ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 16 Январ 2019 12:27


Видеои тӯҳфаҳои солинавии президенти Белорусия Александр Лукашенко ба ҳамтои русаш Владимир Путин дар барномаи «Макаёнка, 9» дар ТВ «Беларусь1» намоиш дода шуд. Тамошобинонро хосса барои Путин дар Соли нав 4 халта картошка тӯҳфа бурдани Лукашенко дар ҳайрат гузошт. Лукашенко дар толори Кремл ӯро назди халтаҳои картошкааш меораду мефаҳмонад, ки «инаш барои пюре асту ваяш барои запеканка». Дар 1 сафари қаблӣ Лукашенко аз ӯ пурсидааст, ки дар Соли нав чӣ тӯҳфааш кунад? Путин шӯхиомез картошка ва сало (равғани хук) гуфтааст. Лукашенко ин хоҳишро ҷиддӣ қабул ва ҳардуро иҷро кард.

Чоршанбе, 16 Январ 2019 12:17


Дар арсаи овозхонии тоҷики солҳои охир шеваи сурудхонӣ ба чанд навъ дар ривоҷ аст. Як сароянда тӯли сол ба самъи ҳаводорон як суруд, ҳамон ҳам ба азоби алиме, дигарӣ 1-2, қисмати каме бештар суруд омода месозанд. Мутаассифона, ҳастанд ҳофизоне, ки дар зарфи сол ҳатто суруде ҳам пешниҳод намекунанд. Ин ҳолат масали халқии «Хоҷам боғ дорӣ, боғ дорам»-ро пеши назар меорад. Имрӯз дар фазои ҳунари сарояндагии кишвар теъдоди ҳофизони ба гуфте хасакӣ афзудааст. Ашъори интихобнамудаи онон на вазн дораду на қофия. Ҳамоно иддае на шарм доранд, на ҳаё. Худ «эҷод» мекунанду худ месароянд. Доирае ҳатто бо беҳаёӣ даст ба «мол»-и тайёр мезананд. Ба суруде, ки кайҳо боз тараннум мегардаду ҳам ҳофиз ва ҳам шоираш маълуманд, «тағйироте» ба шеваи хеш мезананд. Боз баҳаёёона ҳам мегӯянд, ин дархости оранжировшик ва ё «оҳангсоз» аст. Хушбахтона ҳастанд касоне, ки дар ин ҷода ба мартабаи устодӣ расида, меҷӯянду месароянд. Ба гунаи мисол, ба «кухня»-и овозхони мумтоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов, собиқ солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1980-1991), роҳбари ансамбли фолклорию этнографии «Ганҷина» (1991-2002), директори «Кохи Ҷомӣ», муаллими дастаҳои ҳунарии Кумитаи ТВ ва радио назди Ҳукумати ҶТ (2015-17), алҳол «бекор» рӯ меорем. Бо ин мақсад, ба барномаи ҳунарии 5 соли охири овозхони маъруф (2013-15) назар афкандем, ки пешавар дар ин муддат ба самъи мардум-ҳаводорони хеш чӣ миқдор суруд хондаву оҳанг баста ва шеърҳоро аз кадом шоирон интихоб намудааст. Қисмате аз ин сурудҳо бори нахуст 1.05.2014, соати 14.00 дар консерти Чилахон («Кохи Ваҳдат») садо додаанд:
«Навои Ватан», шеъри Содиқи Кашрудӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Эй ғалаткарда», ғазали Насимӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Шишаи нанг», шеъри Саидҷон Ҳакимзода, оҳанги Ч. Холов.
«Дӯкони даҳр», ғазали Туғрал, оҳанги халқ.
«Рӯзгори офият», ғазали Анварии Абевардӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Кафтари ром», шеъри Нуруллои Ориф, оҳанги Ч. Холов.
«Шикасти дил», шеъри Сӯфии Ашқарӣ, оҳанги халқ.
«Тири ғам», ғазали Хаёлии Бухороӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Тилисми қонун», ғазали Фаррухии Яздӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Меҳроби дуо», ғазали Соиби Табрезӣ, оҳанги Абдураҳмон Мадхолов.
«Давлати сар» («Очаҷон»), шеъри Самариддин Ёқубӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Ошиқ машавед», ғазали Ҳаким Саноӣ, оҳанги Абдураҳмон Мадхолов.
«Ниқоби кибриёӣ», ғазали Аҳмади Ҷомӣ, оҳанги Абдураҳмон Мадхолов.
«Бо Тоҷикистон зиндаем», шеъри Мирзо Рустамзода, оҳанги Ч. Холов.
«Модар», шеъри Солими Фархорӣ (Муталзода), оҳанги Ч. Холов.
«Зикри Ватан», шеъри Мирзо Рустамзода, оҳанги Ч. Холов.
«Марги соҳибдил», шеъри Муҳаммад Ғоиб, оҳанги Ч. Холов.
«Ноз бикун», шеъри Содиқи Завқӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Шаҳд», аз ашъори Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Гиря макун», шеъри Озарахш, танзими Ч. Холов.
«Гули хандон», ғазали А. Ҷомӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Ташти оташ», ғазали Сайидо, оҳанги Ч. Холов.
«Бӯса бар парчам занем», шеъри М. Рустамзода, оҳанги А. Мадхолов.
«Файзи Роғун», шеъри М. Рустамзода, оҳанги А. Мадхолов.
«Файзи Ваҳдат», шеъри М. Рустамзода, оҳанги Ч. Холов.
«Маҳи гулъузор», ғазали Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Бӯи Ватан», шеъри М. Рустамзода, оҳанги Ч. Холов.
«Олами дил», ғазали Анварии Абевардӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Рубоиёт», аз Анварии Абевардӣ, оҳанги халқ.
«Сайди сухан», ғазали Холмуҳаммади Хаста, оҳанги Ч. Холов.

Умари ШЕРХОН
адиб

Чоршанбе, 16 Январ 2019 12:10


Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, сарфи назар аз вазъи обу ҳаво, фаъолияташро чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондааст. Ин аст, ки бо вуҷуди номусоидии обу ҳаво роҳи Душанбе-Чанок кушода аст. Лозим ба ёдоварист, ки танҳо ба хотири ба вуҷуд наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт, бо дарназардошти вазъият барои муҳлати кутоҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор ва “Фура”-ҳо муваққатан боздошта мешавад. Борҳо гуфта будем ва иловатан таъкид менамоем, ки маҳз бетафовутии як идда ба тавсияҳои мо бобати бе омодагии ҷиддӣ ба роҳ набаромадан, худдорӣ кардан аз сафар бо воситаҳои нақлиёти бидуни тири пешбаранда, ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад. Табиист, ки дар чунин ҳолат ашхоси аз асли масъала ноогоҳ борони маломатро сари филиали Ширкат мерезанд, ҳол он ки мо рисолати худро дар сатҳи хубу сифати баланд ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ пеш бурда истодаем. Аз сӯи дигар, дар ҳолати мазкур техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат наметавонанд сари вақт ба маконе, ки дар он ҷо  боришот  шадид аст, сафарбар шаванд.
Чанде пеш дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», Қарори Ҳукумати ҶТ №147 аз 27.03.2018 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018- 2019» ва талаботи банди 33 моддаи 3- юми Шартномаи Консессионӣ байни Ҳукумати ҶТ ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюзшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои иловаӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми номусоидии обу ҳаво фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти мамлакат «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» ба тасвиб расид.
Тибқи талаботи он, ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боришоти барфи зиёд, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилот ба миён меорад дар масири роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» аз ҳисоби масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод ташкил шуда, аз деҳаи «Ҳушёрӣ»-и н.Варзоб (км 44) то деҳаи «Такфон»-и н.Айнӣ (км 95) ва аз км 136 н.Айнӣ то км 181 н.Шаҳристон танҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд ё чархҳои пешбарандаашон бо таҷҳизоти зиддилағжиш ҷиҳозонида шудааст, инчунин автомашинаҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 т буда, ядакҳои иловагӣ, нимядак надоранд ва бо лавозимоти эҳтиётӣ (симтобаи кашолкунӣ, болиштаки зиддиғелиш…) муҷаҳҳазанд, иҷозат дода мешавад.
Илова бар ин, фармоиши мавриди назар масъулинро вазифадор намудааст, ки дар мувофиқа бо Агентии обуҳавошиносӣ ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар минтақаҳои мушкилгузари роҳ-аз мавзеъи «Ҳушерӣ»-и н.Варзоб то деҳаи «Такфон»- и н.Айнӣ ва аз мавзеъи «Ҳушёрӣ»-и н.Айнӣ то мавзеъи «Охтанги»-и н.Шаҳристон зери назорати доимӣ қарор дода, ҳангоми вазнин гардидани шароити ташкили ҳаракат дар роҳ, дар асоси қарори якҷояи масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи махсуси ҳаракати воситаҳои нақлиёт - рӯзҳои тоқи моҳ аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ва рӯзҳои ҷуфти моҳ аз шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд ба роҳ монанд. Қобили зикр аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба реҷаи болозикр вобаста аз шароити роҳ, дар мувофиқа бо масъулини вазоратои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумурии Тоҷикистон ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Сардорони РБДА ВКД ҶТ, РВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар н.Варзоб тибқи ин фармоиш муваззафанд, ки дар мувофиқа бо Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои муваққатиро ташкил намуда, қувва ва воситаҳои заруриро аз ҳисоби кормандони БДА ва дигар хадамоти милитсия сафарбар намоянд. Ба маълумоти ронандагони гиромӣ мерасонем, ки дар ин дидбонгоҳҳо ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз он ҷумла ба лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш...) муҷаҳҳаз будани онҳо назорати ҷиддӣ мешавад.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоршанбе, 16 Январ 2019 11:56


Ҷумъа Муродов, яке аз хонандагони қадими газетаи СССР аз ноҳияи Восеъ дар меҳмонии СССР гуфт, ки рӯз ба рӯз ҷаҳиши нархи роҳкиро, бензину газ ва маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозору магазинҳо моро ба ташвиш овардааст. Ронандагони нақлиёти мусофиркаш чи хеле хоҳанд нархро боло мебардоранд ва касеро парвое нест. Охир, ҷабру ситам ба сари халқ-нафақагирону маъюбон аст. Ин дар ҳолест, ки мо нафақаи ночиз мегирем. Солҳои пеш роҳкиро байни н.Восеъ ва ш.Кӯлоб 2-3 сомон буд, ҳоло 5-6 сомонист. Ҳар рӯз садҳо нафар аз Восеъ ба Кӯлоб мераваду меояд, хусусан, студентон. Дар 2 кӯчаи н.Восеъ таксиҳо дар ҳаракатанду роҳкиро аввал 1 сомон буд, ҳоло 2 сомонист. Мумкин 2-3 моҳ пас 3 сомонӣ шавад. Чаро аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва марказӣ ба ин масъала касе аҳамият намедиҳад? Дар давраи советӣ тамоми техникаи одамкаш зери назорат буд. Сари ҳар қадам назоратчиёни халқӣ автобус ё таксиро манъ карда, нарху навои роҳкирои пассажиронро месанҷиданд. Дар матбуоти даврӣ хонда будам, ки Ҳукумати Тоҷикистон 16 намуди нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалияи мардумро танзим ва ягона мекунад. С.2018 ба охир расиду касе дар ин бора ягон фикр накард.

Чоршанбе, 16 Январ 2019 11:50

Дар мудати кӯтоҳ пас аз омадани шаҳрдори ҷавони Душанбе Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе-пойтахти азизи кишварамонро шинохтан душвор шудааст. Боғу гулгаштҳои муосир, биноҳои замонавӣ, нақлиёти мусофиркаш, пулҳо азнавсозӣ шуда, кӯчаҳои васеъшудаву марказҳои нави тиҷоратӣ-ҳамагӣ шукуфтаву оро ёфта, ҳаваси ҳар 1 сокин ва меҳмони пойтахтро меоранд. Алалхусус, пулҳои роҳи оҳане, ки дар ш.Душанбе воқеъанд, азнавсозӣ гашта, на танҳо намуди зоҳирӣ, балки хатҳои муҳандисии зеризаминии хешро низ пурра нав кардаанд. Гузаргоҳҳои зери пулҳо низ таъмиру таҷдид гашт, вале бархе аз гузаргоҳҳои зеризаминии шаҳр то имрӯз ҳоли табоҳ ва ба таъмири оҷилӣ ниёз доранд. Яке аз чунин гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар хиёбони С.Шерозӣ, рӯбарӯи даромадгоҳи асосии Иттиҳодияи «Нассоҷи тоҷик» қарор дорад. Он мисли дигар гузаргоҳҳои зеризаминии шаҳр дар замони шӯравӣ сохта шуда, айни замон аҳволи бад дорад. Хосса, дар фасли сармо оби борону барф тариқи дару девораш шорида, фарши онро пур аз обу лой мекунанд. Зинаҳои гузаргоҳ аз ҳар 2 тараф кӯҳнаву шикаста, ниёз ба таъмиру таҷдид доранд. Дар дохили гузаргоҳ чанд дӯконе ҳаст, вале дари аксари онҳо баста буда, танҳо 1 дӯкони атриёт боз асту халос. Барои фурӯшандагони ин дӯкон низ нишастан дар ин фасл хатарнок аст, ҳам аз болои сар об мешораду ҳам обу ҳавои дохили гузаргоҳ наму заҳ аст. Дару девор ва фарши гузаргоҳ низ ба таъмири пурраи оҷилӣ ниёз доранд.
Чанде пеш аз тарафи маъмурияти Иттиҳодияи «Нассоҷи тоҷик» майдони рӯбарӯи идораи марказӣ таҷдид карда шуда, ба гулгашти зебо табдил ёфт. Гузаргоҳи зеризаминӣ аз ин гулгашти нави «Нассоҷи тоҷик» ҳамагӣ дар 5-8 метр фосила қарор дорад. Магар хуб намешуд дар баробари таҷдиди гулгашт маъмурияти ин корхонаи калонтарини кишвар таъмиру азнавсозии гузаргоҳи зеризаминии назди худро низ бар ӯҳда мегирифт? Охир, аз ин гузаргоҳ бештар аз ҳама коргарони «Нассоҷи тоҷик» мегузаранд-ку! На танҳо ин гузаргоҳ, балки 2 гузаргоҳи зеризаминии назди Сирки давлатии пойтахт низ ҳоло ҳоли табоҳ дошта, ниёз ба таъмиру таҷдиди оҷилӣ доранд.

Ҷамили Амин, СССР   

Чоршанбе, 16 Январ 2019 11:38


Ман бо ҳамкорон моҳе 1 бор ҳатман ба тарабхонаи «Роҳат» (рӯбарӯи Иттиҳодияи «Нассоҷи тоҷик») меравем. Тарабхона ҳам ба идора наздик асту ҳам дар инҷо намудҳои гуногуни кабобҳоро омода мекунанд, ки таъми ба худ хос доранд. Дар бораи камбудиҳои тарабхона, хосса, бахши хизматрасонӣ ва ороиши миз низ дарҳол ба маъмурият мегӯему хабар медиҳем, то ин ки камбуд ҳарчӣ зудтар ислоҳ гардад. 1 камбудии тарабхона он аст, ки ҳамеша рӯи миз дар назди мизоҷ ҳатман табақча ё пиёлаи шикаста мебинед ва бо садҳо маротиба гуфтанҳои мо-мизоҷон ин камбудиро маъмурияти «Роҳат» ислоҳ накарданд, ки накарданд!

Зарфи шикаста ва дастархони сӯхта


4.01.2019, соати 12:00 бо вақти Душанбе ба хотири хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ дастаҷамъона бо ҳамкорон боз ба «Роҳат» рафтем. Дар тарабхона одам кам буду мо дар шафати он мизеро интихоб карда нишастем. Чанд ҷои хони рӯи миз сӯхта сиёҳ шуда буд. Маълум аст, ки сари ин миз қаблан мизоҷони сигоркаш нишаста будаанд, вале маъмурият ҳатман бояд дастархони сӯхтаро пас аз рафтани меҳмонон иваз менамуд. Пешхизматро даъват намуда, хӯрок фармудему дар интизори 1 чойник чойи кабуд сӯҳбатамон гарм шуд. Ҳамзамон рӯи миз нигариста, дидам, ки ҳар зарфе рӯи мизамон буд, лабу гӯши паридаву шикаста дошт-лаби пиёла паридаву гӯшаи табақчаҳо шикаста, бар замми ин табақчаи назди маро тоза нашустаанд, ки 1 паҳлӯяш равғанин ва ранги сурх монда буд. Табақчаро ба пешхизмат додам, то иваз намояд. Зарфи дигарро овард, ки он ҳам лабпаридаву равғанин буд. Хулоса, аз дидани чунин зарфҳо ва «тозагии» рӯи миз иштиҳо гашт.

Барои ивази зарф сӯхтор лозим?


Агар гӯем, ки солҳои охир сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳатто таъми хӯрок дар «Роҳат» ба таври манфӣ дигаргун шудаву бо ҳарду по мелангад, хато намешавад. Зарфҳои ба пуррагӣ шикаставу лабпарида ва хонҳои сӯхта танҳо 1 камбудии ин тарабхона аст, ки ҳамеша бо он рӯбарӯ мешавему мегӯем, лек маъмурияти тарабхона гуфтаҳои мизоҷонро ҷиддӣ қабул намекунанд ё намехоҳанд қабул созанд. Магар онҳо эҳсос намекунанд, ки ба ҷуз «Роҳат» теъдоди тарабхонаҳо дар атроф зиёд шудаву сатҳи хизматрасониро бояд беҳтару хубтар кард, то мизоҷ аз «Роҳат» рӯ нагардонад. Ё барои мудирияти «Роҳат» дигар омадани мизоҷ муҳим нест? Охир, бе ин ҳам шумораи меҳмонҳоятон рӯз аз рӯз камтар шуда истодааст-ку! Ё шояд шумо мисли дар гузашта бо сар андохтани сӯхтор ин мушкилоти худро ҳал мекунед? Барои иваз кардани зарфҳои шикаставу дастархони сӯхта оташбозӣ лозим нест, барои ин танҳо хоҳиш даркор асту халос, мӯҳтарам маъмурияти тарабхонаи «Роҳат»!

Ҷ.Мақсуд, СССР 


Аз редаксия: Аҳволи бадтар аз «Роҳат»-ро дар тарабхонаи рӯбарӯи он-«Лола» низ дидан мумкин!!! Пеши «клиент»-и «Лола» на танҳо зарфу косаву пиёлаҳои шикаставу лабпарида гузоштаанд, ҳатто рӯи миз дандонковак (зубочистка) ва «салфетка» намеёбед!!!

Чоршанбе, 16 Январ 2019 10:28

 

Хабари марги мармуз ва сиррии Саъдӣ-командир моро маҷбур кард, ки боре дигар сари ин ва дигар қумандонҳои номии генерал Сӯҳроб Қосимов муруре кунем. Худо ҳамаашонро раҳмату мағфират кунад…

Чоршанбе, 16 Январ 2019 10:21

саҳ 8 аз 15

Китобҳо

Flag Counter