ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 02 Июн 2017 15:49


Салом газетаи мардумии СССР! Мо дар оила 2 маъюбем ва ин рӯзҳоро бо сахтӣ паси сар мекунем. Аз ҳоли мо ҳеҷ кас хабар намегирад ва намепурсад, ки шумо-маъюбон чӣ ҳолу аҳвол доред. Мо аз тарафи ягон ташкилот кӯмак намегирем! Бо 156 сомонӣ нафақа чӣ тавр зиндагӣ кардан мумкин аст!? Бори аввал нест, ки барои ҷудо кардани 1 порча замини наздиҳавлигӣ ба раиси ноҳияи Восеъ-Мӯсо Ғафурзода муроҷиат мекунем. Раис ҳамеша дастгирӣ мекунад, аммо дар ҷамоат аризаҳои пайдарпайи моро мегардонанд. Намефаҳмам, ки мушкил дар чист?


Марҷона Динорова,
Н. Восеъ

Ҷумъа, 02 Июн 2017 15:16


Доир ба ҷавобномаи сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми ҶТ, мӯҳтарам А.Зарипов («Мактаби фиребро аз раиси вилоят пурсед» (СССР, 11.04.2017, №19) гуфтанием, ки мо сокинони деҳоти Обҷувоз, Болғарӣ ва шаҳраки «Дилшод» беш 15 сол боз ба унвони собиқ раисони вилояти Суғд аз давраи роҳбарии Қосим Қосимов ва Қоҳир Расулзода сар карда, то имрӯз ҷиҳати мусоидат ба сохтмони мактаби №50, ки ҳанӯз с.1959 ба тарзу усули ҳашар сохта шуда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, даҳҳо бор кӯмак пурсидаем. Аммо масъулин ба ҷуз ваъдаҳои хушку холии бемантиқ домани моро бо чормағзи пуч пур карда, аз наздашон дур кардан ягон натиҷаи дилхоҳ надодаанд (нусхаи ҷавобҳоро замима мекунем). Бо пешниҳод кардани чунин посухҳо танҳо аз масъулини Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар Вазорату мақомоти дахлдори болоӣ хоҳиш менамоем, ки ҷавобҳои дорои фиребу бемантиқи шахсони масъули раёсати маориф ва дигар бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Истарвашан ва вилоятро бо маънои томаш хонда, вазъи ногувори мактаби №50-ро аз наздик дида, худ барои рафъи камбудию ҳолати ташвишовари мактаб мусоидат кунанд.


Донабоев Бахтиёр, Маҳкамов Ином, Хуршеди Азиз,
сокинони деҳаи Обҷувоз, ш.Истаравшан

Ҷумъа, 02 Июн 2017 15:12


Нафақагир, муаллимаи собиқадор, Сумангул Азизуллоеваи 72-сола, сокини шаҳри Ваҳдат, аз кӯчаи А.Рӯдакӣ-85, хонаи 18, бо телефони 93 970 92 75 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман ҳоло ба набераам фармудам, ки ба баланси телефонам 3 сомонӣ гузаронад, то ба СССР арзи дил кунаму худамро сабук эҳсос намоям. Хуб ман чӣ гуфтанӣ? Дар шумораи гузаштаи СССР роҷеъ ба дастнорасии телеканалҳои ТВТ дар н.Шаҳринав хондам. Воқеан муаллиф дуруст мегӯяд. Наход, дар Тоҷикистони азизу биҳиштосо зиста, ягон шабакаи ТВТро дида натавонем!!! Келинам тибқи устоҳои антеннаи параболӣ барои дидани ТВТ 1 базаро аз бозори Султони Кабир дар 150 сомонӣ харид, аммо усто бо ин база ягон канали ТВТро наёфт. Устои дигарро барои ёфтани амвоҷи ТВТ даъват кардем. Ӯ хело кор карду аз мо 50 сомонӣ ҳаққи заҳматашро гирифту гуфт, ки «ин базаи ту нашуд, ягон базаи дигар бигир». Боз аз пули нафақаам рафта 1 базаи дигар гирифтам, ин ҳам нашуд. Ман дигар ҳайронам, ки аз пули нафақа нон гирам, ё картошка, ё база? Картошкае, ки дар бозор 1 килои он 4-5 сомонисту 1 нон 2-3 сомонӣ ва 1 база 100-200 сомонӣ!! Ба виҷдонам савганд, айб аст, ки дар Ватанат зиндагӣ карда, телеканалҳои онро дида натавонӣ!!!

Ҷумъа, 02 Июн 2017 14:03


Дар ноҳияи Қубодиён Қурбонгул Сариева ба писари 18-солааш Ҳасан Ҷӯраев дастури қатли падарро дод. Падаре, ки бо 100 ҳавас дасти писарро гирифта буд ва аз аввалин қадамҳояш шодӣ дошт, ҳоло бо дасти писар ва бо фиреби ҳамсараш кушта шуд. Тибқи иттилои судяи суди  вилояти Хатлон Маҳмудзода  Зубайдулло  афзуд,ки , мард баъди ҷудоӣ аз ҳамсараш дар ҳамсоягии ҳамсари собиқаш, дар хонаи апааш ба сар мебурд, вале барои назорат бурдан ба моликияташ зуд-зуд аз хонааш хабар мегирифт. Ин кор хашми ҳамсари собиқашро бештар карда, ба писараш маслиҳат медиҳад, ки падарашро кушад. Ҳарчанд мард аз суиқасди ҳамсар ва писараш дарак дошт ва наздиконашро хабарро карда буд, лек моҳи сентябри соли ҷорӣ ин нақшаи зишт ва нобахшиданӣ иҷро шуд. Ҳасан бо зарби табар ба пушти сари падар мезанад, вале падар чун мехост аз ҳавлӣ фирор кунад, писар ӯро боз қапида, зарбаи дигар мезанад ва сипас бо буғӣ кардан падарро мекушад.
Ҳолати куштор аз суи фарзандро натанҳо зан, балки чанд кӯдаки ноболиғ низ назорат кардаанд, вале чанд ҳафта ҳодиса пинҳон монда, писар ҷасади беҷони падарро ҳамроҳи модар 800 метр дуртар аз хона зери қум карда, велосипедашро дар дохили об мепартоянд.

Падару шавҳаркуши...пушаймон
Рӯзҳо аз падари хона хабаре набуд. Наздикони мард ба суроғи бародарашон, ки кушта шудааст, баромаданд. Пулис дар қазияи кофтукоби мард афтода, гумони куштор ва суиқасдро апаи ин мард баён намуд. Вале пулис гумонбарони кушторро аз хонаи худи мард пайдо кард, ки ин зан ва фарзандаш будааст. Писар ва ҳамсари ӯ дар ҷараёни тафтишоти муқаддамотӣ иқрор шуда, шаҳодат додаанд, ки ин ҷиноятро содир карда, ҳоло пушаймонанд.
Судя суди вилояти Хатлон Маҳмудзода Зубайдулло бар асоси моддаҳои 104-и қисми 2, бандҳои «е,з» КҶ ҶТ писари мард Ҳасан Ҷӯраевро 22 сол ва модари ӯ-Қурбонгул Сариеваро бо моддаи 36-и қисми 3, моддаи 104-и қисми 2, бандҳои «е,з» КҶ ҶТ 25 сол суд кард.
Ҳодисаи куштор  ноҳия Қубодиён бори аввал нест, вале чунин ҳодиса нодир аст, ки писар падари худро мекушад. Ин ҳодиса дар ҷомеъаи суннатӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст. Ҳарчанд мардум писарро барои чунин ҷиноят ба қатл маҳкум мекунанд, лек қонун ӯро ҳоло дар зиндон барои ислоҳи ҷиноят нигоҳ медорад. Зане, ки аз пушти шавҳар чунин кор кард, ҳоло пеши виҷдон ва азоби зиндону ангуштнамо шудан ислоҳ мешавад, ё на?
Чунин ҳодисаҳои куштори хешутаборӣ дар вилояти Хатлон зиёд шудааст. Барои мисол, чанде пеш сокини ноҳияи Вахш Дӯстмурод Қудратов бо бародараш Бегмурод Қудратов зиндагӣ мекард ва аз рӯи ҳиссиёти рашк, ки гуё ҳамсари бародараш Чаманоро Қудратова бо ҳамсояаашон Исроил Ҷалилов муносибати наздики маҳрамона доштаву фарзандаш Юсуфҷон Қудратови 5-сола аз зинокории онҳо ба дунё омада бошад, мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани Чаманоро шуд. Яъне янгааш ва писари хурдсоли 5 солаи ӯро 3 корд ва модарашро 8 корд зада захмӣ мекунад. Додгоҳи вилояти Хатлон нисбати Қудратов Дустмурод бо моддаҳои 32 қисми3 ва 104, қисми 2 бандҳои «а,в» КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 15 сол дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сангин таъин кард.


Баҳодур Уроқов,
хабарнигори СССР дар вилояти Хатлон

Ҷумъа, 02 Июн 2017 14:00


Рустами Эмомалӣ, раиси ш. Душанбе бо фармони вежаи худ 2 директори бозори коммуналии пойтахтро аз вазифа барканор кард.
Саймаҳмуд Мӯминов, директори КВД «Бозори Шоҳмансур» ва Зиёвиддин Наҷмиддинов, директори КВД «Бозори Деҳқон» бо хоҳиши худ аризаи аз кор рафтанро навишта ҳам бошанд, вале коршиносон мегӯянд, ки сабаби асосии барканории ин 2 нафар наандешидани чораҳои мушаххас дар самти пешгирии нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия, алалхусус картошка дар бозор будааст.
Аз 1.06.2017 сар карда роҳбарии КВД «Бозори Шоҳмансур» бар ӯҳдаи Нурулло Алиев ва КВД «Бозори Деҳқон» бар зиммаи Сунатулло Назаров вогузор шудааст.

СССР

Ҷумъа, 02 Июн 2017 12:59


Бахшида ба "Рӯзи кӯдакон" дар ш.Панҷакент чанд озмунҳову барномаҳои шавқовар гузаронида шуд. Дар як ҳамоиш бахшида ба ин рӯз муовини раиси ш.Панҷакент ширкат ва тифлаконро табрик намуд. Пас аз озмунҳои расмкашӣ, шеъру таронахонӣ ва дигар барномаҳои ҷолибу нагоранг ба кӯдако тӯҳфаҳо тақдим шуд. Ҳамзамон чандин кӯдакони маъюб дар рӯзи идашон аёдат карда шуданд. Бино ба иттилои Ифтихор Шукуров, котиби коммиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ш.Панҷакент зиёда аз 111,2 ҳазор нафар кӯдакону наврасони то синни 18 сола умр ба сар мебурдаанд.


Хуршед Фозилов

Ҷумъа, 02 Июн 2017 09:48


Мо пешорӯи ҷашни бузурги ҳамдилию ҳамбастагӣ 20 - умин солгарди Ваҳдати Миллӣ қарор дорем. Ҳамагон хуб ёд дорем ва самимона миннатдорем, ки дар истиқрори сулҳи Тоҷикон нақши дӯст ва бародари азизи Пешвои миллатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шахсияти маъруфи дунё, сипаҳсолори мумтоз, Аҳмадшоҳи Масъуд басо бузург аст. Пешниҳод дорам аз шаҳрдори Душанбе - Рустами Эмомалӣ дархост шавад, ба хотири арҷгузорӣ ба муборизи роҳи озодӣ, намоди шуҷоату ҷавонмардӣ, улгӯи фарзонамардӣ, Тоҷики асилзода, қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд хиёбоне номгузорӣ гардад ва ҳамчун рамзи шуҷоату шарафмандию ватандӯстӣ ва ҷавонмардӣ муҷассамааш гузошта шавад. Фаразан кӯчаи Чапаев, муҷассамааш дар ҷойи нимпайкараи чекист - Дзержинский. Аз ҳамдилону ҳамфикрон хоҳишмандам, бо ишораи “лайк” пешниҳодро дастгирӣ намоед. Дар сурати 5 000 ҷонибдор ёфтан мо расман ба шаҳрдор муроҷиат мекунем.


Абдуқодири АБДУКАҲҲОР,
журналист

Панҷшанбе, 01 Июн 2017 16:49


Дустмурод Қудратов, сокини 29-солаи ҷамоати шаҳраки «Киров»-и н.Вахш, оиладор, соҳиби 2 фарзанд-дугоникҳо Фотима ва Ҳусейн, дар содир намудани ҷинояти куштор, бо моддаи 32, қисми 3-104, қисми 2, бандҳои «а,в»-и КҶ ҶТ, яъне суиқасд, барои 15 сол аз озодӣ маҳрум ва дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сангин фиристода шуд.
Фахриддин Додоматзода-судяи суди вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Қудратов дар ҷамоати шаҳраки «Киров», кӯчаи Ленини н.Вахш бо бародараш Бегмурод Қудратов зиндагӣ мекард. Аз ҳиссиёти рашк бошад, ки гӯё ҳамсари бародараш-Чаманоро бо ҳамсояашон Исроил Ҷалилов муносибати наздики маҳрамона дошта, фарзандаш Юсуфҷон Қудратови 5-сола аз зинокории онҳо ба дунё омадааст. Дӯстмурод бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани янгааш-Чаманоро ва писари хурдсоли ӯ-Юсуфҷон, 8.01.2017 як адад кордро дар ҳуҷраи хоби худаш пинҳон намудааст. Рӯзи дигар соати 8:30 дақиқа ӯ мушоҳида мекунад, ки янгааш дар ҳуҷраи хоби худ ба омода намудани хамир машғул буд ва писари хурдсолаш Юсуфҷон назди даромадгоҳи хонаашон бозӣ мекард. Ӯ аз фурсати барояш қулай, аввал ба Юсуф ҳамла намуда, ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш 3 зарби корд ба шикам, меъда, қафаси сина ва ангушти панҷаи дасти росташ зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мерасонад. Баъдан, ба ҳуҷраи Чаманоро даромадан замон якбора ҳамла намуда, ба аъзои муҳими бадани янгааш 6 корд мезанад. Тибқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ ба Чаманоро ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ расонидааст, дар намуди буридани ковоки қафаси сина аз пушт ва аз тарафи рост, китфи рост, рону соқи пои чап ва ангушти якуми панҷаи дасти чап. Баъди ин ҳодиса Дӯстмурод ғайб мезанад ва дар назди заҳбури деҳаи Янгитурмуши н.Бохтар хоб карда, санаи 10 январ аз тарафи кормандони милитсияи н.Вахш дастгир мешавад.


Баҳодур Уроқов
СССР, вилояти Хатлон

саҳ 16 аз 18

Китобҳо

Flag Counter