ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 24 Май 2018 16:17


Ҳаҷиме Китаока, сафири давлати Япония дар ҶТ дар моҳи мубораки Рамазон ба аёдати варзишгарони маъюби Тоҷик ба Федератсияи варзишгарони маъюби кишвар рафта, дар анҷоми лоиҳаи «Таъмин намудани лавозимоти варзишӣ-тамринӣ барои варзишгарони маъюб» ширкат варзид.
Чуноне ки ба мухбири мо дар сафорати давлати Япония дар ҶТ хабар доданд, лоиҳаи мазкур барои фароҳам овардани шароит барои одамони маъюб тарҳрезӣ шуда, татбиқи он имкон медиҳад, ки нафарони имконияташон маҳдуд  бо аробачаҳои маъюби варзишӣ таъмин гардида, дар марафон, баскетбол, тенниси рӯи миз ва ҷудои паролимпӣ ва ғайраҳо иштирок намоянд.Тибқи ин лоиҳа толорҳои варзишии Федератсия воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва н.Шаҳринав бо  8 аробача барои баскетбол, 8 аробачаи фаъол барои тенниси рӯи миз, 3 аробача барои марафон, 4 адад  роҳдавак, велотренажер, курсии маҳскунӣ ва 300 м2 тати гӯштингирӣ  таъмин гардиданд. Таҷҳизоти мазкур барои тайёр кардани варзишгарон барои мусобиқаҳои байналмилаллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Федератсия дар саросари кишвар мусоидат менамояд.
Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 82,929 доллари ИМА буда, дар доираи кумакҳои бебозгашти фарҳангии Ҳукумати Япония  ва барномаи “SPORT FOR TOMORROW” (Варзиш барои фардо) ҷудо  шудааст.

Панҷшанбе, 24 Май 2018 16:13


Қарор аст, рӯзи 1.06.2018 дар ш.Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардад.
Бино ба итиллое, ки дар сомонаи ин созмони мазкур нашр шудааст, дар ҷаласаи мазкур баррасии лоиҳаи 14 санадҳои марбут ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар доираи ИДМ дар назар гирифта шудааст. Инчунин, дар ҷаласаи ҳайати васеъ баррасии 1 қатор санадҳои соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла, лоиҳаҳои Консепсияи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи рушди инноватсионии энергетика ва таҳияи технологияҳои пешқадами энергетикӣ ва Нақшаи тадбирҳои авлавиятнок оид ба татбиқи он, Созишнома оид ба ташаккул ва рушди бозори моликияти зеҳнии давлатҳои иштирокдори ИДМ, Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар самти идораи партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, қарор дар бораи тартиби таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳову чорабиниҳои инноватсионии байнидавлатӣ доир ба барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ то соли 2020 баррасӣ хоҳад шуд. Дар бахши гуманитарӣ бошад сарони ҳукуматҳо маҷмӯи амалҳои муштараки кишварҳои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳорӣ дар давраи то соли 2025-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Панҷшанбе, 24 Май 2018 16:10


Дар ш.Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории ҳамоҳангсози Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон вохӯрии якҷояи ҳайати Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур ҳайати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардорони 1 қатор раёсатҳо ва ҷузъу томҳои дахлдори Вазорат намояндагӣ карданд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Бобоҷонов Пулод Раззоқович оғоз намуда, ҳайати кории Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон хайра мақдам гуфта, қайд кард, ки мардуми тоҷик ва ӯзбек аз даврони қадим бо ҳам дӯст ва бародарони қарин буда, дорои фарҳанги бою ғании ба ҳам наздик мебошанд. Боиси хурсандист, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди 2 вазорат боз ҳам тақвият ёфта, умед дорем дар ин замина ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
Дар навбати худ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Вазири корҳои дохилии давлати Ӯзбекистон генерал-майор Бобоҷонов Пулод Раззоқович барои истиқболи гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз густариш ёфтани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар самтҳои фарогир, аз ҷумла мубориза бо ҷинояткорӣ, хатарҳои ҷаҳони имрӯз, мубодилаи таҷриба вобаста ба масъалаҳои наздисарҳадӣ қаноатманд буда, итминони комил дорем, ки ин робитаҳо дар оянда низ боз ҳам ривоҷ хоҳанд ёфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ нахуст ҳисоботи роҳбарони ҷузъу томҳои дахлдори ҳар ду ҷониб оид ба амалисозии Созишномаҳои қаблан ба имзорасида шунида шуда, ҳамчунин сатҳи ҳамкориҳои байни мақомотҳои корҳои дохилии наздисарҳадии 2 давлат, ҳамкориҳо дар самти таъмини бехатарии роҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Чоршанбе, 23 Май 2018 17:35


Болоравии арзиши маҳсулоти кишоварзиро деҳқонон дар гаронии арзиши сӯзишвории дизелӣ ё солярка арзёбӣ мекунанд. Солярка барои коркард кардани замин лозим асту деҳқонон маҷбуранд онро харида, сарфу хароҷотро болои нархи маҳсулоти полезӣ зам кунанд. Ҳарчанд нархи меваю сабзавот дар вил.Хатлон ва маркази он бояд нисбатан арзон бошад, лек соҳибкорон мегӯянд, вақти шудгор ва кишт маводи сӯхтро зиёд сарф мекунанд ва ин аст, ки имрӯз маҷбур нархи полезию сабзавотро мисли сӯзишворӣ гарон ҳисоб кунанд. Абдурозиқ Равшанов-ронандаи трактор аз н.Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) дар сӯҳбат бо СССР аз гаронии нархи солярка, ки ба 7,60 дирам расидааст, бо изҳори нигаронӣ гуфт, барои хуб кардани ваъзи зиндагияш 10 сол пеш трактор харида буд.
-Ҳоло 1 литр соляркаро аз 7,60 то 8 сомонӣ харида 1 га заминро ба арзиши 8 сомонӣ ҷуфт мекунем. Ҳангоме дар заминҳои кишт бо деҳқонон чунин нархгузорӣ мекунем, онҳо дар навбати худ аз мо шиква мекунанд, ки мо заминро бо нархи қимат шудгор ва коркард мекунем. Лек онҳо нархи сӯзишвориро ҳам намедонанд ва ҳатто намепурсанд, 1 литр солярка чанд пул аст. Ин дар ҳолест, соляркаро аз пасмондаи нефт омода мекунанду аҷибаш ин, ки 1 литр навъи бензини А-95, 7 сомонӣ асту солярка бошад аз 7,6-8 сомонӣ арзон намешавад,- афзуд мавсуф.
Роҳбари хоҷагии деҳқонии “Меҳвар” Мирзоев Саид аз н.Ҷайҳуни вил.Хатлон, ки 11 сол боз ба деҳқонӣ сару кор дорад, мегӯяд, дар ҳудуди 57 га замин пахта ва полезии пиёз, сабзӣ, тарбузу харбуза кишт карда, ба бозорҳои ватанӣ пешкаши мардум менамояд. Ӯ афзуд, ки ҳангоми ҷамъоварии пиёз якбора нархи сӯзишвории солярка ба 7,60 расид. Ронандагони “Дулан” қаблан 1 кг пиёзро ба вил.Суғд бо нархи 12 дирам мебурданд, ҳоло бошад 1 кг пиёзро 20 дирам нарх гузоштаанд, ки нигаронкунанда аст. Мирзоев мегӯяд, деҳқонон танҳо имсол ба зиёни худ кор карда, доруҳои минералӣ ва сӯзишвориро қимат харидаанду намедонанд, ки ҳосил чӣ гуна мешавад. Ман сабаби якбора боло рафтани нархи соляркаро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маркази вилоят аз идораҳои дахлдор пурсидам. Сабаби баланд шудани нархи соляркаро дар худи Раёсати зиддиинҳисории вилоят намедонанд! Думболи пайдо кардани ҷавоб ба ин суол ба чанд манобеи дигар муроҷиат кардам, лек посухи дуруст наёфтам.

Баҳодур Уроқов,
СССР, вил.Хатлон

Чоршанбе, 23 Май 2018 17:22


Хонанда ва мухлиси хурдсоли газетаи СССР Мирсаид Шарифзода, хонандаи синфи 6-и литсейи ДМТ (тел: 901 01 07 26) бо 1 даста грамота ва медалҳои варзишӣ дар гардан меҳмони газетаи СССР шудаву гуфт: Ман бо ин Ватан ва ин Ватан низ бо чунин фарзандаш ифтихор дорад. Зеро ояндаи ин Миллату ин Ватанем! Ва бояд на танҳо ман, ки тамомии ҳамнаслонам чунин бошанд! Барои варзишии ману садҳо наврасони ин Ватан боиси сарфарозист, ки чунин Ватану давлати тинҷу осоишта дорем… Бояд гӯям, ки 2 ҳафта пеш дар н.Дангара дар риштаи варзиши гӯштини озод, дар вазни 38 кг ҷои 1-ро гирифтам. Аз ин пештар (моҳи ноябри соли 2017) дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамин навъи варзиш дар вазни 38 ҷои 1 насиби ман шуд. Қаблтар аз ин дар ш.Қӯрғонтеппа низ ҷои якум насиби ман шуда буд… Шояд хонандагон фикр кунанд, ки аз чандсолагӣ дар гӯштин будам? Ба ин савол бояд гӯям, ки ман аз синфи 3 дар ин навъи варзиш-гӯштини тарзи озод завқу хоҳиши зиёд доштам. Аз падарам низ хело миннатдорам, ки барои гӯштингирии ман кӯмаки зиёд намуд ва хоҳиш дорад, то охир давом диҳам! Ва бовар дорам, Чемпиони Ҷаҳон хоҳам шуд, зеро Мо Метавонем! Аз ҳамаи ҳамнаслони худ хоҳиш дорам, ки худро аз варзиш дур нагиранд. Ҳама навъи варзиш барои мову Ватани азизамон имтиёз хоҳад овард!!!

Чоршанбе, 23 Май 2018 17:19


Туҳфаҳои президентии бархе аз ғолибони Бозиҳои 5-уми осиёиро, ки сентябри с.2017 дар ш.Ашқободи Туркманистон баргузор шуд, бозпас гирифтанд. Сабаби ин тасмим шарҳ дода нашудааст. Ҳукумати Туркманистон соли гузашта миллиардҳо долларро сарфи Бозиҳои осиёӣ карда буд. Расонаҳои маҳаллӣ соли гузашта навишта буданд, ки ба бархе аз варзишгарони туркман аз номи президент-Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов туҳфаҳои гаронбаҳо, аз ҷумла, мошинҳои навъи «Toyota Camry GL Executive»-ро дарёфт карданд.

Чоршанбе, 23 Май 2018 17:18


Президенти Русия Владимир Путин бо Никол Пашинян-сарвазири Арманистон дар Сочӣ мулоқот кард. Путин изҳори умед кард, ки бо ҳукумати нави Арманистон равобити Маскаву Ереван мисли пештара босуръат пеш хоҳад рафт. Ва таъкид кард, ки Русия Арманистонро ҳамчун ҳамкор ва шарики наздик дар минтақа арзёбӣ мекунад ва ин шарикиҳо ба ҳамкории иқтисодӣ ва ҳам масоили амниятӣ рабт мегирад.

Чоршанбе, 23 Май 2018 17:15


«Дар ҳоли ҳозир ҷаҳон бо хатари нав-терроризм рӯ ба рӯст ва бар зидди ин хатар танҳо дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳампаймони қадимиамон-Русия ва кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ метавонем мубориза бурд,"- гуфт Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон дар чорабинии бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ш.Бишкек. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло марзҳои кишварашро сарбозон ва фармондеҳони "насли шуҷоъ"-и қаҳрамонони ҶБВ ҳифз мекунанд. Президент дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" дар ш.Бишкек ширкат кард. Ӯ акси бобояш Ҷеенбек Пирназаровро бо худ дошт. Бобои президенти Қирғизистон дар ҶБВ ширкат кардааст.

саҳ 4 аз 15

Китобҳо

Flag Counter