ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, 30 Май 2017 08:27


Ҳикмати Рамазон
Аз ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон чанд сухан мегӯям. Дар баъзе аз ривоятҳо омадааст, ки рӯза бигиред, то ки аз нишоти дурӯғини нафси шайтонӣ наҷот ёбед. Вақте ки инсон рӯза гирифту ба рӯза алоқа пайдо кард ва ба он дил баст, он гоҳ кам-кам ба ботини рӯза пай мебарад.

Душанбе, 29 Май 2017 10:56


Имрӯз рӯҳониён ҳар 2 поро дар 1 мӯза дароварда, дастовардҳои илму олимонро инкор месозанд. Диндорони якраву беиродаи диёрам! Магар шумо намедонед, ки аз солҳои 1950 инҷониб садҳо одамон ба коинот парвоз карда, болои моҳтоб нишаста, ҳатто ба фазои кушоди коинот баромада, баргашта ба замин фаромада, ҳама чизи дидаашонро нақл карданд? Дастгоҳҳои техникӣ аз Амрико сар додашуда дар давоми 24 сол 16 млрд. км ва аз Россия сар додашуда дар 9 сол масофаи 6 млрд. км-ро тай намуда, ба сайёраи дигар расида, ба замин маълумоти лозимиро фиристоданд. Рӯҳониёну диндорони мусулмон бошанд, аз ақидаҳои хому пӯсидаи 14 аср пеш тарғибот мебаранд. Онҳо шуури одамонро гич ва пасту палағда сохта, ба асрҳои 6-7 баргаштанианд. Вақте, ки рӯҳонии тоҷик ва пайраву муридони онҳо дар автомашинаҳои Опелу Мерседес, Тойотаву Ауди… савор шуда, ришро то миёну салларо 1 метр баста, ба куҷоҳое, ки хоҳанд рафта тамошо ва кайфу сафо мекунанду боз орзуи асри пайдоиши дини исломро доранд, барои фаҳмиш ва фарҳанги замона шармандагист. Бовар кунед!!!


Комрони Далер,
Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Қӯрғонтеппа

Душанбе, 29 Май 2017 10:52


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Солҳои пеш дар маркази ноҳия 1 дӯкони газетфурӯшӣ буд, ки мардум тамоми нашрияҳои худро аз он дастрас мекарданд. Он солҳо бобои Эмом дар он киоск назди мардум дар хизмат буд ва кӯшиш мекард, ки ҷамъиятро ҳамавақт бо газетаҳои тозанашр таъмин созад. Ҳоло чӣ? Дар ин давраи рушду тараққиёт, дар ин замоне, ки ин қадар илму техника пеш рафтааст, ин қадар ободӣ шудааст, дар 1 ноҳияи калон киоск-дӯкони газетфурӯшӣ аслан вуҷуд надорад!!! Ин магар айб нест? Ин аст, ки мо ҳафтаномаҳоро имрӯз аз дӯкони китоб меёбем. 1000 раҳмат ба мудири мағозаи китоб, акаи Шарифалӣ, ки ҳар ҳафта рӯзномаю маҷаллаҳоро дар вақташ меорад. Шуъбаи фарҳанги ноҳия ва дигар мутасаддиён магар барои сохтани 1 киоск, ки ҳамагӣ 2-3 метр ҷоро мегирад, пул намеёбанд? Агар натавонанд аз ҳисоби халқ бисозанд, ё ба воситаи ҳашар!!! Мо Метавонем!


Ғуломалӣ Асоев,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Файзобод, тел: 93 701 46 01

Душанбе, 29 Май 2017 10:47


Узви Ихвон-ал-СССР, Зариф Маликов, сокини деҳаи Ғӯсари шаҳри Панчакент, бо телефони 907 47 27 99 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки ман дар бораи 2 мушкили ашаддӣ дар Панҷакент гуфтаниям. 1.Ҳоло ҳам нафақагирон нафақаи моҳи апрелро нагирифтаанд. 2.Ҳукумати ноҳия ҳамаро маҷбур кардан дорад, ки дар заминҳояшон картошка бикоранд. Аммо дар бозор 1 кг картошкаи тухми 4 сомонӣ, картошка барои истеъмол 5 сомонӣ. Мардум, ки пул надоранд, иловатан пенсия худро нагирифтаанд, картошкаи тухмиро чӣ хел бихаранд?

Душанбе, 29 Май 2017 10:41


Узви Ихвон-ал-СССР, Комилҷон Мӯминов, аз н.Мастчоҳ бо телефони 92 833 05 39 ба СССР занг задаву гуфт, ки барои чӣ ротатсия нисбати Назарзода Шариф-сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд ва ҷонишинаш-М.Пироншоев иҷро намегардад? Ин савол аслан ба вазири корҳои дохилӣ, мӯҳтарам Рамазон Раҳимзода аст. Хуб, ин савол аз чӣ пайдо шуд? Шахсан аз болои 2 корманди милитсияи ноҳия ба Шариф Назарзода бо ариза шикоят кардам, аммо ягон посух нашуд. Аламовараш ин аст, ки вақте ба кормандони милитсия мегӯӣ, ки «ман аз болои шумо ба Назарзода шикоят мебарам», ҳамаи онҳо 1 гап доранд: «Сардори мо Назарзода аст, шикоятат бе натиҷа! Ба куҷое хоҳӣ шикоят бурдан гир!!!». Пас барои чӣ Назарзода аз вазифа намераваду ба ҷояш ягон коргари нав бо андешаву ғамхории нав биояд, то сохтор ислоҳ шавад? Ман сидқан хоҳиш дорам, ки ба ин саволам вазири ВКД посух гӯяд…

Душанбе, 29 Май 2017 10:37


Комроншоҳ Устопириён, паҳлавон ва варзишгарии шинохтаи Тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё, ки дар ш. Ҳонконг баргузор гашта буд, соҳиби медали тилло гашт. Вай дар вазни 90 кг. бар паҳлавони қазоқ Ислом Бозбоев пирӯз шуд.
Комроншоҳи Устопириён ҳоло дар рейтинги Федератсияи байналмилалии дзюдо бо 1460 имтиёз дар байни 299 гуштигири ҷаҳон дар вазни зери 90 килограмм дар мақоми 12-ум қарор дорад. Баъд аз пирӯзӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг дар феҳристи нави ҷаҳонии дзюдо боз чанд зина боло хоҳад рафт.

СССР

Душанбе, 29 Май 2017 09:46


(Ба 59-солагии Ёқуб Салимов бахшида мешавад)

Душанбе, 29 Май 2017 09:42


Дирӯз, 28.05.2017 дар силсилаи чорабиниҳо бобати таҷдиди НБО "Норак" трасформатори 450 мегаволт ампер бо вазни 214 тонна бо нерӯгоҳ ворид шуд.
Бино ба иттиллои маркази матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», нн трансформатор дар Туркия бо иштироки мутахассисони олмониву фаронсавӣ сохта шуда моҳи сентябри соли 2016 бо муваффакият аз озмоиш гузашт.
Он дар агрегати 8-ум насб мешавад ва имконият медиҳад, ки нерӯгохи азими Тоҷикон дар доираи иқтидори лоиҳавӣ нерӯи барқ истеҳсол намояд.

СССР

саҳ 2 аз 19

Китобҳо

Flag Counter