ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, 28 Май 2019 08:35

    Вазорати корҳои дохилии ҶТ аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, даъват ба амал меорад, ки барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба шӯъбаҳои шиносномадиҳии шӯъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.
   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, тибқи дастури вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамаи шӯъбачаҳои шиносномадиҳии ШВКД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор шудаанд, ки реҷаи кории худро аз соати 08:00-и субҳ то соати 22:00-и шаб ба роҳ монанд.
     Барои иваз намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1. Шиносномаи намунаи соли 1996.
2. Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
3. Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).
4. Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ШМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).
5. Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.
6. Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).
7. Як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х4,5 мм.



Ҷумъа, 24 Май 2019 09:34


  Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе боғи нав, ки дар буриши кӯчаҳои Нисор Муҳаммад, гузаргоҳи дуюми Мирзо Турсунзода ва Шарифҷон Ҳусейнзодаи н.Шоҳмансур дар қитъаи замини масоҳаташ 4,3 гектар бунёд ёфтааст, ба «Боғи Куруши Кабир» номгузорӣ мегардад.
   Инчунин, гуфта мешавад, ки тибқи лоиҳа дар «Боғи Куруш» муҷассамаҳои рассоми машҳури тоҷик Камолиддин Беҳзод ва Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Собирова гузошта шуда, «Боғи Куруши Кабир» дар масоҳати 4,3 гектар ба мувозинати МИҲД н.Шоҳмансури ш.Душанбе вогузор мегардад.


Ҷумъа, 24 Май 2019 09:32



    Рӯзи гузашта, 23.05.2019, тахминан соати 10:30-дақиқа, 1 сокини 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Палдораки н.Мастчоҳ, дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҳамсари бародараш, зани 42-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 20 маротиба ба аъзои баданаш задааст.
     Тавре сомонаи ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодаса ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТоғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Панҷшанбе, 23 Май 2019 11:59


 Тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносӣ шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, борони кӯтоҳмуддат, шабона дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
    Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) эҳтимоли баланд шудани сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии ҷумҳурӣ (бо истиснои ВМКБ) эҳтимолан сел ояд. Хатари боронҳои шадид ба рӯзҳои 23-25 май рост омада, аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед.
    Инчунин, бо мақсади таъмини амнияту бехтарӣ КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҷӯйбору каналҳоро ҳамеша аз хасу харӯбаҳо пок нигоҳ доранд, то садди роҳи оби гузар нашаванд.

Панҷшанбе, 23 Май 2019 08:45


    Рӯзи 20.05.2019 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе маросими баимзорасонии Қарордод байни МИҲД ш.Душанбе ва Маркази байналмилалии Чин оид ба мубодила дар соҳаҳои иқтисодӣ ва техникии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба татбиқи лоиҳаи таъмини Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" бо Студияи сайёри телевизионии рақамӣ доир гардид.
    Тавре сомонаи МИҲД ш.Душанбе хабар медиҳад, қарордоди мазкур дар доираи Созишномаи ҳамкориҳои техникӣ-иқтисодӣ байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз 20.05. 2013 дар хусуси татбиқи амалии Лоиҳаи "Мукаммалгардонии сатҳи техникии корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии шаҳри Душанбе" ба тасвиб расид. Санадро муовини якуми раиси ш.Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин  директори Маркази байналмилалии Чин оид ба мубодила дар соҳаҳои иқтисодӣ ва техникии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ян Дун  ба имзо расонданд.
    Қобили зикр аст, ки гурӯҳи  кории мутахассисони ширкати "МЕНЕСО" -и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои техникӣ ва имзои Қарордоди татбиқи лоиҳа дар давраи аз 15 май то 22 майи соли 2019 дар Тоҷикистон меҳмон буданд. Мутахассисони Чин масъалаҳои вобаста ба омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ, роҳҳо, муҳлат ва тартиби таҳвили таҷҳизот аз Чин ба Тоҷикистон ва дигар мавзӯъоти марбут ба татбиқи Қарордоди мазкурро мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар назар аст, ки таҷҳизоти Студияи сайёри телевизионии рақамӣ то моҳи сентябри соли 2019 ба шаҳри Душанбе таҳвил дода мешавад.
 


Чоршанбе, 22 Май 2019 18:47

Чоршанбе, 22 Май 2019 17:29

 Зимни баргузории 1 амалиёт аз ҷониби кормандони БДА ва милитсияи пойтахт, ки рӯзи 19.05.2019 дар назди бозори «Султони Кабир» сурат гирифт, муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 1221 ОА 01, шаҳрванд Яҳёев Баҳодур Мавлонбердиевич, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, автомашинаи худро нодуруст манъ карда, ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ додааст. Номбурда ба эроди дигар ронандагони воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ронандаи тролейбуси мусофиркаши хатсайри №4 шаҳрванд Раҳимов Хушбахт, соли таваллудаш 1990, оид ба кушодани пеши роҳ беэътиноӣ зоҳир намуда, бар замми ин ӯро дашномҳои қабеҳ ва шаъну шарафашро дар назди дигар шаҳрвандон паст зада, ҳамзамон бо ӯ даст ба гиребон шудааст.
    Тавре ба мухбири СССР аз маркази матуботи РВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», шаҳрванд Яҳёев Баҳодур дар ҷои ҳодиса барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир гардида, нисбаташ парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид.
   Суд дар навбати худ санаи 20.05.2019 нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», шаҳрванд Яҳёев Баҳодур ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 7 шабонарӯз татбиқ намуд.

Чоршанбе, 22 Май 2019 12:25


Салом, СССР! Хизматрасонии бонкӣ дар давлати Шӯравӣ ба дараҷаи хуб ба роҳ монда шуда буд ва танҳо дар солҳои охири мавҷудияташ ба бетартибиҳо роҳ доданд. Аммо аз вақте ки соҳибистиқлол шудем, бонкҳои мо то ҳол мардумро фиреб медиҳанд ва аҷобати кор дар он аст, ки бонкдорон доимо хомӯшанд. Мардуме, ки пулҳои худро барои рӯзи мабодо ба чанд бонки муфлисшуда, аз ҷумла, Агроинвестбонк, гузошта буданд, дар муддати 6-7 соле, ки гирифта наметавонанд, медонед чӣ қадар он пулҳо беқурб шудаанд? Аллакай шумо-бонкирҳои «муҳтарам» 50-60% пули мардумро ба боди фано додед ва ҳамон 40-50 %-и боқимондаро ҳам ба назарам доданӣ нестед! Мизоҷон ҳар қадар, ки ба дари бонк биёянд, фақат 1 ҷавоб мешунаванд: «Пул нест, равед аз ин ҷо!» Гӯё талбандае назди банкир рафта бошад. Аммо дар ҳолате, ки агар ягон шахс аз бонк қарз гирад, дар он сурат пули бонк ҳар моҳ ҳатман фоиз кор мекунад ва хона ё мошини ба гарав гузошташуда бе мушкил ситонида мешавад. Ҳамон замон милиса, суд дар хизмати бонк тайёранд ва дидаем ҳолатҳоеро, ки қарздор бо аҳли оила дар кӯча мондааст.
Агар қонун чунин аст, пас чаро ин бонкҳо муфлис шуморида шуда, дороияш (с молотка!) ба фурӯш рафта, пули мардум бо фоизаш баргардонида намешавад? Бояд комиссияи ликвидатсионӣ созмон дода шавад ва дар он ҳайат ҳатман аз мардуми ҷабрдида 3-4 нафар шомил бошанд. Ақаллан 1 бор ҳақро ба ҳақдор бирасонед, давлатмардони муҳтарам. Ҳоло мардум ба бонкҳои кишвар бовар надоранд! Охир, бонк барои халқ аст, боварии халқро баргардонед. Бонк муфлис мешавад, вале хонаи халқ месӯзад, бонкир ягон зарар намебинад, чунки бонку мошинҳояш истодаанд, хонаҳояш дар ҷояш, ресторан, бозор, мағозаҳояш побарҷоянд. Аҷоиб муфлисшавие! Ба чунин муфлисшавӣ шумо чӣ мегӯед?

Зиёҷон Хошматов,
деҳаи Шайнаки Муллогадо, н.Рӯдакӣ

саҳ 4 аз 14

Китобҳо

Flag Counter