ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 10 Январ 2019 10:14


Дар ш.Бохтар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 51 млн. 177 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2,9 млн. сомонӣ зиёд, ё афзоиши истеҳсоли маҳсулот 106,1 фоизи дурнамост. Баҳри иҷрои нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои с.2018 аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ 90 га ғалладонагиҳо, пахта 300 га, сабзавот 83 га, картошка 36,2 га ва зироатҳои хӯроки чорво 53,4 га кишт карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо  2176,8 тонна, пахта 670,1 тонна, сабзавот 14002,4 тонна, мевагӣ 196 тонна, картошка 1405 тонна ва зироатҳои хӯроки чорво 2383 тоннаро ташкил медиҳад…

Баҳодур Уроқов
СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 10 Январ 2019 09:59


Барои рушди соҳаи варзиш дар ҳудуди ш.Бохтар 2 варзишгоҳ, мактаби варзишӣ, 32 толори варзишӣ, 85 майдончаи варзишӣ ва майдони теннис дар истифодаи умум мебошанд, ки ба онҳо беш аз 960 тан ҷавонон ва наврасон ҷалб шудаанд. Дар мактаби варзишӣ бошад 840 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шуда, 26 тан мураббиён аз рӯи 12 намуди варзиш ҳамарӯза бо варзишгарон тамрин медиҳанд. Инчунин, варзишгарони шаҳр дар 18 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 3 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, 196 медал ба даст оварданд, ки аз он 57 адад медали тилло, 66 медали нуқра ва 73 медали биринҷӣ мебошад.

Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон

Чоршанбе, 09 Январ 2019 11:42


Президенти Русия Владимир Путин дар бораи бекор кардани маҳдудияти пешниҳоди паноҳандагии сиёсӣ ба афроди хориҷӣ фармонеро имзо кард. Тибқи ин фармон маҳдудияти паноҳгоҳи сиёсӣ барои онҳое, ки дар ватанашон таъқиб мешаванд ва ҷурми онҳо дар Русия низ ҷиноят аст, бекор мешавад.

Чоршанбе, 09 Январ 2019 11:29


Анорпарварони овозадори н.Дӯстӣ (Ҷиликӯл), ки 2 соли ахир ба хотири сармозадагии садҳо дарахт бозорҳои кишварро наметавонистанд бо анори худӣ таъмин кунад, дар мавсими имсола пайғоми тоза доданд: АНОР ҳаст!!!
Идораи кишоварзии ноҳия мегӯяд, 2 соли ахир бозорҳои кишвар аз анори худӣ холӣ буд ва анорҳои воридаи Афғонистону Покистон дар бозорҳои кишвар фурӯхта мешуд. Яғмурум Қараев-анорпарвари туркмантабор ва раҳбари хоҷагии деҳқонии анорпарварӣ бо номи "Илёс" дар н.Дӯстӣ гуфт, ки дар 3 га замин анор шинонидааст ва ҳоло ҳосили фаровонро ҷамъоварӣ дорад. Ӯ мегӯяд, дигар ба муҳоҷират ниёзе намондааст ва мунтазири пули хубе аз дарахтони анор аст, ки чандин мушкили хонаводагияшро бартараф карда, боз барои худ мошин бихарад.
Анора оварданееее...
 "Моҳҳои ноябр-декабр фурӯхтанро шуруъ мекунем ва зиндагиро таъмин месозад. Анорҳои моро аз пушти хонаҳоямон гирифта мебаранд, нигоҳубинаш ҳам кори осон нест, чун тобистон гулҳои анорро тоза мекунем, об медиҳему дору мекунам, фоидаашро мебинам. Нақша дорам, ки аз пули анор мошин хараму духтарамро ба шавҳар диҳам. Моҳи феврал насиб карда бошад писарамро бо пули анор хонадор мекунам."-умед дорад Яғмуруми туркман...
Оинабот Элмуродоваи 54-сола, анорпарвари шинохтаи Дӯстӣ 1 га замин анор дорад ва аз он ҳосили хуб гирифта, ҳоло донаҳои анори чиндаашро дар селофанҳои плостикӣ мегирад, ки онҳо то охирҳои моҳи март вайрон нашаванд: Ӯ мегӯяд: "Ҳозир ҳамаи анорҳоро дар ҳамин пакетҳо мегирем. Агар анорҳоро зуд дар селофан нагирем хушк шуда, сифаташонро гум мекунанд ва бозоргузар намешаванд. Анор босифат бошад зиндагӣ ҳам соз мешавад. Шукри худо, ки ҳосиламон хуб аст, аз пушти хона омада анори моро мебаранд."
Анори Ҷиликӯл-анори №1
Анорпарварони Дӯстӣ мегӯянд, онҳо анорҳоро аз дарахтҳо мечинанд ва то аввали моҳи декабр дар хона нигоҳ медоранд, ки 1 кг-и анорро соҳибкорон аз пушти дари хона то 15-18 сомонӣ харида, бозор мебароранд. Анори ноҳия назар ба анорҳои шаҳри Нораку навоҳии Қубодиёну Шаҳритус, ки то охири моҳи март ҳифз мешавад, дар бозорҳои минтақа 30 сомонист ва то охири моҳи март 40 гоҳо 50 сомонӣ фурӯхта мешавад. Бештари анорпарварҳои н.Дӯстӣ дар ҷамоати деҳоти "Гардӣ Гулмурод" ҳастанд ва мегӯянд аз ҳосили фаровони имсолаи анор хушҳол шудаанд, чун онҳо аз тобистон мунтазири анор мемонанд, то камбудиҳои зиндагиро бартараф созанд. Тибқи иттилои расмӣ дар н.Дӯстӣ зиёда 800 га анорзор имсол ба ҳосил даромада, ҳосилғундорӣ идома дорад.
Амиршоҳ Олимов, як масъули ҷамоати деҳоти "Гардӣ Гулмурод" гуфт, ки танҳо дар ин ҷамоат ҳудуди 500 га замин баъди 2 соли беҳосилию сармозадагӣ ба ҳосил даромадаанд, ки даромади хубе барои мардуми анорпарвар шудааст. Ӯ гуфт, дар ноҳия 2 навъи анор - сурхи тобистона ва замистона парвариш мешавад, ки аслан ба бозорҳои вил.Хатлон, ш.Душанбе ва вил.Суғд содир мешавад:
 "Дар деҳаҳои Пасариқ, Қаҳрамон ва Баҳористон анорҳои бештар дорем. Баъди солҳо, ки дарахтҳоро сармо зада буд, ҳосили хуб доданд, ҳоло вақти ҷамъоварии анор аст. Моҳи ноябру декабр содирот ба вилояти Суғду ш.Душанбе бештар мешавад...".
Аз бахши кишоварзии ҳукумати ноҳия мегӯянд, ҷамъоварии анор дар боғҳо ба анҷом нарасидааст ва дар ин ҳол наметавонанд, ки барои содироти анор ба шаҳрҳои Русия ва Қазоқистон, ки солҳои пеш аз харидорони аслии анори ин ноҳия будаанд, чизе ваъда бидиҳанд. Дар дар навоҳии Қубодиён, шаҳрҳои Сарбанду Норак низ анорҳои гуногун, мисли анори шоҳӣ, зарддонаю сафедпӯст парвариш мешавад, лек анорпарварҳои Дӯстӣ мегӯянд, онҳо анори навъи замистонаро бештар қаламча ва ниҳолашро парвариш мекунанд, чун ҳосили хубе доранд, ки харидораш бештар асту даромадаш хубтар.

Баҳодур Уроқов
СССР, вилояти Хатлон

Чоршанбе, 09 Январ 2019 10:23


«ЮНЕСКО»-яке аз ташкилотҳои бонуфузтарини СММ (ООН) дар ҷаласаи охирини худ, рӯзи 29.11.2018 дар байни тамоми мамолики дунё «чакан»-ро моли халқи тоҷик шинохт ва ба қайд гирифт. Ин яке аз дастовардҳои бузурги фарҳангии Тоҷикистон аст. «ЮНЕСКО» дар баробари ин қайд кард, ки асосан «Чакан» дар вил.Хатлон ва махсус гурӯҳи навоҳии собиқ вил.Кӯлоб рушд кардааст. Аз ин рӯ, ватани асосии «Чакан» ин шаҳри Кӯлоб аст. Шинохтани «Чакан» аз тарафи «ЮНЕСКО» ин эҳтироми бузург ба дирӯзу имрӯзи тамоми бонувони тоҷик аст. Дар яке аз маъракаҳои хурсандӣ дар ш.Кӯлоб, яке аз меҳмонҳо аз ман пурсид, ки Кӯлобиҳо чӣ доранд? Гуфтам, ки Кӯлоб ҳеҷ молу мулк надорад, фақат «чакан», «фалак» ва «мушти сахт» дорад. Ба гуфти рафиқони рус, «Чакан», «Фалак» ва «Мушт» ин бренди халқи Кӯлоб аст.
 «Фалак» низ дар баробари «Чакан» аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ моли халқи Тоҷикистон ва махсус аҳолии собиқ вил.Кӯлоб шинохта шуда, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. «Мушт»-и кӯлобӣ бошад дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ худро нишон дод. Дар пуштибонӣ аз давлати конститутсионӣ, ки аввалин шуда халқи Кӯлоб хест, ягон намуди яроқ надоштанд. Фақат бо мушту зӯрию тифоқ мубориза бурданд. Ин халқ ҳамчун 1 «мушт» бо ифротиён ҷангиданд. Дар аввалин саршавии ҷанги шаҳрвандӣ, дар 1 барномаи телевизионӣ дида будам, ки 1 хабарнигори амрикоӣ дар хабари худ гуфт, ки «Кӯлобиҳо бе яроқ ба воситаи мушт ва овози баланд меҷанганд». Ин исботи он аст, ки «Мушти сахт»-и кӯлобиро ҳама ҳис кардааст. Маҳз бо ҳамин «Мушти» Кӯлобӣ «дуздакони» Кӯлобӣ (самакбачаҳои айёр) Ҳукумати конститутсиониро пуштибонӣ карданд.

Ватани Наврӯз куҷост?
 Дар н.Шурообод (ҳоло Ш.Шоҳин), собиқ вил.Кӯлоб мавзеъе ҳаст бо номи «Дашти Ҷум», ки хело худманзараҳои зебо ва ҷои сайру гашт ва шикор аст. Ин дашт бо номи ҳамон Шоҳ Ҷамшед аст, ки «Наврӯз» аз давраи шоҳигарии ӯ қайд карда мешавад. Пас, мо бо пуррагӣ гуфта метавонем, ки ватани «Наврӯз» ин н.Шамсиддини Шоҳин аст. Ҳоло «Чакан», «Фалак» ва «Наврӯз» бренди халқи Тоҷикистон шудааст. Маҳз бо ин брендҳо тамоми ҷаҳониён, Тоҷикистонро шинохт.
 Вале ба ман 1 чиз номаълум аст, ки чаро собиқ вил.Кӯлоб бо чунин «брендҳои» умумиҷаҳонӣ вилоят нест??? Аз ин рӯ, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки собиқ вил.Кӯлобро барқарор карда, ба номи Пешвои Миллат «Раҳмонобод» гузоранд. Ин ҳурмату эҳтиром ба Ҷаноби Олӣ ва халқ аст. Ин хело туҳфаи арзанда ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ аст.

Тағоймурод Ҷумъаев,
собиқадори меҳнат, ш.Кӯлоб

Чоршанбе, 09 Январ 2019 10:21


Тибқи қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкатҳои нақлиётии тавассути воситаҳои нақлиёти мусофирбари сабукрави кироякаши таксӣ фаъолияткунанда, ки хизматрасониро дар ҳудуди ш.Душанбе анҷом медиҳанд, вазифадор карда шуданд, ки то 15.06.2019 воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксиро бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.
  Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси ш.Душанбе, МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётдар ш.Душанбе муваззаф карда шуданд, ки ҷиҳати бо намои зоҳирии қабулгардида роҳандозӣ намуданифаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ тадбирҳои мушаххаси мақсаднок андешанд.
   Бояд гуфт, ки лоиҳаи Бадриддин Қурбонов, муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ғолиби измуни шаҳрдорӣ оид ба намуди ягонаи таксиҳои пойтахт, ки ба озмун пешниҳод шуда буд, ғолиб дониста шуда, мавсуф аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе бо 5000 сомонӣ мукофот қадрдонӣ гардид.
 

Чоршанбе, 09 Январ 2019 10:15

Чоршанбе, 09 Январ 2019 10:08


Офтобо, дӯстонро шод гардон…
Нахуст пирӯзии рӯшаниро бар торикӣ, дурахши нурро бар зулмот ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дар симои пурфурӯғу башоратдеҳи онҳо ба мардуми хушиқболи тоҷик  ва ҳамаи Тоҷикистониён муборакбод мегӯям!
Бо ҳидояту роҳбарии ин шахсияти кордон, ботадбир, рамузфаҳм, дурандеш, тавоно ва уқдакушо, ба як сухан, беҳамто ҷумҳурии азизи мо-Тоҷикистон андар вақт бо дастоварди тоза ба кор оғоз кардани турбинаи якуми НБО-и Роғун бори дигар худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард… Бояд ба арз бирасонам, ки ба ифтихори ин рӯйдоди нишотафзо, сурурангез, ваҷдовар, таърихмон ва фараҳбахш дар радифи тамоми заҳматкашони равшандили кишвари зебоманзарамон шодӣ кардам, ҳатто беандоза шодӣ кардам, зеро айёми интихоби ҷой ва афкандани тарҳи неругоҳ, ки ба давраи хонандаву донишҷӯ будани мани ҳоло 72-сола рост меомад, як-як аз пеши чашмам мегузашт…
 
Маҳкамов, падари ман ва ғайраҳо…
Сар задани ихтилоф ва моҷаро дар атрофи мавзӯи сохтмон ва ё қатъи он дар аввали соли 90-ум маҳз ба фазои аҳли хонавода ва пайвандони мо иртибот гирифт ва ҳатто асари манфӣ гузошт… Дар мақолаам зери унвони «ГЭС бояд сохта шавад» («Ҷумҳурият», 1.01.2010) ин масъала муфассал шарҳ ёфтааст. Боз ҳам барои равшанӣ андохтан, падари шодравонам-Анвар Муллочаев, ходими таҷрибадори давлатӣ, дар ҶБВ иштироккарда, бознишаста ва ҳамзамон раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати н.Нуробод (Комсомолободи пешина) ягона касе буд, ки дар баробари анбӯҳи зидди бунёди ГЭС сухани қатъии худро ҷиҳати аҳамияти он дар маҷлисе, ки бо ширкати роҳбари ҳамонвақтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов (Худо раҳматашон кунад!) ва чанде аз вазирону аъзои Ҳукумат доир мегардад, иброз медорад. Мутаассифона, дар ҳузури меҳмонон мавриди итобу накуҳиши ба шӯромадагон-ашхоси зидди сохтмони неругоҳ қарор мегирад (Маҳкамов бо мақсади фаҳмондани моҳияти неругоҳ, идомаи сохтмони он ва ором кардани вазъияти номусоид ба ноҳия ташриф оварда буданд).
 
Хонаи Муллочаевро сӯзонед!!!
Мухолифон бо баёни чунин суханон: «Нест бод Муллочаев! Мо ӯро маҳкум менамоем, хонааш сӯзонда шавад…!!!» ҷамъомадро вайрон карда, дар саҳни ҳукумати ноҳия намоиш созмон медиҳанд ва байрақчаҳо дар даст ҷониби хонаи мо роҳ пеш мегиранд…  (Ба андешаи ман, ҳамчун афсари низомии мустаъфӣ ва шахси дар замони ҷанг дар Афғонистон коркарда, дар миёни эътирозгарон зархаридони хориҷӣ ҳам будаанд, ки эҳтимолан, алоқамандони онҳо имрӯз, ба қавли шоир, Алимуҳаммад Муродӣ, дар камин бошанд.
Шояд бо бим аз онҳо рӯзномаи «Нури Нуробод» мақолаи инҷониб-«ГЭС бояд сохта шавад»-ро, ки дар маҷмӯаи мақолаҳо бо номи «Роғуннома» (2010) бознашр шуд, бо вуҷуди таъкиди суди бознашри он дар рӯзномаи ноҳиявӣ ходимон аз чопаш худдорӣ карданд). Ин муноқиша ба сиҳатии падари бузургам бисёр таъсир кард ва пас аз чанд моҳ зиндагиро падруд гуфт...
 
Охирсухан ё пешниҳод
Дар ин шабу рӯзҳои равшану барои ҳамаи мо муборак, мехостам, мақомоти ҳокимияти иҷрояи ноҳияи акнун пурнури Нуробод ба ифтихори тантанаи ҳақиқату адолат бар ҷаҳолат алорағми бадхоҳони миллат, афроди орӣ аз ҳисси худшиносиву номуси ватандорӣ оғози фаъолияти турбини аввали НБО-и Роғунро бо намоиши ҷонибдорона ва изҳори сипоси бекарон ба унвони Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол кунанд. Мо Метавонем!

Сулаймон Анварӣ,
устоди ДМТ

саҳ 11 аз 15

Китобҳо

Flag Counter