ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 29 Март 2018 10:56


15.02.2018. Дар 10 соли охир, 4 президенти ҷамоҳири Осиёи Марказӣ-Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, барои нахустин бор дар шаҳри Остона-пойтахти Қазоқистон ҷамъ омаданд, то робитаҳояшонро густариш бахшанд.
Президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев-мизбони ин саммит, дар оғоз гуфт, ин ҷамъомад бо ибтикори Шавкат Мирзиёев-президенти Ӯзбекистон ташкил ва баргузор шуд:
"Қазоқистон ҳамеша аз равобити зичи тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсоя ҷонибдор аст, хосса, дар Осиёи Марказӣ, ки бо ҳам таъриху фарҳангу фаҳмишу назари муштарак дорем. Иттиҳоди кишварҳои мо ба фоидаи ҳамаи бошандагони минтақа аст ва рушди тиҷорату амнияти минтақавиро мустаҳкам мекунад".
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон низ гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст эълон кард, ки ҷонибдори истифодаи дурусту одилона аз манобеъи обу энергетика аст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст бо таъкид гуфт, ки «Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард. Мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд.”
Э.Раҳмон ҳамкории минтақавиро як зарурати бебаҳси замон номида, аз тағйири мусбат дар муносибати кишварҳои ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ кард.
Назарбоев чанд соат пеш аз оғози саммит бо ҳамтои қирғизи худ-Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот карда, бо ишора ба Кремл гуфт, ки «5 кишвари Осиёи Марказӣ метавонанд, тамоми масъалаҳои минтақавиро худашон ҳал кунанд ва ҳеҷ зарурате нест, ки мо барои ҳалли масъалаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ аз берун одам даъват созем. Ин тавонро дорем, ки ҳамаи масъалаҳоро худамон ҳал кунем. Ҳадафи мулоқоти низ ҳамин аст".
Назарбоев 1 рӯз пеш аз нишаст дар алоҳидагӣ бо Э.Раҳмон дидору гуфтугӯ карда, президентҳо зери созишномае имзо гузоштанд, ки ба шаҳрвандони 2 кишвар ҳақ медиҳад, дар қаламрави якдигар 30 рӯз бе регистратсия ва бо сабтином 3 моҳ озод гаштугузор кунанд.
Назарбоев ҳамчунин дар мулоқот бо Шавкат Мирзиёев бо хушнудӣ гуфт, дар тӯли 1 соли баъди ба қудрат расиданаш кору мушкили зиёдеро ҳал намуд, ки даҳсолаҳо боз дар бунбаст қарор доштанд:
"Рӯҳияи мо аз он чӣ дар гузашта буд, хело тафовут дорад... Имрӯз мо бо ҳамтоҳо-бародаронамон мулоқот мекунем ва хушбахтам, ки Шумо омадед".
Назарбоев дар поёни мулоқот бо ҳамтоёни худ аз нерӯву рӯҳияи нав дар ОМ сӯҳбат карда гуфт: "Раҳбарон барои дарёфти роҳи одилонаи истифодаи захираҳои об дар минтақа, рушди тиҷорат ва мулоқоти минбаъда дар остонаи Наврӯз гирди ҳам омаданд".
Ҳарчанд касе равшан ҳарф назад, аммо аз ишорот фаҳмида мешуд, ки сабаби кашмакашу ҳамдигарбадбинӣ, хусумат, роҳбандӣ ва бадбахтиҳо дар ОМ собиқ президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов будааст, ки баъди маргаш тамомии кишварҳои осиёӣ ба тавофуқ расиданду марзу роҳҳои ҳамдигариро кушоданд. Тавре Назарбоев гуфт, «Мо медонем, ки садҳо ҷавони Тоҷик дар минаҳои ҳамсоякишвар, ки ҳамакнун (баъди марги Каримов-ред.) поккорӣ шудаанд, фавтида буданд. ОМ акнун ба марҳалаи нави ҳамкорӣ гузашт!». Воқеан ҳам маҳз Каримов буд, ки намехост ҳамоиши 5 кишвари ҳамсуд ва ҳамсоя баргузор шавад ва худаш низ ба чунин маъракаҳо намерафт!
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин нишасти лидерони минтақа бе ҳузури Маскав буд. Дар ин саммит президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ шахсан ширкат накард, вале раиси парламенти худ-Оқҷа Нурбердиеваро фиристод. Сарони Осиёи Марказӣ ба хулосаву қароре расиданд, ки ҳамасола дар остонаи Наврӯз бо навбат мулоқот мекунанд ва мулоқоти навбатӣ соли оянда дар Тошканд-пойтахти Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.

Панҷшанбе, 29 Март 2018 10:43



Аз Ҷамшед то Сосониён
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми эронитабор ба шумор меравад. Аслан ҳамаи қавму миллатҳо фарорасии соли навро бо шаҳомату шукӯҳи хос ҷашн мегиранд. Аммо соли нави мардуми ориёитабор ба куллӣ аз ҳамаи ҷашнҳои соли навии роиҷ дар дунё фарқ мекунад. Масеҳиён соли нави худро аз таваллуди ҳазрати Исо (с.а) ҷашн мегиранд. Соли нави қамарӣ, ки бештари нажоди сомӣ аз он табаият мекунанд, аз ҳиҷрати Расули гиромии ислом (с.а) оғоз меёбад. Мардуми Шарқи Дур (Чину Ҷопон) низ соли нави ба худ хос доранд, лек ҳеҷ кадом аз инҳо ҷавобгӯи аслии ин мафҳум, яъне оғози соли нав аз нигоҳи табиатро надоранд ва танҳо ин ҷашни қадимии мардуми ориёитабор пурра ба ин мафҳум ҷавобгӯст.

Панҷшанбе, 29 Март 2018 10:37


21.03.1917. Дар Русия оилаи Романовҳо ба ҳабс гирифта шуд. Қарори ҳабси шоҳро Шӯрои петроградии коргарон ва аскарон ба Ҳукумати муваққат пешниҳод намуд. Дар сурати радди ин иқдом аз ҷониби Ҳукумати муваққат, Шӯро тасмим гирифт худсарона Николайи 2-ро ба ҳабс бигирад. Билохира, шоҳ ва аҳли оилааш ба ҳабс гирифта шуда, ба Таболск бадарға шуданд ва баъди 1 сол аз ҷониби болшевикон ба қатл расонида шуданд.

21.03.1919.Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Венгрия. Ин ҷумҳурӣ муддати зиёд давом накард ва аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи румин сарнагун карда шуд.

Панҷшанбе, 29 Март 2018 10:34


Аброр Ҷабборов, сокини ш.Душанбе дар меҳмонии СССР гуфт, ки вой бар ҳоли фарзандони мо, вақте китобҳои дарсӣ бо хатою вожаҳои нофаҳмо чоп мешаванд. Дар китоби забони русии синфи 2 "пилот"-ро "ҳавопаймо" тарҷума кардаанд. Оё «пилот» дар тарҷумаи тоҷикӣ «сарнишин» нест? Лек ҳангоме ки дар китоби «Русский язык» (барои синфи 2) ҷумлаеро бо чунин тарҷума мехонед: "Бародари ман ҳавопаймо", ҳам хандаатон меояду ҳам гиря. Охир, ҳавопаймо ин самолет аст, на пилот! Инчунин, дар китоби "Математика" (синфи 2) 1 масъала дода шудааст, ки бояд хонанда онро ҳал намуда, бо диаграмма нишон диҳад. О, хонандаи синфи 2 аз куҷо медонад, ки ДИАГРАММА чист?! Тарзи масъалабандиро бояд дигар кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар ягон ҷои китоб маънидод нашудааст, ки диаграмма чист ва онро дар синфи 6-7 мехонанд! Тамоми китобҳои синфҳои поёнӣ айнан ва бештар аз ин хатоиҳои ҷиддӣ доранд. Дар оянда дигар китобҳоро низ мисол оварда метавонам. Дар китоби синфи 4, 5, 6, махсусан, дар "Таърих", "Забони модарӣ" ва "Математика" хатоиҳо бениҳоят бисёранд. Ба ин хатоиҳо кӣ бояд ҷавоб гӯяд?

Панҷшанбе, 29 Март 2018 10:27


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Сарбанд мақолаи «2 млн. қарзи коргаронро кӣ медиҳад?» (СССР, 15.12.2017)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба масъалаи пардохти музди меҳнати кормандони собиқ корхонаи азими шаҳр ҶСК «Азот» иттилоъ медиҳад, аз моҳи декабри с.2008 то ин ҷониб бо сабаби қатъи интиқоли гази табиӣ ҶСП КМ «Тоҷик Азот» аз фаолият монд. Ин сармоягузорро водор кард, то ҳаллу фасл шудани интиқоли газ аксарияти кормандони истеҳсолотро рухсатии бемуҳлат ва бемузд дода, кормандони заруриро барои дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани дастгоҳу таҷҳизоти корхона нигоҳ дорад. Дар ин муддат сармоягузор то моҳи майи с.2015 музди маоши кормандонро бо пуррагӣ аз ҳисоби худ пардохтааст. ҶСП КМ «Тоҷик Азот» дар асоси ҳалномаи Суди иқтисодии вил.Хатлон аз 23.06.2014 ва тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.08.2010, №392 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани корхонаи давлатӣ ва воҳиди сохтории он» ба ҶСК «Азот» табдил дода шуда, 100%-и саҳмияҳо ҳамчун саҳми давлат ба расмият дароварда шуданд. Бо сабаби набуди газ ва фаъолият накардани ҶСП «Азот» дар давоми беш аз 2 сол қарзи музди меҳнати кормандон ба 2,5 млн. сомонӣ расид, ки дар маҷмӯъ 295 нафар кормандон аз ин маблағ ҳақ доранд… Новобаста ба ин сармоягузор тасмим гирифтааст, дар мавриди пурра ба кор даромадани корхона қарзи музди маоши кормандон пардохт намояд.

С.Самизода, раиси ш.Сарбанд


Панҷшанбе, 29 Март 2018 10:21


Азизҷон Азимӣ, 1 ҷавони Тоҷик, ки дар ИМА таҳсил мекунад, ба рӯйхати маҷаллаи машҳур ва бонуфузи «Форбес»- «Forbes» шомил гардид. Азизҷонро «Форбес» дар бахши «30 то 30», яъне соҳибкорони ҷавони то 30-солаи Осиёи Марказӣ ҷой додаст. Бояд зикр намуд, ки Азизҷон Азимӣ нахустин фарди Тоҷикистон аст, ки номаш дар рӯйхати «Форбес» ворид карда шуд.
Ин ҷавони Тоҷик дар байни 3600 довталаб барандаи стипендияи Барномаи «The Knight—Hennessy Scholars» гардид, ки он барои таҳсил дар Донишгоҳи Стенфорди Амрико дода мешавад.
Азизҷон Азимӣ соли 1997 ба дунё омада, аз сини хурдсолӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ шавқу рағбат пайдо менамояд. Аз 5-солагӣ ба омӯхтани забони англисӣ шурӯъ намуда, ҳангоми таҳсил дар синфи 9-ум бо 2 ҳамсинфи дигараш дар озмуни байналмиллалии I-SWEEEP 2008 дар ш. Хюстони ИМА иштирок карда, сазовори ҷои 1-ум ва медали тилло мегардад. Лоиҳаи аз ҷониби ин бачаҳо омода намуда ин кашф кардани қувваи барқ аз лойи геобактер иборат буд.
Азизҷон пас аз ин ғолибият таҳсилро дар мактаби хусусии Разӣ дар ш. Ню-Йoрки ИМА давом дода, соли 2012 мактабро бо баҳои аъло, ҷоизаи  академикии президенти вақти ИМА Барак Обама ва ҳамчун роҳбари «ҳукумати хонандагон» хатм кардааст. Вай баъдан дар факултаи аълохонони донишгоҳи Хофстра (Hofstra University) бо стипендияи президенти донишгоҳ таҳсилро давом дода, пас аз 1 соли хониш дар ин донишгоҳ ба Донишгоҳи Ню-Йорк (NYU) гузаштаст.



 

 
    

Панҷшанбе, 29 Март 2018 10:14


Узви Ихвон-ал-СССР, Набиҷон Файзуллоев, аспирант аз ноҳияи Айнӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки тавре ёд дорам, расо 5 сол пеш ГосДумаи Русия ҳангоми баррасии тарҳи қонун дар боби маҳдуд кардани сигоркашӣ, носро низ ба он изофа кард. Вакилони мардумӣ тарҳи қонунро пазируфтанд. Манъи фурӯши нос дар Русияро Дмитрий Носов-ноиби Владимир Жириновский аз Ҳизби Либерал Демократ, ҳизби шовинистии Русия пешниҳод кард. Носов 1 халтаи носро ба вакилони ГосДума нишон дода, аз онҳо хост, ки пешниҳоди ҳизбашро қабул кунанд ва гуфт, «инро зодагони Осиёи Марказӣ, муҳоҷирон мефурӯшанд ва 95% онҳое, ки ин касофатро истеъмол мекунанд, кӯдакону наврасони мо ҳастанд. Ҳоло ҳамаи мактабҳои мо аз ин касофати сабз ифлос шудаанд. Тибб собит кардааст, ки нос ба маротиб аз сигор зиёновар аст. Аз ин рӯ, дар тарҳи қонун манъи фурӯши нос ворид карда шавад ва аз шумо хоҳиш мекунем, ки пешниҳоди моро дастгирӣ кунед!». Воқеан, Ҳукумати марказии мо сигоркаширо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо қонун манъ кард ва «статя» баровард, вале ин қонун ба носкашҳо дахл надорад? Охир, нос ҳам ба саломатии инсон ва ҳам экология зиён меорад ку???
Аз редаксия: Дар ҳамсоякишварҳо низ бо нос ҷангро сар кардаанд. Масалан, дар Туркманистон истеъмоли нос ба истеъмоли наркотик баробар гардид. Вале ба назар мерасад, ки депутатҳои мо носкаш ҳам доранд, чаро ки чунин қонунро пешниҳоду баррасӣ намекунанд?!

Панҷшанбе, 29 Март 2018 10:11


Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзоюсуф Хоҷаев-муаллими собиқадор аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба СССР занг задаву гуфт, ки дар оғоз, салому паёми хонандагони мастчоҳии СССРро ба аҳли қалами газета мерасонам ва аз номи онҳо гурӯҳи эҷодии газетаи СССРро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапайк сидқан таҳният мегӯям. 1-2 ҷумла дар бораи раҳматӣ Аслиддин Соҳибназаров-донишманди маъруфи Тоҷик гуфтаниам. Ӯ то охири умр ҳамчун демократ зист ва демократ монд. Авлиёи иқтисод буду нотакрор. Дар ҳаёт мисли ӯ хело кам пайдо мешавад. Афсӯс, ки қадраш накардем. Гумон намудем, ки чунин афроди закӣ ва поктинат зиёд аст, аммо хато кардем…

саҳ 2 аз 14

Китобҳо

Flag Counter