ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 26 Май 2017 11:27


Панҷшанбе, 25 Май 2017 16:04


 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ шаби 20 - ум ба 21 - уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандон Қурбонов Абдуқаюм, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати шаҳраки Панҷ, Пирумшоев Аъзамшо, соли таваллудаш 1982 ва Шодмонов Абдуҷаббор, соли таваллудаш 1974, сокинони ноҳияи Панҷ, кӯчаи О. Ҳайдарова бо ҷурми даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардиданд.
 
 
Маълум гардид, ки ба онҳо бо маслиҳати пешакӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи «Фаррух», бо тахаллуси «Хаттаб» аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар минтақаи ноҳияи Панҷ як халта бо 20 - адад бастаҳои полиэтилении дорои моддаи монанд ба маводи нашъаоварро бар ивази маблағи пулии муайян додааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони гумрук дарёфт ва мусодира гардид.
 Мувофиқи санади Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД - и ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маводи мусодира шуда, маводи нашъадори навъи «ҳашиш» буда, вазни умумии он 19 килограмму 150 граммро ташкил медиҳад.
 
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрвандон Қурбонов Абдуқаюм, Пирумшоев Аъзамшо ва Шодмонов Абдуҷаббор ва дигарон бо моддаҳои 36 қисми 5, 289 қисми 2 ва 200 қисми 4 банди «д» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар тафтишоти Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.


 
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Панҷшанбе, 25 Май 2017 13:42


Шаҳритус аз ноҳияҳои осебпазир аз ҷиҳати ифротгароӣ унвон шудааст, ки барои мубориза бурдан ба он талош мекунад. Зуд-зуд дар ин ноҳия ба терроризму экстремизм мубориза мебаранд, хоса, дар чанд деҳае, ки он ҷо мавзуи ифротгароӣ доман паҳн кардааст. 14.05.2017 мақомоти дахлдор ҳамроҳии муовини раиси ноҳия доир ба идеология Ашурова Анзурат, дар деҳаи Бинокори ҷамоати деҳоти «Обшорон»-и н.Шаҳритус бо сокинони деҳа вохурӣ гузаронид. Мақомоти дахлдор дар ин вохӯри пешниҳоди аҷибе кардааст, ки “бо оилаҳои ифротӣ хешутаборӣ ва қудогӣ накунанд ва онҳо аз деҳа кӯчонида шаванд.”
Саидҷафар-муовини раиси ҷамоати деҳоти «Обшорон» дар сӯҳбат бо СССР тасдиқ намуд, ки “чунин пешниҳод аз ҷониби раиси маҳалла ва ҳукумати ноҳия буд ва ман дар протокол қайд намудам, лек намедонам, ки чаро чунин пешниҳод сокинони деҳаро ба ташвиш овардааст? Дар охири сӯҳбат котиби раиси ҷамоати деҳоти “Обшорон” афзуд, ки худи раиси маҳалла бо 1 оилаи ифротӣ пештар муноқиша доштааст, шояд ин ғараз ҳамон бошад, аммо муовини раиси ноҳия Ашурова Анзурат ин пешниҳодро дастгирӣ кард.


Муродов Ҳисомуддин-сархатиби ноҳия дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки “ман ҳам дар ин ҳамоиш иштирок доштам. Ҷавононро дар бораи шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои “ДИИШ” огаҳ кардем. Худи раиси маҳалла пешниҳод кард, ки “оилаҳои ифротиро аз деҳа ва худи ноҳия бикучонанд” ва мо ин пешниҳодро дастгирӣ кардем”.
Дар ин чорабинӣ Шукронаи Ҷамшед-хонандаи синфи 11 дар баромади худ қайд кардааст: “Оилаҳое, ки ифротӣ ҳастанд, бигзор аз деҳа бадарға шаванд”.
Сайдалиева Гулнора-директори мактаби миёнаи №3 андеша ва таклифи Шукронаро тасдиқ намуда гуфтааст, ки “ман бо суханони ин хонанда ҳамшарикам ва шарм мекунам, ки дар чунин деҳаи “овозадор” кор мекунам”
Гуфта мешавад, ки дар ин чорабинӣ беш аз 500 нафар хонандагони мактаб дар ҳавои гарми 45 градус иштирок доштанд ва 5 нафар хонанда аз баландшавии ҳарорати ҳаво аз ҳуш рафта, дар беморхонаи марказӣ бистарӣ шудаанд.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 25 Май 2017 13:04


Рӯзи 22 майи соли равон мулоқоти Раиси Раёсати ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Тоҷидин Пирзода бо роҳбарияти ширкати «Алварез & Марсал», ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба ҳайси мушовир интихоб шудааст, доир гардид. Ин мулоқот дар доираи Лоиҳаи ҳамкориҳо оид ба солимгардонии вазъи молиявии ТСБ бо БАТР сурат мегиранд.
Лоиҳа аз ду марҳала иборат буда, дар мараҳалаи аввал аз санҷиши маҷмӯии молиявӣ ва амалиявии бонк ва дар марҳалаи дуюм тавсияҳо оид ба дурнамо ва таҷдиди сохтори Бонк таҳия мегардад.
Кумаки техникии мазкур барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани самтҳои асосии фаъолияти ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва пурра барқарор намудани вазъи молиявии он равона карда шудааст. Санаи 23 май тими мушовирони БАТР, ки аз 7 нафар иборатанд, дар Тоҷиксодиротбонк ба фаъолият шурӯъ карданд.
Рӯзи 23 май дар ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" мулоқоти дигари  Раиси Раёсати ТСБ Тоҷидин Пирзода бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), ки баҳри шиносоӣ бо раванди солимгардонии вазъи молиявии Бонк таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росса ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор шуд.
Тоҷидин Пирзода ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Бонк дар чор моҳи аввали сол ва раванди иҷрои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба стратегияи солимгардонии вазъи молиявии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" барои солҳои 2017-2019” ва “Стратегияи солимгардонии вазъи молиявии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" барои солҳои 2017-2021” маълумоти мухтасар дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки Раёсати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бо  мақсади ба эътидол овардани вазъи молиявии Бонк тамоми воситаю имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, дастуру супоришҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Шӯрои нозирони бонкро ба роҳбарӣ гирифта, дар ҳама самтҳо  фаъолияти худро ҷоннок намуда истодааст.
Бонк соли 2016-ро бо натиҷаҳои манфии молиявӣ- 337  млн. сомонӣ зарар чамъбаст намуда буд. Вале фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли равон бо нишондиҳандаи мусбат, яъне  5,7 млн. сомонӣ фоида ҷамъбаст намуд, ки ин яке аз нишонаҳои рӯ ба солимгардонӣ ниҳодани вазъи молиявии бонк ба ҳисоб меравад.
Пол Росса аз тарафи ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки кӯшишҳои тими роҳбарикунандаи бонк ва натиҷаҳои бадастомада қобили таҳсин аст ва изҳори умед намуд, ки дар ояндаи наздик Тоҷиксодиротбонк мақоми пешини худро дар низоми бонкии кишвар барқарор хоҳад кард.


СССР.

Панҷшанбе, 25 Май 2017 11:27


Ин шаб қалби яке аз тавонотарин журналистони муосир, яке аз асосгузорони журналистикаи ҳирфавӣ ва озод дар РСС Тоҷикистон, Бурҳон Сафарӣ, дар синни 55 солагӣ аз таппидан бозмонд, ки Худо раҳматаш кунад...
Бурҳон асосгузори нахустин ТВ шахсӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ дар авохири солҳои 80, баробари вазиши насими озодии горбачевӣ ТВ Кӯлобро таъсис дода буд. Оре, ин ТВ, ки имрӯз давлатист, моли ҳалоли Бурҳон буд...
Баъд аз чанде, дар соли 1991 газетаи олиҷаноби "Ҷоми Ҷам"-ро кушод, ки онро боевикҳои Рустами Абдурраҳиму Қурбони Зардак торумор кардаву аҳли корро то таки тиру тӯп бурданд. Чанде кушта гардид, чанде фирорӣ. Худи Бурҳон ҳамон шабу рӯз (25.04.1991) хушбахтона дар Душанбе буду ҷон ба саломат кашид...
Чандин сол гуреза буд, вале 1 дам бе ёди Ватан на...
Баъди бозгашт фаолияти корияшро дар газетаи Ҷавонони Тоҷикистон аз сар гирифт. Ҳеч аз ёдам намеравад, ки он замон барои ба кор гирифтани ӯ бо раёсати газета баҳс доштам. Онҳо мегуфтанд: "Бурҳон оппозитсионер аст! Мумкин нест ин ҷо кор карданаш", вале даъвои ман, ки гуфтам: "Бубахшед, қумандонҳои то оринҷ дар хуни оппозитсияро вазифа додеду протоколи Сулҳро имзо кардед...", Сафариро соҳиби ҷои кор кард.
Аммо чун вулқон буд, дар 1 ҷо ва зери итоати касе кор кардан наметавонист ва намехост. Рафт... Дар чандин рӯзномаву маҷаллаҳо кор кард. Ҳатто дар "Одаму Олам"-и Мираҳмад Амиршоев (Ғаффор-Седой) ва "Наҷот"-и ҲНИТ. Боре ҳам шӯхие шуда буд, ки ё Нурӣ Бурҳонро аз шароб мераҳонад ва ё Бурҳон Нуриро хуморӣ месозад...Ин ягона камбуди Бурҳони раҳматӣ буд, ки зи ғам бо бода хӯ гирифт, мисле ки аксарияти бошандагони ГЖК ба ин ишқ мубталоянд...
Ҳамин иллат ӯро пайваста бе кор мемонд. Охирин бор ҳам ба Оҷонсии Иттилоотии "Хатлон-Пресс" ба кораш гирифтем. Чанд моҳе кор карду рафт. Ҳаргиз ҷое таваққуф намекард.
Сабки вежа, қалами бурро ва профессионализм дошт. Русиро ба ҳадди аъло медонист. Тоҷикиро аълотар. Патриот буд ва мубориз. То лаҳзаи охирини умр сар пеши касе хам накард. Ҳаргиз касеро наситуд, подхалимӣ накард, мадҳия нахонд, ода насароид. Ва бо сари баланд ин ҷаҳони фониро падруд гуфтаву аз олами сифлии мо ба олами улвии малакутӣ ҷавонмардона бупайваст.
Ҷанозаи марҳум соати 11:30 дақиқа дар масҷиди зодгоҳаш, колхози Шаталови Кӯлоб баргузор мегардад.
Равонаш шод ва гӯраш обод бод. Омин!

Панҷшанбе, 25 Май 2017 09:57


Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар як посухи расмӣ ба радиои Озодӣ кушода шудани делоҳои ҷиноятӣ ва боздошти "чанд нафар кормандони Агентӣ”-ро тасдиқ карда, ӯ гуфтааст, ба хотири "халал нарасондан ба рафти тафтишоти пешакӣ доир ба саволҳое, ки ба оғоз ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати собиқ кормандони Агентӣ тааллуқ доранд, пешниҳоди маълумоти дахлдор ғайриимкон мебошад.” Султонзода дар ин посухи расмиаш ҳамчунин гузоришҳои нашршуда дар бораи ёфт шудани маблағҳои бузург дар ҷараёни кофтукоби манзилҳои мансабдорони боздоштшудаи ин ниҳодро рад кардааст: "Ҳамзамон бояд қайд кард, ки маълумотҳои дар васоити ахбори омма нашршуда, алалхусус оиди дарёфти маблағи пулии 35 млн. доллари ИМА аз хонаи модари Хайрзода д., 1 млн 300 ҳазор доллари ИМА ва 6 кило тилло аз манзили истиқоматии Холмуродзода Ф., халтаҳои пур аз маблағ, тилло ва сангҳои қимматнок аз бункери Ниёзбадалов (Абдуғаффорзода) Ф. ва сохтакорӣ будани натиҷаи ташхиси озмоишгоҳи "Био Папа”-и шаҳри Москва дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати Зайд Саидов асоси воқеӣ надоранд.” Ин нахустин шарҳи расмии Агентии мубориза бо коррупсия дар бораи делоҳои ҷиноятӣ ба зидди мансабдорони дар гузашта баландпояи ин ниҳод баъди беш аз 1 моҳи ибтидо аз мақомҳояшон барканор ва сипас боздошт шудани ин нафарон аст.

 

Панҷшанбе, 25 Май 2017 09:13


Шамсиддин Салимов, соҳибкор аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон бо СССР дар тамос шуд ва гуфт, ки ҳамин ҳозир дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» (барои синфи 11, саҳ.93. ш.Душанбе, с.2006) 1 сархати аҷиберо дар бораи хизматҳои дед, бобои Сангак Сафаров хондан дорам. Он ҷо муаллифон навиштаанд: «Баҳри мудофиаи сохти конститутсионӣ Ҳаракати мардумӣ таъсис доданд... Сангак Сафаров зодаи деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинг буда, соли 1928 таваллуд шудааст. Падараш-Пирназаров Сафар ҳанӯз солҳои 1930-юм чун муҳандис дар кони тилои Шугнов кор кардааст. Пас аз вафоти падару модар Сангак хонданро тарк карда, баҳри рӯзгузаронӣ корҳои гуногунро иҷро намудааст. Ӯ табиатан ҳақиқатпараст буд ва барои амалиётҳои ғайриматлубаш ҳабс ҳам шуда буд. Чун сарвари Фронти халқии Тоҷикистон дар байни мардум обрӯи калон пайдо намуд. 30 марти соли 1993 аз тарафи шахсони номаълум кушта шуд». Бовар мекунед, баъди хондани ин сутур дигар намедонам андешаамро чӣ тавр ба шумо баён кунам. Хурсандии ман аз он аст, ки ному хизматҳои бобои Сангак дар китоби дарсии таърих роҳ ёфтааст. Аз ин бармеояд, ки Сангак Сафаров барои барқарории Ҳокимияти конститутсионӣ хизмати шоёне карда будааст. Вагарна ба китоби таърих ворид шудани номи ӯ кори осон нест!!! Пас чаро бобои Сангак барои мо Қаҳрамон набошад???

Панҷшанбе, 25 Май 2017 09:10


Гулизор Танҷихолова, сокини ҷамоати деҳоти «Гулистон», аз деҳаи Оқ-газаи шаҳри Сарбанд (тел: 880 58 70 30) дар меҳмонии СССР гуфт, ки писарам Назаров Анвар аз с.2013 дар Русия муҳоҷири корӣ буд. Тибқи қонуни ФР барои ба танзимдарории ҳуҷҷатҳо убури марзи Русия барои муҳоҷирон ҳатмист. Ӯ низ барои убури марз 2 сол инҷониб ба Туркия бо сабаби арзон будани чиптаи ҳавопаймо мегузашт. 13.12.2016 ба Туркия гузашт ва ин ҳангом 19.12.2016 дар Анқара посоли ФР-Андрей Карлов кушта шуд. Он рӯзҳо Анварро мақомоти полиси Туркия ба ҳабс гирифта, то замони ба Русия гузаштанаш (26.03.2017) дар дасти мақомоти полиси Туркия будааст. Баъдан аз Туркия писарамро ба Русия ва аз Русия ба Тоҷикистон оварданд. Ҳоло ӯ дар СИЗОи КДАМ дар ҳабси пешакӣ, ба гумони даст доштан ба теракт қарор дорад. Писари маро туҳмат кардаанд, ки гӯё 600 рубли русиро ба кадом одаме дода бошад ва гӯё ӯро аз марзи Туркия ва Сурия қапида оварда бошанд. Суд барои ҳабси пешакӣ ба муҳлати 2 моҳ ба Анварҷон санксия додааст, лек писари 23-солаи ман ягон кори ғайриқонунӣ накардааст. Аз Президенти кишвар, муҳтарам Э.Раҳмон хоҳиш дорам, ки ба озод намудани писарам кумак расонад.

саҳ 4 аз 19

Китобҳо

Flag Counter