ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 27 Июл 2018 16:21


26.07.2018. Эмомалӣ Раҳмон-президенти Тоҷикистон бо масъулони нерӯгоҳи "Роғун" ва фаъолони ш.Роғун машварати корӣ доир кард. Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти неругоҳ муваззаф шудаанд, ки барои ба истифода додани навбати аввали НБО "Роғун" дар тирамоҳи соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия кунанд. Э.Раҳмон инчунин ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои шинонидани дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ қад-қади шоҳроҳи Ваҳдат то ш.Роғун ситоди ҷумҳуриявии ободонию кабудизоркунӣ таъсис дода шавад.

Ҷумъа, 27 Июл 2018 16:19

Меҳрона Ғайбуллоева, донишҷӯи соли 1-уми шӯъбаи сурудхонии академияи Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе» ба номи А.Бобоқулов, ки соли 2018 дар озмуни байналмилалии «Ту беҳтари!»-и шабакаи телевизионии НТВ ширкат варзида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд, сазовори стипендияи раиси ш.Душанбе гардидааст.
Меҳрона Ғайбуллоева тибқи қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳар моҳ бо маблағи 250 сомонӣ таъмин карда шуда, ин стипендия 9 моҳи соли хониши 2017-2018-ро дар бар мегирад.

Ҷумъа, 27 Июл 2018 16:17


Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст сар аз 1.08.2018 дар хатсайри №25, ки маҳаллаи Зарафшонро бо бозори «Меҳргон» мепайвандад, автобусҳои навро ба истифода диҳад. Барои ин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ш.Душанбе 100 адад автобусҳои нави тамғаи «ISUZU» аз кишвари Туркия харидорӣ карда шудааст.
   Бино ба иттилои Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, айни замон миқдори нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар дар пойтахт дар маҷмӯъ 2907 ададро ташкил намуда, аз ин теъдод 455 автобусҳо, 105 адад троллейбусҳо, 30 адад микроавтобусҳои коммуналӣ ва 2317 адад микроавтобусҳои сектори хусусӣ мебошанд.
   Дар маҷмӯъ шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 64 адад автобусҳои тамғаҳои гуногуни «ISUZU», 76 адад тамғаи «AKIA», 145 адад тамғаи «ЛИАЗ», 113 адад тамғаи «ПАЗ», 10 адад тамғаи «Икарус», 17 адад тамғаи «Кинг-лонг», 30 адад тамғаи «Газел» ва 105 адад троллейбус мебошанд.



Ҷумъа, 27 Июл 2018 14:18

Аз оғози соли ҷорӣ дар ҳудуди ш.Душанбе 72 майдончаи варзишӣ ва 3 боғу гулгашт бунёд карда шудааст. Дар ин давра сохтмони 12 боғу гулгашт ва 92 майдончаҳои варзишӣ оғоз гардид. Аз тарафи масъулин дар 69 майдончаи варзишӣ ва дар 5 боғу гулгаштҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар иншоотҳои боқимонда корҳо идома доранд. Инчунин, тибқи қарорҳои алоҳидаи Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкорон дар 13 мавзеъ сохтмони майдончаҳои варзишӣ оғоз гардида, бунёди 3 майдонча анҷом ёфта, ба истифода супорида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси ш.Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод.
Бино ба иттилои эшон, бо мақсади ба меъёрҳои муосири шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт дар 17 иншооти роҳсозӣ ба дарозии 29 км ва 3 иншооти ирригатсионӣ ба дарозии 4 км корҳои таъмиру навсозӣ оғоз гардида, дар 5 иншооти дигар дар масофаи 9 км ва дар масоҳати 134 ҳазор метрии мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба охир расонида шуд.


Ҷумъа, 27 Июл 2018 14:15

Имрӯз, тақрибан соатҳои 11-и рӯз дар бинои вокзали роҳи оҳани пойтахт сӯхтор ба амал омад. Сӯхтор дар муддати 20 дақиқа хомӯш гашта, дар ин вақт наздики 80 метри квадратӣ, аз ҷумла чанд курсии барои нишасти мусофирон гузошта шуда, дар толори асосии вокзал зарар дид.
Бино ба иттилои Умарҷони Эмомалӣ, котиби матбуоти ВКД ҶТ, нисбати ин ҳодиса парванда боз гардида, тафтишот оғоз шудааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҷумъа, 27 Июл 2018 14:12


 Чанде пеш газетаи мардумии СССР матлаберо бо номи «Бозори Ҳоҷӣ Шариф зидди экология аст!» нашр карда буд. Дар матлаб сокинон шиква аз он мекарданд, ки дар назди бино зисташон ҳавлие хурдакаке ҳаст, ки дар онҷо аз хурд то бузург нишаста, кӯдакон бозӣ мекунанд. Аммо роҳбарияти бозори мазкур қисми ин майдонро ба мавзеъи оҳакфурӯшӣ табдил додааст.
 Баъди гузориши СССР роҳбарияти бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и ш.Бохтар ин мушкилиро бартараф карда, гирду атрофи ин мавзеъро бастанд. Дар ҳамин маврид яке аз масъулони бозори мазкур дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР  афзуд, ки ин мавзеи оҳакфурӯшӣ дар тавозуни бозор аст ва дар ҳақиқат 1 қисми ин мавзе кушода буда, ҳоло он 100% баста шудааст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 27 Июл 2018 14:07


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» сар аз 28.07.2018 ба амалӣ кардани парвозҳо дар хатсайри нави Душанбе-Самарқанд-Душанбе оғоз менамояд. Парвози нахустин соати 9:00-и субҳи рӯзи 28.07.2018 сурат гирифта, он тавассути ҳавопаймои Boeing 737–300 иҷро мешавад.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти ширкати номбурда хабар доданд, вақти парвоз дар 1 самт 45 дақиқаро дар бар гирифта, нархи чипта бошад 684 сомонӣ барои 1 тараф аст. Парвози минбаъда дар масири Душанбе-Самарқанд-Душанбе рӯзи шанбеи ҳафтаи оянда баргузор мегардад.

СССР


Ҷумъа, 27 Июл 2018 11:51


Дар нишасти матбуотии РВКД дар вил.Хатлон Солеҳзода Искандар ба ин суоли журналистон, ки «оё полковник Маҳмуд Худойбердиев ҳоло ҳам дар Ӯзбекистон пинҳон аст?» гуфт:
-Тибқи иттилои мо, ҷанговароне, ки с.1997 якҷо бо Маҳмуд Худойбердиев фирор карда буданд, аксарияташон дар Русия ба соҳибкорӣ машғуланд. Айни замон худи Маҳмуд аз Ҷумҳурии Узбекистон берун шудааст ва маълумоти дақиқ надорем. Мувофиқ бо баъзе маълумотҳои дарёфтшуда, ӯ дар давлати Туркия аст. Агар дар Ӯзбекистон мешуд ҳамон лаҳза тариқи ВАО паҳн мешуд…

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

саҳ 2 аз 15

Китобҳо

Flag Counter