ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 04 Декабр 2017 10:59


Узви Ихвон-ал-СССР, муаллими собиқадор Мирзоҳикмат Маҳкамов, сокини деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара бо телефони 98 799 64 05 ба СССР занг задаву гуфт, ки дар мавзуъ кӯтоҳ ибрози назар карданиям.
1.Шогирди азизи ман Равзатулло Шодибеков-собиқ директори мактаби №53 ва муаллими забони русӣ дар деҳаи Ворух дар синни 61-солагӣ даргузашт. Шахси хоксор, заминӣ буду боғбони асил. Дар ободии заминхои Бешкент (ҳоло ноҳияи Н.Хисрав) саҳми калон гузоштааст. Ӯ шогирди ман буд. Равонаш шод ва охираташ обод бод!
2.Тавре маълум, ҳоло қирғизҳо баъди “қазияи  Ворух” ба Ҳоҷӣ Ғорбобо-боз 1 деҳаи Тоҷикнишин часпида, онро низ моли худ карданианд. Ҳоҷӣ Ғорбобо аз номаш маълум, ки тоҷикист ва аз они Тоҷикон аст!!! Он ҷо ягон вақт қирғизҳо дар ягон давру замон вуҷуд надоштанд. Қирғиз аслан кӯчманчӣ буду бадавӣ. Ёдам ҳаст, ҳатто дар замони Шӯравии собиқ экспедиторҳо аз шаҳри Санкт-Петербург омада, моҳҳои дароз кофтуковҳои илмӣ гузронида буданд. Ман дар ин боб ҳатман дар шумораи ояндаи СССР хоҳам навишт!

Душанбе, 04 Декабр 2017 10:53


Рӯзи 16 ноябр судяи суди ноҳияи Панҷ Зоирзода Саидаҳмадро 1 нафар сокини ҳамин ноҳия лату кӯб кардааст. Судя бо ҷароҳатҳои бардоштааш ба беморхонаи ноҳия муроҷиат кард. Одиназода Фирӯз-сардори ШВКД н.Панҷ дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Додов Шарофуддин-сокини 32-солаи ҳамин ноҳия ҳоло дар боздошт аст ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 328, яъне Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият, кушодаанд. Тибқи ин модда гунаҳкор ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол суд хоҳад шуд. Сардори ШВКД мегӯяд, байни судя Зоирзода ва Додов дар рафти мурофиа муноқиша пайдо шудааст. Додов гуфтааст, ки «Зоирзода маро гапҳои қабеҳ гуфта, модарамро дашном дод». Дар натиҷа ӯ худро ирода карда натавониста, судяро лату кӯб кардааст. Сардухтури беморхонаи ҳамин ноҳия дар сӯҳбат бо СССР гуфт, худи судя, ки аз ҷамоати деҳоти шаҳраки Панҷ аст, ба табибони беморхона занг зада, муроҷиат кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ соати 14:55 дақиқа ба табибони беморхонаи ноҳия занг зада, онҳоро ба утоқи кориаш даъват намудааст, то ташхис кунанд. Ҳамсӯҳбати мо қайд намуд, ки қисмати чапи гардан ва пешонаи раиси суд ҷароҳат бардоштааст, аммо аз бистарӣ шудан даст кашидааст.

Б.Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Душанбе, 04 Декабр 2017 10:50


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман доир ба низоми мактаб 1 пешниҳод дорам. Аввал маоши муаллимонро ба қадри зарурӣ зиёд кунем, то формаи муаллим аз фаррош фарқ кунад. Гоҳо муаллимро аз хонандаи мактаб фарқ карда намешавад. Ба ин ҳама пастии маош сабаб аст. Минбаъд дар мактабҳо ба бӯрпуливу коғазпулӣ бояд хотима дод, ки ин ҳам ба имиҷи муаллим таъсири бад мерасонад. Зиёд дидаам, ки муаллим дар синф 1 хонандаро аз курсӣ хезонда, пули мактаб мепурсад ва агар надорад, ба хонааш мефиристад ва то наорад, ба дарс роҳ намедиҳад. Албатта ин ба рӯҳияи хонанда зарба мезанад. Барои ин кор ҳар мактаб 1 нафар масъул доштанаш лозим. Пули мактабро бояд муаллим хаттӣ аз волидони хонандагон талаб кунад, на дар назди тахтаи синф аз хонанда…


Абдумалик Мирҳусайнов,
нафақагир, н.Ашт

Душанбе, 04 Декабр 2017 10:28


Марзбонони рус барои корношоям хондани Тоҷикон, худро афғон вонамуд карда, 5 сарбози Тоҷикро куштанд. Аммо мо яки онҳоро кушта, боқимондаро асир гирифтем. Баъдан генералҳояшон озодашон карданд.

Душанбе, 04 Декабр 2017 10:10


(Дар атрофи андешаҳои А.Абдуқаҳҳор - «Радикализм дар мекӯбад», СССР, 6.11.2017)

Душанбе, 04 Декабр 2017 10:03


Банда ҳеҷ вақт худамро аз Наҳзат ҷудо надидам ва намебинам. Худамро узви Наҳзат медонам. Ин ҳаракат, ҳаракати исломӣ ва мардумӣ аст. Банда дар ҳамаи интихобот фаолона барои Наҳзат таблиғот мекунам…

Ҷумъа, 01 Декабр 2017 11:57

  •  << 
  •  < 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  12 
  •  13 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 13 аз 13

Китобҳо

Flag Counter