ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 24 Июл 2017 08:54

Давлати Туркия бо тамомии масъулият бори табаддулоти давлатии соли 2016-ро, ки аз худ садҳо кушта бар ҷой гузошт, бар дӯши Фатҳулло Гюлен, хатмуттаҳсилони литсейҳои туркии ӯ ва шодихӯрдагонаш партофт. Ин дар ҳолест, ки литсейҳои туркии Гюлен то ҳанӯз дар Тоҷикистон (танҳо бо иваз кардани ном!!!) фаолият доранду муаллимин-шогирдони Гюлен дар онҳо дарс мегӯянд. Вазорати маориф ва илми ҶТ то ҳол фикр дорад, ки ин литсейҳо ҷавонони моро донишманд месозанд, ҳол он ки Президенти Туркия мегӯяд, ин литсейҳо Маркази омодасозии террористӣ буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд...Чаро ҳушдори Давлати Туркияро Шӯрои Амнияти мо ба назар намегирад, суолест матраҳ ва бе посух. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

Душанбе, 24 Июл 2017 08:50

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст-7

Панҷшанбе, 20 Июл 2017 15:51

Имрӯз, 20 июл зимни нишасти хабарӣ масъулини Раёсати Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза ва коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон аз натиҷаҳои 6-моҳаи аввали сол гузориш доданд. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи санҷишҳо ба маблағи умумии 21 418 367 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд. Дар ҳудуди вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2017 383 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта вобаста ба андоз ошкор карда шудааст.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 20 Июл 2017 15:21


“Донишгоҳи миллӣ ҳамеша дар ҷои аввал аст. Имрӯз ҳама новобаста аз сатҳи донишаш мехоҳад, ки аввал ба Донишгоҳи миллӣ дохил шуда бошад, баъдан дигар донишгоҳҳо интихоб мешаванд. Дар ин самт мо танқисӣ намекашем. Донишгоҳи миллиро интихоб кардаанд, мекунанд ва оянда ҳам хоҳанд кард. Сабаб он аст, ки мо пойгоҳи илмӣ, таълимӣ, варзишӣ, таҷрибаомӯзӣ дорем”-қайд намуд ӯ. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги донишгоҳҳо дар Тоҷикистон дар ҷои аввал аст».  Ин нуктаро муовини аввали ректор оид ба таълими ДМТ Миралиев Абдусалом дар нишасти матбуотии худ зимни посух ба суоли хабарнигор иброз намуд.  Миралиев гуфт, ки имсол  бояд 3800 донишҷӯ ба ДМТ қабул карда шаванд, ки ҳар 1 довталаб ҳуқуқ дорад, 12 ихтисосро интихоб намояд.
Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки дар ДМТ бо мақсади мунтазамсозии раванди тайёр кардани мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар хориҷи кишвар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи коммуникатсионӣ факултети муштараки «Технологияи информатсионӣ»- и Донишгоҳи давлатии Беларус ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. «Мувофиқи шартномаи тарафайн дар факултети технологияи иттилоотии муштараки Тоҷикистон-Беларус донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои амнияти компютерӣ ва технологияи иттилоотӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин дар оянда ба таъмин намудани кадрҳои болаёқат дар самти амнияти компютерӣ ва технологияи иттилоотии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард» - гуфт Миралиев.


СССР

Панҷшанбе, 20 Июл 2017 10:11

 

«Агар Турсунбой Улҷабоев як панҷсолаи дигар ба ҷумҳурии мо сарварӣ мекард, мову шумо имрӯз дар симои Тоҷикистон пешрафту дигаргуниҳои азимро медидем. Аммо сад афсӯс, ки бадхоҳони худиву бегона ба гирдоби сиёсатбозиҳо ғӯтида, ин марди шарифро гирифтори туҳмат намуданд».

(Аз суханронии президент Э.Раҳмон дар маросими кушодашавии нимпайкараи Т.Улҷабоев дар н.Нов. 13.09.1998)

Панҷшанбе, 20 Июл 2017 10:02


28 сол муқаддам, 22.07.1989 дар Тоҷикистон "Қонуни забон" қабул ва тибқи ин Қонун забони тоҷикӣ забони давлатии РСС Тоҷикистон эълон карда шуд. Онро шояд аз ҳама қонуни машҳури РССТ мешавад муаррифӣ кард. Дар қалби кишвари шӯравӣ тоҷикон яке аз аввалинҳо шуда, ба фарҳанги миллии худ рӯ оварданд. Албатта, эҳёи ин фарҳанг роҳи тӯлонӣ дошт.

Панҷшанбе, 20 Июл 2017 09:49


20.07.1941. Дар СССР бо сабаби оғози ҷанг бо немисҳо Комиссариати халқии бехаратии давлатӣ (НКГБ) бо Комиссариати халқии корҳои дохила (НКВД) муттаҳид карда шуд.

20.07.1944. Дар қароргоҳи Адолф Гитлер "Лонаи гург", ки дар Пруссияи Шарқӣ воқеъ шуда буд, машҳуртарин суиқасд зидди Фюрери олмонӣ ба вуқӯъ пайваст. Ӯ аз ин суиқасд танҳо чанд захми хурд бардошт.

Панҷшанбе, 20 Июл 2017 09:42

Хабарнигори мардумии СССР-Файзулло Назруллоев аз шаҳри Ваҳдат дар меҳмонии СССР гуфт, ки ҳар вақте суханронии мардумро дар барномаи «Ахбор»-и ТВТ, назди «Микрофони озод» перомуни танзими ҷашну маросимҳо мебинед, фикр мекунед, кору амали мо дар ин ҷамъият 1 хел аст ва ягон проблема нест. Аммо чунин нест!!! 90%-и гӯяндагон назди микрофон дигар чӣ мегӯянду дуртар аз он баракси онро мекунанд. Зеро аксарияти онҳоро маҷбур назди «Микрофон» овардаанд. Бо ин рафтору амал фаъолияти мо ягон ранги беҳтар намегирад. Аслан миссияи «Микрофони озод» гуфтани ҳақиқату камбудист барои Ҳукумат. Микрофони озод мисли газета ва ё радио аст ва бояд аз ин минбар бе парда ва эҳсосот воқеиятро бигӯӣ! Аммо дар мо «шанс» ва ё имконияти гуфтанро ба дигар маънӣ фаҳмидаанду вақте сухани мардумро гӯш мекунед, ҳама таъриф мекунанду подхалимӣ ва тамаллуқ! Ягон гапу ҳарфи рост дар «Микрофони озод» нест ва агар бошад, марҳамат, биёед, дар газетаи СССР нависед ва баҳс кунед! Охир, аз барои Худо, аксарияти шумо дар ҷашну маъракаи худ ягон хел танзиму низомро риоя намекунед!!! Каҷ шинеду рост гӯед!

саҳ 7 аз 19

Китобҳо

Flag Counter