ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 13 Март 2017 10:58



Дар арафаи Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии занон-8 март, ки дар сар то сари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, мухбири Газетаи мардумии СССР Ҷамила Ҳусейнова меҳмони хонаи сафири Ваколатдор ва Фавқуллодаи ИМА дар ҶТ хонум Элизабет Миллард гашт. Хонум ба омӯхтани забони Тоҷикӣ пардохтаанд ва аллакай метавонанд ба Тоҷикӣ хуб ҳарф бизананд. «Ассалому алейкум! Хеле хуш омадед! Марҳамат ба хонаи мо!» - бо чунин суханон Миллард моро пешвоз гирифту сари миз даъват кард. Сӯҳбати мухбири мо бо хонум сафир сари 1 пиёла чой хеле гарму самимӣ сурат гирифт, ки мӯҳтавои онро пешкаши хонандагони СССР менамоем.

Душанбе, 13 Март 2017 10:47


Дар вилояти Хатлон якбора нархи сӯзишвории газ то 3.50-3.60 сомонӣ ҷаҳид. Кирокаш (таксист)-ҳои самти Қурғонтеппа-Душанбе бошад нархро то 25 сомонӣ бардоштанд. Ҳамзаи Абдуссалом-кирокаши Қурғонтеппа-Душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР гуфт, ки «баъд аз «депортатсия» шуданам аз Русия маҷбур шудам, ки ба кирокашӣ машғул шаваму зиндагиро пеш бубарам». Ҳамза сабаби қимат кардани роҳкирои Қурғонтеппа-Душанберо дар болоравии нархи сӯзишвории нафтӣ рабт дод. «Мо-кирокашон маҷбур шудем, ки роҳкироро зиёдтар кунему зиндагиамонро пеш барем. Ҳоло барои шумо ҳам аён аст, ки 1 литр газ 3.60 сомонӣ шудааст. Агар бо нархи пешина кирокашӣ кунем, ба ҷуз зарар ягон дирам фоидае ба кисаи мо намедарояд» - мегӯяд ҳамсӯҳбати ман.
Бахтиёр Давлатов-корманди Раёсати зиддимонополӣ дар вил.Хатлон дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки сабаби баланд шудани нархи сӯзишворӣ ин баста шудани роҳи Душанбе-Суғд аст, лек нисбати чанд рӯз пеш ҳоло нархи сӯзишвории газ поён шудааст.
Зимни 1 мушоҳида рӯзи 17 феврал НФС-«Умед 88» умуман сӯзишворӣ надошт. Ясриби Карим-коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ки «нуқтаҳои сӯзишворӣ захира доранд, вале бо истифода аз ҳолатҳои изтирорӣ қимати онро якбора боло мебаранд. Ин таъсир натанҳо ба ронандагон дорад, балки роҳкиро дар чанд масир тағйир меёбад. Ин ҳамаро бояд Хадамоти зиддимонополӣ назорат кунад ва қимати маводи сӯхт, хоса, газ дар ҳама мавсим бояд контрол шавад. Ман дирӯз аз н.Панҷ дидан кардам. Роҳкироро ба хотири қимати сӯзишвории газ боло бардоштаанд, вале кирокашҳо-таксиҳо асос низ доранд…».
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки агар 1 НФС нархро баланд бардорад, дар 1 лаҳза ҳамаи нуқтаҳои сӯзишворӣ нархҳоро мехезонанд. Ҳини 1 сафар ба н.Хуросон аён шуд, ки нархи сӯзишвории нафтӣ ин ҷо назар ба дигар манотиқ арзон аст. Аз корманди НФС пурсидам, ки чаро нархи сӯзишвории шумо арзон аст? Дар ҷавоб гуфт, ки «сардори мо ҳоҷӣ асту Худотарс ва дар чунин ҳолатҳо ҳич вақт нархро баланд намекунад». Аз дил гузарондам, ки ҳоҷӣ бояд чунин бошад ва ана инро мусалмонӣ мегӯянд. Кош, ҳама туҷҷору соҳибкор Худотарс бошанду ба мардум ҷабр накунанд. Мо Метавонем!

Баҳодур Уроқов,
вилояти Хатлон, СССР

Душанбе, 13 Март 2017 10:39

Дар бозор атласу адрас ҳаст ва харидор ҳам. Мардум новобаста аз нарху сифат харида истодаанд-мактабу боғчаи кӯдакон ва донишгоҳ талаб дорад. Талаб аз рӯи дастури Вазорати маориф ва илми ҶТ. Кори хубе кард ин вазорат! Бо ин дастураш киссаи бархе аз тоҷирону истеҳсолкунандагони ӯзбекиву хитоиро ғанӣ гардонид. Тиҷорати онҳоро рушд дод ва бо ин васила барои ворид шудани даромадҳои иловагӣ ба буҷаи кишварҳои ҳамсоя мусоидат кард.

Душанбе, 13 Март 2017 10:14


Дар рӯзи матбуоти тоҷик, КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, рӯзноманигоронро бо иди касбиашон табрик ва бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ намуд.
Мурод Шукурзода, роҳбари КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент изҳор дошт, ки мо ҳамеша он пешниҳоду дархост ва масъалагузориву баррасии проблемаҳоро, ки аз тарафи рӯзноманигорон сурат мегираду баҳри созандагии ин кишвар гуфта мешавад, ҷонибдорӣ ва эҳтиром менамоем.
- Бо шарофати журналистон фаъолияти кории мо дар матбуоти маҳалливу ҷумҳуриявӣ инъикос мегардад. Мо бо ҳама рӯзноманигорон ҳамкории қавӣ дорем - гуфт ҷаноби Шукурзода.
Ҳамзамон аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, ба рӯзноманигорон тӯҳфаҳо супорида шуд. Дар шаҳри Панҷакент ин аввалин ташкилот ва созмонест, ки бахшида ба Рӯзи матбуот бо журналистон мулоқот доир намуд.

Душанбе, 13 Март 2017 10:07

Ҳисобот-10

Душанбе, 06 Март 2017 10:20


Нимаи дуввуми қарни 20-ро метавон тараннуми коммунизм дар дунё номид. Ҳаракати коммунистӣ сар то сари дунёро фаро гирифта буд ва қитъаи Амрико низ аз он истисно набуд. Соли 1959 Фидел Кастро бо нерӯҳои чирикиаш президенти Куба Батистаро сарнагун кард ва дирафши коммунистӣ болои ин ҷазира барафрохта шуд. Миёни нерӯҳои Кастро коммунистони кишварҳои гуногуни қитъаи Амрико ҳузур доштанд ва ҳар кадом орзӯи пирӯзии коммунизмро дар кишварашон доштанд. Яке аз ин муборизони ҷавон Эрнесто Че Гевера буд.

Душанбе, 06 Март 2017 10:20


Нимаи дуввуми қарни 20-ро метавон тараннуми коммунизм дар дунё номид. Ҳаракати коммунистӣ сар то сари дунёро фаро гирифта буд ва қитъаи Амрико низ аз он истисно набуд. Соли 1959 Фидел Кастро бо нерӯҳои чирикиаш президенти Куба Батистаро сарнагун кард ва дирафши коммунистӣ болои ин ҷазира барафрохта шуд. Миёни нерӯҳои Кастро коммунистони кишварҳои гуногуни қитъаи Амрико ҳузур доштанд ва ҳар кадом орзӯи пирӯзии коммунизмро дар кишварашон доштанд. Яке аз ин муборизони ҷавон Эрнесто Че Гевера буд.

Душанбе, 06 Март 2017 10:17


27.03.1968 дар натиҷаи садамаи ҳавоӣ аввалин кайҳоннаварди дунё Юрий Алексеевич Гагарин ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Аслан ӯ дар ин парвоз нақши дуюмдараҷа дошт ва фармондеҳи тайёра, полковник Владимир Серёгин таъин шуда буд. Серёгин яке аз қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва вазифаи командири полкро ба ӯҳда дошт. Ҳукумати Шӯравӣ фардо рӯзи дигар баёнияи расмие содир кард ва дар он сабабҳои садамаи ҳавоиро шарҳу тавзеҳ дод.

саҳ 8 аз 11

Китобҳо

Flag Counter