ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 31 Май 2018 16:42


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Ҳисор иттило медиҳад ки мақолаи танқидии сокини н.Кӯшониён (собиқ Бохтар)-и вил.Хатлон Баҳодур Уроқовро таҳти унвони «Раис лаҷоми сохторҳоро бикашад» (СССР, №11, 15.03.2018) мавриди баррасӣ қарор дод. Муаллиф дар мақола оид ба ҳолати бади санитарию гигиении самбӯсахона, воқеъ дар кӯч.А.Юсуфӣ навишта, хоҳиш кардааст, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти сохторҳои назоратиро беҳтар намоем. Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки ҳуҷраи самбӯсатайёркунӣ берун аз нуқтаи самбӯсапазӣ ҷойгир буда, ба таъмири косметологӣ ниёз дорад. Ҳамаи кормандони нуқтаи самбӯсапазӣ аз муоинаи тиббии нақшавӣ гузаронида шуда, бо либоси махсуси корӣ таъминанд. Нисбати масъули нуқтаи самбӯсахона Турдиматов Салимҷон Туланович ҷиҳати хунукназарӣ зоҳир намуданаш ва ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ доданаш чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ андешида шуд. Аз ӯ ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима ситонида, ба суратҳисоби Амонатбонки ш.Ҳисор гузаронида шуд.

У.Абдуллозода,
муовини раиси шаҳр

Панҷшанбе, 31 Май 2018 16:39


Мавзуеро, ки пайгирӣ намудаам баҳсбарангезу душманзо аст, вале ба ақли солиму дарроки хонандагон эътимод дорам. Сухан дар бораи миллат меравад. Ислом - дини муқаддаси мою шумо мусалламан миллати дигареро ба ҷуз миллати мусалмон қабул надоред, вале барои ҳар яки мо миллиятамон на камтар аз эътиқодамон муқаддас аст.
Дини Ислом дар қиёс ба дини Зардуштӣ барои мо Тоҷикон бунёди миллӣ надорад ва дақиқан Худо-шиносиро қавӣ, ҳуввияту Хештан-шиносиро заиф мегардонад. Ҳарчанд дар Қуръон омадааст: “Ҳар кӣ Худ-ро шинохт Худо-ро мешиносад.” Бадбахтӣ боз дар он аст, ки барои мусалмонони ғайриараб ифтихороти миллӣ бо ифтихороти динӣ созгор нест. Мусалмон шудан пас бояд ногузир ба таърихи пурифтихори тоисломиямон хатти батлон бикашем. Чӣ бояд кард то Худо-шиносии мо Хештан-шиносиямонро зиён наорад? Назари Шумо?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор
журналист

Панҷшанбе, 31 Май 2018 16:37


Салом, СССР! Ман нисбати ширкати мобилии Тсеll эътироз дорам. Аз барномаҳои рекламавии ТВҳои «Сафина», «Баҳористон» эълонномаи Тсеll-ро дар бораи бозиҳои бурднок доимо тамошо мекунам. Он ҷо мегуфтанд, ки «11.05.2018 бозии Лото, бо бурди 4 мошин, хонаи истиқоматӣ дар ш.Хуҷанд баргузор мешавад. Бо рақами 2222 занг занед, 2 сомонӣ равон кунед. Ҷавобашро бо рақами 4040 мегиред, пурра мефаҳмонанд». Аммо ин тавр нест! Ғайр аз фиреби маҳз нисбати ҳавасмандон. 23.04.2018, соати 12 баланси телефонамро бо 10 сомонӣ пур кардам. Аз Тселл паём омад, ки «дар суратҳисоби Шумо 9,60 дирам ворид шуд». Аллакай 40 дирамро заданд. Худи ҳамон рӯз ягон ҷо занг назадам. Соати 21:50 таваҷҷуҳам боло гирифту ба рақами 2222 занг зада гуфтам, ки «ба бозӣ ҳамроҳ мешавам. 2 сомонӣ аз ман гиред». Ташаккур баён карда 2 сомонӣ гирифтанд. Бо 1 паёмак тавсия доданд, ки ба рақами 4040 занг занед. Ба рақами тавсиядода занг задам. Ҳамаашро фаҳмониданд. Дар охир гуфтанд, ки ҳар вақт бо 4040 занг занед ҳамоно 20 дирам дошта мешавад ва фаҳмонданд, ки бо рақами 4040 зуд-зуд занг занед, ба шумо тағйироти нав фаҳмонда мешавад. Бо истифода аз боварии содалавҳонаи ман 5.66 дирамро аз худ карданд.

Вайсиддин Шамсов, табиб, ш.Роғун, тел: 93 196 45 30

Панҷшанбе, 31 Май 2018 16:26

Сафаргуфта-1

Панҷшанбе, 31 Май 2018 16:24

Панҷшанбе, 31 Май 2018 16:21

Панҷшанбе, 31 Май 2018 16:16

Панҷшанбе, 31 Май 2018 10:04


Бо дастури Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд масъулини ҳукумати вилоят тасмим гирифтаанд дар моҳи шарифи Рамазон ба 7600 оила, шахсони яккаву танҳо ва маъюбон кӯмакҳои моддӣ расонанд.
Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ - 475, Ашт - 572, Бобоҷон Ғафуров - 925, Бӯстон - 66, Гулистон - 138, Деваштич - 631, Зафаробод - 257, Истаравшан - 908, Исфара - 552, Истиқлол - 25, Конибодом - 594, Куҳистони Мастчоҳ - 87, Мастчоҳ - 400, Панҷакент - 920, Спитамен - 206, Хуҷанд - 473, Ҷаббор Расулов - 276 ва Шаҳристон - 95 оила ва шахсони ниёзманд аёдат карда шуда, ба он кӯмакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, расонида хоҳад шуд. Дар баробари ин аз ҷониби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ аёдати оилаҳои камбизоат ва шахсони низёманд идома дошта, тақсимоти кӯмакҳои моддӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд идома доранд. Дар бора ба мухбири СССР дар хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.
Ин амал дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо сурат гирифта, барои дастгирии ин қишри ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

СССР
 


саҳ 2 аз 15

Китобҳо

Flag Counter