ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 15 Март 2017 16:07


Сокини н.Бохтар Ҳалимова Шаҳнозаи 20-сола дар чамбараки автомашинаи тамғаи Лада-099 субҳи имрӯз-14 март дар роҳ ба сӯи н.Хуросон ба самти Бохтар бо суръати баланд ҳаракат карда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ берун меравад. Дар натиҷа, Шаҳноза ва бо дугонааш Виктория, ки ҳамроҳ дар мошини ӯ будааст, бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи марказии ш.Қурғонтеппа бистарӣ мешаванд.


Баҳодур Уроқов


СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, 15 Март 2017 16:00


Дирӯз, 14 март, соатҳои 17:30 дар маҳаллаи Кайҳоннавардони шаҳри Қӯрғонтеппа миёни 1 гурӯҳ ҷавонон муноқиша ба амал омад. Яке аз онҳо Бозоров Дилшод-хонандаи литсейи ш.Қӯрғонтеппаро бо корд дар қисми шикамаш зада захмӣ мекунад  Кормандони пулиси шаҳр қисме аз онҳоро дастгир карда, қисми дигарашон аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Имрӯз-15 март, боқимондаи ҷавонони фирорӣ боздошт шуданд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ин ҷавонон баъди машқи варзишӣ, дар баҳсе байни худ оид ба маҳалгароӣ задухӯрд кардаанд. Аз мақомот гуфтанд, ки нисбати 13 нафар «ҷавонони хунгарм» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, қисми зиёди онҳо ноболиғанд. Дилшод бошад ҳоло бо ҷароҳати бардоштааш дар беморхонаи марказии ш.Қурғонтеппа бистарист.
«Разбор»и мактаббачаҳои қурғонтеппагӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар моҳи феврал, дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Душанбе аз афзоиши занозании ҷавонону ноболиғон нигаронӣ карда, ба мақомот барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо дастур дода буд.


Баҳодур Уроқов

Сешанбе, 14 Март 2017 16:09


12.03.2017, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт бо 3 нафар ҷавони синну солашон аз 23 то 30-сола, савдогарони бозори “Шоҳмансур”, сокинони ш. Душанбе ва н. Восеъ вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, ҳамдигарро лату кӯб кардаанд.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 4 нафар сокинони ш. Душанбе, ҷавонони аз 18 то 21-сола, 2 нафарашон донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, бо гумони ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

СССР

Сешанбе, 14 Март 2017 11:38


Зиёда аз 2 моҳ мешавад, ки чароғакҳои нав часпонидашуда дар Панҷакент кор намекунанд.
Ронандагон мегӯянд, мавзеи чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Борбад аз ҷойҳои серҳаракат ва сернақлиёт мебошад. Кор накардани чароғакҳои ин чорроҳа барои мо мушкилӣ пеш овардааст.
- Аллакай, чанд садамаҳои нақлиётӣ аз кор накардани чароғак дар ин ҷо рух доданд. Охир наход 1 чароғакро ба кор даровардан ҳамин қадар душвор бошад - мегӯянд ронандагон.
Ин дар ҳолест, ки тибқи лоиҳаи "Таҷдид ва азнавсозии роҳи Айнӣ - Панҷакент" дар 7 мавзеъ чароғакҳои нав насб гардида буданд. Кормандони ШБДА ВКД дар шаҳри Панҷакент мегӯянд, ҳоло ин чароғакҳо дар тавозуни Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо мебошад. Нигоҳубин ва таъмираш ҳам ба зимаи онҳо аст.
Ба гуфтаи кормандони БДА-и шаҳри Панҷакент, гӯё кадом қисми эҳтиётии чароғак дар Тоҷикистон набудааст ва ҳамчунин мутахасис ҳам бояд аз Русия омада онро таъмир намояд.
Наход дар Тоҷикистон мутахасиси чароғак надошта бошем? Ҷаноби Нуралӣ Арабзода, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо аз ин хабар дорад? Боз то кай ин чароғакҳо кор намекунанду чанд садама дар ин ҷо рух медиҳад?

Хуршед Фозилов

Сешанбе, 14 Март 2017 10:38


Рӯзи 8.03.2017 аз ҷониби сокинони ҷамоати деҳоти Пули Сангини ш.Норак ҷасади зани шахсияташ номаълум бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардидааст.
Саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир гаштани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи РВКД дар вилояти Хатлон ва кормандони ШВКД дар ш. Норак имкон дод, ки дар муддати на чандон зиёд шахсияти ин зан муайян карда шавад, ки ин зан С.Г., сокини ноҳияи Ёвон, деҳаи Обшорон, соли таваллудаш 1990 будааст.
Чуноне ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар муддати кӯтоҳтарин ба гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ муяссар гардид, ки ҷинояти махсусан вазнин -куштор кушода ва нафари гумонбар дар содир кардани он муайян ва дастгир карда шавад. Ҷинояти мазкурро шаҳрванд Сафаров Баҳром, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Восеъ, дехаи Кулбек, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Зарафшон, ки пеш бо моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, содир намудааст.
Дар рафти пурсиш муайян гардид, ки Сафаров Баҳром бо С.Г. чанд муддат ошноӣ пайдо карда, шаби 7 марти соли равон дар шаҳри Душанбе, дар дохили автомашина машруботи спиртӣ истеъмол мекунанд. Дар ин асно байнашон муноқиша бархеста, Баҳром Сафаров бо мушт ба сару рӯи охирон зада, ӯро аз по афтонида дар ҳолати беҳушӣ дохили автомашинаи «Старекс», ки ба худи ӯ тааллуқ дошт, гузошта ба хонааш меравад.
Субҳи рӯзи дигар аз хавфи он, ки С.Г. ба мақомоти милитсия хабар надиҳад ӯро бо ресмон бӯғӣ карда ба ҳалокат мерасонад ва барои рӯйпуш кардани ҷинояти содиркардааш ҷасадро ба самти шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар роҳи автомобилгарди ағбаи Шар-Шар, дар километри 60-уми ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, ба ҷарӣ мепартояд ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Аз рӯи далели мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Норак парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

СССР

Сешанбе, 14 Март 2017 10:21



Нархи истифодаи қувваи барқ барои насосҳои обкашӣ ва нақлиёте, ки бо барқ кор мекунад, яъне троллейбусҳо дар кишвар боло бардошта шуд.
Минбаъд, насосҳои обкашӣ дар мавсими тобистона – аз моҳи апрел то сентябр барои 1 киловатт соат қувваи барқ бояд -5,10 дирам пардохт намоянд. Дар дигар моҳҳои сол бошад насосҳои обкашӣ дар баробари аҳолӣ пули қувваи барқро пардохт хоҳанд кард.
Нақлиёти барқӣ низ аз ин пас барои 1 киловатт соат нерӯи барқ бояд баробари аҳолӣ пардохт намояд.
Ба чунин қарор президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон 24.02.2017 имзо гузоштааст ва мутобиқи ин қарор тарофаҳои нави пардохти пули барқ барои насосҳои обкашӣ ва нақлиёти барқи бояд аз 1.01.2017 ҳисоб карда шаванд. Нархи пардохти истифодаи қувваи барқ барои аҳолии кишвар бетағийр боқӣ мондааст.

СССР

Душанбе, 13 Март 2017 15:59


Тантанаҳои асосии наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе 21 марти соли равон оғоз мегарданд. Чуноне ки ба мухбири СССР аз Ҳукумати ш. Душанбе хабар доданд, субҳи 21.01.2017 соати 09:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», Боғи фарҳангию фароғатии «Пойтахт», Боғи ба номи С.Айнӣ ва майдони «800-солагии Москва» барномаҳои консертӣ ва маҳфилҳои шеъру суруд бо иштироки устодони санъат амалӣ мегарданд.
Ҳамчунин шоми ҳамон рӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт намоиши бошукӯҳи театрикунонидашудаи наврӯзӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида мешавад. Дар анҷоми чорабинӣ мушакпарронии бардавом аз 7 бурҷи шаҳр дар назар аст.
Рӯзҳои 23 ва 24 март бошад барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, волейбол дар байни бонувон ва теннис дар байни наврасону духтарон баргузор хоҳад гашт.
Таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷумҳуриявӣ соли ҷорӣ бо ширкати президенти кишвар рӯзи 22.03.2017 дар ш. Турсунзода сурат мегирад.

СССР

Душанбе, 13 Март 2017 12:25


11.03.2017, тахминан соати 14:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-130”, марди 41-солаи сокини ш. Ваҳдат, пас аз маросими дафн, ҳангоми бозгашт аз қабристони ҷамоати деҳоти Баҳор дар ҳудуди қабристони мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, дар натиҷа, 6 нафар мусофирони автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, 19 нафар мусофирони дигари автомашинаи мазкур, сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштанд. Пас аз чанд муддат, 1 нафар ҷабрдида, дар беморхона ба ҳалокат расид.  Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.


СССР

саҳ 6 аз 11

Китобҳо

Flag Counter