миллӣ шакл пайдо намояд. 1 замоне чун аз системаи энергетикии Осиёи Миёна берун меомадем, ҳасрату вовайло доштем, ки ба ҳалокат дучор меоем. Мо гӯё худ аз уҳдаи чизе намебароем. Инак, истиқлолияти энергетикии мо фаро расид ва ҳеҷ биме аз будан ё набудани барқи хориҷӣ надорем. Андаке баъдтар кишвари мо содиркунандаи бузурги барқи минтақа низ хоҳад гашт. Роҳи оҳанро мебастанд ва мо чанд моҳ бо қисмати Шимолии кишварамон алоқа надоштем. Инак, 12 фасли сол мо алоқаи доимӣ бо ин қисмати диёри худ дорем. Бузургтарин роҳҳои оҳанро дар дохили кишвар сохтем. Роҳи оҳани Ҷануби мамлакатро бо марказ пайвастем. Бунбасти коммуникатсиониро барҳам задем ва ба 1 кишвари транзитӣ низ табдил ёфта истодаем.

Чаро мутеъи Русия бошем?
Чун дар асрҳои миёна дар кишварҳои Шарқи мусалмонӣ забони арабӣ забони илм маҳсуб мешуд, форсизабонон осори илмии хешро ба арабӣ эҷод мекарданд. Аз ҷумла, Сино, Форобӣ, Берунӣ, Хоразмӣ асарҳои худро бо арабӣ навишта, дар ному осори худ артикли арабии -ал- илова карданд (мисли Алхоразмӣ, Алберунӣ, Алфоробӣ…). Имрӯз баъзе бехабарон эшонро на тоҷик, балки араб мепиндоранд. Пас агар мо аз русинависии осори илмӣ ва пасвандҳои насабсози русӣ (-ов, -ев) дил канда натавонем, аз эҳтимол дур нест, ки баъди солиёни мутамодӣ олими моро бо -ову -еву забони рисолааш олими рус ба қалам хоҳанд дод (Ҳушдор!!!).
Магар сирқати зеҳние, ки дар тӯли таърих аз тарафи аврупоиён ба вуқӯъ пайваст, бас набуд?! Яъне садҳо ихтироъ ва кашфиёти соҳаҳои мухталифи олимони Шарқ, хусусан, форсу тоҷикро моли худ карданд ва метавон гуфт, ки «хуршеди аврупоиён аз кӯҳсори Ховар дамидааст». Ин моҷаро ҳанӯз ҳам барои иддае аз олимони «худкуши бегонапарвар» дарси ибрат нашудааст. Чӣ лозим аст, ки мо таҳқиқу дастоварди худро чун 1 луқмаи тайёр ба дигарон ба забони худашон чун 1 ҳисобот пешниҳод ва «перспектива»-ҳои ояндаи онҳоро заминагузорӣ намоем? Бигзор ин таҳқиқҳо ночиз бошанд, аммо чӣ маънӣ дорад, ки мо барои 1 кишвари дигар итоаткунандаи қонунҳои бешуморашон бошем?

Мо Метавонем!
КОА ин 1 паҳлуи бузурги сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Бисёр мехоҳем, баъзе афрод муқобилу монеаи ин сиёсат нашаванд. КОА ин 1 ғурури миллии аҳли фарҳангу зиё аст ва он симои дигари миллати соҳибистиқлоли тоҷик хоҳад гашт. Мо насли Рӯдакиву Синову Форобием ва дар илм собиқаи ғании таърихӣ дорем. Ҳоло мебинед, ки дар илм гӯйи сабқат аз пеши чавгони ҳарифони дигар мерабоем ва Мо Метавонем!
Ҳам КОА-и Тоҷикистон ва ҳам Вазорати маориф ва илми кишвар ҳеҷ гоҳ зидди манофеи миллӣ амал нахоҳанд кард. Пас, биёед, ба истиқлолияти илми тоҷик монеа насозем. Ҳамаи оғозҳо ҳамин гуна ихтилофҳо доранд, оянда низ онҳо ин корашонро идома медиҳанд, вале аз онҳо набояд нигарон шуд. Пеши роҳи милликунонии кишвари озодро касе гирифта наметавонад! Дар ин роҳ мо ба устод Розиқзода Абдулҳаким ва командаи ӯ барору комёбиҳо хоҳонем ва мо бо эшонем, ҳар ёрие, ки лозим аст, онро дареғ намедорем.

Шаҳбози Кабир,
Саъдӣ Маҳдӣ,
Бахтиёри Қутбиддин
устодони ДМТ

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 11:03

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 10:59

Рӯзи шанбеи 16 декабр аз даргузашти Генерали ҷангии Тоҷик Сӯҳроб Қосимов 3 сол пур шуд. Ӯ дар торумори лашкари давлати исломӣ ва зархаридони Хаттабу Ҷумъаи Намангонӣ ва шикасти Маҳмуди Худойбердӣ дасти тамом дошт.

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 10:49

Эрониҳо роҳро бастаанду шаҳрвандони ҶТ имкони мурдаҳоро гӯронидан надоранд, вале раиси ноҳия СССР-ро ба суд доданист…

саҳ 4 аз 13

Китобҳо

Flag Counter