ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 03 Март 2017 10:37

САҲА – Созмони амният ва хамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро то 30.06.2017 идома хоҳад дод. Ин тасмим дар Шӯрои ҳамешагии САҲА дар Вена гирифта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки пас аз интиқодҳои ҳукумати Тоҷикистон аз ин созмон вобаста ба даъвату ширкати аъзоёни бархе аз созмонҳо ва гурӯҳҳои дар кишвар ғайриқонунӣ эътироф шуда ба конфронсҳои байналмилалӣ, фаъолияти минбаъдаи ин созмон зери суол рафта буд.

СССР

 

 

 

Ҷумъа, 03 Март 2017 10:27

Пас аз рейди кормандони Хадамоти зиддисӯхтории ВКД ҶТ аксарияти идораҳои букмекерии ш. Душанбе баста шуданд. Чуноне ки маркази матбуоти ин ниҳод мегӯяд, сабаби басташудани ин идораҳо дар риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхторӣ мебошад.

Чуноне ки ба мухбири СССР Умарҷони Эмомалӣ. Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ гуфт, пас аз ислоҳи камбудиҳо ин идораҳо дубора боз хоҳанд шуд.

 

СССР

 

Ҷумъа, 03 Март 2017 10:00

Ба маълумоти масъулони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2016 зиёда аз 250 нафар вайронкунандаи сарҳади давлатӣ дастгир гардида, баъди барасмиятдарорӣ 1 қисми онҳо ба намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон супорида шуданд. Ин нуқта дар машварат дар мавзӯи «Мубориза бар зидди маводи нашъадор аз сарҳади давлатӣ оғоз мешавад», ки дирӯз дар ш. Қӯрғонтеппа баргузор гашт, зикр карда шуд.

Бино ба иттиллои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ ба АМИТ «Ховар», мақсади машваратро дар пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин воқифсозии онҳо бо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии интиқол ва паҳншавии маводи нашъаовар ва ҷалби аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ ба муҳофизати сарҳади давлатӣ арзёбӣ намуд.

 Ба иттилои манбаъ, зимни машварат подполковник Насимҷон Раҷабов, сардори Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти мубориза бар зидди маводи нашъадор» маърӯза намуда, зикр кард, ки дар таъмини амнияти давлат танҳо бо қувваи сарҳадбонон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан душвор аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳамкории аҳолӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ хеле заиф аст. Баръакс, дар бисёр ҳолатҳо дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор бештар сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ даст доранд ва ба қочоқчиён мусоидат мекунанд.

Муовини сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон подполковник Диловар Сафаров зимни суханронии хеш гуфт, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон шумораи нашъамандон дар соли 2017 ба 1385 нафар расидааст ва аз ин шумора 18 нафарашон занҳо мебошанд. Ба қавли ӯ, шумораи нашъамандон нисбат ба соли гузашта 54 нафар коҳиш ёфтааст. Мусодираи маводи мухаддир ба минтақаи Кӯлоб 1243 кг 562 г (77%) ва ба минтақаи Қӯрғонтеппа 338 кг 501 г (21%) рост меояд, — гуфтДиловар Сафаров. Аксари ин мавод дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла Панҷ (165 кг 732 г), Ҳамадонӣ (263 кг 670 г), Шамсиддини Шоҳин (604 кг 754 г), Фархор (279 кг 574 г) мусодира карда шудаанд.

Мувофиқи маълумотномаи Маркази наркологии вилояти Хатлон, шумораи беморони нашъаманд аз ҳама зиёд дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Фархор, Ёвон, Ҷ. Балхӣ ва Бохтар ба қайд гирифта шудааст.

Дар соли 2016 аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 126 нафар истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор дар қайди маркази наркологӣ гузошта шудаанд ва онҳо пайваста таҳти назорат қарор доранд, — зикр кард Д. Сафаров.

Дар асоси маълумоти Маркази бемориҳои нашъамандии вилоят, дар соли 2016-ум 4 сокини шаҳри Қӯрғонтеппа аз истеъмоли барзиёди воситаҳои нашъадор фавтиданд.  Диловар Сафаров иброз дошт, ки маводи нашъаовар барои генофонд ва амнияти миллӣ хавфи калон дорад.

 

СССР



 

Панҷшанбе, 02 Март 2017 13:21

Рауфзода Хуршед-сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вил.Хатлон  дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар толори азназаргузаронии гумруки «Панҷи Поён» ҳангоми гузаронидани муонаи гумрукӣ шаҳрванди Давлати Исломии Афғонистон, истиқоматкунандаи вилояти Ҳирот Ҷамшед Носир, соли таваллудаш 1992, бо гумони дар боғоҷи дастиаш доштани маводи монанд ба маводи нашъаовар боздошт шуд. Баъд аз ташхиси лабораторӣ исбот шуд, ки ин мавод ба навъи психотропии «Метамфитамин» мансуб буда, вазни холиси он 3 килограмму 905 гр будааст. «Метамфитамин» маводи нашъаовари хатарнок ба ҳисоб рафта, истеъмоли он ба лоғаршавии бадан, паст шудани масъунияти бадан, кори номӯътадили ҷигару гурда, фишори баланди хун ва оқибат ба сактаи дил гирифтор намуда, ба марг оварда мерасонад. Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба Ҷамшеди Носир бо дастрасии моддаи 200 қисми 4, банди «Б» ва моддаи 289 қисми 3, банди «Г»-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд.

Баҳодур Уроқов

 

Панҷшанбе, 02 Март 2017 12:18

(вокуниш ба мақолаи «Ман аз кори Раис розӣ нестам!», 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Истаравшан мақолаи Сарвари хонаи №4-Бахши фарҳанг, Аълочии фарҳанги ҶТ Рақиб Маманазаровро дар рӯзномаи СССР мавриди баррасӣ қарор дод. Гуфтаҳои муаллиф оид ба он ки гӯё Раиси шаҳр ба кору пайкори ин шахс ва умуман аҳли фарҳанги шаҳр дахл мекунад, сирф дурӯғ аст. Гӯё аз ҷониби Раиси шаҳр ба муовин оид ба нагузаштани суруди Маманазаров дар чорабинии «Корвони Истиқлол» супориш шудааст, тӯҳмати маҳз аст. Сенарияи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар якҷоягӣ бо аҳли фарҳанг ва комиссияи тадорукоти ин ҷашн сурат гирифт. Шӯрои бадеии шаҳр бо пешниҳоди сурудҳо баромад намуд. Пас аз он ки сурудҳо аз ҷониби комиссияи тадорукотӣ гӯш карда шуд ва танҳо сурудҳое, ки бахшида дар васфи ватан, Тоҷикистон, истиқлолият буданд, дар рӯйхати сенария гузошта шуданд. Дар ин замина суруди Рақиб, ки бахшида ба соҳаи тибб сароида шуда буд, бинобар номувофиқ ва аз мавзӯъ дур буданаш аз ҷониби комиссияи тадорукотӣ аз сенария бароварда шуд. 

Наим Набизода

раиси шаҳр

 

Панҷшанбе, 02 Март 2017 12:14

«Бо мақсади вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан, дар байни ҶАВОНОН… ҳамасола на кам аз 100.000 ҷойҳои корӣ таъсис дода шавад!» (Паём аз 22.12.2016)

Мӯҳтарам масъулҳо! Рӯзи 10.02.2017 аз ин супориши президент 50 рӯз гузашту чанд ҷои нави корӣ ташкил кардед??? Намепурсем! Аммо санаи 2.04.2017 аз ироаи паём 100 рӯз сипарӣ мегардад ва шумо муваззафед, ки ҳисоботи аниқу воқеӣ-фактро тавассути ВАО ба мардум гӯед, на омори сохтакориро!!! Мо 2 апрел (час икс)-ро интизор мешавем. Мо Метавонем!!!

Маннон Махсумов,

Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Истаравшан

 

Панҷшанбе, 02 Март 2017 11:55

Ман рӯирост мегӯям, ки сабабгори шариати исломиро риоя накардани мусулмонҳо ҳаннотону дигар ҷинояткорон, амалҳои беақлонаи худи диндорони шӯҳратёри Тоҷикон аст, ки онҳо ба тамаъҷӯию талбандагӣ ва садақагирӣ чашм аъло мекунанд. Ҳама медонем, ки садақахӯрии бардамону дороён сирф ҳаром аст. Пас барои чӣ ба ин роҳҳо мераведу динро ва худро шарманда месозед? Зарофатгӯие ҳаст, ки шайтон амалҳои аз ҳад гузаштаи тоҷиронро дида, ба гӯшае рафта гиря кардааст. Малоикае ӯро дида мепурсад, ки чист сабаби гиря? Шайтон ҷавоб додааст, ки тоҷирони навбаромад касби шайтониро аз ӯ гирифта, худ шайтонӣ карда, ҳама гуноҳҳоро ба гардани ӯ бор мекунанд, ки ин кори шайтон аст. Малоикаҳо ҳам иқрор шуданд, ки онҳо дигар наметавонанд тоҷирони мусулмонро ба роҳи рост баранд. Аз амалҳои мусулмонҳои Тоҷик онҳо ҳам роҳгумзада шуда, таваккалашон ба Худост. Шумо нависед ва ба мардуми аз нархҳои баланди азияткашида ва ҷабрдида фаҳмонед, ки баланд бардоштани нархи молу маҳсулот кори шайтон аст, ё амали савдогарони мусулмони ба шайтон табдилшудаи Тоҷик?

Комрони Далер,

кӯч.М.Осимӣ, ш.Қӯрғонтеппа, тел: 919 28 30 00

 

Панҷшанбе, 02 Март 2017 11:50

Нафақагир Ҳусейн Файзуллоев, сокини ноҳияи Айнӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки Суқрот-файласуфи Юнони Қадим гуфтааст, ки «Агар ба қуллаи одамгарӣ расӣ, нафси худро лаҷом зан!». Ҳама медонем, ки нафс саркаш аст. 1 нафарро пурсиданд, ки баъди аз ҳаҷ баргаштан чӣ фаҳмидӣ? Ҳоҷӣ гуфтааст, ки пеш аз ҳаҷ ба 1 даст ҷамъ мекардам, баъди ҳоҷӣ шудан бо 2 даст. Ҳама ба ҳоҷиҳо бовар мекунанд, лек Ҳоҷӣ ба кори худаш саргардон. Ҳар 1 фарди Тоҷик ҳоҷӣ шуда метавонад, лек ба қадри миллати худ намерасад. Гап сари ин аст, ки на ҳар ҳоҷӣ дасту дилу нияти пок дорад. Аҳмади Дониш ҳам дуруст гуфтааст:

Ҳоҷӣ, ки зи хонаи Худо баргаштаст,

Морест, ки рафта аждаҳо баргаштаст!

 

саҳ 10 аз 11

Китобҳо

Flag Counter