ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 31 Март 2017 13:42

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон аз 31.03.2017 ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Мавриди қайд аст, ки Саидзода Маҳмадсаид Борон аз моҳи марти соли 1991 ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ шурӯъ намуда, дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла ба ҳайси сардори ШБДА РКД, сардори муассисаи нақлиётии РКД дар вилояти Хатлон, сардори Шӯъбаи бақайдгирӣ - имтиҳонотии Раёсати БДА ВКД ва сардори РБДА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудааст.

СССР

Ҷумъа, 31 Март 2017 12:06


ё чӣ тавр қалби маҷруҳи мусофирон аз бешафқатии роҳбаладон афгортар шуд?

Ҷумъа, 31 Март 2017 11:56

Баҳси мо-3

Ҷумъа, 31 Март 2017 11:23


Хушбахт Мираваев, муовини аввали сардори ситоди генералӣ қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гуфт, ки ин разомиш ба размоише, ки сарбозони Тоҷикистону Амрико доранд ҳеҷ рабте надорад, чун онҳо бо ҳамоҳангии Вазорати корҳои дохила баргузор шудааст. Дар ин маросим вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва муовини фармондеҳи Округи марказии Русия генерал-лейтенант Ҳасан Калаев ширкат доштанд. Ҳасан Калаев дар ин маросим гуфт, ки ин размоиш дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Русия баргузор карда шудааст. Дар размоиши муштараки низомии Тоҷикистон ва Русия, ки рӯзи 27 март оғоз шуд ва 4 рӯз давом кард, 2000 низомии рус ва беш аз 40 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ширкат карданд. Дар марҳилаи ниҳоии размоиш дар "Ҳарбмайдон"-и Қубодиён 200 техникаи ҷангӣ, зиреҳпӯш, чархболҳо истифода шудааст. Ин нахустин размоиши фарогир дар соли ҷорӣ буд, ки ҳама сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва нерӯҳои захиравӣ ва намояндагони мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷануби кишварро ба по хезонд. Дар ду соли гузашта чунин размоишҳои фарогир дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи шаҳри Душанбе доир шуда буд. Маҷмуи машқҳои зидди террористӣ дар кишвар аз аввали моҳи март дар "Ҳарбмайдон", "Ҳомиён","Сумбула", "Ҳалқаёр", "Ҷайралӣ"ва "Лоҳур" баргузор шуданд.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 30 Март 2017 15:27


Дирӯз 29 март соати 16:50 дақиқа дар маркази шаҳри Қурғонтеппа садамаи шоҳқубури обгузари оби нӯшоки рух дод. Ба корхонаи давлатии фаръии байниноҳиявии обу канализатзияи шаҳри Қурғонтеппа занг зада хостам бифаҳмам, ки то кадом андоза ин корхона садамаро саривақт аз байн мебарад. Бобоҷон Ғаюров муовини раиси ин корхона дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки «ин садама дар кӯчаи С.Айнӣ - роҳи протоколӣ сар зада, сабабаш мошинҳои гаронвазн аст. Ба ҳама маълум, ки имрӯз ҳаво бениҳоят гарм шуду ин садама рух дод, лек мо талош мекунем, ки онро зуд ба ҳолати аввала баргардонем, то ки сокинони шаҳр бе об намонанд».
Абуллоев Искандар-муовини шаҳр дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, мошинҳои гаронвазн бояд рӯзона дохили шаҳр ворид нашавад. Барои мошинҳое, ки аз самти Кӯлоб- Қурғонтеппа, Қубодиён-Сарбан ё Душанбе-Бохтар меоянд, бо роҳи ҳалқа ҳаракат кунанд ва он ҳам дар вақти муайян. Ин мушкил бояд аз ҷониби кормандони БДА назорат шавад.


Баҳодур Уроқов СССР шаҳри Қурғонтеппа

Панҷшанбе, 30 Март 2017 12:45


Имрӯз жанри ПОП (англ.  popular music)-раванди муосири санъати маъруфтарини эстрадиро бе ҳузури Шоираи Раҳимҷон тасаввур кардан ғайри имкон аст!!! Зеро тақрибан ҳунарманди саршиносе нест, ки дар сабки ӯ, таронаи ӯ, суруди ӯ ва мусиқаву аранжировкааш дар ин самт нахонда бошад!

Панҷшанбе, 30 Март 2017 10:39


Бо гуноҳи Вазорати корҳои хориҷии кишвар ҳамарӯза даҳҳо нафар сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент барои гирифтани шиноснома сарсону овора мешудаанд. 1 нафар корманди Шӯъбачаи шиносномадиҳии ШВКД ҶТ дар ш.Панҷакент, ки аз овардани номаш худдорӣ намуд, гуфт, ки бо сабаби тӯл кашидани хизматрасонии шиносномадиҳӣ дар ВКХ мардум наметавонанд бисёр вақт дар рӯзи муайяншуда шиносномаҳои хешро дастрас кунанд. Навбатпойии ҳаррӯзаи даҳҳо нафар сокинон дар назди Шӯъбачаи шиносномадиҳӣ дар ш.Панҷакент ва сари вақт дастрас нашудани шиноснома сокинони ин минтақаи дурдасти кишварро нигарон намудааст. Корафтодагон мегӯянд, ҳатто барои зудтар гирифтани шиноснома дар бонк маблағи заруриро месупорем, вале бо ин вуҷуд лаҳзаҳое мешаванд, ки дар вақти муайяншуда наметавонем шиносномаи хешро ба даст орем. Ин дар ҳолест, ки омода намудани шиносномаро чанд сол инҷониб ВКХ ба уҳда дорад.

Панҷшанбе, 30 Март 2017 10:13


саҳ 2 аз 11

Китобҳо

Flag Counter