ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 02 Январ 2019 11:01


То соли мелодии 2019 ва мурчали «Хубон» рӯзҳои ба шумор мондааст. Сокинон-аз хурд то бузурги шаҳри Бохтар дар ҳудуди бозорҳо барои таҷлили Соли нави мелодии 2019 дар ҳаракатанд! Дар нуқтаҳои савдо ҷои поймонӣ нест. Аксарияти савдогарони бозор нарху наворо 2 маротиба баланд бардошта, ҷайби худро пур кардан доранд. Дар бозорҳои ш.Бохтар ҳоло 1 кг афлесун 12 сомонӣ, себ 5-7 сомонӣ, анор 6-15 сомонӣ, биринҷ 8-18 сомонӣ, гӯшти гов 38-42 ва гушти гӯсфанд 39-41 сомонӣ, гушти мурғ 22-23 сомонист, ки 1 ҳафта қабл, аз 5 то 10% арзон буд.
Ҳамсӯҳбатони мо дар сӯҳбат бо СССР мегӯянд, ки новобаста аз ин ҳама мукшилот соли навро қайд мекунанд, чунки ин хурсандии на танҳо калонсолон, балки хушнудии кӯдакон низ ҳаст.
«Хурсандии фарзандон барои ману ҳамсарам арзиши баланд дорад. Гарчанде дар мактабҳои миёна гузоштани арчаи солинавиро манъ карда бошанд ҳам, ҳеҷ боке нест. Аммо ҷашни соли навро аз даврони шуравӣ бобову бибиҳои мо қайд мекарданд. Мамлакати мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд аст ва касе ҳуқуқ надорад, ки кадом иду ҷашнро аз пеши худ манъ кунад. Гоҳе дар кӯчаҳои шаҳр баъзе нафарони «ришдор»-ҷавононе, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, «амри маъруф» мекунанд, ки «бояд мо иди соли навро қайд накунем, чунки ин иди русу  англису олмониҳост», мегӯяд Дилафрӯз-сокини ш.Бохтар.

Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Чоршанбе, 02 Январ 2019 10:56


Раванди иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Чоршанбе, 02 Январ 2019 10:53


Омӯзгори собиқадор Мирзоалӣ Содиқов, аз ноҳияи И.Сомонии пойтахт дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар бораи устод Бозор Собир чанд ҷумла гуфтаниям. Рӯзгори устод пур аз пасту баландиҳо, ғаму шодӣ буд. Хосса, солҳое, ки дур аз Ватан, дар ғарибӣ иқомат дошт. Шоирро ёди ёру дӯстон, ҳамкасбон, ёди деҳаи азизаш-Сӯфиён… сахт азият медод. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо сари баланд дунёи фониро падруд гуфт. Баъди даргузашти ӯ шоир Давлати Раҳмониён шеъре навишт бо номи «Баъди Бозор қаламро шиканед!». Воқеан, мактаби адабӣ ва эҷодии Бозор пайрав ва мухлиси зиёд дорад! Раҳмониён аз аҳли қалам даъват ба амал меорад, ки моро боястӣ ҷуръати шоирии Б.Собирро дошта бошем, вагарна муваффақ нахоҳем шуд. Зимнан, устод аз ибтидои фаъолияти эҷодӣ то охирин лаҳзаҳои зиндагиаш далер, ғаюру нотарс боқӣ монд. Ҳанӯз 25 сол қабл аз бозсозии горбачёвӣ шеъри «Забони модарӣ»-ро навишта буд. Дар замони пасошӯравӣ шоир дар ҳамаи мусоҳибаҳои матбуотиаш такрор ба такрор мегуфт: «Фаъолияти ҲНИТ расман манъ карда шавад». Аммо боиси таассуф аст, ки эроди шоирро дар вақташ ба анҷом нарасондем, зеро ӯ хуб медонист, ки бадтарин паёмади таассубгароии мазҳабӣ-тарсуист!

Чоршанбе, 02 Январ 2019 10:47


Тани ягона
Таъсиси аввалин кишвари Шӯроҳо дар Анҷумани 1-уми умумиттиҳодии Шӯроҳо ба вуқӯъ пайваст. Анҷуман дар Театри Калони Маскав мегузашт. Ба он аз кулли ҷамоҳири шӯравӣ вакилон даъват шуда буданд. Соати 12-и рӯз узви Раёсати КИМР (ВЦИК) иштирокчии 3 инқилоб, болшевики собиқадор Петр Смидович дар сари минбар гуфт: "Иродаи ягонаи меҳнаткашони Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Белоруссия дар бораи якҷо кардани ҷумҳуриҳои парокандаи шӯравӣ дар шакли 1 иттиҳоди воҳид, давлати пурзӯр ИҶШС (СССР) дар Анҷуманҳои Шӯроҳои ин кишварҳо чандин бор иброз шуд. Меҳнаткашони РСФСР ҳам ин иродаро ҷонибдорӣ мекунанд ва мо инро дар Анҷумани Шӯроҳои Русия боз шоҳид будем. Анҷумани Шӯроҳо ба барпо кардани чунин иттиҳод розигӣ дод. Асоси иттиҳодро принсипи баробарии комили тамоми ҷумҳуриҳо ва озодона ба иттиҳод дохил ва аз он хориҷ шудани ҷумҳуриҳои шӯравӣ ташкил медиҳад. Ин принсипҳо асоси созишномаи моро ташкил хоҳанд дод. Мо ба шакли 1 давлати воҳид бо ҳам муттаҳид шуда, иттиҳоди ягонаи сиёсӣ ва хоҷагидориро таъсис медиҳем.

Чоршанбе, 02 Январ 2019 10:40


   28.12.2018 дар ш.Исфара 2 иншооти муҳими стратегӣ - Дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло» ва Гузаргоҳи сарҳадии «Сурх» ба истифода дода шуданд.
   Дар маросими ботантанаи расмӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода якҷоя бо сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ генерал-майор Назар Аслам Тӯра ва раиси ш.Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо буридани 1 лентаи рамзӣ ин иншооти муҳимро мавриди истифодаи сарҳадбонон қарор доданд.
   Бино ба иттилои маркази матбуоти раиси ш.Исфара, иншооти мазкур дорои хобгоҳ, ошхона ва дигар инфрасохторҳои зарурии низомию хоҷагидорӣ буда, дар шафати он бинои истиқоматӣ, иборат аз хонаҳои 2 ҳуҷрадор барои 4 оилаи афсарон низ бунёд гардидааст. Дидбонгоҳро тибқи фармоиши раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти в.Суғд сохтмончиёни Ширкати сохтмонии «Исфара» бунёд намудаанд, ки арзиши лоиҳавии он 5 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
   Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин рӯз ҳамчунон Гузаргоҳи сарҳадии «Сурх»-ро ифтитоҳ бахшид, ки низ тибқи фармоиши раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд бунёд гардида аст ва арзиши корҳои анҷомдодашуда 1 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин зайл, дар арафаи Соли нави милодии 2019 шароити хизматӣ ва зисти сарҳадбонон дар Исфара ба таври назаррас беҳбудӣ ёфт.


Чоршанбе, 02 Январ 2019 10:34


27.12.1917. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори КИМ ва ШКХ қонуни назорати коргарӣ ба тасвиб расид.
27.12.1919. Дар шаҳраки Нижнеудинскийи Сибири Шарқӣ адмирал Колчак яке аз боризтарин чеҳраҳои муқовимати зиддиболшевикӣ ба ҳабс гирифта шуд. Болшевикон баъди чанде ӯро дар Иркутск ба қатл расониданд ва чорае ҳам ҷуз ин надоштанд. Яке аз содиқтарин пайравони ӯ, генерал Владимир Оскарович Каппел вақте фаҳмид, ки Колчак дар Иркутск асир шудааст, ба ёрии ӯ шитофт. Дар Сибири Шарқӣ зимистони қаҳратун ҳукмрон буд ва сафедҳо ба ин нигоҳ накарда, ҷониби Иркутск ҳаракат карданд. Каппел баъди чанде ҳангоми убури дарёи Кан бо асп зери ях фурӯ рафт ва 29 январ мурд. Аммо ин ҳам сафедҳоро боз надошт. Ба ҷои ӯ, генерал Войтсеховский фармондеҳ шуд ва артиши сафедӣ ҳаракати худро ҷониби Иркутск идома дод. Ахир, сармозадаву бемадор, ҳудуди 3-4 ҳазор аскари сафед 30 январ ба роҳи оҳан баромада, баъди истироҳати кӯтоҳ ба Иркутск ҳамла карданд. Набарди Иркутск яке аз шадидтарин даргириҳои ҷанги граждании Русия аст. Тарафҳо дар ин ҳарб ҳатто асир намегирифтанд. Билохира, сафедҳо хатти мудофиаи болшевиконро рахна карда, ба 7 км Иркутск наздик шуданд. Ба соати 12 фардои рӯзи дигар ҳуҷуми ҳалкунандаи Иркутск бояд сар мешуд, аммо чехҳои сафед ҳукумати болшевиконро дар Иркутск наҷот доданд.

Чоршанбе, 02 Январ 2019 10:21


Узви Ихвон-ал-СССР, Асомиддин Акобиров, сокини деҳаи Шилбилии ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) ба СССР занг задаву гуфт, ки чаро вақтҳои охир мардум ба ниҳолшинонӣ ва ҳифзи экология таваҷҷӯҳ надоранд? Дар деҳот қариб ягон дилгармӣ ба ободкорӣ нест. Ақаллан ягон дарахти арча намешинонанд. Ман ба хулосае омадам, ки барои поин бурдани нархи бозор бояд дар ҳар ноҳия ошхонаеро бо нархи арзон ва аз ҳисоби кишоварзон ташкил кунем. Ин сабаб мешавад, ки нархҳои маҳсулот дар бозорҳо ба таври автоматӣ поин меравад. Чунин ошхонаҳоро дар ҳар ҷамоати ноҳияҳо бояд бикушоем. Баъзеҳо дар навоҳӣ 10 га замин доранд, аммо ҳосилаш ба 3 га замин ҷавобгӯ нест. Яъне заминро ба таври лозимӣ истифода бурда наметавонанд. Бояд мақомоти дахлдор комиссияҳои махсус таъсис дода, афроди заминдори танбал ва судхӯрро назорат кунанд ва аз дасташон заминро бигиранд ва ба каси кордон ё корчалон бидиҳанд. Танҳо дар ин сурат бозорҳои мо пур ва нархҳо арзон мешаванд. Ё не?

Чоршанбе, 02 Январ 2019 10:19


Узви Ихвон-ал-СССР, Зиёвиддин Ҷамолов, муаллим аз деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нуробод ба СССР занг задаву гуфт, ки ман дина 2 намуди китоби Алифборо варақ задам. Дар матнҳои онҳо камбудӣ ёфтам. Ва ҳар 2 бесифат. Хонанда то 1 моҳ нағз истифода мебарад, пас варақҳояш кушода шуда, медараду мерезад. Дар ҳарфи «у» чунин ҷумла омадааст: «не шула шур». Ҳоло хонандаи синфи 1 ҳарфи е-ро нагузаштааст. Ӯ барои ин чӣ қадар азоб мекашад, зеро ҳар 1 ҳарфро бо шеъру расмаш мешиносад, аммо ин ҳарф барои ӯ тамоман ношинос. Дар ҷое бо ҳарфи «е» чунин омадааст: Зебо ва Зебуннисо. Рӯбоҳ дар байни ҷумла бо ҳарфи калон навишта шудааст. То ҷое огаҳем, рӯбоҳ исми ҷинс аст, на хос. Агар дар ҳар 1 китоб 2-3 хатоӣ бошад, вой бар ҳоли хонанда.

саҳ 14 аз 15

Китобҳо

Flag Counter