ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 13 Март 2017 11:46


(Ҷавоб ба мақолаи А.Муҳаббатов ва С.Салимова «Ёвон: Муаллим кист? Пулчинак!». СССР, №4(437), 26.01.2017)
Муаллифон навиштаанд, ки «аз аввали соли хониш оғоз меёбад «пулталабӣ»-и муаллим. Аввал маблағи китобҳои иҷора ҷамъ мекунем…». Бадбахтона муаллифон аз тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии кишвар, ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 29.12.2012, таҳти №22\26 асоснок карда шудааст, хабар надоранд. Муҳаббатов ҷонишини директори мактаби №2 нишондодҳои банди 45-уми низомномаи мазкурро дағалона вайрон намуда, амалишавии онро зери хатар гузоштааст. Мусаллам аст, ки ҳар 2 омӯзгори азиз дар тасдиқ ва муҳокимаи буҷаи мактаб ё иштирок накардаанд, ё дар вақти муаррифии буҷаи сол бефаолиятӣ зоҳир намудаанд. Муаллифон дар идома оид ба «обунапулӣ» ва «чиптапулӣ» гуфтаанд. Тибқи муқаррароти моддаи 16 Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» «маҳсули воситаи ахбори оммаро бевосита редаксияи он ё дар асоси шартнома ва ё дигар воситаҳои қонунӣ ташкилотҳои паҳнкунандаи нашрияи даврӣ, ҳамчунин шахсони воқеӣ паҳн мекунанд». Обуна ба маҷаллаву нашрия дар муассисаҳои таълимӣ ихтиёрист. Обуна ба нашрияҳои бачагона набояд боиси нигаронии шумо барин омӯзгорон шавад. Ҷои дигар муаллифон оид ба тафтиши кори омӯзгорон аз ҷониби кормандони раёсати ВКД вил.Хатлон ишора кардаанд. Ҳол он ки ҳамкорӣ бо органҳои қудратӣ танҳо ба манфиати кор буда, ба сатҳи фаҳмишҳои ҳуқуқии хонандагон таъсири мусбат мерасонад…


Сафаралӣ Собиров, мудири шуъбаи маорифи н.Ёвон

Душанбе, 13 Март 2017 11:24


Бародари гиромӣ, Сайёфи Мизроб! Намешуд, ки номи газетаро иваз мекардед? Зеро 70 сол давлати СССР моро ғорат кард, тилою пахтаю урану сангҳои қиматбаҳоро бурд… Охир, мо фарҳанги бой дорему номи бисёр. Ҳамон СССР буд, ки моро ба чунин рӯзи табоҳ расонид. Имрӯз давлати ақибмондаем дар ҷомеаи ҷаҳонӣ. Тоҷикистон бо «ташаббуси» СССР Самарқанду Бухороро аз даст дод. То имрӯз азобу уқубатро аз дасти СССР кашида истодаем ва боз имрӯз моро таъна мезананд, ки «мы их научили цивилизацией…». Баракс, гуфтаниям, ки «когда нас было их не было…».

Ҳанифа Икромова,
муаллима, маҳаллаи 104, н.Сино


Аз сардабир: Дақиқан, Ҳанифабону хондани газетаи моро хеле дертарак сар кардаанд ва зимнан маънои аббревиатураи «СССР»-ро намедонанд. Фикр мекунам, хонандагони сарсупурда онро шарҳ хоҳанд дод. Ин 1. 2 ин ки давлати СССР албатта камбуд дошт, вале бурдҳо низ дошт, ки дар ин бора низ хонандагон ҳатман менависанд. Мо Метавонем!

Душанбе, 13 Март 2017 11:22


Салом, СССРи гиромиқадр. Аз таъсисёбии ин ҳафтаномаи бонуфуз қариб 9 сол сипарӣ мешавад, ки бисёр муаллифон дар бораи миллати ҷӯгӣ матлаб менависанд. Ман навиштаи 1 муаллифро бо номи «Ҷӯгӣ миллати мараз аст» хондам. Дар ҳақиқат, ҷӯгиҳо дар ҳама ҷо-дар Русияву дигар давлатҳои ҳамсоя ҳам худро Тоҷик муарифӣ мекунанд ва обрӯи миллати моро паст мезананд. Ҳатто онҳоро мо дар ватани худ дар ҷойҳои ҷамъиятиву серодам мебинем, ки бо навиштаҳои дурӯғи дар гардан овезон «падари бемор дорам», «фарзандамро ҷарроҳӣ мекунанд, ба ман ёрӣ диҳед» чарх мезананд, то ҳатто ки гоҳе пеши роҳи моро мегиранд. 1 вақт навишта, пешниҳод карда будам, ки кормандони ҷамоату шаҳракҳо тифлони навзоду ҷавонони онҳоро ба миллати ҷӯгӣ-сиган ба қайд гиранду бо ҳамин тарз паспорт диҳанд. Ҳоло ҳам дер нашудаасту сари ин масъала бояд андеша кард. Обрӯи миллати шарифи Тоҷикро ҳифз кунед! Мо Метавонем!

Шамсиддин Қудрат,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Ҳисор

Душанбе, 13 Март 2017 11:17


Узви Ихвон-ал-СССР, Ғолибшо Ҷабинови 42-сола, сокини маҳаллаи 33-уми ноҳияи Синои пойтахт бо телефони 98 898 46 75 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман солҳои 1994-1996 дар отряди ноҳияи Панҷ, ихтиёран дар погранзастава хизмат карда, дар 1 амалиёт бо афғонҳо аз дасту поям тир хӯрда, маҷрӯҳ шудам. Ҳоло маъюбам, аммо намедонам гурӯҳи чанд. Мехоҳам, ки мисли дигар маъюбон нафақа бигирам. Бо ин умед назди идораҳои дахлдор рафтам, аммо онҳо мегӯянд, ки ту аз ҳамон Комиссариати ҳарбие рафта, ҳуҷҷат биёрӣ, ки онҳо туро ба хизмат фиристода буданд. Ба военкомати маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Сино муроҷиат кардам. Онҳо гуфтанд, ки «ту ҳамчун сарбоз хизмат кардагӣ ҳастӣ, ба ту ягон хел хизмат ва кӯмак карда наметавонем». Охир, ман чӣ кор кунам? Зеро мехоҳам, ки ба зиндагии ман андак ҳам бошад кӯмаке шавад. Пас ба кӣ муроҷиат кунам?

Душанбе, 13 Март 2017 11:14


Паҳнкунандаи нашрияҳои даврӣ-Зариф Маликови 28-сола аз деҳаи Ғӯсари ноҳияи Панҷакент бо телефони 907 47 34 99 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман нисбати Ҳукумати ноҳия ва ҳам Ширкати Барқи Тоҷик 1 арз дорам оид ба лимити барқ. Дар ноҳияи мо ҳар рӯз 3-соатӣ барқро мекушанд: 1 соат субҳ ва 2 соат бегоҳӣ. Аз он ҳайронам, ки лимит ҳанӯз моҳи январ дар саросари ноҳия барҳам хӯрд ва ин падидаи то ҳол боварнокарданист! Аммо чаро то имрӯз дар ноҳияи мо барқро мекушанд? Сабаб дар чӣ бошад?

Душанбе, 13 Март 2017 11:12


Тибқи иттилои 1 манбаъи мӯътамади СССР, 12 март, соатҳои 10-11-и шаб Рахимов Холбой -посбони литсейи ш.Қурғонтеппа, ки беш аз 50 сол доштааст, худашро тарконидааст. Ӯ худро дар роҳи баромад тарконидааст. «Сабаби тарконидани ӯро мо намедонем» мегӯяд 1 масъули литсей. Кормандони мақомоти дахлдор омада синфхонаи физика ва кимиёро баста рафтанд, азбаски олоти тарканда дар ҳамин синфхона тайёр шудааст.


Баҳодур Уроқов вилояти Хатлон СССР

Душанбе, 13 Март 2017 11:12

Аз фоҷеаи мардум истифода карда, «Сомонэйр» нархи чиптаи ҳавопайморо аз 310 то 540 сомонӣ бардошту «Тоҷикматлубот» картошка-мусорашро фурӯхт...

Душанбе, 13 Март 2017 11:08


Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба СССР хабар дод, ки дар толори азназаргузаронии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ сокини н.Қубодиёни вилояти Хатлон, Ҳ.А. бо гумони дар боғоҷи дастии худ доштани китобҳои динии шубҳанок боздошт шуд. Аён гардид, ки номбурда дар дохили борхалтаи худ 4 адад китобҳои динӣ, аз ҷумла, «Куллиёти Канзулҳусайн», «Тадбири хоб», «Тасвири Шиаи Исмоилия» ва «Бӯстони Саъдӣ»-ро мехост бидуни иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳанг вориди Тоҷикистон кунад. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон.

саҳ 7 аз 11

Китобҳо

Flag Counter