ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 09 Январ 2019 10:05

Баъди фавти Исо Абдуррашидов-директори собиқи театри А.Лоҳутӣ, ки барои нахустин бор тариқи интихоботи озоди «бозсозӣ» раҳбар интихоб шудаву 19 сол сарварии бузургтарин дарбори санъати Тоҷикро бар дӯш дошт, лозим донистем ин матлабро нашр кардаву ба мушкили №1 дар соҳаи фарҳанг таваҷҷӯҳи масъулинро ҷалб созем. Мо Метавонем!

Чоршанбе, 09 Январ 2019 09:47


Ҷанги нобарор
9.01.1905 дар пойтахти Русия-шаҳри Санкт-Петербург намоиши осоиштаи коргарон аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматии рус тирборон шуд. Тибқи баъзе маъхазҳо дар натиҷа беш аз 100 нафар куштаву 300 каси дигар захмӣ шуд. Коргарон барои ҷустуҷӯи адолат назди подшоҳ Николайи 2 мерафтанд, лек ба ҷои адолат насибашон тир шуд. Он шабу рӯз Русияи подшоҳӣ бо Япония дар ҳолати ҷанг қарор дошт. Ин ҷанг барои Русия чандон бобарор набуд. 20.12.1904 нерӯҳои японӣ Порт-Артур қалъаи калидиро дар Шарқи Дур тассаруф ва манотиқи зиёдеро ишғол карданд. Шикасти артиши рус дар баробари японҳо эътирози зиёдеро дар кишвар ба бор овард. Дар пушти японҳо Англия ва ИМА қарор доштанд. Артиши японӣ бо силоҳи англисӣ муҷаҳҳаз шуда буд ва ин абарқудрати вақт мехост бо дасти японҳо сиёсати худро пиёда кунад. Аммо бо вуҷуди ин Японияи кучак наметавонист ба Русияи бузург пирӯз шавад.

Чоршанбе, 09 Январ 2019 09:40


3.01.1906. Дар Русияи подшоҳӣ бо иттиҳоми узвият дар дастаҳои ҷангии эссерон, адвокат Александр Керенский ба ҳабс гирифта шуд. Тафтишот узвияти ӯро дар ин дастаҳо натавонист собит кунад ва ӯ баъди чанде аз зиндон озод гашт. С.1917 Керенский дар раъси Ҳукумати муваққати Русия қарор гирифт ва маҳз дар замони ӯ болшевикон ба сари қудрат омаданд.
3.01.1940. Финҳо ҳангоми ҷанги шӯравиву фин ба болои Ленинград 3 млн варақаи зиддишӯравӣ партофтанд.

4.01.1904. Дар пойтахти Шветсария-шаҳри Женева аввалин шумораи рӯзномаи болшевикии "Вперёд" (“Ба пеш”) нашр шуд. Рӯзнома аз ҷониби Владимир Ленин баъди рафтанаш аз "Искра" роҳандозӣ шуда буд ва ҳамагӣ 18 шумора рӯи чоп омад.
4.01.1943. Маҷаллаи амрикоии "Тайм" баъди натиҷагирии рӯйдодҳо ва ашхоси дар онҳо фаъоли с.1942, роҳбари СССР Иосиф Виссарионович Сталинро "Одами сол" эълон намуд.

4.01.1980. Президенти ИМА Ҷимми Картер бозиҳои Олимпии Маскавро таҳрим кард. Баҳона барои ин таҳрим вуруди нерӯҳои Артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистон гардид.

5.01.1918.Русияи Шӯравӣ бо декрети ШКХ ба имлои нав гузашт ва имлои кӯҳнаи Русияи подшоҳӣ, ки дар охири бештари калимаҳо аломати сакта гузошта мешуд, бекор карда шуд.

Чоршанбе, 09 Январ 2019 09:34


 Раёсати БДА ВКД ҶТ мегӯяд, ки овозаҳо дар бораи беэътибор шудани рақамҳои қайди давлатии чоррақама асос надошта, бинобар норасоии рақамҳои бақайдгирии давлатӣ барои автомобилҳои сабукрав, боркаш, мусофиркаш ва автобусҳои шахсони воқеӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ мутобиқи моддаи 11, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» аз 29 декабри соли 2010, №668 ба унвони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ пешниҳод дар бораи илова ба СТ ҶТ 1020-2013 «Аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт», «Намуд ва андозаи асосӣ», ва «Талаботи техникӣ»-ро таҳия намуда, пешниҳод кардааст.
    Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, айни замон дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои нақлиёт рақамҳои бақайдгирии давлатии намуди «1А» (чоррақама), ки пештар дода мешуд, дода шуда истодааст. Рақамҳои қайди давлатии намуди нав ҳоло ҷорӣ нашудаанд. Новобаста дар оянда ҷорӣ гардидани рақамҳои қайди давлатии намуди «1А/1», (серақама) эътиборнокии рақамҳои қайди давлатии амалкунанда идома меёбад.


Чоршанбе, 09 Январ 2019 09:29


Мухбири мардумии СССР Раҳмоналӣ Буттаев аз шаҳри Бохтар дар меҳмонии СССР гуфт, таври маълум, қариб 90%-и шаҳрвандони моро назар ба дигар давлатҳои мусулмонӣ эътиқод, дониш ва хониши диниашон хело пешрав аст. Худоро шукр, давлатамон тинҷу осоишта аст. Ҳамеша барои мо шароитҳо муҳайёст. Аммо баъзан вақт камбудиҳо дида мешавад, ки шахсан маро ноором мекунад. Пешакӣ мегӯям, ки зидди арақ-водка нестам. Мӯсафедони мо мегуфтанд, ки асалро камаш хуб. Ман ин масалро андак тағйир дода мегӯям, ки арақро камаш хуб! Ба гуфти Хайёми Нишопурӣ: «Дар андаки он манфиати бисёр аст…». Лек ҳоло ҷавонони 18-20 соларо дар кӯчаву ҷодаи ш.Бохтар мебинам, ки каме нӯшида, худро гум мекунанд… 1 чиро набояд фаромӯш кунем: Дар замони собиқ Шӯравӣ чи қадаре, ки мағозаҳои арақфурӯшӣ бисёр ҳам буд, лек ҷавонон интизом, тарбия ва одоби худро доштанд. Ҳамин хел буд? Албатта буд!!! Пас чаро мо ба ҷавонони арақнӯш аҳамият надиҳем? Бори дигар мегӯям, ки ман зидди машрубот нестам, лек онро ба меъёр нӯшем хубтар нест? Агар дар ин шабу рӯзи Соли Нави мелодӣ сахт гуфта бошам, узр! Охир, камбудиро бояд гуфт…

Чоршанбе, 09 Январ 2019 09:25


Ҷӯрахон Давлатов, корманди Академияи Илмҳои ҶТ, сокини шаҳри Душанбе бо телефони 98 792 17 19 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки чаро дар «подземка»-и чорроҳаи бозори Саховат газетафурӯшон дигар ба чашм наменамоянд? Онҳо куҷо шуданд? Чаро масъулин бо онҳо муносибати бад доранд? Охир, бе ин ҳам мо аз китобу газета дур шудан дорем. Ин ҳама кори милитсияҳост. Наход милитсияҳо газетфурӯшонро пеш кунанд??? Ҷамшед ном газетфурӯш, ки дар роҳи зеризаминии Саховат нуқтаи савдо дошту фақат газетаву маҷалла мефурӯхт, ҳоло ба ман мегӯяд, ки «маро дигар ба савдои нашрияҳо иҷозат надодан доранд. Чӣ кор кунам?». Ман намедонам, ки дар асри 21 мо чӣ кардан дорем ва оё бо ин аҳвол ба асри 22 мерасида бошем???

Чоршанбе, 09 Январ 2019 09:23


Узви Ихвон-ал-СССР, Абдураҳим Исроилов аз ноҳияи Фархор бо СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки ман фикр мекунам, ташкил кардани вилояти Кӯлоб ин маънои маҳалгароиро надорад, баръакс ба фоидаи халқ аст. Нахуст, агар ин вилоят ташкил шавад, садҳо шахс соҳиби ҷои кор мешавад, дуюм ин ки минтақаи Кӯлоб мӯҳтоҷи вилояти Хатлон намешаваду маблағе, ки аз буҷаи ҷумҳурӣ барои вилояти Кӯлоб ҷудо мегардад, мустақилона гирифта, барои ободии Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он сарф мекунанд. Тасаввур кунед, ки 1 раис аз Кӯлоб барои гузаронидани 1 ҷаласа чӣ қадар сӯзишворӣ ва маблағ сарф карда, ба маркази вилояти Хатлон-шаҳри Қӯрғонтеппа меояд ё ин ки 1 шахс барои кори шахсиаш, барои гирифтани 1 имзо аз минтақаи Кӯлоб 200 км роҳро тай карда, Қӯрғонтеппа меояд, ками камаш 200 сомонӣ сарф карда, мушкилашро ҳал мекунад, агар ҳал шавад… Агар вилояти Кӯлоб ташкил шаваду марказаш Кӯлоб бошад, албатта ин хараҷу мараҷ кам мешавад. Ва дар Кӯлоб заводи аккумуляторбарорӣ ҳатман сохта сохта шавад. Роғунро-ку сохтем?

Чоршанбе, 09 Январ 2019 09:21


Салом, СССР! Дар даврони шӯравии сотсиалистӣ табобат ва муҳимаш хондан ройгон буд. Ҳоло пул надорӣ – касал нашав! Вассалом! Чӣ тавр мо оянда ба солимии миллат умед бандем?! Таманнои онро дорам, ки СССР-газетаи мардумии мо ҳеҷ гоҳ пош нахӯрад ва доимо бо мо бошад.

Салим Носиров,
ронандаи таксӣ, ш.Турсунзода

саҳ 12 аз 15

Китобҳо

Flag Counter