ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 14 Декабр 2017 12:04


Азим Иброҳим, муовини сарвази кишвар дирӯз дар ҷаласаи хеш дар Ситоди ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳии соли 2017 ба Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе барои ташкили дурусти корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи ватандӯстию ватанпарварӣ ва пеш аз мӯҳлат таъмин намудани даъвати тирамоҳӣ арзи сипос намуд. Муоивни сарвазир барои дар муддати 1 моҳ ба итмом расонидани ин маъракаи муҳим ба раиси ҷавони пойтахт баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки барои дигар раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ин амал бояд намуна бошад.
Мутобиқи маълумоти ҷамъбастии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Носири Хисрав, Ш. Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Дарвоз, Мурғоб ва Ишкошими ВМКБ ва ноҳияҳои Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Шаҳристон ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд муяссар гардид, ки нақшаи даъватро дар даҳрӯзаи аввал иҷро намоянд.
Дар ноҳияҳои Қубодиёну Фархори вилояти Хатлон, Хоруғи ВМКБ, Исфара ва Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат, ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Файзобод бошад иҷрои нақшаи даъват то рӯзҳои охири моҳи ноябр кашол ёфт. Вобаста ба ин, Азим Иброҳим ба масъулин ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рашт, Лахш, Фархор ва Қубодиён танбеҳ ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ, Исфара ва Файзобод огоҳӣ эълон намуд.

СССР

Сешанбе, 12 Декабр 2017 13:18



Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз сардорони 1 қатор Раёсату шӯъбаҳои ВКД-и кишвар дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин карда шуданд.
Аз он ҷумла, генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо – сардори РВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон – сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Сабзов Шералӣ – сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД, генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил – сардори Раёсати таҳқиқи ВКД, генерал-майори милитсия Қунғуротзода Фотеҳ – сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур – муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб – сардори РВКД дар ВМКБ.
Инчунин, полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло – сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, полковники милитсия Хафиззода Шодӣ Хуршед – сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, подполковники милитсия Саидзода Шоҳрух Абдуфатоҳ – сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ва полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор – сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД таъин карда шуданд.
Чуноне ки сомонаи ВКД ҶТ хабар медиҳад, подполковник Раупов Суҳроб Орзуевич – Фармондеҳи қӯшунҳои дохилии ВКД, полковники хизмати дохилӣ Рустамов Хурсанбек Маҳмадалиевич – сардори Раёсати тиббии ВКД,  подполковники хизмати дохилӣ Гиёзода Собирҷон Мусофир – сардори Раёсати алоқаи ВКД, подполковники милитсия Каримзода Абдураҳмон Ҳаким – сардори Шуъбаи ВКД дар нақлиётбудаи вилояти Суғд, подполковники милитсия Усмонзода Анис Карим – сардори ШВКД дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, полковники милитсия Абдуқодирзода Ҷаъфар Комил – сардори ШВКД дар шаҳри Ҳисор, полковники милитсия Шарифзода Ҷамшед Карим – сардори ШВКД дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, полковники милитсия Шокирзода Баҳром Хол – сардори ШВКД дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин Давлат – сардори ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, подполковники милитсия Достиев Рустам Абдулмаҷидович – сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, полковники хизмати дохилӣ Аҳмадзода Рустам Саидаҳмад – сардори ШВКД дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, полковники милитсия Анварзода Шӯҳрат – сардори ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, полковники милитсия Сайфзода Самад Мадамон – сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод, подполковники милитсия Фидозода Мирзо Қаноатшо – сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод  ва подполковники милитсия Абдураҳмонзода Фатҳулло Абдулло – сардори ШВКД оид ба хизматрасонии деҳоти «Навобод»-и РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт таъин гардиданд.

СССР




Душанбе, 11 Декабр 2017 09:46

Бидуни ғараз-6

Душанбе, 11 Декабр 2017 09:37


(идомаи «Фоҷиаи Сичароғ»)

Душанбе, 11 Декабр 2017 09:29


Матлаби «Гапи Ҳукумат ба 1 ошхона нагузашт» (СССР, №42, 19.10.2017)-и мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо супориши Комиссияи татбиқи қонуни забони назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр лавҳаи дар матлаб зикршуда ва дигар лавҳаю овезаҳои ҳудуди шаҳр бозбинӣ шуда, ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуданд.

З.Азимӣ, муовини раиси шаҳр

Душанбе, 11 Декабр 2017 09:26


Ҳафтаи гузашта дар н.Ҳамадонӣ будам ва аз нақли шахсе, ки аз овардани ному насабаш худдорӣ кард, ба хулосае омадам, ки ин ҷо мақоли «саллаю калла»-ро аъзои комиссияи маҳаллӣ ба кор мебаранд. Он шахс гуфт, «дар тӯйи домодию арӯсии писарам, ки ба рӯзи шанбе рост омад, намояндагони комиссияи маҳаллӣ ба хонаам омада гуфтанд, дар давоми 3 соат бояд ҳам ба меҳмонон хӯрок диҳаму ҳам базми тӯёна барпо кунам. Ман, ки нишондодҳои ин Қонунро намедонам, ба онҳо итоат кардам ва дигар намедонистам, дар ин 3 соат чӣ кор кунам. Бовар кунед, сари калобаамро гум кардам». Мантиқ куҷост, масъулини Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо? Дар ҳоле, ки дар моддаи 10-и банди 1-и ҳамин Қонун омадааст: «Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз 2 рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар 2 ҷониб гузаронида мешавад». Ин 3 соат танҳо барои барпо кардани базми тӯёна аст. Аз ин бармеяд, ки аъзои комиссияи маҳаллӣ Қонунро дуруст намедонанд. Аз ин рӯ, ба Комиссияҳо афроди тасодуфӣ не, балки касоне бояд ҷой дода шаванд, ки аз Қонунҳои қабулкардаи Ҳукумат ба пуррагӣ бархӯрдор бошанд, то ки боиси нороҳатии мардум нагарданд.

Назари Наврӯз,
хабарнигори мардумии СССР, ш.Душанбе

Душанбе, 11 Декабр 2017 09:24


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Ман 2 гуфтанӣ дорам. 1.Бародари гиромии мо-Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар шумораи гузаштаи СССР перомуни сабабҳои зилзила сухан ронда, сураи «Зилзол»-и Қуръонро барои тақвияти андешааш мисол овардааст. Ба ягонагии Худо имони комил доштан даркор! Дигар ин, ки кулли офатҳо дар рӯи замин-заминларза, обхезӣ, борони сел, тӯфон… мусибати илоҳӣ мебошанд ва ин ҳама ишора ба он аст, ки инсон бояд дар бораи «он дунё» бетараф ва беандеша набошад. Худо, ба қавли Убайдулло Раҷаб, «бтата метата, натата наметата!».
2.Ба домуллои мӯҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо бо 2 савол муроҷиат карданиям: 1.Дар дини Ислом човандозӣ, гӯштингирӣ, бузкашӣ, футбол ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ дуруст аст? 2.Дар дини Ислом аборт (исқоти ҳамл), валади зино ва ё валади бимиллоҳ равост?

Исмоил Маҳмудов,
н.Ҷайҳун (Қумсангир)

Душанбе, 11 Декабр 2017 09:19


Узви Ихвон-ал-СССР, Умедҷони Хайриддин аз деҳаи «Иттифоқ»-и ноҳияи Шаҳритус ба СССР занг задаву гуфт, ки мо-Тоҷикони наздимарзӣ дар даврони ҷанги гражданӣ ба Афғонистони он тарафи рӯди Ому ҳиҷрат кардем. Дигар Тоҷик дур аз Ватан, дар дил Ватан, хонаводаи пароканда аз ҳамдигар, зану шавҳар, ёру бародар дар ҳар сӯву канор буд. Мардуми афғон воқеан мизбони мардуми муҳоҷири Тоҷик дар сафи саховатмандон шабу рӯз дар хизмати гурезагон буд. Раҳматӣ Холмат-қумондон, яке аз афсарони шуҷоъ дар Қундуз моро рӯҳан дастгирӣ карда мегуфт: «Иншооллоҳ, дар Тоҷикистон сулҳу субот мешавад, шумо ба Ватан меравед, обод мекунед, лекин 20 сол ва шояд зиёдтар, аз бебарқӣ танқисӣ мекашед!». Ҳаёт нишон дод, ки Холмат то куҷо дуруст мегуфтааст.

саҳ 9 аз 13

Китобҳо

Flag Counter