ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 28 Июл 2017 10:47


Узви Ихвон-ал-СССР, Фозил Мирҳасанов, донишҷӯ аз ноҳияи Варзоб телефонӣ гуфт, ки чанд вақт боз, видеоролики «Зани моршуда» дар телефонҳо ҳамаро ба тарс овардааст. Кофтуков нишон дод, ки ин сабти дурӯғро «youtube.com» аз 1 ҷавони ӯзбекистонӣ гирифтааст. Тасвирҳое, ки дар либоси зан ҳаст, ба халқи мо монандӣ надорад. Деталҳоро барои муайян нашуданаш хира кардаанд ва ин ғайр аз сохтакорӣ чизи дигар нест. Мӯйҳояш ба ранги бадан ва сараш ҳам ба зан монандӣ надорад, бештар ба устухонҳои сари мард монанд аст. Пойҳояш аз устухони паранда сохта шуда, аждаҳои афсонавиро ба ёд меорад. Гурӯҳи занҳоеро медонам ва мебинам, ки рӯзи худро дар сӯҳбати ин навори бардурӯғу беасос шом кардаву ҳар дам даст ба гиребон бурда, ёд аз Худову Расул мекунанд. Агар рафтори эшон тарс аз Худо бошад, тамоман бемаънигист…

Ҷумъа, 28 Июл 2017 10:44


Узви Ихвон-ал-СССР, Фазилат Имомназарова, муаллима аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба СССР дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки СССРро соли гузашта бори аввал дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон дидам ва хондам, ки дар бораи Ленину Сталин чанд матлабе дошт. То ин вақт ҳатто номи ин газетаро нашунида будам. Хуллас, то имрӯз ҳар шумораи СССРро гирифта мехонам. Матолиби С.Мизроб, М.Салимшоев, Ҷамила Ҳусейнова хело ба ман писанд аст. Агар редаксияи СССР бипазирад ман дар шумораҳои ояндаи СССР дар боби фалсафаи Ленин бисёр кӯтоҳ ва мӯъҷаз нависам ва Ленинро ба хонандагону мубоҳисони газета шиносонам, ки ӯ чӣ касе буд ва барои мардум чӣ хизмате кардааст. Зеро аз матолиби СССР маълум аст, ки баъзе хонандагон дар бораи коммунизму сотсиализм ва Ленину Сталин маълумот надоранд ва аз пеши худ ҳар чӣ менависанд.

Ҷумъа, 28 Июл 2017 10:34


«Агар заводи биринҷ фаъолият накунад ҳам, ҷои ин корхонаро метавонад дигар дастгоҳҳои хурди сектори хусусӣ иҷро намояд», гуфт Муҳаммадсодир Сафарзода-муовини аввали раиси ш.Панҷакент. Ӯ ин андешаро дар ҳузури журналистон дар як нишасти хабарӣ дар Панҷакент иброз дошт. Ба андешаи ҷаноби Сафарзода, дигар эҳтиёҷ ба заводи биринҷ намондааст, зеро дар бахши секторҳои хусусӣ 35 обҷувозҳои дигар мавҷуданд, ки барои тоза кардани шолӣ ва баровардани биринҷ кифоя будаанд. Заводи биринҷи ш.Панҷакент яке аз корхонаҳои саноатист, ки чанд соли охир тибқи маълумотҳои расмӣ қариб ки фаъолият намекунад. Бо вуҷуди он, ки коргоҳ барои соҳаи саноат ягон фоида намеорад, аммо то ҳол дар рӯйхати корхонаҳои саноатӣ бароварда нашудааст.


Хуршед Фозилов

Панҷшанбе, 27 Июл 2017 17:05

Панҷшанбе, 27 Июл 2017 17:04

 

8.07.2017 чиптаи самти Душанбе-Маскави ширкати «Тоҷик Эйр» дар рӯзи парвоз то 4800-5000 сомонӣ баромад. Пештар чиптаро дар ҳолати зарурӣ дар рӯзи парвоз 4000 сомонӣ харидан мумкин буду то 30 рӯз пеш аз парвоз 2400-2600 сомонӣ...

Панҷшанбе, 27 Июл 2017 17:03

Панҷшанбе, 27 Июл 2017 11:33


(фелетон)

Панҷшанбе, 27 Июл 2017 11:27


Моҳе пеш ба мавзӯи фоҳишаҳо даст задани ман сенсатсия ба вуҷуд овард. 1 гурӯҳ милисаҳое, ки то имрӯз фоҳишаҳоро аз чинорҳои таги меҳмонхона фарқ намекарданд, дар даст газетаи СССР, маро мекофтанд. Баҳодур Уроқов-мухбири СССР ба ман занг зада гуфт, ки «Апа, ҳама шуморо кофта истодаанд, рақамҳои телефонатро диҳам, ё не?». Розӣ шудам. Пас аз ним соат бо сардори ШВКДи ш.Қӯрғонтеппа-Набиҷон Исозода вохӯрдам. Ӯ гуфт, ки «2 моҳ пеш ба ин вазифа таъин шудааст ва аз вазъияти шаҳр хуб огаҳ нест. Фақат ҳамин чиз аёнам гашт, ки сокинони шаҳр нисбати тақдири ҳамдигар бетарафӣ зоҳир мекунанд». Аз он, ки банда ҳақиқатро баён кардам, Исозода наранҷид, балки бо изҳори қаноатмандӣ намуд. Исозода гарчанде ҷавон аст, аммо хело марди бофаросату дидадарост. Ӯ ваъда дод, ки дар муддати кӯтоҳ масъаларо ҳал мекунад ва ҳамин тавр ҳам кард.
Шикори фоҳишаҳо сар шуд.

Браво, Исозода!
Бо ёрии нозири минтақавӣ Суҳроб Шоимов дар назди меҳмонхона ягон фоҳиша намонд. Тангкӯчае, ки пур аз танфурӯшон буд, имрӯз тозаю озода аст. Ҳама бе ягон мамоният равуо доранд. Гоҳ-гоҳ ягон «шапалак» пайдо мешаваду зуд ғайб мезанад. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, даҳҳо нафар аз ман миннатдор шуданд, ки тавассути газетаи мардумии СССР, ҷонашонро аз ин «шаттоҳон» халос кардам. Мо Метавонем!
Фоҳишаҳое пешам омада: «Апаҷон, мо беваем, чӣ кор кунем?»-гӯён узр мепурсанд. Вале хоҳарони азиз, бешавҳарӣ баҳона шуда наметавонад. Касе номуси худро мефурӯшад, чаро фарзанд, падар, модар ё Ватанашро нафурӯшад??? Дар зимн 1 сухани хуби Исозода ёдоам омад, ки гуфт:
«Баҳонаи фоҳиша дурӯғ аст. Касе фоҳишаро пуштибонӣ кард, духтараш фардо фоҳиша мешавад. Нафаре, ба номуси зан ё духтари бечорае таҷовуз кард, наздикони худашро таҷовуз мекунанд. Ин ҳақиқати талх ва исботшудааст!».
Худо ба ҳама инсоф диҳад!


Бадахшон Зардакова,
шаҳри Қӯрғонтеппа, тел: 919 18 66 00

саҳ 4 аз 19

Китобҳо

Flag Counter