ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 02 Январ 2019 10:08


Салом, СССРи гиромӣ! Ман маъюби гуруҳи 2 ҳастам ва бо фарзандонам аз бехонагиву дарбадарӣ хаста шудаем. Борҳо барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба раҳбарият ва Кумитаи замини ноҳия муроҷиат кардам, аммо ягон ҳосиле нашуд. 2 писари ман ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафтанд ва ин миннат нест, зеро ин қарзи ватандорист! Аммо вақте ваъда медиҳанд, ки «дар сурати ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ фиристодани писари худ, мо замини наздиҳавлигӣ медиҳем…», чаро ба қавли худ намеистанд? Хоҳиш мекунам, ки ҳамин андешаи маро чоп кунед, зеро ба умедам, шояд бо шарофати СССР соҳиби 1 порча замини наздиҳавлигӣ хоҳам шуд…

Бахтиёр Раҳмонқулови 42-сола,
деҳаи Ҳалқаҷар, н.Хуросон, тел: 93 510 70 15

Чоршанбе, 02 Январ 2019 10:03


Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Маҳин» дар робита ба мақолаи «Нақлиёти ҷамъиятӣ-проблемаи ҳалношудании пойтахт» (СССР, №23(508), 7.06.2018) ба маълумоти шумо мерасонад, ки матлаби мазкур дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ба ронандагон фаҳмонида шуд, ки дар асоси шарту талаботҳои шартномаи ҳамкории тарафайн байни корфармо (ҶДММ «Маҳин») ва ронандаҳои нақлиёт уҳдадорӣ ва вазифаҳои тарафайн ба имзо расидааст, ки ҳангоми риоя накардани бандҳои он шартнома яктарафа бекор карда мешавад. Инчунин таъкид карда шуд, ки ҳангоми таъмин нашудани қоидаҳои ҳамлу нақли мусофир ва боғоҷ дар нақлиёти автомобилӣ дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаду меъёрҳои қоидаҳои ҳаракати бехатарӣ дар роҳ аз қабили, аз меъёр зиёд мусофир гирифтан, муносибати дағалона бо мусофирон, бе либоси расмии ягона фаъолияти мусофиркашонӣ намудан ва таваққуф дар ҷойҳои номуайян нисбати ронандагон тибқи қонунгузориҳо ва Кодекси меҳнати ҶТ чораҷӯӣ карда мешавад.

Бо эҳтиром Директори ҶДММ «Маҳин» Мирзоев Ҷ.

Чоршанбе, 02 Январ 2019 09:49


Ман беш аз 20 сол (1990-2010) дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (РОТ), дар замони раҳбарии Амонулло Ҳукумов ба ҳайси роҳбалади қатораҳои боркаш кор кардаам. Он замон хело нооромӣ буд. Баъди суқути СССР РОТ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд. Бетартибӣ, ҳатто ғоратгарии молу мулки ҷамъиятӣ низ дида мешуданд. То Ҳукумов чанд кас роҳбарии РОТро ба уҳда гирифт, лек аз иҷрои он баромада натавонистанд. Ҳатто гирифтани музди меҳнат хело душвор буд. Баъди сардори РОТ таъин шудани Ҳукумов дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд омад. Аввалан ҳамаи норасоиҳо барҳам дода шуд. Коргарон бо 1 низом аз пайи кор шуданд. Дар муддати начандон калон иқтисодиёти он пеш рафту моҳона низ афзуда, ҳаққулзаҳматро сари вақт мегирифтагӣ шудем. Мавсуф дар кор хело сахтгир буду иҷрои супоришро сари вақт талаб мекард. Сахӣ низ буд. Дар ҳар ҷашни давлатӣ ба коргарон, ки зиёда аз 2000 нафар буданд, 1 халта орд, 4-5 литр равған, 2-3 кг гӯшт… бепул медод. Дар вақти ба нафақа рафтан низ ботантана бо туҳфаҳои қиматбаҳо-яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, ТВ, соатҳои дастӣ, ифтихорнома… гусел мекард. Ба нафақахӯрон аз ҳисоби РОТ дар ҳар иду маросим ба миқдори 60 сомонӣ бо қарори махсус туҳфа таъин карда буд. Ҳоло бошад мо-нафақахӯронро раҳбарияти имрӯзаи РОТ фаромӯш кардаанд: На ёрдампулӣ ҳасту на даъватнома. Барои ҳамин аз редаксияи СССР хоҳиш дорам, ҳамин сипосномаи маро ба унвонии Ҳукумов чоп кунад: Амонулло-ако, куҷое бошед, саломат бошед. Худо баракататонро зиёда гардонад. Омин!

Исмат Абдуллоев,
н.Рӯдакӣ, деҳаи Оқчакман

Чоршанбе, 02 Январ 2019 09:31

Чоршанбе, 02 Январ 2019 09:26

Чоршанбе, 02 Январ 2019 09:06


То фаро расидани соли нави мелодии 2019 рӯзҳои башумор мондааст. Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори мамлакат омодагӣ аз пешвози ин ҷашн идома дошта, на танҳо Душанбе, балки дурдасттарин манотиқи кишвар низ ба худ қабои идона пӯшидааст. Дар арафаи соли нави мелодӣ ман тасмим гирифтам ба тамошои шаҳр бароям ва ба ҳаёҳӯи идонаи мардум ҳамроҳ шавам. Хуб, рафтем!

Чоршанбе, 02 Январ 2019 09:03

саҳ 15 аз 15

Китобҳо

Flag Counter