ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 01 Июн 2017 12:12


Таъмири мактабҳо ва муассисаҳои томактабии ш. Душанбе минбаъд аз ҳисоби буҷаи мақомотҳои маҳаллӣ сурат гирифта падару модарон дигар барои ин кор маблағ ҷамъ нахоҳанд кард. Дар ин бораи қарори махсуси раис ш. душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расида нусхаи он ба тамоми раисони 4 ноҳияи пойтахт ирсол гаштааст.
Рустами Эмомалӣ ин тасмимро ба хотири пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ ва ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ дар муассисаҳои томактабӣ ва ҳамагониву умумӣ пеш гирифта алакай дастур додаст, ки раисони ноҳияҳо барои таъмиру азнавсозӣ барои соли таҳсили 2017-2018 аз ҳоло бояд корро сар намуда то 1.08.2017 ба итмом расонанд. 

 СССР

Панҷшанбе, 01 Июн 2017 11:49


Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе, дар хатсайри самти Душанбе-Москва аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, марди 39-солаи сокини шаҳри Норак дастгир карда шуд, ки мехост бо худ 14 адад тангаҳои гуногун ва 1 адад нишони сарисинагиро, ки дорои қиммати таърихиву фарҳангианд, ба хориҷ аз кишвар бубарад. Бино ба иттиллои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба даст омада, тангаҳои мусодирашуда: 1 адад тангаи фулузии “5-Марка”, соли бароришаш 1925, 1 адад тангаи фулузии ҷашнии “Марк”, соли бароришаш 1910, 1 адад сиккаи фулузии “Вилгелма ва Августо”, соли бароришаш 1961, 1 адад сиккаи тангаи фулузии “Вилгелм-2”, соли бароришаш 1910, 1 адад тангаи фулузии “Паул ван Хиноенбург”, соли бароришаш 1935, 1 адад тангаи фулузии “Франк АОС Император Австрия”, соли бароришаш 1981, 1 адад сиккаи тангаи фулузии “2-Лево”, соли бароришаш 1882, 1 адад тангаи фулузии “Один рубл”, соли бароришаш 1924, 1 адад тангаи фулузии “Николай-2”, соли бароришаш 1897, 1 адад сиккаи тангаи фулузии “Один полтинник”, соли бароришаш 1925, 1 адад тангаи фулузии “50-Копеек”, соли бароришаш 1922 ва 1 адад тангаҳои рангашон заррин, ки ба заробхонаи ш. Ҳисор, асри 17-18 тааллуқ доранд ва 1 адад нишони сарисинагии “Материнская Слава” иборат мебошанд.Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ғайрирасмии онҳо аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун манъ карда шудааст.


СССР

Панҷшанбе, 01 Июн 2017 11:24


30.05.2017, соати 17:10-дақиқа дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ноқилҳои симчӯбҳо оташ гирифта, дар қисме аз мағозаҳои бозорҳои ҶДММ «Фархор» ва ҶДММ «Дунё» воқеъ дар ноҳияи Фархор сӯхтор сар задааст.
Чуноне ки Умарҷони Эмомалӣ, сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР иброз дошт, сабаби сар задани сӯхтор-ин расиши кӯтоҳ дар ноқилҳои хати барқӣ мебошад, ки тавассути бозори ҶДММ «Фархор» аз болои дӯконҳои савдо мегузашт ва дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ба амал омадааст.
Ҳангоми сӯхтор ягон нафар ҷароҳати ҷисмонӣ набардошта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Барои муайян кардани зарари расонидашуда аз сӯхтор комиссияи махсус аз ҳисоби мақомотҳои дахлдор таъсис гардида, тафтишот идома дорад. Дар бораи зарари расида аз ин сӯхтор ба зудӣ тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.


СССР


Панҷшанбе, 01 Июн 2017 08:40


17 майи соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти Муовини Раиси БМТ-Икромӣ Сироҷиддин бо ҳайати Комиссияи Аврупоӣ таҳти роҳбарии Мушовири Комиссияи Аврупоӣ оид ба масъалаҳои дастгирии буҷет ва идораи молияи давлатӣ барои Осиёи Марказӣ ҷаноби Олег Хирбу баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори генералии рушди байналмиллалӣ ва ҳамкориҳои Комиссияи Аврупо ҷаноби Мансервиси, ки 5 майи соли 2017 дар шаҳри Йокогама ба мувофиқа расида буд, амалӣ шуда истодааст. Зимни мулоқот Икромӣ Сироҷиддин ҳайати Комиссияи Аврупоиро бо вазъи феълии  макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон шинос намуда, қайд кард, ки новобаста аз таъсири омилҳои буҳронӣ ба кишвар, ислоҳот дар низоми бонкӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегардад. Дар навбати худ ҷаноби Олег Хирбу изҳор дошт, ки мақсади ташрифи ҳайати Комиссияи Аврупо аз баррасии вазъи иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии ислоҳот дар бахши идораи молияи давлатӣ  ва транши навбатии Комиссияи Аврупо оид ба дастгирии буҷети давлатӣ иборат аст. Қобили қайд аст, ки Мушовири Комиссияи Аврупоӣ оид ба масъалаҳои дастгирии буҷет ва идораи молияи давлатӣ барои Осиёи Марказӣ ҷаноби Олег Хирбуро дар ин вохӯрӣ Мачей Мадалински-Мудири бахши ҳамкориҳо, Даниела Чемпелова-Мудири барномаҳо ва Гнел Седракян-машваратчӣ оид ба масъалаҳои идораи молияи давлатии Комиссияи Аврупоӣ ҳамроҳӣ мекарданд.


Шуъбаи матбуоти БМТ

Панҷшанбе, 01 Июн 2017 08:38


Бо мақсади муҳокимаи рафти иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 декабри соли 2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” санаи 16 майи соли 2017 дар БМТ бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва ташкилотҳои қарзӣ таҳти роҳбарии Муовини Раиси БМТ Машрабзода Ҳамидулло ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи корӣ роҳҳои зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Зимни суханронӣ Машрабзода оид ба вазъи ҷории бозори кортҳои пардохтӣ дар кишвар ва рафти иҷрои қарори зикргардида маълумот дода, зарурияти роҳандозӣ намудани муомилоти ғайринақдӣ ҳамчун омили асосии шаффофияти ҷараёнҳои молиявӣ дар низоми молиявии кишварро таъкид намуд. Дар идома аз рафти фаъолияти ҳайати муштараки кории Кумитаи андоз ва БМТ иттилоъ дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки аз оғози фаъолияти ҳайати муштараки корӣ дар 573 муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ санҷиш гузаронида шуда, аз ин миқдор муассисаҳои савдо ва хизматрасонии санҷидашуда дар 64 адади онҳо ПОС-теминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки бо ПОС-терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз нестанд, бо роҳбарон ва кормандони онҳо оид ба зарурият ва афзалиятҳои истифодабарии ПОС-терминалҳои электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ба 509 адад муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои дар муҳлати 25 рӯз насб кардани ПОС- терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд. Дар баробари ин, нисбати чор адад шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои насб накардани терминалҳои электронӣ ва қабул накардани кортҳои пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шуд. Дар натиҷа 812 соҳибкорон ба ташкилотҳои қарзӣ барои насби терминалҳои электронӣ муроҷиат намуда, айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар асоси дархости соҳибкорон раванди насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар рафти ҷаласаи корӣ ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки тибқи қарори зикргардида миқдори зарурии ПОС - терминалҳоро захира намуда, баробари муроҷиати соҳибкорон шартномаҳои дахлдорро ба имзо расонанд ва ПОС-терминалҳоро ба таври фаврӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб кунанд. Инчунин, ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шуд, ки теъдоди хизматрасониҳои муосири бонкиро бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ зиёд намуда, имконияти барориши кортҳои кредитӣ, кортҳои пардохтии чипдор ва ғайритамосӣ (безконтактный), татбиқ намудани барномаҳои муосири бозории ҳавасмандкунии муштариён (бонусҳо) дар якҷоягӣ бо муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ҳангоми амалӣ намудани пардохти молу хизматрасонӣ тариқи ғайринақдӣ роҳандозӣ намоянд.
Барои маълумот: Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда, ба санаи 1 майи соли 2017 зиёда аз 1 677,9  ҳаз. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, зиёда аз 1 654,1 ҳаз. нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид.  Дар баробари ин, ба санаи 1 апрели соли 2017 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 740 адад ва 2 485 ададро ташкил намуд. Аз ин миқдор терминалҳои электронӣ 1578 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 907 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд.


Шуъбаи матбуоти БМТ

Панҷшанбе, 01 Июн 2017 08:35

Ин ҷо ягон шабакаи ТВТ дастрас нест ва мардум ба тамошои филмҳои ӯзбекиву туркӣ одат кардаанд. Халои иттилоотии Шулум ва деҳоти акнофаш ба ҳаддест, ки то 3 ташрифи қаблии раиси Турсунзода ва бунёди хатти Радио бархе ҳатто номи сарвари давлатро намедонистанд!

Панҷшанбе, 01 Июн 2017 08:34


Ба марзҳои ОМ наздик шудани ҳаракати ба ном Давлати исломӣ андешаи танҳо барои нафт таваллудкунонии ин ҷараёнро аз сӯи спонсорҳояш инкор мекунад: ДИИШ ҳадафи бузургтар доштааст. Проекти ҷадиди НАТО, тавассути ОМ сӯи Русия ҳаракат мекунад...

Панҷшанбе, 01 Июн 2017 08:33


Дар доираи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ», ки онро Газетаи мардумии СССР роҳандозӣ кардаасту моҳи 2-юм аст, ки дома дорад, мухбири газета рӯзи шанбеи гузашта бо супориши редаксия ба маркази шаҳраки Файзобод сафар намуда, бо проблемаи мардум ва бартариятҳои ин ноҳия аз наздик ошно шуд.

саҳ 17 аз 18

Китобҳо

Flag Counter