ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Январ 2019 09:21


Хонандаи газетаи СССР Мавлуда Худойдодова аз маҳаллаи Корвонгузари шаҳри Кӯлоб бо телефони 98 518 16 44 ба СССР занг задаву гуфт, ки набераи 2-солаи ман-Амирҷон баъд аз 2 ҷарроҳӣ ва 2 моҳи муолиҷа дар беморхонаи Қарияи Болои ш.Душанбе фавтид. Амирҷонро вақте ноябри с.2018 бо дарде дар пешобдон ва таби баланд ба "Қарияи боло"-и ш.Душанбе овардем, роҳ мерафт, хуб мехӯрд. Ман дар марги ӯ табибонро гунаҳкор медонам. Баъд аз чанд соати ҷарроҳии гурдаи тифл, вазъи ӯ якбора бад шуд ва аз мо барои ҷарроҳии дуввум иҷозат пурсиданд. Баъди ин 2 ҷарроҳӣ кӯдак фақат хун пешоб мекард ва беҳол шуда монд. Табибон ба ман қаблан гуфта буданд, ки гурдаи кӯдак зардоб ва гӯшти зиёдатӣ дорад ва бояд ҷарроҳӣ шавад, аммо ба ман фаҳмониданд, ки бояд пешобдони ӯро ҷарроҳӣ кунанд. 1 рӯз пас аз ҷарроҳӣ табибон бо мо дар тамос шуда вазъи кӯдакро сангин гуфтанд ва розигии моро барои ҷарроҳии 2-умбора пурсиданд, зеро шиками ӯ варам карда буд. Ин бор ҷарроҳӣ 5 соат давом кард ва фаҳмиданд, ки меъдаи набераам кафидааст ва рӯдаҳо заҳролуд шудаанд. Баъди ҷарроҳӣ ва бад шудани вазъи кӯдак, дигар табиберо, ки ӯро ҷарроҳӣ карда буд, надидем…

Чоршанбе, 23 Январ 2019 09:17


Донишҷӯ Холида Абдулҳаева аз деҳаи Табибони ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки чанд рӯз пеш ҳамсояи мо-Ситора (соли таваллудаш 1989) телефони мобилиашро дар назди тирезаи хонаашон дар «заряд» монда, худ бо кадом кори таъҷилие берун меравад. Вақте барои огоҳ шудани «заряд»-и телефонаш давида меояд, аллакай онро касе аз берун (кӯча) дуздидааст. Ӯ барои тоза кардани обу ҳавои хонааш дару тирезаро кушода монда буд… Хуллас, чунин дуздии телефони мобилӣ дар кӯчаи мо бори аввал нест. Дуруст, ки мегӯянд: Худро эҳтиёт куну ҳамсояро дузд нагир! Аммо аз масъулин хоҳиш дорам, ки масъалаи тартиботро дуруст ба роҳ гузоранд.

Чоршанбе, 23 Январ 2019 09:15


Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ мақолаҳои СССРро бо номи «Операторҳо гузаронданд!» ва «Маблағи ширкатҳои мобилӣ куҷо меравад?» (1.11.2018, №44(529) мавриди баррасӣ қарор дод. Андешаи сокини н.Фархор Туманҷон Сафаров-«Операторҳо гузаронданд!» ягон асоси воқеӣ надошта, дар вақти гузаронидани таҳлил аз ҷониби мутахассисони ҶСП «Вавилон-М» муайян карда шуд, ки рақамҳои мобилии муаллиф ба ҶСП «Вавилон-М» алоқамандӣ надорад.
Дар мақолаи «Маблағи ширкатҳои мобилӣ куҷо меравад?», ки ба қалами сокини н.Кӯшониён Ҳамзаи Абдусалом тааллуқ дорад, маълумоти аниқ дарҷ нашудааст. Бояд гуфт, ки дар мавзеи н.Кӯшониён барои таъмини аҳолӣ бо хизматрасонии алоқаи мобилӣ пойгоҳи базавии ҶСП «Индиго-Тоҷикистон», «Бохтариён» насб шуда, айни ҳол фаъол аст. Дар вақти хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар баъзе мавридҳо бо сабаби аз истифода бозмондани қувваи барқ пойгоҳҳои базавии ҷамъият аз кор мемонанд. Воқеан, аз 1 октябр то 22.11.2018 дар баъзе минтақаҳои вил.Хатлон, аз ҷумла, н.Кӯшониён қатъшавии қувваи барқ ба мушоҳида расид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда барои саривақт таъмини алоқа ба аҳолӣ аз сӯи Ширкати ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» барои коршоям нигоҳ доштани пойгоҳҳои базавӣ тариқи генераторҳои дизелӣ, инчунин бо сӯзишворӣ пурра таъмин гардонидааст.
Оид ба масъалаи нархгузорӣ бояд гуфт, ки нархгузории алоқаи мобилӣ озод буда, ташаккулёбии тарифҳои хизматрасонӣ аз ҷониби операторони алоқаи мобилӣ бо назардошти таъсири омилҳои сиёсати бозоргонӣ муайян карда мешавад. Инчунин, вобаста ба қонеъ кардани талаботи муштариён нархномаҳои гуногун вуҷуд дошта, нархномаи хизматрасонӣ тибқи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ ба мувофиқа расонида мешавад. Ба мақсади қонеъ кардани талаботи истеъмолкунандагон-муштариён дар ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» нархномаҳои гуногун вуҷуд дошта, на аз ҳамаи онҳо пардохти абонентӣ ситонида мешавад. Дар доираи пардохти моҳонаи абонентӣ ба муштариёни Ширкати ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» хизматрасонии гуфтугӯӣ-бепул дар дохили шабака пешниҳод карда шудааст, муштарӣ бо дилхоҳ муштарӣ дар шабакаи ин ширкат, ки қарор дорад, метавонад бо алоқаи ройгон суҳбат намояд.

Сардор Бег Сабур

Чоршанбе, 23 Январ 2019 09:09


Салом ва дуруд ба СССРи мардумӣ! Дар партави матлаби «Дом»-и мо» чунин илова дорем: Дар асри 21 панҷарабандиро, ки моли аврупоии қарни 14-15 аст, танҳо қонунан метавон ислоҳ кард! Имрӯз биноҳои маъмурию тиҷоратӣ даҳҳо камераҳои муосири мушоҳидавӣ, посбонҳои формапӯш доранду боз решеткаҳои 3-метра насб мекунанд!!! Пас ба қаровулҳои хоболуду ишкамкалони худ бовар надоранд ва ё ба техникаи компютерии назоратӣ??? Бе ин ҳам 93% куҳсорем. Боз 93% шиғу панҷарадор шудан дорем!!! Дар ин масъала иншоотҳои давлатӣ бояд намуна бошанду панҷараҳоро кананд, баъд дигарон, аз ҷумла, соҳибкорон пайравӣ мекунанд!

Абдураҳмони Акбар,
донишҷӯ, ш.Истаравшан

Чоршанбе, 23 Январ 2019 09:00


Деҳқон барои ба даст овардани ҳосили хубу дилхоҳ аз нуриҳои минералию органикӣ васеъ истифода мебарад. Аз рӯи таҷриба ва меъёри агротехникӣ кишоварз бояд ба 1 га замин на камтар аз 20 тонна поруи маҳаллӣ-органикӣ резад. Барои ин фермаи молӣ бояд дошт, ки дар деҳот аз имкон берун аст. Лиҳозо, хоҳ-нохоҳ лозим аст, барои ба даст овардани ҳосили хуб бо риояи меъёр ба замин нуриҳои минералӣ аз қабили аммофос, карбамид, калий, селитра ва нитроаммофос… истифода кард. Афсӯс, нархи ин номгӯи молҳо рӯз ба рӯз рӯ ба болоравист. Масалан, декабри соли гузашта 1 халтаи 50 кг аммофос-160, карбамид-120, селитра-95 100 сомонӣ буд. Ҳоло нархи 1 халта аммофос дар Истаравшан 195-200 сомонӣ, карбамид 170-175 сомонӣ, селитра аз 100 сомонӣ болост. Дар нуқтаҳои фурӯши ш.Хуҷанд бошад, ҳамеша нархҳо қимат аст. Соли ҷорӣ дар мавсими кишту кор нархи аммофос ба 260, карбамид 210 ва селитра ба 150 сомонӣ баромад. Дар мавсими кишти с.2019 нархҳо чӣ мешуда бошанд? Оё бизнеси ин номгӯи молҳо дар дасти 1 шахс ё гурӯҳест, ки ҳар моҳу сол нархашро ба осмон мебарорад? Шарҳи ҳол бозгӯи он аст, ки дар ин ҷода рақобат нест. Пас Агентии антимонополӣ чӣ кор мекунад?

Ҷумъабой Яҳёев,
қишлоқи Қалъаи Ҳоҷӣ, н.Деваштич

Чоршанбе, 23 Январ 2019 08:53


(Ё чаро бархе раисон оилаҳои худро бо худ намебаранд?)

Ҷумъа, 18 Январ 2019 14:27


Дар Хитой китобҳои Александр Солженитсин, нависандаи фирории даврони шӯравӣ, ки дар Аврупову Амрико зиста, умре Иосиф Виссарионович Сталин ва сохти шӯравиро мазаммат кардаву китоби «Архипелаг ГУЛАГ»-аш сазовори ҷоизаи Нобел шуда буд, сӯхта мешаванд! Пекини расмӣ гуфтааст, ин китобҳо арзише надоранд ва танҳо бо тасмими сиёсӣ соҳиби Нобел шуда буданд. Ба таҳқиқ, агар касе Солженитсинро хондааст, медонад, ки асарҳояш пуч ва камарзишанд. Дар он даврон, ӯро ҳамчун рифола истифода мекарданд, то дар ҷанги сард алайҳи СССР корбаст шавад. Вақте, ки ин «қаҳрамони ҷанги сард» баъди бозсозӣ ба СССР баргашт, маълум шуд, ки пуфе, ҳубобе, фашисти русе беш нест ва зуд исторааш аз дурахш монд. Си Тсзинпин-президенти Хитой дар мавриди Солженитсин гуфт:
-Касе сари Сталин ифлосӣ ва музахрафот мерезад, сари халқи шӯравӣ ифлосӣ мерезад. Касе сари шогирди вай-Маои Бузург ифлосӣ мерезад, сари миллати чиноӣ ифлосӣ мерезад. Мо намегузорем, ки нафаре моро, арвоҳи сарварони даврони шӯравии аҳди Сталинро хору залил кунад. Ана барои чӣ, сар аз ин рӯз, ҷои китобҳои Солженитсин оташи сӯзон аст, на рафи китобхонаҳо!...
Хотиррас мешавем, ки китоби Солженитсинро мутолиа кардан дар Хитой ба ҷиноят баробар шудааст ва ҳар ҷое ин кутубро ёбанд, ҳатман месӯзанд. Лозим ба ёдоварист, ки чанде қабл бо ҳузури Путин В.В. дар Маскав ҳайкали Александр Солженитсин гузошта шудаву он ҷо ВВП сухан ҳам карда буд. Ба таҳқиқ ин иқдоми Путин ва сухани Тсизинпин санги нифоқ миёни 2 кишвар хоҳад шуд.
Сталин ҳамеша дар Хитой обрӯву мартабаи бузург дошт ва дорад. Моҳи марти соли 1953, дар рӯзи марги Сталин, Байрақи Давлатии Чин, дар маркази Пекин поин шуд, яъне Хитой бо халқи советӣ дар мотами генералиссимус нишаста буд. Сталин қаҳрамони воқеии Хитой аст, ки ин давлатро аз чанги истибдоди Японияи фашистӣ дар соли 1945 раҳонидаву ҳукуматро ба дасти партияи коммунистии Хитой ва шогирди содиқаш Мао Тсзе Дун дода буд.
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Ҷумъа, 18 Январ 2019 10:58


    17.01.2019 соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ дар километри 32-юми мавзеи Баржири ҷамоати деҳоти Аскар Замирови н.Ишкошим зимни тоза кардани роҳ аз кӯҳ тарма фаромада, 3 нафар корманди Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди н.Ишкошим зери тарма мемонанд. Дар натиҷа 2 нафари он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 1 нафар наҷот дода мешавад.
    Бино ба иттилои дарёфта, нафарони фавтида-нигоҳдорони қисмати ин роҳ-падару писар Ақризобек Уталбекови 64- сола ва Мастулбек Уталбекови 41-сола, сокинони деҳаи Андароби н.Ишкошим буда, ба тоза кардани қисмати роҳи мошингарди «Хоруғ-Ишкошим» машғул буданд. Ронандаи техникаи роҳтозакунии Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия Амирбек Шодмонбеков, соли таваллудаш 1967 аз зери тарма наҷот дода шуда,  сари вақт ба беморхона интиқол гардид.

саҳ 7 аз 15

Китобҳо

Flag Counter