ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 28 Июл 2017 12:29

Ҷумъа, 28 Июл 2017 11:29


Дар мактабҳои миёна, барҳам додани санҷиши тестӣ ва ба санҷиши хаттӣ гузаштан иқдоми саривақтист. Чунки санҷиши тестӣ хонандаро бесавод ва муаллимро бесаводтар мекунад. Хонанда ва муаллим вақте ҷавоби тестро дастрас менамуд, санҷиш дар ним соат тамом мешуд. Инро барои фанни Алгебра мегӯям. Ман шоҳиди он будам, ки дар синфи 10 санҷиши аз синф ба синфгузаронӣ ва дар синфи 11 санҷиши тестии хатмкуниро ҷонишинони директор оид ба таълим, ки худ забончианд, мегирифтанд. Беқадрии фанни риёзӣ ва масхарабозии санҷиши тестӣ аз ин зиёд мешавад!? Дар бораи танзими соатҳои дарсӣ доир ба фанни математика фикри худро баён мекунам:
-Дар тамоми синфҳо аз математика соатҳои дарсӣ ихтисор шудааст. Ин танзими программа фақат барои камбағалон аст. Дар литсею гимназияҳо ва макотиби хос, ки фарзандони қишри болоии ҷомеа таҳсил мекунанд, оё ҳафтае 2 соат дарси алгебра мехонанд?!
Маорифчиён, шодии яклаҳзаина ва умрбод фаромӯшнашавандаи хонандагони синфи 1-«Иди алифбо»-ро баргардонед!!! 1 бор шеъри шодравон Лоиқро дар бораи Занги охирон хонеду ба таҷлили он монеа нашавед! Бовар кунед, хатмкунандагони синфи 11 ин шабу рӯз мурғи болшикастаеро мемонанд. Гӯё 1 чизи асосиро гум карда бошанд! Охир, ин чӣ ҷои бадӣ дошт, ки соате чанд саҳнаороӣ кунанду рақсанду бозанд, гӯянду биханданд ва охирин бор бо устодон сари хоне нишаста, бо орзуҳои нек хайрбод гӯянд? Ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки муаллимон наметавонанд, озодона дар ҷашнвораҳо сари дастархоне бо ҳам нишаста пиёлаи чойеро нӯшанд. Дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ, дар ҷумҳурӣ муаллимон аз имтиёзҳое бархурдор буданд. Он имтиёзҳоро баргардонед, муҳтарам садрнишинони вазорат. Вақте ки Рамзан Қодиров идеали намояндаи Вазорати маориф ва илм асту тақлиди ноҷо ба турку араб мекунем, қатор-қатор филмҳои туркиро тарҷума ва ба халқи худ пешкаш месозем, хизмати хирсона кардаем. Чаро пеши инҳоро намегиред, агар ин қадар патриот ҳастед?
Ва ахиран нақши муаллимро баланд бардоштан лозим. Беқадрии муаллим ба ҷоест, ки агар дар Маркази Миллии Тестӣ ба ихтисоси интихобкардаат бал нарасид, мегӯянд: «Марҳамат, рав муаллим шав!»
50 соли умри худро сарфи таълиму тарбия карда, кӯшиш намудам, ки 85-90%-и дарси ман чун дарс гузарад. Ҳарчанд, ки зи кӯрдилон қадре надидам, аз роҳи тайкардаи худ ҳаргиз пушаймон нестам. Фақат ба камдонишӣ ва камсаводии фарзандони қишри миёнаи ҷомеа дилам месӯзад. Дили шумо чӣ?


Бурҳониддин Ҳомидов, омӯзгори фанни риёзии мактаби №33, н.Турсунзода

Ҷумъа, 28 Июл 2017 11:20


Раҳматулло Раҷабов, сокини кӯчаи Қаротегини шаҳри Душанбе, аз хонаи 68 (тел: 901 03 95 21) меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки назди шумо бо 1 шикоят омадам. Рӯзи 14.11.2012, тахмин соатҳои 12:00 бо автои шахсиям (тамғаи Опел, рақ.дав. ЕР5163РТ) тибқи чароғаки кӯч.Бухорои пойтахт истодаму ба дигар мошинҳо роҳ додам, то ҳаракат кунанд. Вақте ба ҳаракат даромадам, мошини шаҳрванд Алексеенко Анжела Олеговна (тамғаи Тайота-Раф 4, рақ.дав. ВТ4555РТ) омаду ба мошинам бархӯрд. Дар натиҷа ҳар 2 авто зарар дид. Аз Анжела хоҳиш кардам, ки нозирони БДАро даъват кунад. Аммо ӯ шиносҳояш-Далер ва Хуршедро даъват намуд. Ҳар 3 бо ман дар қади роҳ ҷангу ҷанҷолро бардоштанд ва комилан зид буданд, ки ман ГАИро фарёд кунам. Онҳо хостанд, ки аз ман ба воситаи устое $300 бигиранд. Ман аз болои онҳо ба Прокуратураи н.И.Сомонӣ даъвои шикоятӣ бурдам. Хуллас, дар давоми судбозӣ  фишорбаландӣ ва ранҷҳои рӯҳии кашидаам. Аз дасти Далеру Хуршед ва Анжела ба беморхона бистарӣ шудам. Ман аз Суди Олии ҶТ хоҳиш дорам, ки қазияро аз нав тафтиш карда, ба фоидаи ман 5000 сомонӣ бирӯёнанд.

Ҷумъа, 28 Июл 2017 11:15


Маъмурияти ҶСК «Автоколонна 2927» матлаби «Хатсайрҳо аз кӯчаи Соҳилӣ ғайб мезананд» (СССР, №28(461), 13.07.2017)-ро дар байни коллективи кормандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мавриди муҳокима қарор дод. Ба ронандагон фаҳмонида дода шуд, ки дар ҳолати иваз кардани хатти сайр ба онҳо муҷозоти интизомии «Танбеҳ» эълон гардида, дар ҳолати такрор ёфтани чунин қоидавайронкунӣ шартномаи ҳамкорӣ бо онҳо қатъ карда мешавад. Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин самт фаъолияти 50 адад воситаи нақлиёт дар 2 баст тибқи реҷаи корӣ ба роҳ монда, шахсони масъул вобаста ва назорати воситаҳои нақлиёт пурзур карда шуд. Қобили зикр аст, ки воситаҳои нақлиёт зери назорати доимии роҳбарияти ҷамъият қарор дорад.


Бо эҳтиром, сардор Хизиров Х.Қ.

Ҷумъа, 28 Июл 2017 11:06

Суди вилояти Лебапи Туркманистон дар аввали моҳи июли 2017 беш аз 40 кадри литсейҳои туркиро ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол суд кард. Ин афрод ба ҳамкорӣ бо ҳаракати рӯҳонии фирории турк Фатҳулло Гюлен айбдор мешуданд. Онҳо аз ҷумлаи беш аз 50 касонеанд, ки моҳҳои май ва июн бо ҷурми алоқа бо ҳаракати Гюлен дастгир шуданд.

Ҷумъа, 28 Июл 2017 11:00


28.07.1944.Артиши Шӯравӣ шаҳри Брестро аз нерӯҳои олмонӣ озод кард. Ин шаҳр дар таърихи ҶБВ бо қалъаи худ машҳур шуд ва унвони қаҳрамоншаҳрро соҳиб гардид. Мудофеони қалъаи Брест тӯли 1 моҳ алайҳи немисҳо муқовимат карданд ва баъди фатҳи он шахсан Адолф Гитлер бо ҳамроҳии Муссолини аз ин қалъа дидан намуд.

Ҷумъа, 28 Июл 2017 10:56


Корхонаи азими саноатӣ, ё истеҳсолиро, ки саҳмаш дар ғанигардонии буҷаи маҳаллӣ то 50% буда, ба инфрасохтору иҷтимоиёти ҳамон шаҳр таъсири мусбӣ дорад, ГРАДООБРАЗУЮЩЕЕ ПРЕДПРИЯТИЕ (Корхонаи шаҳрбунёд) меноманд. То соли 1991 чунин корхона-Фабрикаи кешбофии Ӯротеппа ба номи 60-солагии СССР буду солона то 55% буҷаи бостоншаҳрро пур мекард. Шуруъ аз соли 2000 КМ «Оби Зулол» анқариб 40%-и хазинаи Истаравшанро пур мекарду дефицити буҷа рафъ гардида, ҳатто шаҳр аз рӯйхати ноҳияҳои дотационӣ баромад. Ин рушди илмӣ-иқтисодӣ то соли 2011 идома кард. Финансистҳои маҳалгарои собиқ раиси вилояти Суғд ин пешравиро дида натавониста, тамоми андозҳои асосии ба давлат супорандаи Оби Зулолро алайҳи қонунҳои экономикаи градпред мустақиман ба буҷаи вилоят мегирифтагӣ шуданд. Гуфтанд, ки «ин мувақаттист, то гузаштани ҷашни 20-солагии Истиқлолият!». Главбухи Оби Зулол гуфтааст, ки «налогҳои мо ҳудуди 45 миллион сомонӣ рост ба буҷаи вилоят мерезад. Имрӯз кормандони налоги Ӯротеппа дар ба дар гашта, андози замину ҳавлӣ мечинанд (камина 36 сомонӣ месупорам дар 1 сол!). Андозсупорандагони асосӣ дӯзандаю яхмосу пистафурӯш, нонпазу аробакаш… Цехи коғази ташноб, таъмири пойафзору велосипед, ё яхмосу тортпазӣ, ки ҳамагӣ 7-8 коргар доранд, ГРАДООБРАЗУЮЩЕЕ ПРЕДПРИЯТИЕи Истаравшан мебошанд? А, мӯҳтарам экономистҳои вилоят?! Мақоми Оби Зулолро ба мо баргардонед!

Маннон Махсумов,
Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Истаравшан

Ҷумъа, 28 Июл 2017 10:51


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дирӯз аз сомонаҳои хабарии интернетӣ хондам, ки шаби 5 июл муҳоҷири Тоҷик барои гирифтани пули кораш ба пеши ошпази 1 тарабхонаи ш.Маскав омад, вале ба ҷои пул аз дилаш корд хӯрд. Раёсати тафтишоти Маскав хабар дод,  зидди 1 марди 44-сола бар асоси қисми якуми моддаи 105-уми КҶ ФР бо иттиҳоми куштор делои ҷиноӣ кушодааст. Тибқи сарчашмаҳо, марди кордзан зодаи Гурҷистон буда, дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав ба ҳайси ошпаз кор мекард. Аммо қурбонии ҳамлаи ӯ шаҳрванди Тоҷикистон буда, сабаби хусумат баҳси пулӣ будааст... Акнун гап сари ин аст, ки чаро дар чунин ҳолатҳо адвокатҳои Тоҷики мо ҳамту барои савоб барои кӯмаку ҳимоят аз ҳуқуқи ҳамватанони мо садо баланд намекунанд? Тибқи омор, ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони Тоҷик ба далелҳои мухталиф вафот мекунанд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Русия то 3 муҳоҷири Тоҷик бо омилҳои гуногун мефавтад.


Зиёвиддин Ҷамолов,
муаллим, н.Рӯдакӣ

саҳ 3 аз 19

Китобҳо

Flag Counter