ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 30 Март 2017 09:16


Пагоҳ, 31.03.2017 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими гузоштани санги аввали сохтмони терминали боркашонии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” сурат хоҳад гирифт.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти фурудгоҳи Душанбе хабар доданд, ин иншоот дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи “Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар асоси созишномаи грантии байни Ҳукумати ҶТ ва Агентии Ҷопон “JICA” сурат гирифта маблағи умумии лоиҳа тақрибан 17,360,544 доллари ИМА ро ташкил медиҳад. Тибқи ин созишномаи грантии мазкур Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фуруди аниқи ҳавопаймо мусоидат хоҳад кард. Кӯмаки техникии ин лоиҳаро Консорсиуми ширкатҳои ҷопонии “Ниппон Кое” бар дӯш гирифта барои харидорӣ намуданитаҷҳизоти системаи автоматии ҳавопаймоҳо ширкати “Адад Валю Корпорейшн” муваззаф аст.

СССР

Панҷшанбе, 30 Март 2017 08:55


Комроншоҳ Устопириён, варзишгари номии Тоҷик барои рафтори аз одоби варзиш беруни худ ба мӯҳлати 2 сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои дохили кишвар маҳрум шуд. Чунин тасмимро комиссияи салоҳиятноки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ рӯзи 29.03.2017 қабул кардааст.
Чуноне ки Дилшод Назаров, муовини раиси кумитаи мазкур ва раиси комиссия таъкид медорад, пас аз санҷиш дақиқ карда шуд, ки дар кори доварони мусобиқаи рӯзи 23.03.2017 дар “Наврӯзгоҳ”- и пойтахт хатогӣ ва ё камбудие сар назадааст ва Комроншоҳ Устопириён бояд худро ба даст гирифта ба иғвои мухлисон дода намешуд.
Рафтори ғайриварзишии Комроншоҳро, ки тавассути шабакаи телевизионии “Варзиш” мустақим пахш мешуд, ҳазорҳо нафар тамошобинон диданд ва ин рафтори варзишгар дар байни мардуми мамлакат вокуниши тундеро пеш овард. Баъдан худи Комроншоҳ аз чунин рафтораш маъзарат пурсид, вале ба ин нигоҳ накарда комиссия тасмим гирифт ӯро ба муддати 2 сол аз ширкат дар мусобиқаҳои дохили кишвар берун кунад.


СССР


Панҷшанбе, 30 Март 2017 08:35


Ҳукумати Ҷумҳурии исломии Покистон барои рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, ки моҳҳои феврал - март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ омад, $ 5 миллион кӯмак кардааст. Дар ин бора ба мухбири СССР Тариқ Иқбол Сумро, сафири кабири ҶИП дар ҶТ рӯзи 29.03.2017 хабар дод.
Бино ба иттиллои ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро, ҳукумати Ҷумҳурии исломии Покистон яке аз аввалинҳо шуда ба даъвати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирӣ ва расонидани кӯмак барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ вокуниш нишон дода ин кӯмак нишони дӯстиву бародарии 2 кишвар мебошад.


СССР


Чоршанбе, 29 Март 2017 15:38



ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай Абдурашид Ясинов, ҳавонаварди ширкати “Тоҷик Эйр”ро даъват намуда дар шароити тантанавӣ ба эшон 5000 сомонӣ - ҷоизаи пулии аз ҷониби роҳбарияти фурудгоҳи мазкур ҷудошударо тақдим намуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти фурудгоҳи Душанбе иттиллоъ доданд, мукофоти пулиро ба Абдурашид Ясинов ёрдамчии директори генералии ҶСК “ФБД” Фирӯз Боқиев ҳадя карда ҳамзамон барои нишон додани маҳорати баланди касбӣ ва шуҷоату далерӣ арзи сипос намуд.
Бояд қайд намоем, ки ба Абдурашид Ясинов ва кормандони дигари экипаж шоми 9.03.2017 муяссар шуд ҳавопаймои осебдидаро дар ҳолати изтирорӣ, бидуни хавфу хатар ба фурудгоҳи Хуҷанд фуруд орад. Ҳавопаймои мазкур, ки аз рӯи хатсайри Хуҷанд - Москва парвоз мекард, пас аз нишастан дар фурудгоҳи ш.Тарази Қазоқистон барои пур кардани маводи сӯхт, осеб дида дубора ба фурудгоҳи парвозаш баргашт.



СССР

Чоршанбе, 29 Март 2017 10:38


Бо супориши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент  матлаби «Панҷакент то ҳол дар лимити барқ?» (СССР, №10(443), 9.03.2017), дар ҶСК «Шабакаҳои барқи Панҷакент» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз 14.01.2017 бо супориши президенти кишвар, муҳтарам Э.Раҳмон маҳдудияти таъминот бо нерӯи барқ дар саросари кишвар барҳам дода шудааст. Ба сабаби он ки ҳолати техникии хати барқи 110 кВ-и Айнӣ-Панҷакент дар соатҳои серборӣ ба талабот ҷавобгӯ нест, бо мувофиқа бо роҳбарияти ШСХК «Барқи тоҷик», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Суғд ва ш.Панҷакент таъминоти барқ барои деҳот пагоҳирӯзӣ ва бегоҳирӯзӣ тибқи реҷаи махсус ба роҳ монда шудааст. Бо бунёди хати интиқоли барқи 220 кВ-и Айнӣ-Панҷакент, ки ҳоло идома дорад, мушкилоти таъминоти барқ куллан бартараф хоҳад шуд.


М.Сафарзода,  муовини якуми раиси шаҳр

Чоршанбе, 29 Март 2017 10:34


Бо қарори вежаи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 28.03.2017 номҳои телевизиони «Пойтахт» ва меҳмонсарои «Пойтахт» иваз карда шуданд. Номи телевизиони «Пойтахт» ба номи қаблии он – «Душанбе» табдил ёфта меҳмонсарои ҳамноми он бошад акнун меҳмонхонаи «Душанбе» ном хоҳад дошт.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз шӯъбаи иттиллоотию таҳлилии Ҳукумати ш.Душанбе хабар доданд, масъулони телевизион ва меҳмонхона бояд дар муддати кӯтоҳ ҳуҷҷатҳои лозима ва мӯҳри нави муассисаҳоро тайёр намоянд.


СССР


Чоршанбе, 29 Март 2017 10:15


Дар варзишгоҳи марказии вилояти Хатлон ,шаҳри Қурғонтеппа намоиши барномаи театрикунонидашудаи “Наврӯзи ҷаҳонӣ- Наврӯзи ҷавонӣ” доир гардид, ки дар он Раиси вилоят муҳтарам Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сокинони ноҳия иштирок намуданд. Қабл аз шуруъи барномаи фарҳангӣ раиси вилоят мардуми вилоятро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, иброз дошт, ки Наврӯз иди пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ аст, ки халқ онро пазируфта, дар тӯли қарнҳои тӯлонӣ аз насл ба насл гузошта, оини ибратомӯзи онро сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ донистааст.

Чоршанбе, 29 Март 2017 10:02


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман 2 гуфтанӣ дорам. 1.Ҳамаи шумо-СССРчиёнро бо фарорасии Наврӯзи Аҷам сидқан таҳният мегӯям ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро бароятон таманно дорам. 2.Андешаи журналист Абдуқодири Абдуқаҳҳорро дар газетаи мардумии СССР бо номи «Қуръон дар боби шароб» хондам. Агар мухлисони СССР нек дар ёд дошта бошанд, ман ҳамин фикру пешниҳоди Абдуқодирро роҷеъ ба «шаробнома»-и Комрони Далер 1-2 сол пеш гуфта будам, ки «Чу боре бигуфтӣ, далелаш биёр!». Акнун аҳсант ба Абдуқодир мегӯям, ки воқеан бо факту рақамҳо ба Комрони Далер исбот кард, ки Қуръон дар бораи шаробу май чӣ мегӯяд. Ин гуфтаҳои Абдуқодир ба садҳо нафар дарси ибрат хоҳад шуд, ба монанди Комрони Далер…


Исмоил Маҳмудов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Қумсангир

саҳ 3 аз 11

Китобҳо

Flag Counter