ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 11 Декабр 2017 09:13


Узви Ихвон-ал-СССР, ҳоҷӣ Азим Насруллоев, сокини деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ашт дар сӯҳбат бо СССР гуфт, соли 1924 Ҳукумати Марказӣ дар шаҳри Москва талаб мекунад, ки тақсимоти ҳудудии республикаҳои Осиёи Миёна гузаронида шавад. Доир ба гузарондани тақсимот комиссия аз Абдулло Раҳимбоев-он замон дар вазифаи котиби якуми Комиҷроияи Республикаи Туркистони Бухоро буд, аз ӯ пурсида мешавад, ки дар Осиёи Миёна ғайр аз ӯзбеку қазоқу туркману қирғиз боз ягон миллати дигар ҳаст? Раҳимбоев мегӯяд: «1 қавми хурде бо номи «Тоҷик» ҳаст, ки он миллат шуда наметавонад». Ӯ пеш аз ин дар паспорташ миллаташро ӯзбек навишт ва Тоҷик буданашро инкор кард. Хиёнати Раҳимбоев дар он аст, ки дар вақти тақсимоти Республикаи Туркистон Бухоро, Шаҳрисабз, Самарқанд, Китоб, Фарғона ва Сариосиёро ба ӯзбекҳо тӯҳфа намуд. Мо бошем пайкараашро дар Хуҷанд мондаем!

Ҷумъа, 08 Декабр 2017 14:42


Ҳамагӣ огаҳем, ки 88 сол қабл нахустфилми мустанад бо номи "Омадани аввалин қатора" с.1929 таҳия шуд, ки оғози филмофарӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Пас аз гузашти солҳо 5.12.2017 Маросими ҷоизасупории «СИМО»-аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад дар доираи «Соли ҷавонон», ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, аз тарафи Муассисаи давлатии ТВ «Синамо»  дар кинотеатри «Наврӯз»-и Кохи Наврӯз дар фазои мутантан баргузор шуд. Ҷои зикр аст, ки новобаста ба навтаъсис будани шабакаи "Синамо", ки камтар аз 2 сол арзи ҳастӣ дорад, тавонист чунин иқдоми арзишмандеро рӯи кор биёрад. Ба ин ҷашнвораи бошукӯҳи телевизионӣ ҳунармандони маъруфи кишвар, коргардонҳои шинохта, коршиносони варзида, шахсиятҳои муътабари соҳаи ТВу синамо ва роҳбарияти 1 қатор вазорату кумитаҳо ширкат доштанд. Нахуст фестивалро муовини якуми Раиси Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Маҳмадшариф Бобошоҳзода ва директори Муассисаи давлатии ТВ «Синамо» Набӣ Набизода расман ифтитоҳ бахшида, ба 15 тан собиқадорони ТВ ва синамои тоҷик дипломҳои махсуси фестивал ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Сипас аз ҷониби муовини якуми вазири фарҳанги ҶТ Ибодулло Машраб ба намояндагони шабакаҳои телевизионӣ ва роҳбарияти Кохи Навруз барои саҳмгузорӣ ва иштироки фаъолона дипломи махсуси Фестивал тақдим карда шуд. Тибқи номинатсияи Фестивал ба наворбардори шинохта Георгий Дзлаев ва коргадони маъруф Лилиана Налоева ҷоизаҳои «Барои хизмати шоиста»-ро муовини раиси Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Назира Амирбекзода ва Раиси ИЖТ, директори Академияи ВАО Зинатуллоҳи Исмоил супориданд. Ба ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобин» коргардон Абдулҳай Зокиров барои филми «Куҳандиёр» сазовор дониста шуд ва ҷоиза аз тарафи Хуршед Низомов-раиси Иттифоқи композиторон тақдим шуд. Аъзои ҳакамон беҳтарин филм бахшида ба Соли ҷавонон филми коргардон Далери Имомалӣ «Соҳибватан»-ро муайян карданд, ки ҷоизаро раиси Кумитаи ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ Аҳтам Абдуллозода супорид. Барандаи «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» коргардон Файзулло Файз бо филми «Синамои тоҷик» дониста ва ҷоиза аз тарафи раиси Иттифоқи синамогарон Сафар Ҳақдод тақдим шуд. Филми коргардон Озод Маликов бо номи «Кавикас» барандаи ҷоизаи «Беҳтарин бозёфти эҷодӣ» шуд ва ҷоизаро директори Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» Носир Раҳмон тақдим кард. Ҷоизаи «Беҳтарин консепсия дар филми мустанад»-ро филми коргардон Сафарбеки Солеҳ «Комил» соҳиб шуда, ҷоизаро Ато Мирхоҷа-муовини аввали раиси ИНТ супорид. Аъзои ҳакамон ба ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор» наворбардор филми Наврӯз Саидов «Духтари Сайҳун»-ро лоиқ донистанд ва ҷоизаро наворбардори шинохта Заур Дахте тақдим кард. Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон»-ро коргардони шинохта Рустам Шоазимов дар филми «Парвози парвона» соҳиб шуд ва ҷоизаро Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов супорид. Дар охир муовинони раиси Кумитаи ТВ ва радио Маҳмадшариф Бобошоҳзода ва Назира Амирбекзода, ҳамчунин директори ТВ «Синамо» Набӣ Набизода ҷоизаи «Беҳтарин филм»-ро ба Сайёд Муҳаммедов барои филми «Сарбозони бесилоҳ» супориданд. Санъаткорони асил бо таронаву сурудҳои дилнишин ба ҷашнвора шаҳомати дигар бахшиданд. Дар фестивал намояндагони киностудияҳо, ТВҳо ва эҷодкорони мустақил иштирок карда, беш аз 50 филми ҳуҷҷатӣ ва барномаҳои ТВии ба ин жанр наздик пешниҳод карданд. Аз ин шумора ҳайати ҳакамони фестивал, ки аз ҷумлаи мутахассисони варзида ва шахсиятҳои барҷастаи соҳаи синамо ва ТВ иборат аст, 40 номгӯи онро мавриди таҳлил, баррасӣ ва муҳокима қарор доданд. Раисии аъзои ҳакамонро коргардони маъруф, директори Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” Носир Раҳмон бар уҳда дошта, адиб ва филмноманависи шинохтаи тоҷик Абдурофеъ Рабизода ва доктори илмҳои фалсафа, киношиноси сатҳи байналмилалӣ Саъдулло Раҳимов аъзои ҳакамонанд. Моҳияти аслии фестивал пеш аз ҳама он буд, ки ҷодаҳоро барои филмофарон, хоса, ҷавонон боз намуда, ҳамзамон як умедеро дар замири эшон кишт ва масъулияти касбиро бедор сохт. Ин амали хайр барои рушди ояндаи филмҳои мустанад, ки бозгӯкунандаи таъриху тамаддун, фарҳанг ва ҳунари миллат аст, мусоидат мекунад. Ҳадафи дигари ин фестивал ҷалби таваҷҷуҳи доираи васеи тамошогарон, мунаққидони соҳа, ҳамчунин филмофарони ҷавон буд. Фестивал дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки эҷодкорони касбиро ба ҷомеа муаррифӣ намояд ва ба ин восита тарбияи мутахассисони соҳаро ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа нишон диҳад. Ин чорабинии фарҳангӣ, ки ба "Соли ҷавонон" бахшида шудааст, ҳадафи ниҳоиаш ба вуҷуд овардани фазои рақобати солими эҷодӣ миёни киностудияҳои ватанӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва дарёфту муаррифии истеъдодҳои ҷавон аст. Инчунин, баргузории чунин фестивали бошукуҳ қадамҳои устувор барои рушди фардои синамои миллӣ, ҷалб ва дастгирии ҷавонони эҷодкор, эҳтиром гузоштан ба ҳунари аслии касбист. Санъаткорони асил Аҳтам Холиқов, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Шуҳрат Сайнаков, Бахтиёр Иброҳим ва сарояндагони ҷавону умедбахш аз театри Опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо таронаву сурудҳои дилнишин ба ҷашнвора шаҳомати дигар бахшиданд. Баргузории ин фестивал аз ҳар ҷиҳат дорои аҳамияти калон аст. Агар шабакаҳои телевизионии ватанӣ ин амали хайрро идома диҳанд, фикр мекунем аз аҳамият холӣ намебуд. Зеро барои 1 кишвари соҳибистиқлол тарбияи мутахассисони ин соҳа хеле муҳим аст.

Муассисаи давлатии телевизиони “СИНАМО”

Ҷумъа, 08 Декабр 2017 09:56


Сохтмончӣ Маҳмадшариф Давлатови 41-сола, сокини маҳаллаи Марғзори ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ (тел: 919 01 91 61) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 2 гуфтанӣ дорам.
1.Дар маҳаллаи мо телеканалҳои Тоҷикӣ тамоман намегиранд. Фақат бо часпондани 1 сими алюминий шумо метавонед тамоми телеканалҳои Ӯзбекистонро бубинед, аммо аз шабакаҳои Тоҷикӣ ягон нишон нест. Бовар мекунед, фарзанди ман вақте синфи 3 мехонд, вақте мепурсидем, ки «президенти Тоҷикистон кист?» мегуфт: Ислом Каримов. Дар маҳаллаи Хоҷабулбулони Эсанбой 1 телевишка буд, намедонам, барои чӣ ва кӣ онро канда бурд? Ҳамин хел телевишка дар деҳаи Марғзор ҳам ҳоло ҳаст, аммо ягон таҷҳизот надорад, дарунаш холист!!! Яъне дар шафати Душанбе мо куллан ӯзбакистонӣ шудаем!
2.Аз раҳбарияти Кумитаи ТВ ва радио 1 хоҳиш дорам. Мехоҳам, ки кинофилми «Ашк ва шамшер»-ро 1 бор ба пуррагӣ аз ТВ Синамо ё аз дилхоҳ канали дигар намоиш диҳанд. Ва ё ақаллан ин киноро дар шакли «компактдиск» ба фурӯш бароранд.

Ҷумъа, 08 Декабр 2017 09:43


Бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати татбиқу истифодаи технологияҳои муосири пардохтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ 28.11.2017 дар доираи даҳрӯзаи рушди хизматрасониҳои пардохтӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Идораи низоми пардохти БМТ дар ҳамбастагӣ бо ширкати низоми пардохтии “Mastercard” семинари таълимӣ оид ба технологияҳои муосир ва хавфҳо баргузор шуд. Нишастро бо суханони муқаддимавӣ муовини Раиси БМТ Лола Салимова ҳусни оғоз бахшида, намояндагони ширкати “Mastercard”-ро барои иқдом ва саҳмгузорӣ дар рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат барои баргузории семинари таълимӣ оид ба технологияҳои муосир ва хавфҳои эҳтимолӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ аз тақвият ёфтани ҳамкории дуҷонибаи судманд байни БМТ ва низоми байналмилалии пардохтии “Mastercard” дар доираи Шартномаи баимзорасида изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла гуфт: “Зиёд шудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилот барои ҳамаи бонкҳои марказӣ, аз ҷумла барои БМТ масъалаи хеле муҳим ва афзалиятнок маҳсуб меёбад. Баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ба кормандони ташкилотҳои қарзӣ имкон медиҳад, ки донишу малакаи худро оид ба технологияҳои муосир ҷиҳати рушди пардохти ғайринақдӣ ва роҳҳои пешгирӣ ва коҳиш додани хавфҳои эҳтимолии ба низоми кортҳои пардохтӣ алоқаманд такмил дода, маълумоти бештарро дар ин самт ба даст оранд ва дар таҷрибаи ташкилоти худ мавриди истифода қарор диҳанд”.
Дар семинари мазкур як қатор намояндагони масъули ширкати низоми пардохти “Mastercard”, аз ҷумла, Директор оид ба рушди тиҷорат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Антон Бороздин, Директор оид ба рушд ва инноватсия Михаил Агашков, мудири лоиҳаи низоми пардохт Алексей Думинюк, сардори Идораи мубориза бо қаллобӣ Евгений Балезин иштирок ва баромад карданд. Сипас аз ҷониби масъулини ширкати байналмилалии “Mastercard” барои иштирокдорони семинар дар мавзӯъҳои ҷолиб барои низоми пардохт, аз қабили технологияи ғайриноқили пардохтҳои “PayPass 3.0”, истифодабарии маълумотҳои биометрӣ дар самти пардохтҳо, технологияи ҳифзи тиҷорати электронии “Identity Check”, шарҳи автоматикунонӣ, клиринг ва ҳисобҳо, оптимизатсияи ҳаққи хизмат барои амалиётҳои фаромарзӣ, бахши идораи хавфҳо ва муқовимат бо қаллобӣ, хавфҳои асосии ҷорӣ ва тамоюлҳои қаллобӣ, барномаи мувофиқат ба талаботҳои ширкати “Mastercard”, маҳсулот ва хизматрасониҳои “Mastercard” бо мақсади коҳиш додани хавфҳои қаллобӣ маърӯза-муаррифиҳо пешниҳод гардиданд.

Гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум
3.11.2017 бо ширкати Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳайати намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон, намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, намояндагии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки Рушди Олмон дар робита ба масъалаҳои сиёсати монетарию қарзӣ, тадқиқот ва рушди БМТ мулоқоти корӣ анҷом дода шуд. Нуралиев баъди истиқбол аз ташрифи намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ ба БМТ таваҷҷуҳи ҳозиронро ба ислоҳоту навовариҳо, ба мисоли истифодаи фишангҳои нави монетарӣ ҷиҳати гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири сиёсати пулию қарзӣ-ҳадафгирии таваррум (Inflation targeting), ки давоми 2 соли охир раванди татбиқшавӣ дорад, ҷалб намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки барои расидан ба аҳдофи пешбинишуда дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода шудааст, вале дар баробари ин зарурат ба кумаки техникӣ, аз ҷумла ҷалби мушовирони таҷрибадор ҷой дорад. Дар идомаи машварат аз ҷониби Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди БМТ дар мавзӯи “Гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум”, яъне нақшаи гузариш ба ҳадафгирии таваррум, дурнамо ва такмили он, ҷараёни ташаккули сиёсати монетарӣ, воситаҳои таъсиррасони сиёсати монетарӣ, нақши равобит бо ҷомеа тавассути ВАО, аз ҷумла тақвият бахшидани доираи фаъолияти бахши матбуот ва васеъ кардани сохтори он, татбиқи сиёсати асъорӣ, амалиётҳои монетарӣ, талаботҳои захиравӣ, бозори пул ва коғазҳои қиматнок, пешбинӣ кардани пардохтпазирӣ муаррифинома пешниҳод шуд. Зимни муаррифӣ, ки аз ҷониби мутахассисони шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозии Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд (Самандарзода Наврӯз-сардори шуъба, Салимов Муҳаммад-мутахассиси пешбар, Мурватов Бобур-мутахассиси дараҷаи 1) пешниҳод карда шуд, масъалаи пешбурди сиёсати монетарӣ ва саҳми бонкҳои марказӣ дар рушди он, татбиқи он дар пайвастагӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ, таъсири омилҳои беруна ба сиёсати монетарӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайричашмдошт, татбиқи босамари сиёсати монетарӣ ҳангоми гузаронидани ислоҳот, зарурат ва тартиби гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, имкониятҳои дар дастдошта ва шартҳои расидан ба ҳадафи мазкур ва нақши муҳими равобит (коммуникатсия) дар таҳким бахшидани сиёсати монетарӣ баррасӣ шуда, диққати иштирокдорон ба масоили тақвият бахшидани раванди таҳия ва татбиқи сиёсати босамари монетарӣ ҷиҳати гузариш ба реҷаи нави монетарӣ-ҳадафгирии таваррум нигаронида шуд.

Ҷаласаи 27-уми Пленарии Гурӯҳи АврОсиё оид ба МҚД/МТ
Аз 21 то 24.11.2017 дар ш.Маскав (Федератсияи Русия) ҷаласаи 27-уми Пленарии Гурӯҳи АврОсиё (ГАО) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва ҷаласаҳои Гурӯҳҳои кории ташкилоти мазкур баргузор шуд. Дар чорабинӣ ҳайатҳои давлатҳои аъзои ГАО, аз ҷумла Белорус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, инчунин намояндагони як қатор кишварҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар ГАО мақоми мушоҳидро соҳибанд, ширкат карданд. Ин ҷаласа аз ҷониби Раиси Гурӯҳ, муҳтарам Чиханчин Юрий Анатолевич (Федератсияи Русия) роҳбари карда шуд. Раиси ГАО паёми Президенти Федератсияи Русия муҳтарам В.Путинро манзури иштирокчиёни ҷаласа намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳамкории гуногунҷабҳа байни давлатҳои-аъзои ГАО боиси самаранок муқовимат намудан бар зидди авҷ гирифтани терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил, муҳофизати манфиатҳои умумидавлатӣ, ҳифзи сулҳ, субот ва амнияти байналмилалӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари дигар давлатҳои-аъзои ГАО, дар ҷаласаи 27-уми Пленарии ГАО ширкат варзид. Роҳбарияти ҳайат, ки ба он намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди БМТ шомил буданд, аз ҷониби Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Роҳбари комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) М.Ватанзода амалӣ шуд. Дар ҷаласаи Пленарӣ намояндаи Чин, хонум Цзиньхуа ХАО ба ҳайси Раиси ГАО барои солҳои 2018-19 ва ба ҳайси муовини Раис Ю.Чиханчин интихоб шуданд. Ҳамзамон, дар доираи ҳафтаи Пленарӣ ба Маркази минтақавии иттилооти ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ) унвони мушоҳид дар ГАО пешниҳод шуд. Ҷаласаи Пленарӣ дар баробари масъалаҳои мазкур лоиҳаи ҳисобот оид ба натиҷаи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки 1-умин ҳисобот дар даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни ГАО оид ба мутобиқати низоми МҚД/МТ/МПСҚОи давлатҳои аъзои ГАО ба стандартҳои Гурӯҳи Татбиқи Чораҳои Молиявӣ (ФАТФ) нашрияи с.2012 аст, баррасӣ кард. Дар натиҷаи баррасӣ намудани лоиҳаи ҳисобот, ҷаласаи Пленарӣ ба хулосае омад, ки ба коршиносон-баҳогузорон ва Котиботи ГАО супориш оид ба такмил додани матни лоиҳаи ҳисобот ва пешниҳоди он барои тасдиқ дар ҷаласаи навбатии 28-уми Пленарии ГАО дода шавад. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ҷаласаи Пленарӣ қарори марбута нисбати супориши мазкур қабул шуд. Дар рафти ҷаласаи Пленарӣ давлатҳои-аъзои ГАО бо як қатор тағйиротҳо дар стандартҳои ФАТФ, фаъолияти гурӯҳи мазкур дар марҳилаи пеш аз ҷаласаи 27-уми Пленарӣ ошно шуда, бо ташаббусҳои ҷадиди ин ташқилот дар доираи фаъолияти дигар созмонҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки ҳайатҳои давлатҳои-аъзои ГАО дар доираи ҷаласаи Пленарӣ маълумотро нисбати тағйиротҳо дар низоми миллии МҚТ/МТ/МПСҚО-и кишварҳои худ пешниҳод карда, инчунин ҳозиринро бо ҷараёни омодагӣ, гузаронидан ва натиҷаҳои Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм шинос карданд. Маълумоти иловагӣ аз натиҷаи ҷаласаи 27-уми Пленарӣ инчунин дар сомонаи расмии ГАО (www.eurasiangroup.org) гузошта шудааст.
Департаменти мониторинги молиявӣ

Татбиқи низоми иттилоотӣ дар бонкдории исломӣ
23.11.2017 дар БМТ ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” (Туркия) дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон барои кормандони воҳидҳои дахлдори БМТ дар мавзӯи “Татбиқ ва вусъатдиҳии низоми технологияҳои иттилоотии ширкати “GaiaBilgi” барои бонкҳои марказӣ дар низоми бонкдории исломӣ” муаррифӣ пешниҳод кард. Дар оғоз сардори шуъбаи назорати бонкдории исломии БМТ Кибриё Уроқова ба намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” барои ташриф ва пешниҳоди бизнес-модели автоматикунонидашудаи тайёр изҳори сипос намуда, гуфт, ки таҷрибаи ширкати мазкур баҳри татбиқ ва инкишофи низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон нақши муассир хоҳад гузошт. Дар доираи муаррифӣ аз ҷониби намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” ба иштирокдорон оид ба таъминоти барномавӣ барои таҳияи ҳисоботи мутамарказ ва фаъолияти низоми автоматишудаи бонкӣ (низоми амалиётҳо) дар низоми бонкдории исломӣ маълумот манзур шуд. Зимни муаррифӣ вобаста ба таҷрибаи амалии истифодаи ҳисоботҳои таҳлилӣ ва идорӣ дар бонкҳои марказӣ, шакли ҳисоботдиҳии марказонидашуда, инчунин ҷорӣ кардани низоми амалиёт (транзаксия)-ҳои бонкдории исломӣ дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Туркия, Қирғизистон ва Озарбойҷон маълумот дода шуд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ шиносоӣ бо низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи бонкдории исломӣ барои бонкҳои марказӣ, омӯзиши таҷрибаи амалии бонкдории исломӣ ва таҷрибаи беҳтарини ин низом дар кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, иштирокдорон дар қисмати муҳокимаронӣ бо дарёфти посух ба саволҳои худ дониши худро дар ин самт боз ҳам мукаммал карданд. Бояд гуфт, ин чорабинӣ бо иқдоми БМТ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд бо иштироки намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” (Туркия) ва мутахассисони Департаменти технологияҳои иттилоотӣ ва Департаменти назорати бонкӣ доир шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Ҷумъа, 08 Декабр 2017 09:36


Табартақсими болшевикон дар Осиёи Миёна 3 ҷумҳурии шӯравӣ-Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистонро ба вуҷуд овард. Тоҷикистон тибқи он дар оғоз мебоист чун вилояти мухтор ба ҳайъати Узбакистон ворид мешуд, лек баъди дахли инқилобиёни тоҷики қисмати шарқии Бухоро, мисли Н.Махсум, Ш.Шоҳтемур, Ч.Имомов... Маскав ба тоҷикон иҷоза дод,

Ҷумъа, 08 Декабр 2017 09:32


Августи с.1991 тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳод (ғайр аз Русия ва Қазоқистон) эълон карданд, ки аз ҳайати Иттиҳод берун мераванд. Бо вуҷуди ин то оғози декабри с.1991 раванди ҷустуҷӯи роҳҳои наҷот барои СССР идома дошт. Абарқудрати собиқ бо суръати кайҳонӣ сӯи пошхӯрӣ ҳаракат мекард ва Горбачев дигар илоҷе надошт. Миёнаҳои моҳи ноябр барои бақои СССРи собиқ дар шакли нав танҳо 7 ҷумҳурии шӯравӣ-Русия, Беларус ва 5 ҷумҳурии ОМ талош мекарданду халос.

Ҷумъа, 08 Декабр 2017 09:28


5.12.1929. КМИ Декрети Анҷумани шӯроҳои Тоҷикистонро, ки 16.10.1929 баъди Ҷумҳурии Шӯравӣ эълон гардидани Тоҷикистон қабул шуда буд, ба тасвиб расонд ва РСС Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии 7-уми шӯравӣ ба СССР ҳамроҳ шуд.

7.12.1941.Ҳуҷуми артиши японӣ ба базаи ҳарбӣ-баҳрии амрикоиҳо дар Пёрл Харбор. Бо ин ҳуҷум Япония ҷангро бо ИМА сар кард ва СССР дигар аз ҳуҷуми японҳо ба сарҳадоти шарқии худ эмин гардид.

7.12.1988.Заминларза дар Арманистон. Ин заминларза бо шиддати 6,9 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер ба вуқӯъ пайваста, шаҳри Спитак ва Ленкоранро ба хок яксон кард. Дар Спитак шиддати зилзила 10 ва дар Ленинакан 9 балл буд.

Панҷшанбе, 07 Декабр 2017 16:01


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи СССР бахшида ба таҷлили Рӯзи парчами давлатии ҶТ 6 декабр ҷамъбаст шуд. Дар мусобиқаи имсола, ки аз 2 то 6 декабр дар Варзишгоҳи “Пахтакор”-и ш.Қӯрғонтеппа идома ёфт, мунтахабҳои вилояти Хатлону ш.Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ, Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш ва Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок карданд. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар 1 қисм доир шуда дастаи мунтахаби наврасони вилояти Хатлон бо касби 10 имтиёз мақоми аавалро ишғол намуд. Ҷои дуюм насиби дастаи мунтахаби Душанбе (8 имтиёз) шуд. Медалҳои биринҷии мусобиқаи имсоларо бошад бо касби 6 имтиёз футболбозони навраси Академияи ФФТ соҳиб шуданд. Ҷабборов Нуриддин аз мунтахаби Душанбе, Меҳрубони Абдурауф аз Академияи ФФТ, Назризода Сорбон аз Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш ва Қаландаров Муҳаммад аз мунтахаби вилояти Хатлон бозингарони беҳтарини дастаҳо дар сабқати имсола дониста шуда, бо тӯҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Кумитаи тадорукотии мусобиқа сарфароз гардиданд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ Маҳмадализода Абдулло, Раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ва Сардабири рӯзномаи СССР Сайёфи Мизроб иштирок намуда, Ҷому медалҳо, диплому ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравиро ба футболбозону мураббиёни дастаҳои иштирокчӣ тақдим карданд. 

Нуралӣ Хоркашев,
масъули бахши футболи СССР

саҳ 10 аз 13

Китобҳо

Flag Counter