ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 02 Март 2017 11:47

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Теша Азизов, муаллими собиқадор аз деҳаи Тангаии ноҳияи Ваҳдат (тел: 919 73 73 38) дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки 1 ҳамкорам аз ман пурсид: «Оё визаи рафтуомад байни Душанбе ва Тошканд барҳам хӯрда бошад?» Хоҳиш дорам, ки ба ин суол ва хоҳиши ҳамкорам, агар хабардор бошед, посух нависед. Зеро ӯ сахт интизор аст, ки кай визаи Тошканд бо Душанбе лағв мешавад?

Аз СССР: Не, виза лағв намешавад! Ӯзбакистон, ба андешаи мо, боз ба ҳамон кишвари пӯшида табдил хоҳад ёфт. Ин фикри мост ва Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 02 Март 2017 11:26

Кӯлоб аз куҷо оғоз мешавад?

Ҳамин лаҳза китоби хуштарҳе дар даст дорам, ки дар бораи бандару вокзалҳои машҳур ва маъруфи дунё қисса мекунад ва дар муқаддима мақоли “ Тамоми шаҳрҳо аз вокзал (бандар) оғоз шуда, дар он анҷом меёбанд”-ро овардаанд. Дар ҳақиқат агар ту хонанда боре ҳам берун аз зодгоҳу ватани бобоӣ сафар карда бошӣ, зебоию ободии он шаҳрҳои сафаркардаатро аз тасвири бандару вокзал ва фурудгоҳи он оғоз менамоӣ.

Шаҳри бостонии Кӯлобро аксари сокинони арҷманди ҷумҳурӣ ва онҳое, ки солҳои қабл ба ин “ганҷхона”-и тамаддуни Тоҷикӣ ташриф овардаанд, бо автовокзали дар даромадгоҳи шаҳр ҷойгир буда, ёдоварӣ мекунанд. Дар асл тасвири чанд сол пеши ин шаҳристонро бинои боҳашамати оинабандишудаи дар услуби мудерни аврупоӣ сохташуда, ки атрофи онро гулгашту боғчаи маҷнунбедҳо иҳота намуда, дар болояш бо ҳарфҳои калон “Кӯлоб” навишта шуда буд, муаррифӣ мекард. Вокзали Кӯлоб ба ғайр аз бинои асосӣ, аз 2 майдонча, аввалӣ, дар қисми пеши бино, ки аз таваққуфгоҳ ва истгоҳи таксиҳои дохилишаҳрӣ ва дуюмӣ дар қисмати ақиби бино, ки аз перронҳои болопӯши барҳавои автобусҳои мусофирбари байнишаҳрӣ, иборат буд. Дар қисмати пеши бино, ҳамшафат бо хиёбони марказию атрофи он гулгашту боғчаи дарахтони сояафкан ва харакҳои нишасту истироҳатӣ мавҷуд буд. Вежагии вокзали Кӯлоб аз дигар вокзалҳои кишвар дар он буд, ки мусофирон ва меҳмони шаҳр роҳат ва аз гармои тақатфарсо ва тамузи тобистон таги маҷнунбедҳои атрофи он, дар ҳавои кушод метавонистанд, нақлияти худро интизор шаванд. Маҳз ин вежагӣ автовокзали Кӯлобро миёни ҳамтоҳояш дар ҷумҳурӣ маъруфу шинохта карда буд.

Маҷнунбедҳои “маҳҷур”-шудаи Кӯлоб

Бо ҳама ғуруру нотарсӣ ва паҳлавонию шерафканӣ ҷавонмардони кӯлобӣ маъмулан аз фаронсавиҳо ҳам бештар романтик мебошанд. Ишқу ошиқии кӯлобиҳо аз филмҳои ҳиндӣ ҳам рангинтару беинтиҳост. Шояд ҳамин муҳаббати серрангу беинтиҳост, ки ин мардум дар гузашта аз ҳама бештар сояи маҷнунбедро интихоб мекарданд. Насли калон ва миёнасоли ин шаҳри азиз на танҳо аз маҷнунбедҳои шафати автовокзал, балки аз дигар гулгашту боғчаҳои дар гузашта бешумори ин шаҳр хотираҳои гуворо доранд. Аммо бо таассуф имрӯз ҷойи он гулгашту маҷнунбедҳоро қатор-қатор мағозаву нуқтаҳои тиҷоратии бо услуби “лулиҳо” биношуда гирифтаанд, ки ин шаҳри таърихиро ба 1 бозори бузург мубадал кардааст. Албатта, ҳар насл вобаста ба завқ, дониш ва ҷаҳонбинии худ хонаву дар ва шаҳру деҳкада месозанд. Гузашта аз ин шахсан ман ҳич гоҳ зидди тиҷорату тоҷирӣ, хусусан ҳар чи зиёдтар бино кардани ин гуна иншоотҳо дар Кӯлоби азиз набудам ва нестам. Аммо маҳз болои ин гулгашту боғчаҳо ва он қитъаҳои замине, ки солҳо макони истироҳату фароғати аҳолӣ ва яке аз атрибутикаҳои асосии зебоии ин шаҳри бостонӣ ба ҳисоб мерафт, боз ҳам ба ин услуби “масхараомез” бино шудани иншоотҳоро, фаҳмида наметавонам. Феълан ин қитъаҳоро дар шаҳрсозӣ “хатти сурх” (красная линия) гуфта, қонунгузорӣ ҳатто сохтмони иншоотҳои муваққатиро дар ин минтақаҳо мамнӯъ медонад...

Мушкиле, ки ҳич ҳал намешавад

Масъалаи тамбашавии нақлиёт дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, хусусан дар назди автовокзал ва бозори марказӣ, яке аз мавзӯҳоест, ки чандин сол аст васоити ахбори омма аз он бонги изтироб мезананд. Дар ҳақиқат ин танбашавӣ на танҳо мӯъҷиби коста шудани ҳусни шаҳр, балки боиси фалокатҳои нақлиётӣ ва саргардонии сокинону меҳмонон мегардад. Сабаби асосии ҷамъ шудани теъдоди аз ҳад зиёди автомашинаҳо дар шафати автовокзал, маҳз ҳамон нуқтаҳои тиҷоратиест, ки дар ҷойи гулгашт ва ё боғчаи маҷнунбедҳо сохта шудаанд. Аслан нақлиёти дар 2 канори роҳ истода, ин автомашинаҳои кормандони нуқтаҳои тиҷоратӣ ва ё мизоҷони онҳо мебошанд, ки рӯзи дароз хатти автомобилгарди 2 тарафи роҳро банд карда меистанд. Ҳамчунин иншоотҳои номбурда, паҳнои роҳи пиёдагард (тротуар)-ро танг карда, савдогарон молу воситаҳои тарғиботӣ (реклама)-ашонро ба берун ва қад-қади ин роҳ мебароранд. Ин боис ба он мешавад, ки шумораи зиёди пиёдагардон (мусофирону меҳмонони шаҳр) роҳро тавассути хатти мошингард убур намуда, вазъияти хатарзо ва фалокатоварро дар роҳи мошингард ба вуҷуд оваранд.

Хиёбон ё “ҳазорхона»-и гов?

Падидаи дигаре, ки меъмориҳои ин шаҳри зебову диданиро ба «ҳазорхона»-и гов табдил додааст, боз ҳам дар гулгашту хиёбон ва пешорӯю шафати биноҳои маъруфи ин шаҳр бино шудани хаймаҳои тиҷоратӣ мебошанд. Ин иншоотчаҳои қонуниву ғайриқонунӣ биношуда, мисли сатр зебоӣ ва нафосати меъмории биноҳоро печонида, шаҳрро бетартиб ва бенизом кардаанд. Махсусан дар хиёбони марказии шаҳр, аз гардиши Кӯҳнашаҳр то чорсӯи “Равшан” дар ҳар 2 тараф иншоотҳои автовокзалу чойхонаи як вақтҳо машҳури “Бадахшон”, бинои бозори “Саховат”-у хонаи хизмати маишии “Ғайрат”, меҳмонхонаи “Хатлон”-у дигар иншоотҳо пушти ин хаймаҳои “лулигӣ” нопадид шудаанд. Ин аҳвол дар дигар мавзеъҳои маъруфи шаҳр низ ба назар мерасанд, аммо маҳз даромадгоҳи шаҳрро ба ин аҳвол расонидан, ба андешаи ғолиб на ба нафъи кӯлобиҳои арҷманду на меҳмонони он мебошад. 

Ҳамчунин дар ҳамин минтақаи номбаршуда 2 мактаби таҳсилоти миёна ва яке аз иншоотҳои таърихии шаҳр-“Қалъаи Кӯлоб” ҷойгир мебошанд. Аз ин лиҳоз суоли матраҳ он аст, ки “Оё дар шафат ва наздикии муассисаҳои таълимӣ, хусусан мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони нуқтаҳои тиҷоратию хизматрасонӣ то чӣ андоза мутобиқ ба доираи қонунгузорӣ ва қойдаҳои шаҳросозӣ мебошанд?”. Дуюм оё шаҳрдорӣ ва дигар масъулони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ташрифи меҳмонону саёҳони ба зиёрати ин шаҳри бостонӣ, хусусан ба “Қалъаи Кӯлоб” омадаро дар он шароит, чи гуна тасаввур мекарда бошанд?

Ободии Кӯлоб дар дасти кӯлобиҳо

Имрӯз сари ободонию рушди ин шаҳри бостонӣ, ки яке аз “гаҳвораи заррин”-и тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб меёбад, дар ҳар доираву маъракаҳо бисёр мулоҳизаҳо менамоянд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони маҳалӣ низ дар 25 соли истиқлолият дар ободонии ин диёри мардони наҷибу бонувони кадбонӯ кӯшишу заҳмати зиёд намудаанд. Хусусан иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти  ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, ҷиҳати таҷлили 680 солагии ҳакими машҳури машриқзамин Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили 2700 солагии Кӯлоб ва 10-ҳо чорабиниҳои сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки маҳз ба ободонии ин шаҳри бостонӣ нигаронидашуда буд, лоики таҳсуни офарин аст. Дар баробари ин иқдомҳои ҷудогонаи шермардони кӯлобӣ, соҳибкорону тоҷирон дар бозсозию ободонии ин шаҳри азиз, саҳифаи заррини таърихи тамаддунофари тоҷиконро пурра менамоянд. Ободии Кӯлоб ободии 1 гушаи зебоманзар ва 1 саҳифаи тиллоии таърихи Тоҷикистон, пешрафт ва тараққии Кӯлоб, ин зиндагии шоистаи сокинони ҷумҳурии азизамон ба ҳисоб меравад. Пас месазад дар ин амали хайр ҳар 1  фарди бонангу номус саҳмгузор бошад.

Зеро, МО МЕТАВОНЕМ!

Одинашо Муродов

СССР 

Аз редаксия: Сохтмонҳои мазкур, ки хабарнигори мо онро ба риштаи тасвир кашидааст, то сари кор омадани раиси нави ш.Кӯлоб матраҳ шудаву воқеан ҳам қадимтарин шаҳри Тоҷикистонро ба 1 қишлоқи бузург табдил кардаанд, ки ҷои таассуф асту бас. Зимнан бовар дорем, ки раёсати ш.Кӯлоб атрофи ин матлаб андешаи зарурӣ ва ба нафъи кор мебарорад. Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 02 Март 2017 11:17

 Дар арафаи Рӯзи матбуоти Тоҷик – 11 март нашриёти  «Истеъдод» китоби «Раҳбари дониш» – маҷаллаи маорифӣ ва адабӣ» –ро аз чоп баровард, ки ба қалами муҳаққиқи ҷавони таърихи матбуоти тоҷик Хуршеди Ҳамдам тааллуқ дорад. Ин китоб ҳамчунин ба 90 –солагии таъсиси маҷаллаи «Раҳбари дониш» бахшида шудааст.

Китоби мазкур доир ба таърихи пайдоиш ва ташаккули маҷаллаи «Раҳбари дониш» ҳамчун маҷмӯаи илмӣ – адабӣ  маълумот дода,  авзои сиёсӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои 20 ва 30 – юми садаи 20-ро ба риштаи таҳлил кашидааст. Инъикоси масоили мактабу маориф, бахусус рафъи бесаводӣ, таблиғи мактабҳои шакли нав, чопи адабиёти таълимӣ, тақсимоти ҳудудӣ – марзӣ, муносибатҳои миллӣ, вазъи адабӣ, мубоҳисаҳо дар атрофи алифбо ва забон  мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ҳаёти 1 давраи таърихи Тоҷикистонро бозгӯ кардааст.

«Раҳбари дониш» – маҷаллаи маорифӣ ва адабӣ» зери назари Абдусаттор Нуралиев, профессор,  доктори илмҳои филологӣ чоп шуда, устоди журналистони Тоҷик дар  сарсухани китоб   зикр кардааст, ки «маҷаллаи «Раҳбари дониш»  нашрияи пурарзишест, ки барои инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии солҳои аввали Тоҷикистони мухтор ва баъдан ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси манбаи боэътимоди иттилоърасонӣ саҳми сазовор гузоштааст. 

Хуршеди Ҳамдам, муаллифи рисола комилан дуруст қайд мекунад, ки «пайдо шудани маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар ҳаёти тоҷикони Осиёи Миёна ва дар  пешрафти ҳаёти  онҳо ҳодисаи таърихӣ буд». Зеро ба иддаои муҳаққиқон маҳз ба воситаи ин маҷалла тоҷикони берун аз марз    аз ҷомеаи сотсиалистӣ дар Тоҷикистон огоҳ мешуданд. «Раҳбари дониш» ҳатто дар Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон хонандагони худро пайдо карда буд. Дар маҷалла дарҷ гардидани чанд хабару мақолаҳо аз муаллифони хориҷи кишвар низ гувоҳи он аст».

Дар саргаҳи фаъолияти «Раҳбари дониш» устодон Садриддин Айнӣ,  Собит Манофзода, Муҳаммади Мусавӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Азизӣ, Деҳотӣ, Турақул Зеҳнӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва дигарон қарор доштанд. Таъкиди муаллиф ба маврид аст, ки ташкили матбуоти миллӣ, ки минбари баёни розу ниёзи равшанфикрони тоҷик дониста мешавад, дар солҳои 20 – уми асри 20 заминаи ҳалли бисёре аз масъалаҳои муҳими мардуми тоҷик гардид. Дар китоб баробари осори публитсистони касбии тоҷик, мақолаҳои раҳбарони он давраи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон — Абдуқодир Муҳиддинов (нахустин сарвазири Тоҷикистон), Аббос Алиев (нахустин вазири маорифи Тоҷикистон) ва дигарон нашр шудаанд. Онҳо дар масоили тақсимоти ҳудудӣ – марзӣ ва муносибатҳои миллӣ матлабҳо чоп карда,  барои ҳифзу ҳимояи тоҷикон бархостанд.

   Масъалаҳои мактабу маориф ва фарҳангу адабиёт дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» аз ҷониби муаллиф хеле хуб таҳлилу баррасӣ шудаанд. Воқеан ҳам маҷалла дар масъалаи маҳви бесаводӣ, сохтмони мактабҳои шакли нав, ташаккули мактабу маориф, нашри адабиёти таълимӣ нақши бузурге гузошт, хоса барои ба вуҷуд овардани инқилоби маданӣ дар ҷомеа замина гардид.

Ҳамзамон маҷалла дар соҳаи рушди адабиёт низ хизмати арзанда дошта,  дар баробари проблемаҳои маориф ва масъалаҳои мубрами он ба мушкилоти адабиёт, нақди адабӣ, забону хат, робитаҳои адабӣ ва тарҷума низ пардохт.

Ҳамчунин баъзе масоили марбут ба баҳсу мунозираҳои он давра  низ аз назари муҳаққиқ дур намондааст. Хусусан мубоҳисаҳо дар атрофи алифбо ва забони адабии тоҷик дар маҷалла ба хонандаи ин асари илмӣ маводи ҷолиб пешниҳод менамоянд. Дар ин хусус қайдҳои муаллиф ба маврид аст, ки мубоҳисаҳо дар атрофи алифбо ва забон дар «Раҳбари дониш» тавассути равшанфикрони давр аз доштани минбари озод дарак дода,  намояндагони аҳли қалам тавонистанд аз ин имконият ба хубӣ истифода баранд ва дарди дилашонро барои покизагии забони тоҷикӣ ифшо созанд.

Аз бойгонии СССР: Хуршеди Ҳамдам кист?

Хуршеди Ҳамдам (Хуршед Андамов) унвонҷӯи кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда,  дар мавзӯи  «Ҷойгоҳи маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар низоми матбуоти тоҷики солҳои 20 – 30 — и садаи 20» таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳад.

Номбурда факултаи журналистикаи ДМТ – ро соли 1995 бо донишномаи аъло (дипломи сурх) хатм карда,  солҳои 1995-1996 ҳамчун устод дар кафедраи забону адабиёти байнифакултавии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Соли 2002 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2010 дар факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе аз фанни журналистика ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Хуршед Андамов аз соли 2015 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ мебошад.

 

 

Панҷшанбе, 02 Март 2017 11:16

Дар сайтҳои хабариву таҳлилии интерет қабл аз сафари В.В.Путин-президенти Русия ба Душанбе сару садое пайдо шуд, ки гӯиё Кремл дар ҳоли ҳозир масъалаи таъсиси базаи  дуюми ҳарбиашро дар Тоҷикистон меандешад. Вале Александр Фомин-муовини вазири дифои Русия 28 феврал дар Бишкек дар посух ба суоли хабарнигорон, ки “оё Русия нақшаи сохтани пойгоҳи дуюмаш дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари шарикашро дорад?”, гуфт, "чунин масъала баррасӣ намешавад. Дар сурати зарурат, дар сурати розигӣ ва ҳамкории шарикон ин кор метавонад сурат бигирад. Вале дар ҳоли ҳозир чунин масъала дар дасти баррасӣ нест.” Фомин афзуд, тағйирот метавонад дар сурати зарурати фаврӣ ва бо ризоияти шарикони Русия сурат бигирад.

 

Панҷшанбе, 02 Март 2017 11:14

1 видеоролик дар бораи ташкили фоҳишахона дар чанд боғчаи бачагонаи вил.Сурхондарёи Узбакистон дар интернет баҳси сахтеро ба вуҷуд овард. Навори озору азияти кӯдакон ва ташкили фоҳишахона дар баъзе аз боғчаҳои бачагона моҳи феврали ҳамин сол аз ТВи маҳаллии ш.Тирмизи вил.Сурхондарё намоиш дода шуд. Мақомот мегӯянд, гузориши телевизиони маҳаллӣ дар асоси маводи мақомоти пулис таҳия шудааст, ки моҳи ноябри соли гузашта бо насби камераҳои назоратӣ дар боғчаҳои бачагона ба даст омад. 1 намояндаи прокуратураи Сурхондарё гуфтааст, ки ҳангоми рейд дар кӯдакистонҳои №2 ва №23-и ш.Тирмиз камераҳо насб карда шуд. Баъдан посбонҳои ин кӯдакистонҳо Муҳиддин Мӯсоев ва Рустам Аллаёров ҳангоми ҷиноят, яъне ташкили фоҳишахона дар кӯдакистон дастгир гардиданд. Суд ин 2 нафарро бар асоси моддаи 131-и Кодекси ҷиноятии ҶУ-"даллагӣ" ба 3 соли зиндон маҳкум кард. Дар бахше аз видео мураббиён дар ҳоли тарс додани кӯдакон бо корд ҳам тасвир ёфтаанд. Дар навор дида мешавад, ки корманди яке аз боғчаҳои бачагона кӯдаконро ҷисман ва рӯҳан азоб медиҳад. Барои мисол, ин мураббӣ кордро бардошта, ба кӯдакон таҳдид мекунад, ки забонашон ё ягон узви муҳими дигарашонро бурида мепартояд. Прокуратураи Сурхондарё гуфтааст, дар пайи таҳқиқи ин ҳодисаҳо ду посбони боғчаи бачагона ба 3-соли зиндон маҳкум ва то 10 корманди масъул аз кор ронда шудаанд. Инчунин мудири маорифи Деҳнав Сувонов Ҳайдар Умарович аз мақомаш барканор гардид.

 

Панҷшанбе, 02 Март 2017 11:12

Телеканали "Алиф”-и Русия рӯзи 1 март-барномаи наверо бо номи "Стоп Ҳаром” оғоз кард. Ислом Исмоилов-ровии барнома дар кӯчаҳои Маскав, дар минтақаи атрофи вокзалҳои роҳи оҳани Қазону Ленинград ва Ярославл гашта, мусалмононро аз корҳои ғайришаръӣ, мисли нӯшидани машрубот ва кашидани сигор ва дигар рафтори бад манъ мекунад. 1 зодаи Узбекистон, ки мастомаст ба чанги ровӣ афтод, бо забони кандаи русӣ далел меовард, ки 3 сол боз хонаводаашро надидааст ва барои ҳамин “роҳи ҳал”-ро дар майзадагӣ дидааст.

 

Панҷшанбе, 02 Март 2017 10:58

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба баъзе роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ кардааст. 

Ин нуқтаро вазири корҳои дохилӣ дирӯз дар ҷаласа ВКД ҶТ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ба масъулини соҳа зикр намуда дар ин маврид 1 қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Чуноне ки смонаи ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар ҷаласаи селекторӣ (видео-конференсия), ки рӯзи 1.03.2017 дар ин ниҳод баргузор гардид, масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва риояи қонуният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳолатҳои даст задани кормандон ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштаро мавриди муҳокима қарор дода, зикр кард, ки кормандони милитсия бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта равона созанд.

СССР

 

 

 

  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 11 аз 11

Китобҳо

Flag Counter