ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 28 Декабр 2017 11:24


Ҳунармандони сирки давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе омадаанд. Нахустин барномаи ҳунармандони ин сирк рӯзи 31.12.2017 соати 14:00 дақиқа дар бинои сирки давлатии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Ҳайати ҳунармандони ӯзбек бо худ ҳайвонҳои гуногуни ромшуда, амсоли маймунҳо, сагҳо, ламаҳо ва аспчаҳои пониро овардаанд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар сирки давлатии Тоҷикистон хабар доданд, ҳунармандони сирки давлатии Ӯзбекистон дар тӯли ё моҳ дар Тоҷикистон қарор дошта, танҳо дар пойтахти кишвари мо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Арзиши билет аз 30 то 80 сомонӣ арзиш дошта, чиптаҳоро аз хазинаҳои сирки давлатӣ  харидорӣ кардан мумкин аст.

СССР

Панҷшанбе, 28 Декабр 2017 11:21


Имрӯз бо иштироки раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба таври расмӣ пули роҳи оҳан, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозиро, ки 4 ноҳияи пойтахтро ба ҳам мепайвандад, мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иншооти мазкур соли 1929 бунёд шуда, бори охирон соли 1978 таъмир гардида, бо гузашти солҳо фарсуда ва   ба таъмир ниёз пайдо карда буд.
Лоиҳаи  навсозии пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳаинвест» ва ҶДММ «Зебосоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоот аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шудааст.
Дар баробари он, инчунин атрофи пул пурра навсозӣ гардида, аз ҷумла, дар 4 ҷониби он зинаву роҳравҳо бозсозӣ шуда, майдони 500 метри мураббаъ бо сафолакҳои бетонӣ рупӯш гардидааст. Қисмати поёни он  бо масолеҳи ороишӣ рӯпӯш, асосҳо ва сутуни такягоҳи пул низ бо санги хоро зиннат дода шудаанд, ки масоҳати умумии он 450 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои ороишӣ дар қисмати поёни пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд анҷом дода шудаанд.


Панҷшанбе, 28 Декабр 2017 11:17

Панҷшанбе, 28 Декабр 2017 10:37


Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия дар нишасти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 26.12.2017 дар Маскав баргузор гашт, эълон намуд, ки аз 1.01.2018 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ бар дӯши Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд. Владимир Путин дар пайи ин гуфтаҳои хеш ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷик дар арафаи соли нави мелодӣ орзуи муваффақият кард.
Дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ, ки дар қароргоҳи Ново-Огарёво сурат гирифт, президентони Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

СССР



Чоршанбе, 27 Декабр 2017 15:12

Чоршанбе, 27 Декабр 2017 12:49

Сешанбе, 26 Декабр 2017 11:02


Роҳбарияти ш.Душанбе тасмим гирифтааст, ки соли 2018 дар пойтахти мамлакат барои наврасону ҷавонон боз 90 адад майдонҳои варзишӣ ва гулгаштҳои нав сохта, то ҷашни истиқлолият ба истифода супорад.
Бояд гуфт, ки танҳо дар 11 моҳи соли 2017 дар ҳудуди пойтахт 75 майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд гардида, дар аксари гулгаштҳо ва боғҳои фароғату истироҳат ҷойҳои алоҳидаи машқу тамрин сохта шуданд.

СССР

Ҷумъа, 22 Декабр 2017 17:34

саҳ 2 аз 13

Китобҳо

Flag Counter