ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 09 Январ 2019 09:16


Барои ман рустои Некноти ш.Панҷакент зодгоҳ, аммо Хатлон, Кӯлоб, Хуҷанд, Бадахшон, Вахш Ватан-Тоҷикистон аст. Боре андеша кардаед, ки чаро президенти кишвар дар ҳар суханронӣ оид ба фоҷиаи Афғон ҳарф мезананд? Ин ҳушдорест барои мову шумо! Чунки солиёни 1990-ро набояд фаромӯш кунем. Мо бояд аз таърих сабақ омӯзем ва баҳри ободонии ВАТАН заҳмат кашем. Танҳо метавон хешпарастию маҳалгароиро бо хирад ва ақлу тамиз табобат кард. Беақл такя ба пулу пайсааш карда, сари вазифа меояд, дар атроф хешу табору косалесонро гирд оварда, корхонаю ташкилот, дабистону таълимгоҳҳоро талаву тороҷ ва ҷомеаро дар назари мардум шум месозад. Имрӯз бо баҳонаи ротатсия, нафақа ва дигар роҳҳо шахсиятҳои донишманд, покиза ва ҳақиқатҷӯро аз сари вазифа дур мекунанд.
Муҳимтарин бадбахтӣ ин аст, ки ҳоло муаллим ҷой ва мавқеи худро наёфтааст, ҷомеа иззати омӯзгорро нигоҳ намедорад. Омӯзгор сахттар талаб кунад, навтоҷике, ки корхона, колхозу совхоз, ташкилотро ғорат карда бой шуд, сари омӯзгор чормағз мешиканад…

Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент, тел: 92 819 52 76

Чоршанбе, 09 Январ 2019 09:12

Мо ва кинои мо…

Ҷумъа, 04 Январ 2019 13:48


 Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» ба диққати мусофирон мерасонад, ки то анҷоми мавсими зимистонаи парвозҳои солҳои 2018-2019 парвозҳои ширкати мазкурро ба самти шаҳрҳои Федератсияи Россия ширкати дигари ватанӣ-«Сомон эйр» иҷро хоҳад кард.
   Чуноне ки Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати «Тоҷик эйр» эълон дошт, айни замон байни ин 2 ширкати ҳавопаймоӣ тавофуқнома дар мавриди интиқоли мусофирон ба шаҳрҳои ФР ба имзо расида, амалиёбии хатсайрҳо низ ҳаллу фасл шудааст.
   Бояд қайд намуд, ки ширкати «Тоҷик эйр» парвозҳои худро аз рӯзи аввали соли ҷорӣ дар самтҳои шаҳрҳои ФР мавқуф гузошта, хабар дода буд, ки ин кор ба хотири баррасӣ намудани вазъи молии ширкат ва таҳқиқи зарару фоидаи парвозҳо сурат гирифта, хатсайрҳо то 7.01.2019 муваққатан мавқуф гузошта мешаванд.


Ҷумъа, 04 Январ 2019 11:30


Файзинисо Воҳидова, адвокати маъруфи тоҷик бар асари беморӣ дар сини 55-солагӣ, соати 2-и шаби 3.01.2019 дар бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳаёт чашм пӯшид.
Файзинисо Воҳидова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскавро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 1995 то лаҳзаҳои охири ҳаёташ ба ҳайси адвокат ё вакили мудофеъ фаъолият дошт.

Ҷумъа, 04 Январ 2019 11:28


 Ҷасади модари тоҷик ва 3 кӯдакаш  аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта дар ш.Магнитогорск ёфт шуда, рӯзҳои наздик ба Ватан интиқол дода хоҳанд шуд.
   Гуфта мешавад, ки ҷасади  шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабмоҳ Исоева ва 3 фарзанди ӯ Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсини 3-сола аз зери харобаҳо пайдо шуда, Шуҳрат Улфатов, падари ин хонавода, ки баъди 7 соати фурӯ рафтани хона аз зери харобаҳо дар ҳолати вазнин берун оварда шуд, феълан барои идомаи табобат аз Магнитогорск ба Челябинск интиқол дода шудааст.
   Таркиши лӯлаи газ субҳи 31.12.2018 дар яке аз биноҳои баландошёнаи истиқоматии маркази ш.Магнитогорски Россия ба вуқӯъ пайваст, дар ин бино ба ҷуз оилаи Улфатовҳо, ки зодаи н.Кӯшониён мебошанд, боз 1 оилаи дигари Тоҷик-Самиевҳо зиндагӣ мекарданд. Оилаи Самиевҳоро аз ин ҳодиса наҷот ёфта, тавассути кран аз байни харобаҳо ба берун бароварда шуданд.

Чоршанбе, 02 Январ 2019 14:00

 

Чоршанбе, 02 Январ 2019 11:05


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев миллиардери узбектабори Русия, соҳибкори маъруфи рус ва муассиси ширкати USM Holdings Алишер Усмоновро бахшида ба Рӯзи истиқлоли Қазоқистон бо нишони "Достик" (Дӯстӣ), дараҷаи І қадр кард. Усмонов барои хидматҳояш дар корҳои давлативу иҷтимоӣ, саҳми назаррасаш дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ва тақвияти дӯстӣ миёни халқҳо бо нишони мазкур қадрдонӣ шудааст.

Чоршанбе, 02 Январ 2019 11:04


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамроҳи наберааш Каримгулӣ дар саҳна суруди нави эҷодкардаашро бо номи «Орзу», бо 3 забон, дар чорабинии бахшида ба Соли нав дар маркази "Мизон"-и Ашқобод иҷро кард. Матни сурудро президент навишта, наберааш ба он оҳанг бастааст. Дар барномаи консертии президенту наберааш аъзои ҳукумат, парламент, намояндагони мақомоти низомиву ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, дипломатҳои хориҷиву дохилӣ ва ҳунармандон иштирок доштанд.

саҳ 13 аз 15

Китобҳо

Flag Counter