ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 31 Июл 2017 09:24


(Ё чигуна Панҷакентро ба чанги хитоиҳо додаанд…)

Душанбе, 31 Июл 2017 09:07

Мегӯянд, дар солҳои 70 ва 80-уми асри гузашта, ҳар нафареро, ки котиби ҳизби коммунистии вилояти Кӯлоб таъин мекарданд, ҳатман супориш мегирифт, ки «Кӯлоб рафтед, аввалан бо Қурбон Зардаков во хӯрда, забон ёбед. Вагарна кор карда наметавонед!». Қурбон Зардаков ягона марди фарҳангие буд, ки тамомии мафияи Кӯлобро идора мекард…

Ҷумъа, 28 Июл 2017 12:49


Исмоил Муродбек Мирмахсумиён-раиси собиқи суди н.Рӯдакӣ бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудааст. Ӯ рӯзи 17 июл бо фармони президент "бино бар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” аз мақом барканор шуда буд. Тибқи манобеи хабарӣ, Мирмахсумиён ба гирифтани пора ба маблағи 8000 доллар барои "ҳал” кардани масъалаи 1 делои ҷиноятӣ гумонбар мешавад. Ба гуфтаи ин манобеъ, ба зидди ӯ бар асоси қисми 4-и моддаи 319-уми КҶ ҶТ (гирифтани пора ба миқдори қалон аз ҷониби шахси мансабдор) делои ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Бар асоси ин банди қонун, ба Исмоил ҳамчун муҷозот аз 7 то 12 соли зиндон бо мусодираи молу мулк ва маҳрумият аз ишғоли мансабҳои давлатӣ барои 5 соли дигар таҳдид мекунад.

Ҷумъа, 28 Июл 2017 12:47


Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Бахтиёр Искандарович Қаландаров-сардори шӯъбаи милисаи ҷамоати Зиракии ш.Кӯлоб хабар дод. Қаландаров аз шаҳрванд "А” барои оғоз накардани делои ҷиноятӣ 4000 сомонӣ пора талаб кардааст. Ӯ дар навбати аввал аз "А” 600 сомонӣ гирифта, боз оварда додани 3400 сомонии дигарро талаб кардааст. Ҳоло ба зидди Бахтиёр бар асоси қисми якуми моддаи 319-уми КҶ ҶТ (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад. Ин банди қонун барои гирифтани пора ҳамчун муҷозот то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҷумъа, 28 Июл 2017 12:44


Марҳабо Латифзода-муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, шумораи никоҳ дар кишвар коҳиш ёфта, баръакс шумораи талоқҳо афзоиш ёфтааст. Ба назари ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 7503 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2146 адад кам аст. Ба таъкиди ӯ, дар 6 моҳи аввали соли равон 5040 ҳолати бекор шудани ақди никоҳ сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 516 ҳолат зиёд будааст.

Ҷумъа, 28 Июл 2017 12:43


Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, майдони кишт ва ҳосили картошка давоми 6 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи 1 соли пеш 23% коҳиш ёфтааст: “Аз 836 ҳазору 916 га замини киштшуда 30 ҳазору 375 га (4,8%)-ро картошка ташкил медиҳад”. Ба ҳисоби Агентии омор давоми 6 моҳи соли равон нархи картошка 1,7 баробар гарон шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе сокинони кишвар мегӯянд, имсол арзиши 1 кг картошка то 5 сомонӣ боло рафт ва картошкаи тухмиро ҳатто бо қиммати 8 сомонӣ ҳам пайдо накарданд.

Ҷумъа, 28 Июл 2017 12:42


Ҳукумати шаҳри Душанбе ба маъмурияти бозорҳо супориш додааст, ки дигар аз майдафурӯшоне, ки дар назди бозорҳо савдо мекунанд, пули чеки бозор нагиранд. Маҳмадсаид Зувайдзода-муовини аввали шаҳрдор гуфт, "намешавад, мо тамоми корамонро партофта, ба пеш кардани он холаҳо машғул шавем. Мо тавсия дода истодаем, оҳиста-оҳиста ин мушкил ҳал мешавад. Набояд дар ин масъала аз зӯр кор бигирем.”

Ҷумъа, 28 Июл 2017 12:35


Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 28 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки кормандони ин ниҳод 69 иншоот ва биноҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар бемористони "Истиқлол" ва тарҳи "Манзили дастрас", мавриди санҷиш қарор доданд. Ҷаноби Султонзода гуфт, дар пайи ин санҷиш, 7,8 миллион сомонӣ изофанависӣ ошкор шуд. Ба гуфтаи вай, бар пояи ин санҷиш, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва ба мақомоти додситонӣ пешниҳод гардид.

саҳ 2 аз 19

Китобҳо

Flag Counter