ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 10:45

Панҷшанбе, 21 Декабр 2017 10:35



Барон ва полковник
Карл Густав Эмил фон Маннергейм 4 (16) июни с.1867 дар шаҳраки Аскайнени Финляндия ба дунё омад.

Душанбе, 18 Декабр 2017 14:02


Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дар бораи ба таври ройгон истифода намудани нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло аз нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои  нақлиёти сабукрави таксӣ) қарори вежаеро ба тасвиб расонид.
Тибқи ин қарор аз 15 декабри соли 2017 хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои таксӣ) дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳодиҳуҷҷати тасдиқкунанда чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда мешавад. Ин қарор бо мақсади дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо инобати қарори маҷлиси васеи роҳбарону масъулини корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе сурат гирифта, солхӯрдагон метавонанд кортҳои махсусро аз раёсатҳо ва шӯъбаҳои ичтимоии ноҳияи худ дастрас намоянд.

СССР


 

Душанбе, 18 Декабр 2017 11:42


Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа якбора нархи сӯзишвории гази моеъ қимат шуд. Рӯзи 15.12.2017 нархи 1 литр гази моеъ дар ҳамаи нуқтаҳои сӯзишвории ш.Қӯрғонтеппа ба 4,50 сомонӣ расид.
Барои дақиқ кардани сабабҳои боло рафтани нархи сӯзишворӣ, субҳи имрӯз роҳ пеш гирифтам ба сӯи яке азимтарин нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар вилояти Хатлон-ҶДММ «Баҳор». Директори кулли ҶДММ «Баҳор» Сайнуриддин Сайфов дар сӯҳбат бо мухбири СССР афзуд, ки нархи фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар моҳи декабр назар ба моҳи октябр соли равон ба маротиб боло рафтааст.
- Сабаби болоравии нархи гази моеъ дар он аст, ки корхонаҳои истеҳсолкунандаи гази моеъ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо сабаби доштани мушкилоти техникӣ дар ҳолати профилактикӣ ва таъмиру таҷдид  қарор доранд. Ҳиссаи гази моеъ, ки бояд дар моҳи декабр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешуд, барои таъминоти дохилии худӣ Ҷумҳурии Қазоқистон равон карда шудааст. Боз 1 сабаби дигаре, ки ба болоравии нархи сӯзишворӣ мусоидат менамояд, ин фаъолияти номунтазами роҳи оҳани Ҷумҳурии Узбекистон мебошад. Айни ҳол ба ҳама маълум аст, ки дар тамоми нуқтаҳои фурӯшӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби мушкилҳои дар боло зикр шуда, нархи фурӯши маводи сӯхт рӯз аз рӯз боло рафта истодааст. Болорави нарх аз соҳибкорони ватани вобастагӣ надорад ва соҳибкорон ба болорафтани нархҳо он қадар таъсир ҳам расонида наметавонаед,  - афзуд Сайнуриддин Сайфов.
Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки ҶДММ «Баҳор» яке аз андозсупорандагони азими вилоят аст ва дар 1 сол то 8 миллион сомонӣ андоз месупорад. Айни ҳол ин корхона дар вилояти Хатлон беш аз 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дошта, бо сабаби набудани гази моеъ 6 нуқтаи фуруш аз кор мондааст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон


Душанбе, 18 Декабр 2017 11:05


Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ тасмим гирифтааст барои пешгирӣ, ташхис, табобат, ҷарроҳии беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар пойтахт аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 700 ҳазор сомонӣ дар соли 2017 ва 800 ҳазор сомонӣ дар соли 2018 маблағ ҷудо намояд.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ин маблағ ба Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ирсол гашта, ташхису табобат ва ҷарроҳии беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил низ дар ҳамин муассиса анҷом хоҳад ёфт.

СССР

Душанбе, 18 Декабр 2017 11:05


Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни иди «Соли нав»-и 2018 ва таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ, аз 20 то 30-уми декабри соли 2017 дар назди бозорҳои «Меҳргон», Ховарон», «Қарияи боло», «Ёвар» ва боғи «Дӯстии халқҳо» ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил карда мешаванд.
Баргузории чунин ярмаркаҳо ба сокинони пойтахт имкон медиҳад маҳсулоти хушсифати кишоварзиро нисбат ба бозор арзонтар харидорӣ намуда, дастархони идонаи хешро ғанӣ гардонанд.

СССР

Душанбе, 18 Декабр 2017 10:24


14.12.1947. Дар СССР Шӯрои Вазирони кишвар ва КМ ВКП(б) ислоҳоти пулиро роҳандозӣ карданд ва системаи карточкагии дарёфти маҳсулоти хӯроквориро аз миён бардоштанд. Ислоҳоти пулӣ пасомадҳои ногувори зиёде дошт. Кремлин онро бо мақсади пурзӯр намудани рубл ва аз муомила бардоштани пули зиёди қалбакӣ унвон кард. Пули дар дасти мардум буда, бо маблағи 1 ба 10 иваз карда мешуд. Дар бонкҳои давлатӣ бошад, танҳо пасандозҳои то 3000 рубл ба аҳолӣ 1 ба 1 пардохт шуданд. Дар натиҷа, давлат тамоми пули калонро, ки афроди алоҳида бо ҳар роҳу восита дар солҳои ҶБВ ҷамъ оварда буданд, ситонид ва аз муомила баровард. Бо ин вуҷуд, ислоҳоти пулӣ системаи молиётии аввалин кишвари Шӯроҳоро солим ва иқтисоди баъдиҷангиро барқарор намуд.

15.12.1917.Дар Артиши Сурх аввалин нишонаи фарқкунанда-ситораи сиркоришудаи сурх ҷорӣ карда шуд.

Душанбе, 18 Декабр 2017 10:16


Идимоҳ Маҳмудҷонова, аз н.Шоҳмансури пойтахт дар меҳмонии СССР гуфт, ки келинам бо маҷбурии модараш аз писарам бо қарори суд ҷудо шуд. Суд бо 1 қарор ба писарам, ки ҳамагӣ 400 сомонӣ маош мегирад, 300 сомонӣ алиментпулӣ муайян кард. Ғайр аз ин, собиқ қудои ман барои молу мулк ба суд дурӯғ навишта, мехоҳад пули ҷиҳози наовардаашро рӯёнад. Акнун бо қарори суди н.Шоҳмансур бояд ба собиқ қудо боз 1940 сомонӣ ғайр аз ҷиҳози мебурдагияш диҳем. Ман ҳайрон, чаро судяҳо аз даъвогар намепурсанд, ки “оё тайи 2 соли зиндагии якҷоя ҷиҳозҳои овардаи арӯс кӯҳна нашуд, ё қолину чойнаку пиёлаҳо нашикаст?”. Акнун “духтарам 300 сомонӣ алимент гирифта, кайф карда мегардад” гуфта, духтарҳои ҷавонро куҷо бурда истодаем? Охир, келин худро назди суд камбизоату бечора нишон дода, кӯдакро нигоҳубин карда натавонад, бигзор ба падараш диҳанд. Ман аз кулли судяҳо хоҳиш дорам, ки барои 300 сомонӣ алиментпулӣ оилаҳои ҷавонро вайрону бадбахт накунанд. Ин аст, яке аз иллатҳои асосии афзоиши талоқ!!!

саҳ 5 аз 13

Китобҳо

Flag Counter