ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 26 Сентябр 2019 11:21

Сол аз сол вазъи бинои МТМУ №50-и ҷамоати деҳоти М.Вайсови н.Восеъ батар шуда, бино дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. 1 гурӯҳ волидайни хонандагони муассиса дар сӯҳбат бо СССР гуфтанд, ки ҳамасола таъмири бино аз ҳисоби падару модарон ва омӯзгорон гузаронида шуда, он бесифат анҷом меёбад. Дар ин муассиса 760 хонанда таҳсил карда, беш аз 58 омӯзгор дарс мегӯяд. Ҳар сол аз ҳар 1 талаба барои таъмир ва шикасту рехти мактаб 10 сомонӣ ҷамъ меоранду ба ҳисоби миёна он 7600 сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ барои чӣ ва ба куҷо сарф мешавад?! Бинои муассиса с.1984 бунёд ва имрӯз тамоми синфхонаю толори варзишӣ вайрон шудаасту хонандагон аз ночорӣ дар толори садамавӣ ба тамрин машғуланд. То ин дам касе барои таъмир кӯмак накардааст, ҳоло он ки дар ин деҳа соҳибкорони маҳаллӣ кам нестанд. Омӯзгорон инчунин ёд надоранд, ки барои таъмир аз ҳисоби ҳукумати ноҳия маблағ ҷудо шуда бошад. Соли гузашта ба гуфти директори мактаб аз ҳисоби Ассотсиатсияи волидайни хонандагон 3784 сомонӣ ҷамъоварӣ гашта, бо ин маблағ каме ҳам бошад мактаб рангу бор шуд, вале ба таъмири капиталӣ ва таҷдид ниёз дорад. Ғайр аз ин сокинони деҳот ба иншоотҳои дигари ҳаётан муҳим аз қабили бунгоҳи тиббӣ, муассисаи томактабӣ ва марказҳои хизматрасонӣ муҳтоҷанд. Волидайни талабагон ва омӯзгорон умедворанд, раиси тозатаъни ноҳия Шарбатулло Азизулло то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҶТ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ мушкилоти мардумро ҳаллу фасл хоҳад кард.

Б. Абдусалом, СССР, Восеъ

 

Панҷшанбе, 26 Сентябр 2019 10:14

   Дилшод Назаров-варзишгари машҳури тоҷик ва қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро пас аз шунидани хабар дар бораи ба истифодаи допинг гумонбар шуданаш дар ҳолати шокӣ қарор дошта, таъкид намуд, ки тамоми натиҷаҳои ба даст омадаашро дар натиҷаи муборизаҳои ҳақиқӣ ба даст овардааст.

   Бояд гуфт, ки The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук, рӯзи 24.09.2019 номи Дилшод Назаровро ба рӯйхати варзишгароне шомил кард, ки дар истифодаи допинг муттаҳам мешаванд.

    Тавре ин созмон менависад, тафтиши дубораи допинг дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ "дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ-metaboliteof oralturinabol-ро ошкор кардааст."

    Дилшод Назаров дар сӯҳбат бо хабарнигорони тоҷик шоми дирӯз афзуд, ки тамоми саъю талоши хешро барои рафъи ҳамаи гумонҳо нисбаташ равон намуда, 1 вакили машҳури аврупоиро ҳам ҷалб кардааст.

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 13:12

   Дастаи мунтахаби наврасони зери 16 соли Тоҷикистон шаби гузашта ба Ватан баргашт. Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври ҷамъбастии марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба тими миллии наврасони Урдун (5: 2) ғолиб омада, дар гурӯҳи “А” ҷой аввалро ишғол кард ва ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

    Дар марҳилаи интихобии мусобиқа, ки аз 14 то 22 сентябр дар давлати Урдун баргузор шуд, дастаи Аҳлиддин Турдиев чаҳор бозӣ гузаронд ва дар ҳама бозиҳо ғалабаҳои калонро ба даст оварда, бо 12 имтиёз дар гурӯҳи худ мақоми якумро ишғол намуд.

    Чуноне ки маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ба қисмати ниҳоии чемпионати Осиё байни наврасон, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳ - Тоҷикистон (гурӯҳи А), Ҳиндустон (гурӯҳи B), Эрон (гурӯҳи C), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи "D"), Қатар (гурӯҳи "E"), Аморати Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи "F"), Чин (гурӯҳи "G"), Австралия (гурӯҳи "H"), ҶХДК (гурӯҳи "I"), Ҷопон ( Гурӯҳи «J») ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «К») роҳ ёфтанд.

     Инчунин, ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 чор даста аз байни дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ бо нишондиҳандаҳои беҳтар ҷойҳои дуввумро гирифтаанд, соҳиби роҳхат шуданд. Инҳо Яман (гурӯҳи "E"), Индонезия (гурӯҳи "G"), Узбакистон (гурӯҳи "B") ва Уммон (гурӯҳи "D") мебошанд. Аз кишварҳое, ки аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мебошанд, 3 даста-Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон тавонистанд ба қисми ниҳоии Чемпионати Осиё-2020-ёбанд.

     Бояд қайд кард, ки дар таърихи худ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бори чаҳорум дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё иштирок мекунад. Қаблан наврасони мо солҳои 2006, 2010 ва 2018 мусобиқаи мазкур ширкат варзиданд. Дастоварди беҳтарини даста ин медалҳои нуқраест, ки соли 2018 дар Малайзия ба даст овардааст.

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 11:25

    Субҳи имрӯз раиси ш.Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо иқдоми наҷиб ва ғайричашмдошт 1 гуруҳ шаҳрвандони касбу кори гуногунро бо Рӯзи шаҳр табрик намуда, ба онҳо гулдаста ва маблағҳои пулӣ тақдим кард.

   Тавре маркази матбуоти раиси ш.Хуҷанд хабар медиҳад, рӯбандаи комбинати ободонии шаҳр, корманди корхонаи нақлиёти санитарии шаҳр, хонандаи МТМУ №12, донишҷӯйи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, духтури беморхонаи шаҳрии №1, тарбиятгирандагони муассисаи томактабии №33-и шаҳр аз дидори ғайричашмдошти субҳгоҳона бо шаҳрдор ва табрикоти бевоситаи раиси ш.Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи шаҳр ба ваҷд омада, миннатдории самимонаи хешро изҳор доштанд.

    Маъруф Муҳаммадзода ашхоси касбу кори гуногунро бо Рӯзи шаҳр табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Хуҷанди бостонӣ аз қадимтарин даврони таърихӣ ҳамчун мазҳари 1 фарҳанги нерӯманд, зодгоҳи ҳунармандиву саънати муътабар, ҳавзаи пурбори адабиёти тоҷик ва сарзамини меваҳои хубу ҷойгоҳи зуҳури обу ҳавои хуш муаррифӣ ва шинохта гардида, дар дарозои ин таърихи куҳан афрод ва ашхоси муътабаре чун олимону шоирон, ҳунармандону косибон, санъатварону ходимони барҷастаи таърихиву сиёсӣ дар домани он ба камол расонидааст.

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 09:05

Узви Ихвон-ал-СССР, масъули «Тоҷикматбуот» дар ноҳияи Ёвон Маҳмадғафур Ҳомидов-собиқадори матбуот (тел: 93 542 07 11) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки ман 1 мушкили сахти корӣ дорам. 10 сол боз масъули обунаи нашрияҳои давлатии «Ҷумҳурият» ва «Садои Мардум» дар ноҳия ҳастам. Аммо баъд аз омадани раиси нав Саидзода Ҷамшед Ҳамро кори ман ба мушкили сунъӣ печид. Муовини раиси ноҳия оид ба маънавиёт Саидзода Гулрухсор Гурез обунаи ҳамин 2 нашрияро аз дасти ман-масъули «Тоҷикматбуот» гирифта, ба Почтаи ноҳия супурд. Вақте сабабашро аз муовини раис пурсидам, гуфт: «Литсензия надорӣ». Ҳол он ки дар ин 10 соли кор ягон хел литсензия-иҷозатнома надоштам ва касе ҳам аз ман чунин ҳуҷҷат намепурсид. Назди сармуҳаррирони «Ҷумҳурият»-у «Садои Мардум» омада, барои ҳалли масъала арз ва дархости кӯмак намудам. Онҳо ба ман аз номи редаксияи худ мактуб карданд ба раиси ноҳия. Номаи ҳар 2 сардабири нашрияро ба раис расонидам, аммо ягон натиҷа нест ва писанд ҳам накард! Ин мушкили камина дар даврони 3 раиси қаблии ноҳия вуҷуд надошт ва барои фаъолият ягон монеа ҳам набуд. Шояд вазифаи ман ба касе лозим шудааст?

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 09:03

Владимир Путин-президенти Русия бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов, қаҳрамони UFC дар фурудгоҳи шаҳри Махачқалъа мулоқот кард. Ҳабиб ба фурудгоҳ омад, то Путинро, ки бо сафари корӣ дар Доғистон қарор дошт, гусел кунад. Путин ҳини мулоқот ӯро бо пирӯзияш бар Дастин Пуаре шодбош гуфт: "Ман туро табрик мегӯям, хеле зӯрозмоии хуб, зебо ва мунсифона буд. Ҳунарнамоии туро тамошо кардам, усули хуби буғикунандаро дидам. Ин шеваи клоссикӣ аст, вале ба гулӯяш низ фишор наовардӣ-да!...".

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 09:01

Гумонам аз ин бештар навистан наметавонам. Шигифт ҳам намешавам, ки чаро гурӯҳе дӯстон як чизи аз рӯз рӯшанро дидан наметавонанд, ё дидан намехоҳанд. Зиндагӣ ҳамин аст, дигар. Одамон гуногун, андешаҳо ранг ба ранг. Ман наметавонам барои сухан кардан ба порсие, ки дӯстон мегараванд, бимираму пеши Фирдавсию Саъдию ҳазорон суханвари дигар равам. Ва онҳоро зинда кардан ҳам наметавонам. Ягона чизе, ки мебинам, ин дигар будани забони мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯза аз забони мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрони имрӯза аст. Мебинам, ки 2 кӯдаки мо ҳамдигарро намефаҳманд. 

Оре! Бе гуфтугӯ 1000 сол, 100 сол ва то 40 сол пеш мо бо мардуми ҶИЭ бо 1 забон сухан мекардем. Ҳамдигарро хуб мефаҳмидем. Вале имрӯз забонҳои мо дигари дигаранд! Забони имрӯзаи навиштори бародарони эронӣ барои мо мардуми Тоҷикистон бегона аст. Хуб карданд ё не, ин кори онҳост, ки ба оҳистагӣ аз порсӣ ба арабӣ гузаштан доранд. Ин забони онҳост, ҳар чӣ дилашон хост, бикунанд. Намешавад бо 2 "ч"-ю "ж" порсӣ номид. Арабии суриёнӣ ҳам ин садоҳою чанд вожаи худро дорад. Бо ҳамаи бовар мегӯям, ки ягон (!!!) кӯдаки тоҷик, ба шумури фарзандони ҳамин дӯстони порсихоҳ, аз китобҳои дабистони Эрони имрӯзӣ ҳич чизе намефаҳмад! Пас барои кӯдаки тоҷик чӣ гуна як забонеро, ки фаҳмидан наметавонад, метавон забони модарӣ хонд? Агар гуфтаҳои маро дурӯғ пиндоред, бигиреду чанд китоби дабистони Эронро бинед, хонед. Шояд худи шумо мефаҳмед. Ман ҳам хуб мефаҳмам, чунки каму беш арабиро ҳам дар ёфтаам. Лекин кӯдаки мо намефаҳмад. Магар забони адабӣ аз дабистон оғоз намешавад? 

 

Забони порсии Эрон мемирад!

Боз ҳам мегӯям, ки рӯзгори забони порсӣ, ки мо мегаравем, дар Эрони азиз бошумор монда аст; 40 ё 50 сол пас дар Эрон аз порсии Фирдавсӣ танҳо Шоҳнома ба ёдгор мемонад. 

Арабисозии порсӣ кори наве нест. Фашизми арабӣ 1400 сол дар пардаи дин пинҳон шуда, забонҳои мардуми бисёреро бурид. Дар миён агар Сомониён пайдо намешуданд, мо ҳам араб мебудем имрӯз. Пеш аз тохтутози русҳо, каме монда буд, ки забонро бозем. Аҳмади Донишро хонед, бинед ба чӣ порсӣ менавист.

Сипос аз Абаромӯзгор Айниро, ки боз ба тоҷикии тоза рӯ овард. Шояд барои бародарони эронӣ беҳтар аст, ки навиштаҳои Имом Ризоро осонтар фаҳманд. Ин кори онҳост. Нӯшашон бод! Лекин ман мехоҳам, ки Рӯдакиро ояндагонам бе баргардон фаҳмидан тавонанд. Ва мегӯям, ки забонам тоҷикист. Бо порсии бостон як аст, лекин аз форсии имрӯз дигар. Мурдапараст, ки нестам. Барои имрӯзу фардо меандешам. Мо Метавонем!

Сафват Бурҳонов,

Одесса, Украина

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:58

 

12.09.1934. Латвия, Литва ва Эстония дар пойтахти Шветсария-шаҳри Женева, бо имзои 1 созишнома миёни ҳам иттиҳоди сиёсӣ таъсис доданд, ки бо номи “Антантаи Балтик” дар таърихнигорӣ маъруф шуд.

13.09.1953. Никита Хрушёв-котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

13.09.1968. Албания аз Ташкилоти Созишномаи варшава берун рафт.

14.09.1936.НКВД СССР дар машварати махфӣ қарор дод, ки кормандони худро ба таври оммавӣ ба Испания, ки он ҷо ҷанги гражданӣ дар авҷ буд, барои кӯмак ба ҷумҳурихоҳони испанӣ фиристад.

14.09.1954.Артиши Шӯравӣ дар полигони ҳарбии Тотск, воқеъ дар вил.Оренбург, машқҳои ҳарбӣ дар шароити таркиши воқеии бомбаи атомӣ роҳандозӣ намуд. Дар ин машқҳо 45.000 афсару аскари шӯравӣ аз тамоми воҳидҳои артиш ширкат карданд.

14.09.1991.Роҳбарияти вақти РСС Ӯзбекистон Ҳизби коммунистро пароканда кард ва бо номи нав ба Ҳизби Халқӣ-Демократӣ табдил дод. Раиси ҳизби нав Ислом Каримов таъин шуд.

15.09.1833. Дар СССР, дар ш.Ленинград чекистон бо сарварии Генрих Ягода ҷамъияти ҳамҷинсгароёнро ошкор карданд. Ӯ дар навбати худ ин хабарро ба И.Сталин расонид. Ин ҷамъият бо "ҷамъияти педараст"-ҳо маъруф шуд ва ҳангоми баргузории амалиёт чекистон зиёда аз 150 нафарро қапиданд. 

15.09.1959.Оғози сафари 13-рӯзаи Никита Хрушёв ба ИМА. Хрушёв аввалин роҳбари Шӯравӣ буд, ки ба ИМА сафари расмӣ дошт.

16.09.1941.Нерӯҳои Артиши Сурх бо фармони қароргоҳи Сарфармондеҳӣ Олӣ ш.Одессаро тарк карданд. Он яке аз шаҳрҳои калидӣ дар ҷанубу-ғарби СССР буду бештари аҳолияш яҳудӣ. Ба самти Одесса нерӯҳои муттаҳидаи олмонӣ-руминӣ меҷумбид ва баъди рафтани аскарони сурх немисҳо Одессаро ба руминҳо доданд.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 10

Китобҳо

Flag Counter