ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 27 Июл 2017 09:53


 
Аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи назди сарҳадии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, муайян карда шуд, ки шаҳрванд А. И. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон даст ба содир намудани ҷиноят задаанд, ки моҳияти он қочоқ, интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат мебошад.
 Чунончӣ, шаҳрванд А. И. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ "Ориён Таъминот" баромад намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон санаи 22 – юми июни соли ҷорӣ ба воситаи нақлиёти боркаши тамғаи "Долун" рақами қайди давлатиаш 06 KG 975 AA J / 073 OC аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 55 номгӯйи молу маҳсулотҳои сохтмонӣ, бастаҳои полиэтиленӣ, ҷуздонҳои занона, чойи хушк, қандилҳои гуногун ва дигар молҳои ниёзи мардумро бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст.
 
 
 
Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки арзиши молу маҳсулотҳои тариқи қочоқ ворид намудаи шаҳрванд А. И. ва дигарон, маблағи умумии 1 миллиону 411 ҳазору 70 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои қасдонаи онҳо ба буҷаи давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба намояндаи ҶДММ «Ориён Таъминот» А. И. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар Прокуратураи вилояти Суғд мавриди тафтишот қарор дорад.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоршанбе, 26 Июл 2017 17:25


Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Саттор Аминович Толибови 84-сола, сокини ноҳияи Файзобод, аз кӯч.Н.Қарабоев-72/2, хонаи №29 дар меҳмонии СССР гуфт, назди шумо бо 1 арз омадам, пешакӣ мегӯям, ки миннатдорӣ не! Ман 12 рӯз (аз 3 то 14 июл) дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар асоси «путевка»-и Ҳукумати иҷроияи н.Фирдавсӣ дам гирифтам, аммо сахт пушаймон шудам. Дар 1 комната-ҳуҷра бояд 1 одам ҷо гирад, аммо роҳбарият дар 1 хона 3 касро маҷбур ғунҷонидаанд: Мисли мошинҳои Тангем! Ҳоҷатхонаҳояш кор намекунад, баъди таҳорат бо сатил бурда об мерезед. Ошхонаҳояш таоми бемаза дораду нимколапаз. Чойи кабуд мефармоед, пешхизмат бо қавоқи гирифта мегӯяд: «Мо чойи кабуд надорем, чойи кабуд дар бозор!». Охир, наход бо клиент чунин рафтори дағалона кунанд? Ҷои хобро бошад, дар 2 рӯз 1 бор ва 1 фаррош нимкола-бо халтура тоза мекунад. Хуллас, Шоҳамбарие, ки 5 сол пеш дида будам, он нест. Аз масъулини дахлдор эҳтиромона хоҳиш дорам, ки камбудиҳоро ислоҳ кунанду муносибати инсониро ба кормандони Шоҳамбарӣ омӯзонанд!

Чоршанбе, 26 Июл 2017 17:18


Дар Тошканд роҳу чорроҳаҳоеро, ки қаблан барои таъмини амнияти корвони мошинҳои Ислом Каримов-президенти нахустини Узбакистон ҳаракат дар онҳо манъ шуда буд, дубора боз мешаванд. Ин роҳҳо дар хиёбони Мустақилият, воқеъ дар атрофи қароргоҳи президент ҷойгир буда, бастани онҳо, ки "таъмини амният" арзёбӣ мешуд, равуои шаҳрвандони одӣ ва соҳибони мошинҳоро мушкил мегардонд. Боз шудани ин минтақаҳо роҳи сокинони маҳаллиро аз хона то ҷои кор чанд км наздиктар хоҳад кард.

Чоршанбе, 26 Июл 2017 17:14


12 июли соли 2017 Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев Ҳайати намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушдро таҳти роҳбарии Директори Департамент оид ситонидани қарзҳои корпоративии БАТР ҷаноби Камен Захариев ба ҳузур пазируфт. Ҳайати БАТР-ро дар мулоқот роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова ҳамроҳӣ намуд. Дар оғози мулоқот муҳтарам Ҷамолиддин Нуралиев Ҳайати намояндагии БАТР-ро бо вазъи макроиқтисодӣ шинос намуда, аз натиҷаҳои ноилшуда дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиротҳо ба қонунгузории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани як қатор ислоҳотҳо дар ин самт маълумоти мушаххас манзур намуд. Аз ҷумла таҳия ва қабул шудани як қатор қонунҳои нав дар самти низоми пардохт, муқовимат ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, татбиқи бонкдории исломӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони низоми молиявӣ аз ҷониби Нуралиев фаъолияти назаррас дар низоми бонкии кишвар арзёбӣ гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба мавзуи қонунгузории соҳаи низоми бонкӣ дахл намуда, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бархе аз қонунҳои бахши низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти сиёсати қарзӣ, пасандозҳо, таъмини гарави амволи манқул ва гарави амволи ғайриманқул, ки ҳангоми баррасии ҳолатҳои баҳснок дар рафти ба мушкилот гирифтор шудани ташкилотҳои қарзӣ ба амал меояд, бахусус дар раванди ситонидани қарзҳо мавриди муҳокима қарор доданд. Дар идомаи мулоқот директори Департамент оид ба ситонидани қарзҳои корпоративии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷаноби Камен Захарев зикр намуд, ки чунин ҳолатҳои баҳсӣ дар таҷрибаи бонкҳои байналмилалӣ низ ҷой дорад ва барои такмил додани қонунгузорӣ бинобар аз байн бурдани нофаҳмиҳо дар низоми бонкӣ масъалагузорӣ бояд кард. Бо назардошти чунин мавридҳои баҳснок дар қонунгузорӣ ва такмил додани он Ҷамолиддин Нуралиев бо манзур намудани машваратчии ботаҷриба дар самти қонунгузорӣ тавассути амалӣ намудани кӯмакӣ техникӣ дар ин самтро аз ҷониби БАТР ба манфиати кор дар фаъолияти минбаъдаи ҳам БАТР ва ҳам БМТ муфид арзёбӣ намуд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид, ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти таҳкими санадҳо ва қонунгузории соҳаи бонкӣ изҳори омодагӣ баён намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур дар ҳайати намояндагии БАТР сармутахассиси Департамент оид ба ситонидани қарзҳои корпоративӣ хонум Марина Кердемелиди, мушовири ҳуқуқӣ Шавкат Ахмедов ва мутахассиси намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Муҳаммад Дадабаев қарор доштанд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ

Чоршанбе, 26 Июл 2017 17:12


12 июли соли 2017 Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагии Департаменти хазинадории ИМА, ки таҳти сарварии Муовини Ёрдамчии Департаменти хазинадории ИМА хонум Клей Берр ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот анҷом дод. Дар оғози мулоқот муҳтарам Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳозирин оид ба самтҳои гуногуни бахши молия, ислоҳот дар низоми бонкии мамлакат ва иҷроиши стратегияи БМТ дар раванди солимгардонии низоми бонкӣ андешаронӣ намуданд. Сипас, ҷонибҳо аз вазъи феълии иқтисодиёт, масъалаи шаффофият ва риоя намудани меъёрҳои байналмилалӣ оид ба муқаррароти бонкӣ ва талаботи музокироти қаблан доиргаштаи Ҳукумати ҶТ бо Хазинаи Байналмилаии Асъорро дар хусуси таҳияи барномаи нав дар доираи “Механизми васеи қарздиҳӣ” мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор доштанд, ки барои ҳалли масоили марбут ба низоми бонкию молиявӣ ҳамкории судмандро идома хоҳанд дод. Инчунин, дар рафти мулоқот, Нуралиев масъалаи ҳамкории бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бонкҳои бонуфузи ИМА дар самти ҳисоббаробаркуниҳо, аз ҷумла кушодани суратҳисоби муросилотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти амалӣ намудани кумакҳои техникӣ дар доираи барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) сухан карда, масоили гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррумӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати идоракунии хавфҳо, таъмини суботи молиявӣ, назорати бонкӣ ва идоракунии захираҳои байналмилалиро дар ин раванд барои БМТ афзалиятдор арзёбӣ намуданд. Бояд қайд кард, ки дар мулоқоти мазкур, инчунин хонум Лина Бхатнагар – корманди Бюро оид ба корҳои Аврупо ва Авруосиёи Департаменти хазинадории ИМА, ҷаноби Грегори Брайн Сил – Атташеи Департаменти хазинадории ИМА, хонум Кетрин Кроуфорд – Вакили муваққатии Сафорати ИМА дар Душанбе, ҷаноби Ҷорҷ Шервуд - мутахассис оид ба сиёсати Сафорати ИМА дар Душанбе ва хонум Замира Тошматова – мушовир оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори БМТ иштирок намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Чоршанбе, 26 Июл 2017 17:07


9 июли соли 2017 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Мушовири Федералӣ-Вазири молияи Швейтсария ҷаноби Ули Маурерро, ки дар доираи сафари кории Ҳайати баландмақоми Швейтсария рӯзҳои 8-9 июли соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.
Ҷаноби Ули Маурерро дар ин мулоқот Сафири фавқулодаи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Урс Шмидт, Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои байналмилалии молиявии Вазорати молияи Швейтсария ҷаноби Йорг Гассер, Мушовири дипломатӣ оид ба масъалаҳои байналмилалии молиявии Вазорати молияи Швейтсария хонум Даниела Штоффел, Директор, Мушовир ва Консули Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Валбурга Роз, сардори Раёсати муносибатҳои берунаи Вазорати молияи Швейтсария ҷаноби Питер Миндер ва сардори Раёсати институтҳои байналмилалии молиявии Вазорати молияи Швейтсария хонум Фридерике Поленс ҳамроҳӣ доштанд.
Дар оғози мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев меҳмононро бо шарҳи мухтасари вазъи кунунии макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, изҳор доштанд, ки новобаста аз таъсири буҳрони иқтисодӣ ва мушкилиҳои низоми бонкӣ, БМТ тавонист бо татбиқи як қатор ислоҳотҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад ва устувории молиявиро дар сатҳи муътадил нигоҳ дорад. Зимни вохӯрӣ Нуралиев инчунин аз сатҳи ҳамкориҳои судманд дар доираи Гурӯҳи Бретон-Вуд, аз ҷумла шарикӣ бо Швейтсария дар ҳошияи ҳамкориҳо бо Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ ибрози қаноатмандӣ намуд. Нуралиев аз вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар доираи дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ, аз қабили Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки Осиёгии сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ (Asian Infrastructure Investment Bank, AIIB) ва таҳкими шарикӣ дар ин ҳошия ибрози назар намуданд. Илова ба ин, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи феълии иқтисодиву молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкат дар татбиқи лоиҳаи глобалии иқтисодии (Хитой) “Як камарбанд – як роҳ”, ки бо ҷаҳонишавии мавқеи худ таваҷҷуҳи аксари давлатҳои пешрафтаро ҷалб намудааст, муколамаи ҷолиб доир намуданд. Дар навбати худ, Мушовири Федералӣ-Вазири молияи Швейтсария, ҷаноби Ули Маурер, аз сатҳи ҳамкориҳои Бонки миллии Швейтсария ва Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти устувории низоми бонкӣ, аз ҷумла, фаъолияти БМТ ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёти ҶТ омодагии хешро баён намуд. Дар рафти муҳокимаронӣ Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев аз таҷрибаи ғании Швейтсария дар бахши фаъолияти бонкдорӣ ибрози назар намуда, тавсеа бахшидани ҳамкориҳои ҷойдоштаро дар самти табодули таҷриба ва такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ тавассути пешниҳоди кӯмакҳои техникӣ хуб арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин, заруратро бештар дар самти гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррумӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати идоракунии хавфҳо, таъмини суботи молиявӣ, назорати бонкӣ ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ, ки омӯзиши дақиқи ин самтҳо барои БМТ афзалият доранд, махсусан қайд гардида, аз тарафи ҷаноби Ули Маурер қобили дастгирӣ қарор гирифт. Қайд карда шуд, ки бо назардошти муносибати хуби ҳамкориҳои тарафайн ва обрӯю нуфуз доштани ширкатҳои швейтсариягӣ дар самти тасфияи филизоти қиматбаҳо, БМТ бо Ширкати бонуфузи “Металор”-и Швейтсария ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, ҷонибҳо дар хусуси ҳамкории минбаъда дар самти ҷалби сармоягузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуданд. Ҷаноби Ули Маурер шаффофият ва дастрасӣ ба маълумоти фарохтар оид ба муътадилии сиёсӣ ва самтҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистонро яке аз заминаи асосии ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ки имконияти пайдо кардани ҳавасмандӣ ва маълумоти бештарро аз соҳаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меоварад, зарур арзёбӣ намуд. Дар идомаи вохӯрӣ, ки роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ ва ҳайати Вазорати молияи Швейтсария дар он ширкати фаъол доштанд, дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ муҳокимаи ҷолиб ба амал омад. Дар хотима, Ҷамолиддин Нуралиев Мушовири Федералӣ - Вазири молияи Швейтсария ҷаноби Ули Маурер ва ҳайати кориашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам намуда, ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда даъват ба амал овард. Боиси тазаккур аст, ки Ҳайати намояндагии Вазорати молияи Швейтсария зимни сафари корӣ доир намудани як қатор мулоқоту вохӯриҳоро бо Вазорати молияи ҶТ ва намояндагии ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ба нақша дошт.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Чоршанбе, 26 Июл 2017 16:57


Бори аввал дар беморхонаи Қарияи Болои ш.Қӯрғонтеппа ба номи Б.Воҳидов, нишасти хабарӣ баргузор шуд ва дар он духтурон аз бурду бохт ва мушкили ҷойдоштаашон ба хабарнигорон маълумот доданд. Алихон Нуралиев-сардухтури беморхона инчунин дар мавриди нақшаҳои ояндааш сӯҳбат кард. Аз ҷумла, ӯ зикр кард, ки моҳҳои наздик тибқи тендер ва сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба сохтмони бинои нави замонавии беморхона оғоз мекунад, ки дар назар аст, дар он ҷарроҳии ҷигар ва ҳам иваз намудани гурда ба роҳ монда шавад. Ҳоло бошад мутахассисон барои анҷоми ҷарроҳиҳо омодагӣ мегиранд, гуфт ӯ. То ин вақт бархе аз сокинони вилоят аз нокифоя будани лавозимоти тиббӣ барои бемории гурда ва ҳам иваз намудани хун азият мекашиданд. Аз дидани чунин беморон мушоҳида карда мешуд, ки аксарияти онҳо бо аробачаи маъюбӣ роҳ мерафтанд. Нуралиев, ки аз с.2014 ба ҳайси сардухтури ин беморхона фаъолият мекунад, мегӯяд, дар чанд соли фаъолияташон онҳо ба муваффақияти зиёде ноил шудаанд, аз ҷумла, азнавсозии бинои бемориҳои қалб ва бозсозии биноҳои беморхона ва саҳни он. Ӯ афзуд, ки аз ҷониби табибони беморхонаи маркази вилоят дар давоми 6 моҳи соли равон кумаки сайёри махсусгардонидашуда 58 маротиба ба шаҳру навоҳии вилоят расонида намуда, ба мардум ёрии ройгони тиббӣ додаанд. Бояд гуфт, ки дар беморхонаи клиникии вилоятии ш.Қурғонтеппа ба номи Бӯрӣ Воҳидов 124 нафар табиб фаъолият мекунад ва аз 22 шӯъбаи табобатӣ иборат аст.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Сешанбе, 25 Июл 2017 12:19


 
Санаи 17 – уми июли соли 2017 дар толори назорати гумрукии воситаҳои нақлиёти гумруки Панҷи - Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Дулон» рақами қайди давлатиаш ТҶ 36 - 14 ВК 01, ки таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон истикоматкунандаи ноҳияи Вахш ҷамоати деҳоти Тоҷикобод, Т. И., соли таваллудаш 1984 қарор дошт бо гумони ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани як қатор маводҳои доруворӣ аз ҷумла «Диазепам» мавриди боздошт қарор дода шуд.
 
 
 
 
Муайян гардид, ки шаҳрванд Т. И. дохили кабинаи воситаи наклиёт, дар кати хоби ронанда 3 халта маводи дорувории «Gelofusine» ба миқдори 186 дона, 300 қуттича ба миқдори умумии 7 ҳазору 500 ампула маводи дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml, 25x2ml», 7 қуттича ба миқдори 840 дона балзам «Clometasol 0.05%» - ро пинҳон намуда, мехост, бидуни назорати гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
 
 
 
Тибқи хулосаи химиявию фармасевтии Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводҳои дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml,25x2ml», шомили гурӯҳи маводҳои психотропии дар тиб истифодашаванда буда, вазни холиси он 75 граммро ташкил медиҳад.
 
 Нисбати шаҳрванд Т. И. бо моддаи 200 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун ирсол карда шуд.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

саҳ 5 аз 19

Китобҳо

Flag Counter