ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 06 Март 2017 10:12



Иди 8 март ҳамеша бо баҳор, зебоӣ ва латофату таровати занона алоқаманд аст. Дар ин рӯз одат шуда, ки мардон ҳамаи занон-модарон, бибиҳо, ҳамсарон ва духтаронро табрик гӯянд ва гулу дигар тӯҳфаҳо тақдимашон созанд. Аммо ин ид аз оғоз ингуна набуд. Дар оғоз Рӯзи байналмилалии занон бештар ранги сиёсӣ дошт ва чун 1 рӯйдоди сиёсӣ қаламдод мешуд.

Душанбе, 06 Март 2017 10:09


12.03.1990 дар Маскав Анҷумани III-юми вакилони мардумии СССР ба кор сар кард. Анҷуман дар таърихи собиқ Шӯравӣ нақши вежае гузошт ва ба яккатозии ҲК ИШ хотима дод. Дар он бо тағйиру иловаҳо ба Сарқонун нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ аз Сарқонун ҳазф карда шуд ва дар аввалин кишвари Шӯроҳо бисёрҳизбӣ ҷорӣ карда шуд. Инчунин Анҷуман мақоми Президенти СССРро таъсис дод ва мақоми раиси Шӯрои Олиро низ интихобӣ кард. Бояд гуфт, ки ҳатто дар Сарқонуни сталинӣ, ки с.1936 қабул шуда буд, моддае дар бораи нақши вежаи ВКП(б) набуд.

Душанбе, 06 Март 2017 10:05


5.03.1953 Иосиф Сталин даргузашт. Ӯро метавон яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар асри 20 муаррифӣ кард. Беш аз 30 сол зимоми қудрати сиёсии СССРро дар даст дошт.

Шанбе, 04 Март 2017 11:36

Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ барои расонидани кӯмаки 1 вактаи пулӣ ба занон-кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои ш. Душанбе, фаррошони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе ва сохторҳои он дар арафаи Рӯзи Модар 8 март, қарори вежае ба тасвиб расонидааст.

Чуноне ки аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар доданд, аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷаи шаҳр 2 546 00 сомонӣ барои дастгирии иҷтимоии занони кӯчарӯб пешопеши идҳои баҳорӣ ҷудо шудааст. 

Бо дастури раиси ш. Душанбе ин маблағ бояд то 5.03.2017 ба тамоми занҳои кӯчарӯби пойтахт расонида шавад.

СССР

 

Шанбе, 04 Март 2017 11:07

2.03.2017, тахминан соати 13:00-дақиқа, дар назди оромгоҳи деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб аз дохили автомашинаи тамғаи “Лексус-PX-350” ҷасади зани 52-солаи сокини ш. Душанбе, соҳибкор, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо захмҳои халандаю буранда дар қисмати рӯй, гардан ва баданаш дарёфт карда шуд. 

Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Восеъ, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои олии кишвар дастгир гардид.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти ҳодиса давом дорад.

Акс аз интернет.

 

СССР

 

Ҷумъа, 03 Март 2017 17:19

Худо шоҳид, ки чанде аз дидану шунавидани суруду тарноаҳои «ситораҳои навэҷод» чашму гӯш фурӯ баста будам. Зеро ин мардум онгуна маънии ғазал ба сирқат мебаранду аз вазни ашъор мерабоянд, ки ба ишон дар ин доду гирифт шоҳи дуздони Бағдоду тарозукашҳои бозори Шоҳмансур дар ҳасаданд. Ман дигар ҳатто намехостам, чизе дар ин бора нависам ва пессимистона қуттии ТВ мекуштам ва ё мурвати онро сӯи парабола тоб медодам.

Ҷумъа, 03 Март 2017 15:31

2.03.1917.Дар Петроград корпартоии коргарони заводи Путилов оғоз гардид. Ин корпартоӣ яке аз заминаҳои асосии инқилоби февралӣ шуд.

Ҷумъа, 03 Март 2017 11:09

Дар арафаи Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии занон-8 март, ки дар сар то сари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, мухбири Газетаи мардумии СССР Ҷамила Ҳусейнова меҳмони хонаи сафири Ваколатдор ва Фавқуллодаи ИМА дар ҶТ хонум Элизабет Миллард гашт. Хонум ба омӯхтани забони Тоҷикӣ пардохтаанд ва аллакай метавонанд ба Тоҷикӣ хуб ҳарф бизананд. «Ассалому алейкум! Хеле хуш омадед! Марҳамат ба хонаи мо!» - бо чунин суханон Миллард моро пешвоз гирифту сари миз даъват кард. Сӯҳбати мухбири мо бо хонум сафир сари 1 пиёла чой хеле гарму самимӣ сурат гирифт, ки мӯҳтавои онро пешкаши хонандагони СССР менамоем. Сӯҳбати комилро дар газетаи СССР бихонед…

 

саҳ 9 аз 11

Китобҳо

Flag Counter