ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 24 Июл 2017 10:38


Собиқ президенти Украина-Виктор Янукович дар 1 сӯҳбати кӯтоҳ ва махсус ба ТВи Русия гуфт, ки ҳич гоҳ дар мурофиаҳои судии Киев ширкат нахоҳад кард. Янукович гуфт: “Ин суд не, балки масхарабозӣ аст ва ман ҳаргиз дар тирпарониву хунрезиҳо дар Киев даст надорам! Аммо тавре маълум, имрӯз Ҳукумати Украина пурра бар зидди ман кор мебарад ва дар ин кишвар дигар адолати судӣ вуҷуд надорад!”

Душанбе, 24 Июл 2017 10:32


Судии Олии Қирғизистон хабар дод, ки 1 суди минтақавӣ Одил Тойғунбоев-домоди президенти фирории Қирғизистон-Аскар Акаевро ба 20 соли зиндон, мусодираи амвол ва ҷарима дар ҳаҷми 20.000 сом маҳкум кард. Одил ҳамчунин вазифадор шуд, ки ба ҷониби зарардида-"Фурудгоҳи байналхалқии Манас" 9,6 млн доллар пардохт кунад. Ӯ дар замони раёсати хусураш бизнесҳои бузурги кишвар, аз ҷумла, бизнеси атрофи пойгоҳи ҳавоии Манасро таҳти назорат дошт ва ҳамчунин фурӯдгоҳро бо маводи сӯхт таъмин мекард. Тойғунбоев ҳоло дар хориҷа пинҳон шудааст ва ба ин сабаб суд ҳукми ӯро дар ғайбаш содир кард.

Душанбе, 24 Июл 2017 10:26


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Мехостам, ки дар мавзӯи ширкатҳои мобилӣ ҳарф занам. Бояд гуфт, ба мушкилие, ки ман қариб ҳар рӯз рӯ ба рӯ мешавам, ҳамаи муштариёни ширкатҳои мобилии Мегафон, Вавилон, Билайн, Тселл (Индиго)… онро пайваста эҳсос мекунанд. Мушкил ин аст: Барои бо оператори маркази хизматрасонӣ тамос гирифтан аввал 10-15 дақиқа таърихи тамоми тарофаҳои ширкат ва рекламаи онҳоро «бафурҷа» гӯш мекунӣ. Бовар кунед, бо ҳамин дигар саволи медодагият ҳам аз хотир меравад!!! Рости гап, аз ҳамин сахт мушкилии равонӣ мекашем! Зеро кас дар 1 ҳолати информатсияи мобилӣ гирифтан сахт асабӣ мешавад!!!


Беҳрӯз Валиев,
Узви Ихвон-ал-СССР, тел: 904 23 49 99

Душанбе, 24 Июл 2017 10:23


«Пулчинии Холова қонунист?» ном матлаби собиқ омӯзгори мактаби №6-и н.Вахш Нуриддин Назаровро дар газетаи СССР (№25, 22.06.2017) хонда, ба андеша рафтам. Наход, ман ба маоши омӯзгорон чашм ало кунам? Назаровро худам ба кор қабул кардам. Ҳурмати мӯи сафедаш, ки аз камбудии зиндагӣ дар қади кӯчаҳо менолиду ба дастгирӣ ниёз дошт, дар мактаби №6-и ноҳия бо фармоиши №323 аз 20.08.2015 бо 10 соати дарсӣ, 0,5 воҳиди корӣ, сипас бо 24 соат, 1 воҳиди корӣ таъминаш кардам. Аз байн 2-3 моҳ гузашту ба аризанависӣ сар кард. Тибқи дастуру супориш ва нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Раёсати маорифи вил.Хатлон дар н.Вахш аз рӯи 4 фанни таълимӣ олимпиадаи вилоятии соли 2015 гузаронида шуд. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ тамоми чораҳои заруриро андешида, олимпиадаро ҷамъбаст кардем. Пас аз баргузории олимпиада бо аризабозиҳои ӯ ба Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ, аз Прокуратураи генаралӣ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ бо намояндагони Раёсати маорифи вил.Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Хатлон ва Прокуратураи вил.Хатлон гуруҳи корӣ ба ноҳия омад. Ҳамаи далелу рақамҳое, ки дар мактубаш дарҷ шуда буд, тасдиқи худро наёфт! Вақте, даъвогар дид, ки тир ба ҳадаф намерасад роҳи дигареро пеш гирифта, ба навиштани ҳангомаҳо дар рӯзномаҳоро сар кард. Ман ҳамчун мудир аз ягон омӯзгор ягон дирам нагирифтаам. Дар масъалаи олимпиадаи фаннии соли 2016 бошад, дар н.Вахш на олимпиада гузаронида шудаасту на ягон дирам аз омӯзгорон ҷамъ овардаем.


Шаҳноза Маҳмадсаидзода,
мудири Шуъбаи маорифи н.Вахш

Душанбе, 24 Июл 2017 10:18


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Мастчоҳ мақолаи Олимбеки Зиёиён «Дар Мастчоҳ ягон корхонаи саноатӣ нест!» (СССР, №15(448), 13.04.2017)-ро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дод. Олимбек дар мақолаи ҳангоматалабонаи худ таъкид мекунад, ки «Мастчоҳ тӯли 60 соли давраи СССР ва 25 соли давраи Истиқлолият чӣ дигаргуние дид?... Ягон иншооти муҳими саноатӣ ва истеҳсолӣ дар қаламрави ноҳия дар 25 сол вуҷуд надорад!». Тавассути Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон н.Мастчоҳ тадриҷан аз ноҳияи аграрӣ ба аграриву саноатӣ табдил ёфт. Алҳол 9 адад корхонаи коркарди пахта, 4 адад корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли семент, 1 адад матбаа, 2 корхонаи ресандагӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли орд, 2 адад корхонаи истеҳсоли хишт ва даҳҳо корхонаҳои хурди саноатӣ амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 1000 нафар фаъолият доранд. Сол аз сол соҳаи саноати ноҳия рушд ёфта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда истодааст, ки ин ба таври мусбат ба коҳиш ёфтани раванди муҳоҷират таъсир расонида, ба рушди устувори равандҳои демографӣ замина гузошта истодааст. Мутаассифона, муаллифи мақола ба дастовардҳои ноҳия аз паси панҷа менигарад. Ӯ шояд бехабар аст, ки дар тӯли 25 соли Истиқлолият дар қаламрави ноҳия чунин корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд…


Т.Ҳасанов,муовини раиси ноҳия

Душанбе, 24 Июл 2017 10:13


Узви Ихвон-ал-СССР, Дилшод Саидназаров, сокини маҳаллаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки имрӯз Тоҷики тоҷдори мо дар хона ҳама чиз дорад, ба ҷуз китобу журналу газета. Барои харҷи худоӣ ва тӯйи бемаънӣ ҳазорон сомонӣ маблағ меёбем, вале барои харидани асарҳои барҷастаи Саъдию Ҳофиз, Айнию Турсунзода, Рӯдакию Лоиқ, барои гирифтани 1 дона газета 1-2 сомонӣ сарф намекунем, то фарзанд аз кӯчагардию корҳои беҳуда дида, хонаду ақлу тамиз ёд гирад. Касе, ки «Ёддоштҳо»-и Айнӣ, «Писари Ватан»-и Турсунзода, «Духтари оташ»-и Икромӣ, «Модар»-и Горкийро хонда бошад, баръало мушоҳида мекунад, ки саргузашти муаллиф барои ҳама омӯзанда аст. Имрӯз қадру манзалати омӯзгор дар ҷомеа паст шудааст. Муаллим дарсу мактабро партофа, тиҷорат мекунад ва дар Русия муҳоҷир аст. Ин ҳама аз камии маош! Сару либосе, ки донишҷӯ ё хонанда дорад, муаллим онро дастрас карда наметавонад.

Душанбе, 24 Июл 2017 10:11


Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзоалӣ Болтаеви 30-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, аз кӯчаи Хатлон-8, хонаи 23 (тел: 908 77 77 36) ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки дарди дил дорам. Чашмамро 1 бор дар шаҳри Маскав, дар соли гузашта бо кӯмаки соҳибкорон ҷарроҳӣ кардам. Ҳоло захми ҳамон чашм ба чашми ростам таъсир кардааст. Чашми чап бошад тамоман намебинад. Инак, 1 чашми дигарам равған гирифтааст, аммо шароити молӣ надорам, ки муолиҷа намоям. Аз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мӯҳтарам Насим Олимзода эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ҷарроҳии чашми рости ман кӯмак кунад. Ман бовар дорам, ки вазир хоҳиши маро рад намекунад…

Душанбе, 24 Июл 2017 09:32

ТСБ яке аз бонкҳои калидие буд, ки ба муштариёнаш фоизҳои аз ҳама баланд медод. Дар 5 сол ТСБ ба мизоҷонаш 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ танҳо фоизи амонат додааст!!!

саҳ 6 аз 19

Китобҳо

Flag Counter