ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 29 Май 2017 09:36

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст

Душанбе, 29 Май 2017 09:33


Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ зимни сафари хеш ба ш. Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ки 27.05.2017 сурат гирифт, дар маросими ифтитоҳи Госпитали Шӯъбаи тиббии РВКД дар ин вилоят ширкат варзид.
Мавриди қайд аст, ки Госпитали мазкур аз таҳкурсӣ сохта ба истифода дода шуда, бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз ва ба талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Чуноне ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, пас аз маросими ифтитоҳи расмӣ Рамазон Раҳимзода дар саҳни госпитали нав бо кормандони госпитали Шӯъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ мулоқот намуда ҷиҳати дастгирию ғамхориҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуд.

СССР

Ҷумъа, 26 Май 2017 16:46


Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии н.Лахш андешаи Мушкинисои Сафар, сокини деҳаи Сугати Ҷамоати деҳоти Сурхоби н.Лахш бо номи «Дар Ҷиргатол роҳҳо бастааст!» (СССР №13, 30.03.2017)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Деҳаи Сугат дар баландии тақрибан 200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Воқеан, зимистони солҳои 2016-17 сербориш омада, тибқи баруйхатгирии ҳаррӯзаи Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия боришоти барф дар деҳаи мазкур беш аз 4,5 метрро ташкил мекард. Роҳи автомобилгарди деҳаи Сугат мавсимӣ буда, аз 15 ноябр то 15 апрел бо мувофиқаи мақомотҳои дахлдор баста мешавад. Ҳамасола зиёда аз 300 метри ин роҳро аз сабаби суст будани хоки замин оби дарёи Сурхоб хароб мекунад. Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи маблағҳои зарурӣ роҳи муваққатӣ сохта шуда, дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори давлатӣ барои кушодани роҳи автомобилгарди деҳаи Сугат тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.


Раиси ноҳия Баротзода
Файзулло Раҷаб

Ҷумъа, 26 Май 2017 16:43


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Имрӯз дар шаҳри Панҷакент ҳукуматдорон ба хоҷагиҳои деҳқонӣ гапи худро гузаронида натавониста мактабу беморхонаҳоро ба картошкакорӣ маҷбур намуда истодаанд. 1 кг тухмии картошка ҳоло дар бозор қариб 4 сомонӣ арзиш дорад. Оё мактабу беморхонаҳо, ки бар болои пули тухмӣ пули ҷуфту дорую коркард замм мегардад, баъди ғундоштани ҳосил, агар об шаваду картошка аз замин барояд, маблағи сарфнамудаи худро дарёб карда метавониста бошанд? Бар замми ин ҳукуматдорон ба корхонаи муштараки «Зарафшон» низ супориш додаанд, ки ба ҷои заркорӣ ба картошкапарварӣ машғул шаванд. Дар «Зарафшон» «ведомост» сохта, коргаронро ба зӯрӣ ва фишор ба супоридани 100 сомонӣ маҷбур карда истодаанд. Кас ҳайрон мемонад, ки мо дар давлати демократӣ-дунявӣ умр ба сар бурда истодаем, ё на? То кай ҳуқуқи моро поймол мекунанд?


Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент, тел: 92 895 05 55

Ҷумъа, 26 Май 2017 16:42


8 май дар хиёбони Ваҳдати ш.Қӯргонтеппа бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ аз назди Кохи Ватан то майдони И.Сомонӣ роҳпаймоии идона сурат гирифт. Нигоҳам ба кормандони БДА афтид, ки назди ошхонаи «Мадина» рақамҳои давлатии нақлиёти 2 канори роҳро мечиданд. Зоҳиран ронандаҳо дар бозору дӯконҳо пайи кори хеш саргардон буданд. Ҳадаф маълум: бояд соҳибони нақлиёт баъди чанде пайдо шуда думболи рақами нақлиёт гаишникҳоро биҷӯянд ва бо тавалло ё шояд пардохти ҷарима аз мушкил раҳо ёбанд. Гӯё ин амали ронандаҳо ҳуқуқвайронкунӣ бошад. Аввалан, иштирокчиёни роҳпаймоӣ ба ҳадде зиёд набуд, ки нақлиёти канори роҳ монеъи қадамзании онҳо шавад. Баъдан, агар нақлиёт мондан канори роҳе, ки аз он «парад» мегузарад, хилофи қонун бошад, пас чаро БДА манъи ҳаракат ва таваққуф дар хиёбони мазкурро 1 рӯз пеш тариқи ТВ ё радио эълон накард? Ин низоми кор дар ҳама шаҳрҳо ҷорист. Аз барои савоб магар намедонед, ки ронандаҳои бечора фолбин нестанд, то бидонанд, фардо хиёбон дар ин вақту соат барои роҳпаймоӣ лозим мешавад. Магар иштибоҳи масъулону кормандони БДАро ронандаи бечора ҷуброн кунад? БДА-и Қӯрғонтеппа кай озору азиятро бас мекарда бошад?


Марҳабо Рамазонзода,
журналист

Ҷумъа, 26 Май 2017 16:31


Донишҷӯ Далер Акобиров, сокини ноҳияи Варзоб дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки чанд шумораи пеш дар СССР хондам, ки 1 нафар гуфтааст: «Ман маҳалчиам, ту чӣ?». Муаллиф воқеан мардонавор ва гапи ростро навиштааст. Воқеан, ман ҳам маҳалчиам. Аммо мард он аст, ки бояд маҳалгароии вуҷудашро нишон дода, тан диҳад, ки маҳалгарост! Ба пиндори ман агар хоҳӣ, ки маҳалчӣ нашавӣ, бояд хуни Тоҷикиро иваз кунӣ. Агар ин пешниҳод ба касе сахт расид, мефаҳмонам: Хуни Тоҷик таърихи 6000-сола дорад, ки ин ба тамоми узвҳояш давидааст ва беохир аз ватандӯстӣ то диёрпарастиву маҳалошиқӣ рафтааст. Мо заношӯиро микромаҳаллӣ карда, «хунро вайрон намекунем!». Вале он, яъне Хунро бояд вайрон кард! Масалан, духтар ё писари Тоҷик ба ягон миллати дигар ошиқ шуда, бигзор зани ӯзбак, қирғиз, амрикоӣ, канадагӣ, рус, хитоӣ гирад!!! Аз инҳо фарзанде таваллуд мешавад, 50% ба миллати ғайр, вале 50% дигар ба Ватани худ муҳаббат дорад. Бигзор 50% Ватанро дӯст дорад. Ин хубтар аз онест, ки фарзанди мову шумо 100% маҳалчӣ бошад? Ё не?!

Ҷумъа, 26 Май 2017 12:24


Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия  Владимир Путин аз 9.05.2017 «Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 ва Ҷоми конфедератсияи ФИФА дар соли 2017 дар Федератсияи Россия» аз 1 июн то 12 июли соли 2017 дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочии Федератсияи Россия муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар мақомоти муҳоҷиратӣ 1 шабонарӯз муқаррар карда шудааст.
Шаҳрванди хориҷие, ки барои будубоши муваққатӣ, доимӣ ва ё фаъолияти меҳнатӣ дар давраи баргузории мусобиқаи конфедератсияи ФИФА,аз 1 июн то 12 июли соли 2017 ба шаҳрҳои номбаршуда ворид мешаванд, бояд давоми 1 шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд.
Бинобар ин зарур аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки дар давраи зикршуда (аз 1 июн то 12 июли соли 2017) мақсади воридшавӣ ба шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочиро доранд, дар сурати надоштани имконияти дар 1 шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, аз сафар ба шаҳрҳои мазкур худдорӣ намоянд. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор дар ин давра пурзӯр гардида, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонанд сабаби  татбиқи чораҳои қатъӣ аз ҷониби сохторҳои қудратӣ нисбат ба онҳо гарданд.
Бояд гуфт, ки чораҳои мазкур муваққатӣ буда, танҳо дар муддати 42 рӯз, яъне аз 1 июн то 12 июли соли 2017 татбиқ мегарданд ва онҳо на танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ тааллуқ доранд.



СССР


Ҷумъа, 26 Май 2017 11:50


Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри 1 паём дар саҳифаи фейсбукии худ тамоми мардуми Тоҷикро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик кардааст.
“Дӯстони азиз, ассалом! Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак”, - чунин мегӯяд хонум Элизабет Миллард дар паёми хеш.



СССР



саҳ 3 аз 19

Китобҳо

Flag Counter