ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 29 Март 2017 10:00


Фарзонамарди миллат, устоди бузургвор-Айнӣ аз пирӯзии Инқилоби октябр ба илҳом омада паёми озодиро чунин ба қалам дода буд:
...Эй ситамдидагон! Эй асирон вақти озодии мо расид...
Бузургон ояндабинанд. Орзуву омоли ин падари муаззами миллат амалӣ гардид. Баъди 1000 соли бедавлатӣ, оворагӣ, бардагӣ, парокандагӣ, бесоҳибӣ бо шарофати "халқи кабир"-и РУС дар заминаи порае аз шикастапораҳои давлат-империяи Сомониён соҳиби кишваре бо номи ТОҶИКИСТОН шудем. Имсол 100-солагии ғалабаи инқилоб асту шукргузорӣ аз беҳтарин хислати ИНСОН.
Руҳат шоду охиратат обод бод, бобои ЛЕНИН!


Абдуқодири Абдуқаҳҳор,
журналист

Чоршанбе, 29 Март 2017 08:46


Муаллими ҷавон-Шарифхоҷа Мирзоев, сокини деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки чанд шумора пеш дар газетаи СССР дар боби имтиҳони тестӣ хонда будам. Воқеан ин навъи имтиҳон донишҷӯро танбал мекунад. Бовар мекунед, ки имтиҳони тестӣ синоними қориазёд аст. Масалан, донишҷӯро баъди супоридани имтиҳони тестӣ перомуни мавзӯҳои гузаштааш пурсед, намедонад. Ман чунин имтиҳонро аслан қабул надорам. Беҳтар мебуд, ки имтиҳони пештара, яъне мавзуъ ва адабиётҳоро ба пуррагӣ хонда супориданро барқарор намоянд. Агар ин тарзи имтиҳон дуруст ва писанд мебуд, дар даврони СССР қабулаш мекарданд.

Чоршанбе, 29 Март 2017 08:42


Мадрасул Набиев, узви Ихвон-ал-СССР, аз ноҳияи Сарбанд дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки ман ҳайронам, ки чаро мардум нисбати табиат ин қадар бераҳм шудааст? Мо дигар ба ҷангал, ки муҳит ва экологияи моро ҳифз мекунад, раҳм намекунем. Агар дар пуштаҳои пур аз ҷангали навоҳии ҷануби кишвар дарахтони арча шинонанд, 100% боварам ҳаст, ки он моро аз сел эмин хоҳад дошт! Агар ин бо амри Худованди муттаол бошад ҳам, аз девори каҷ ҳазар мегӯянд. Ҳама медонем, ки ҳамин бебарқиҳои кишвар сари ҳазорон ҳазор дарахтони бесамар, аммо балогардон аз селро хӯрд!!! Хуб мешуд, ки шахсони мутасаддӣ талу теппаҳои ҳар деҳаро омӯхта, ҷойҳое, ки роҳи тарма ё сел аст, сердарахт мекарданд. Зеро дарахт шасти ҳалокатовар ва харобкори тарма ва ҳам селро мегирад. Бинед, дар куҷое агар тарма ё сел фаромада, дару хонаҳоро бо худ бурдааст, он ҷо дарахт надошт. Ана ин аст эҳтиром ба табиат. Мо бояд мардумро огоҳ кунем, ки дар селу тармароҳа хона насозанд.

Чоршанбе, 29 Март 2017 08:25



Ҳамоҳанги табиат
Бани башар дар таърихи мавҷудияти хеш расму русуми зиёде тавлид кард ва миллати ориёӣ низ дар ин ҷода истисно нест. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми эронитабор ба шумор меравад. Аслан ҳамаи қавму миллатҳо фарорасии соли навро бо шаҳомату шукӯҳи хос ҷашн мегиранд. Аммо соли нави мардуми ориёитабор ба куллӣ аз ҳамаи ҷашнҳои солинавии роиҷ дар дунё фарқ мекунад. Масеҳиён соли нави худро аз таваллуди ҳазрати Исо (с.а.) ҷашн мегиранд. Соли нави қамарӣ, ки бештари нажоди сомӣ аз он табаият мекунанд, аз ҳиҷрати Расули гиромии ислом (с.а) оғоз меёбад. Мардуми Шарқи Дур (Чину Ҷопон) низ соли нави ба худ хосе доранд. Аммо ҳеҷ кадом аз инҳо ҷавобгӯи аслии ин мафҳум, яъне оғози соли нав аз нигоҳи табиатро надоранд ва танҳо ин ҷашни қадимии мардуми ориёитабор пурра ба ин мафҳум ҷавобгӯст. Чун маҳз дар фарвардин (март) табиат аз хоби зимистониаш бедор мешавад ва мардуми ориёитабор ин бедориро Наврӯз ном ниҳоданд ва аз қадимтарин даврони таърихи хеш ин ҷашни бошукӯҳро то ба ин рӯз зинда нигаҳ доштанд. Наврӯз чуноне, ки аз номаш маълум аст, ҷашни миллии қавми ориёист ва метавон гуфт бузургтарин ҳадяи ин қавм ба тамаддуни башарист. Имрӯз ақвоми зиёди ғайриэронӣ низ Наврӯзро чун иди миллии худ ҷашн мегиранд. Таърихи Наврӯз дар асотири ориёӣ ба замони Пешдодиён мерасад ва бештари муаррихон ин ҷашнро ба шоҳи 4-уми ин сулолаи афсонавӣ-Ҷамшед марбут медонанд. Дар қадимтарин маъхази мардуми ориёитабор «Авасто» аз ин ҷашн ёд шудааст ва маҳз Ҷамшед поягузори он ба ҳисоб меравад. Дар замони Ҳахоманишиҳо, ки таърихи сиёсии ақвоми ориёӣ аз онҳо оғоз мешавад, ҷашни Наврӯз ба бузургтарин ҷашни давлатӣ табдил дода шуд ва шоҳони Ҳахоманишӣ онро бо шукӯҳу шаҳомати азим ҷашн мегирифтанд. Ин анъана дар замони Ашкониён низ идома ёфт ва дар аҳди Сосонӣ ба авҷи аълои худ расид. Бо зуҳури ислом ва пазируфтани он аз тарафи мардуми эронитабор Наврӯз натанҳо аҳамияти худро гум накард, балки ақвоми ғайриэронӣ низ ин ҷашни қадимии ориёнро чун иди миллии худ пазируфтанд ва ҳамасола ҷашнаш мегиранд. Умуман, ҳеҷ истилое, ҳеҷ ҷаҳонбинию фарҳанги наве натавонист Наврӯзро аз тафаккури мардуми эронитабор берун кунад.

Аз оини маҷус то иди исломӣ
Наврӯз новобаста ба ҳама беадолатӣ, ки нисбаташ раво диданд, барои қавми ориёӣ аз маҳбубтарин ва бошукӯҳтарин ҷашнҳо буд, ҳаст ва хоҳад монд. Баъди омадани ислом иддае аз муқаддасмаобон кӯшиданд ин иди қадимиро чун ҷашни маҷусӣ қаламдод кунанд ва мардумро аз ҷашни он маҳрум созанд. Надонистани дин бузургтарин бало ба сари пайравони ҷоҳилаш метавонад биёрад. Мутаассифона, бо гузашти чандин садсолаҳо ҳоло ҳам чунин ашхосе дар байни рӯҳонияти мутаассиби мо ёфт мешаванд, ки аз ин ақидаи барғалати худ даст накашидаанд ва Наврӯзро бо дини мубин бегона медонанд. Ҳол он, ки дини ислом чун раҳмат аст барои оламиён, дар қатори аҳкоми худ чизи дигареро низ бо номи урф қабул дорад. Ислом урфи пайравони худро, ки дар он созандагию рушд ҳаст, инкор намекунад, балки мардумро ба пайравӣ аз он тарғибу ташвиқ менамояд ва Наврӯз аз ҳар анъанаи миллӣ бештар ба ин рушду созандагӣ ҷавобгӯст, чун рабти танготанге бо табиат, ин муъҷизаи Худованд дорад. Аммо ин беадолатӣ бо ин хотима наёфт ва дар таърихи мо-тоҷикон Наврӯз қиссае дигаре низ дошт.
Бо омадани ҳукумати Шӯроҳо қисмати ин ҷашни қадимӣ комилан ранги дигар гирифт. Акнун Наврӯзро оини исломӣ муаррифӣ карданд ва ҷашни он барои солҳои зиёд мамнуъ шуд. Албатта мардуми оддии мо ҳамеша онро ҷашн мегирифт, аммо дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Наврӯзро ҳукумати коммунистии Маскав манъ намуда буд. Ҳукумати онвақта ин ҷашни қадимии мардумиро «боқимондаи гузаштаи феодалӣ» қаламдод мекард. Он замон дар байни роҳбарияти коммунистӣ ақидае роиҷ буд, ки Наврӯз иди диниву мазҳабист ва онро мусалмонон ҷашн мегиранд, на коммунистон. Бо вуҷуди ин зиёиёни миллат, монанди Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Холмурод Шарифов ва дигарон борҳо ин масъаларо дар назди роҳбарияти онрӯзаи кишвар бардошта буданд, аммо дар Душанбе касе ҷуръат намекард бе ризоияти Маскав қароре қабул кунад.

Гурдофариди тоҷик
Ин вазъ то соли 1965 идома ёфт. Соли 1965 ҳукумати Тоҷикистон муносибати худро нисбат ба зиёиёни ин миллат тағйир дод ва иди навро бо номи «Иди меҳнат» роҳандозӣ намуд. Ин иди нав мебоист оғози кишту кори баҳориро ифтитоҳ мебахшид ва Наврӯзро ҷойгузин мекард. Роҳбари онвақтаи ҷумҳурӣ, котиби аввали Ҳизби коммунист Ҷаббор Расулов дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо зиёиён мегуфт, «Иди меҳнат» танҳо чизест, ки Ӯ метавонад иҷозат диҳад ва иҷозаи баргузории Наврӯзро танҳо Маскав метавонад бидиҳад. Аммо бо шарофати нотарсӣ ва ғурури миллии 1 зани тоҷик Наврӯз дар кишвари мо чун иди расмӣ дубора эҳё гашт.
21.03.1966 нашри махсуси рӯзномаи «Маориф ва маданият» рӯи чоп баромад, ки пурра ба ҷашни Наврӯз бахшида шуда буд. Ба рӯзномаи «Маориф ва маданият» Буринисо Бердиева сарварӣ мекард. Ин зани далеру нотарс барҳақ Гурдофариди замони худ буд. Хело тааҷҷубовараст, ки дар сангинтарин давраи таърихи худ ин миллати кӯҳан диловарзаноне мисли Буринисо дошт, аммо мутаассифона, дар таърихи навинаш мардонаш низ чоплусу тарсу шудаанд. Шоҳидон нақл кардаанд, ки вақте шумораро барои нашр омода мекарданд, аз Кумитаи Марказӣ дастур доданд, то макети шумораро, ки ба «Иди меҳнат» бахшида шуда буд, барои азназаргузаронӣ ба наздашон оранд. Сардабир макетро бурд ва дар Кумитаи Марказӣ низ онро тасдиқ карданд. Аммо вақте макетро дубора ба редаксия оварданд Бердиева «Иди меҳнатро» ба Наврӯз иваз кард ва ин ҷашни қадимаи мардуми ориёӣ дубора эҳё шуд. Баъди баромадани шумора кормандони Кумитаи Марказӣ ба кофтукови Буринисо афтоданд, аммо ӯро аз ҳеҷ ҷой пайдо намекарданд. Ин зани далер ба кормандони рӯзнома гуфта буд: «Агар маро суроғ кунанд, гӯед, ки ба Кумитаи Марказӣ рафт».
Ин шумораи наврӯзӣ дар матбуоти тоҷик як саҳифаи дурахшоне буд ва баъди нашри он сардабири «Маориф ва маданият» ба яке аз чеҳраҳои намоёни кишвар табдил ёфт. Шоир Бозори Собир, ки он солҳо ҳамроҳи Бӯринисо дар «Маориф ва маданият» фаъолият мекард боре гуфта буд: «Дар гирди Ӯ ҳамфикрони зиёде ҷамъ шуда буданд, аммо танҳо мардонагии Бӯринисо буд, ки матолиб дар бобати Наврӯз рӯи чоп баромад. Маҳз Ӯ Наврӯзро дубора ба ҷашни расмии кишвар табдил дод. Мутаассифона, мегуфт шоир, имрӯз ин миллат қаҳрамонҳои Наврӯзи худро аз хотир баровард. Хушбахтона бо вазидани насими истиқлолият мо дигар аз касеву чизе бим надорем ва ҷашну маросимҳоро озодона баргузор мекунем. Ва Наврӯз барҳақ имрӯз ҷойгоҳи волои худро дарёфт кард ва аз тарафи ҷомеаи башарӣ чун дастоварди қавми ориёӣ эътироф шуд. Албатта ин кор худ аз худ ба амал наёмад ва талошҳои сарони 3 кишвари эронитабор-Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ин кор нақшӣ ҳалкунанда доштанд ва билохира адолат барқарор гардид.
30.09.2009 созмони ЮНЕСКО қадимтарин ҷашни миллии моро ба феҳрасти мероси фарҳангии инсоният шомил намуд ва дар зери ин санад 24 кишвари дунё имзо гузоштанд. 19.02.2010 бошад дар 64-умин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СММ дар банди 49 рӯзномаи рӯз дар бораи «Маданияти дунё» бо аксарияти овозҳо қарори «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул карда шуд, ки дар он аз ҷумла омада буд: Ассамблеяи Генералии СММ 21 мартро чун Рӯзи байналмилалии Наврӯз мепазирад. Кӯшиши давлатҳои баргузоркунандаи Наврӯзро дар бобати нигаҳдорӣ ва ривоҷи фарҳанги Наврӯз истиқбол мекунад. Акнун дар таърихи ин ҷашни қадим саҳифаи нав навишта шуд. Қавми ориёӣ ҷашнеро ба башарият ҳадя кард, ки солҳои тӯлонӣ дар 17 кишвари ҷаҳон ҷашн гирифта мешуд. Наврӯз дар кишварҳои Аврупоӣ низ монанди Албанияву Македония чун иди миллӣ истиқбол мешавад, 21 мартро ҳатто дар ИМА чун Рӯзи хоҷагии қишлоқ ҷашн мегиранд. Ва эътирофи Наврӯз аз тарафи СММ як аҷргузорист ба ин ҷашни фархундаву қадимии табори ориёӣ. Пас Наврӯзатон муборак, ҳамватанони гиромӣ.


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

Чоршанбе, 29 Март 2017 08:20


(Ё худ чи тавр Агроинвестбонк аз ҳисоби панҷакентиҳо аз бӯҳрон раҳо ёфтанист?!)

Чоршанбе, 29 Март 2017 08:14



13.03.2017. Соат бо вақти Душанбе 18:30 дақиқа. Ин шом хостам 2 дӯсти хориҷиам Рето ва Дэвидро, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба Душанбе аз Швейтсария омадаанд, ба шомхӯрӣ даъват кунам. Тасмим мегирам онҳоро ба тарабхонаи «Бундес бар», ки ба фарҳанги аврупоӣ наздиктар аст, бубарам, то ин, ки эшон худро бароҳат ҳис намуда, хӯроки дилхоҳи хешро дар ин тарабхонаи олмонӣ бихӯранд. Тарабхона, дурусттараш бар, ки дар ошёнаи 1-уми бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷойгир аст, бо завқу салиқаи олмонӣ оро ёфта, фазояш низ аврупоист ва кас метавонад дар чунин фазои хуш бо оромиш нишаста, сӯҳбат намояду хӯрок бихӯрад. Ман 2 сол қабл боре ба ин тарабхона омада будам, он замон аз хизматрасониву хӯрокҳояш хеле розӣ рафтам. Аммо ин маротиб, алалхусус бо меҳмонони хориҷӣ аз «Бундес бар» пушаймон шудам! Барои чӣ? Ҳоло хоҳам гуфт!

Гӯшти хук-интихоби №1-и мизоҷон
Мо бо Рето ва Дэвид ба «Бундес бар» ворид шуда, дар 1 канори толор барои худ ҷо гирифтем. Нишастан замон ба сӯямон пешхизмат-ҷавонписар омада китобчаи хӯрокҳо ва нӯшокиҳоро пешниҳод намуд. Бачаҳо барои худ аз байни даҳҳо намуд оби ҷави бар танҳо оби ҷави истеҳсоли Тоҷикӣ-«Сим-сим»-ро интихоб карданд. Баъдан шурӯъ кардем ба интихоби ғизои шом. Пешхизмат бароямон бештар хӯрокҳо аз гӯшти хукро, ки дар ин тарабхона серхаридор будааст, тавсия медод. Чун шояд дид, меҳмонҳо хориҷианд ин корро кард, вале дӯстони ман ба ҷои гӯшт бештар сабзавот мехӯрдаанд ва хӯрокеро интихоб карданд, ки гӯшт камтару сабзавот бештар дошта бошад. Ман, ки дар хеле аз тарабхонаҳои пойтахт будаам, танҳо дар ин ҷо шунидам, ки дар бораи хӯрокҳо аз гӯшти хук, ки хӯрдани он барои ҷомеаи мусалмонии Тоҷик макрӯҳ аст, ин қадар ошкоро ва бо шавқу рағбат ҳарф бизананд ва тавсия намоянд. Кунҷкобиам боло рафту аз пешхизмат пурсидам, оё мардуми Тоҷик ҳам, ки меоянд, инҷо гӯшти хук мехӯранд? Ҷавонписар гуфт, ки «оре, бештар ҷавонон майли чунин хӯрокҳоро мекунанд, баъдан барои хориҷиҳо, ҳасибҳои хукие, ки ошпазҳои мо мепазанд, хеле маъмулу машҳуранд»-гуфт ӯ. Сипас, нақл кард, ки хӯрокҳо аз гӯшти хук дар бахши алоҳида ва аз тарафи ошпазҳои олмонӣ пухтаю омода шуда, ҳафтае 1 маротиба ин амал аз ҷониби намояндагони санитарию эпидемиологии пойтахт санҷида мешавад…

Мусиқии Тоҷикӣ манъ аст!
Дӯстони ман, ки ошиқи санъату мусиқии Тоҷикианд, хостанд суруди Тоҷикӣ, хоса, дар иҷрои Зафар Аюбӣ супориш диҳанд ва бо ин мақсад пешхизматро даъват карданду хоҳишашонро гуфтанд. Аз мусиқии баланду гӯшхароши роки вазнини аврупоӣ ҳама хаста шуда буд.
-«Дар ин ҷо гузоштани суруду мусиқии Тоҷикӣ манъ аст!»-таъкид намуд дар ҷавоб пешхизмат.
-«Чӣ хел манъ аст?» суол кардам ман.
-«Ана, ҳамин хел манъ аст, роҳбарият ба мо намегузорад, ки суруд ва ё мусиқии Тоҷикӣ гузорем, зеро ин тарабхонаи олмонӣ аст. Дар 1,5 соле, ки ин ҷо кор мекунам, танҳо 2 маротиба суруди Тоҷикӣ гузошта будем ва он ҳам дар зодрӯзи дӯстони раисамон, тамом! Худамон хам хаста шудем, садои чунин мусиқии рок гӯшу майнаамонро кайҳо хароб кардааст, аммо чӣ чора. Мо коргари оддием!»-чунин гуфту рафт пешхизмат…
Ман пас аз ин ҳарфҳо чанд муддат дар ҳолати шокӣ қарор доштам, ки чӣ гуна дар ҳудуди Тоҷикистон, дар дили Душанбе, дар зери утоқҳои стратегҳои асосии мамлакат, ки сиёсати геополитикиро пеш мебаранд, шунидани суруди Тоҷикӣ манъ бошад!? НОНСЕНС! Нафаҳмидам ва фаҳмида ҳам наметавонам. Дӯстонам низ ангушти ҳайрат газида хомӯшона сӯи ман нигоҳ мекарданд… Мехостем ба нишони эътироз аз ҷо хеста баромада равем, лек аллакай хӯрок оварда буданду ба хотири кам нашудани маоши пешхизмат Дэвид моро маҷбур кард бишинем.

1 чойник чой 15 сомонӣ!
Хӯрок-1 пораи гӯшти гови сурхкардашударо бо боимҷону помидору сабзӣ ва шалғам бо дили нохоҳам хӯрда пас аз тановули он чойи кабуд фармудем. Пешхизмат бароямон чой овард. Чойи кабуди маъмулӣ бе ягон иловаҳои мевагӣ. Чойро нӯшида суратҳисоб хостем, пешхизмат бароямон суратҳисоб овард: 256 сомонӣ! 256 сомонӣ барои 3 бокал оби ҷав, каме нони бирёни сиёҳ ва панир-хӯриш бо оби ҷав, 2 гӯшт бо сабзавот ва чойи кабуд, ки расо 3 пиёла чой дошт. 1 чойник чойи кабуд 15 сомонӣ! Дӯстон нагузоштанд, ки ман ҳисобӣ кунам ва худашон пули хӯрок доданд. Пешхизмат моро то берун аз дари «Бундес бар» гусел карда, аз пасамон 2-3 маротиба «Хуш омадед! Боз биёед!» гуфт. Лек ман пеши худ гуфтам, ки дигар ба чунин ҷое, ки аз фарҳангу санъати Тоҷиконаи ман фарсахҳо дур асту мусиқаи Тоҷикиро манъ кардаанд, ҳаргиз нахоҳам поямро гузошт. Ҷое, ки Тоҷик будани ман ба хотири нозу нузи 1 тоҷики дигари аврупоишуда поймол шудааст, на танҳо ман, ки балки Ватану Миллатамро хор месозад! Мо метавонем!


Мину Аминзода, СССР
13.03.2017 аз «Бундес бар»

Чоршанбе, 29 Март 2017 08:05

Чакани ҳақиқӣ ҳоло аз байн рафта ба ҷояш чакани сунъӣ вориди бозорҳо ва мӯд шудааст. Сафи қаламзанону гулдӯзони воқеӣ низ сол аз сол кам шуда сабку услуби хоси қаламзаниву гулкорӣ ҳам дорад, фаромӯш мешавад. Ҳатто ягона корхонаи «Чакан»-ро, ки дар ш.Кӯлоб ҷойгир буда бо ҷалби занҳои ҳунарманди маҳаллӣ ба истеҳсоли куртаҳои чакан машғул буд, бастанд. Ва ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар тайи чанд соли охир пайваста талқин месозад, ки ҳунарҳои мардумӣ бояд фаромӯш нашаванду духтарону занони Тоҷик бояд ба либоси миллӣ бештар таваҷҷӯҳ намоянд.

Сешанбе, 28 Март 2017 19:22

Баҳси мо-2

саҳ 4 аз 11

Китобҳо

Flag Counter