ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 02 Декабр 2020 09:08

  

Аз аввал нақлиёти ҷамъиятии мо дар гирифтани аз миқдори зарурӣ зиёди мусофирон ва набудани тартибу низоми муайян дар дохили он проблема доштанд. Гуфтанду гуфтем, вале ҳамоно бенатиҷа монд. Ҳоло "болои сӯхта намакоб" гуфтагӣ барин пандемияро ҳам ба назар намегиранд. Агар аз як ҷониб ронандаҳо дар ин мушкилот гунаҳкор бошанд, аз ҷониби дигар худи мусофирон айбдоранд. Ҳама аз паҳншавии вирус ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ хуб огоҳем, вале дидаву дониста на ниқобҳоро истифода мебарем ва на аз дохил шудан ба нақлиётҳои серодам худдорӣ мекунем. 

    Дар тирезаву дарҳои нақлиёти ҷамъиятӣ лавҳаҳои "Бе ниқоб даромадан манъ аст" часпондашуда, огоҳӣ медиҳанд, вале барои бархе аз шаҳрвандон ин гуна навиштаҷот аҳамияте надорад. Вақте вориди нақлиёт мешавӣ, фосила он тараф истад, нафас кашида намешавад, ҷунбидан ку ба ҷои худаш. Ҳадди ақал барои бехатарӣ ва беҳдошти саломатии худу атрофиён ниқобҳоро ҳамеша бо худ гирем ва истифодаашон намоем.

Оламбегим Некқадамова, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ

 

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 09:05

Аз фитнаи забони қалам эҳтиёт бош,

Ғофил машав, ки гардани море гирифтаӣ…

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ 1 қаҳрамони наве пайдо шудааст, ки аз 1 ГАИшник нолидаву система ва ҳатто фаолияти президентро зери суол мекашад. Бархе аз ба ном расонаҳои хориҷӣ бошанд, аз ин нафар «великомученник», Ёқуб ё Ғаффор Седой ва ё худ Зайд Саидови навин тарошидан доранд. Инҳоро мешиносем. Ба онҳо ҳангома лозим аст. Сари чандин нафарро ҳаминҳо хӯрданд.

Воқеан ҳам, замоне, ки чанд туфайлихори Зайд Саидов аз ӯ қаҳрамон метарошиданд, “СССР” навишт, ки роҳаш сӯи бесамтист ва оқибаташ хайр нест. Имрӯз дар зиндон аст, мисле, ки замоне ана ҳамингуна расонаву “журналистони мустақил” Ғаффору Ёқубро ба оҳистагӣ, вале мутмаинан сӯи зиндон тела медоданд. Аз шунидам, аз васвосаву тела-телаву хала-халаи туфайлихоронаш пушаймон асту боре ҳам гуфта, “кош ба гуфтаи “СССР” мекардам!”. 

Шояд имрӯз нафаре аз шодихӯрдагони ҳангомасоз гӯяд, СМ жож мехояд?! Вале шумо боре аз зиндониён пурсед, ки озодии 1 соаташонро ба чӣ сарвату давлате иваз мекарданд. Надиҳед фиреб мардумро! Хоҷагони шумо барои гонораратон пайсае медиҳанд, вале меарзад, ки афродеро фирефтаву барои  2-3 тангаи ҳаром абадан ва ҳадди ақалл 15-20 сол зиндонӣ кунед?

“Вале ин ҳам гӯрба!”-гуфти раҳматии Тоҳир Собиров-режиссер ва актёри беҳамтои Тоҷик. Маро дар ин гирудор 1 муаммо ором намегузорад:

- Максимализми Тоҷикӣ!!! 

Таксист, агар ГАИ манъаш кард, ҳатман аз президент хафа аст! Замин ба касе нарасид, нафаре дучори авбошӣ, лату кӯб, ришваситонӣ шуд-муроҷиат ба президент! Ҳатто нафаре дари редаксияи моро задаву гуфт, “духтарамро модараш (инҳо ҷудо будаанд) дар синни наврасӣ ба шавҳар додааст ва мехоҳам ба президент муроҷиат кунам”...

Ҳой, мардум, шумо қонуну қавоиди давлатеро, ки 30 сол аст дар он ба сар мебаред, медонед? Аксарияти шикваву арзу доди шумо дар инстансияҳои маҳаллӣ ҳаллу фасл мешаванд! 

Ба аксарияти афроде, ки маҳз мехоҳанд ба президенти ҶТ муроҷиат кунанд, шахсан ман мефаҳмонам, ки ба фалону бисмадон масъул муроҷеъ шудаед? Мегӯянд, на. Мегӯям, биёед 1 бор муроҷиат кунем...Ва проблемаи онҳо дар ҳамон сатҳ ҳаллу фасл мешавад. О, система кор мекунад. Тоҷикистон он давлати 25-30 қаблӣ нест!

Вале пагоҳ ҳамин моҷаро боз такрор меёбад. Нафари дигаре, нафароне дигар, бо арзу шикваи ночизе, ки дар паскӯчаи қишлоқашон бояд матраҳ шавад, боз ба редаксияи мову ҳатман ба номи Президенти ҶТ дари моро мекӯбанд. “День сурка” (Groundhog Day)-рӯзе, ки пайваста яклухт такрор мешавад…

 Пурсида мешавад, магар дар Амрико ё Аврупо ГАИшникҳо умуман пора намегиранд? Дар Хитой, Ҳинд, Чину Мочин мардум бо фасод рӯбарӯ намешавад? Одамонро намезананд, таҳқир намекунанд, тазйиқ намеоваранд? 

Аммо дидаед, ки 1 таксист, ҳатман аз президент шикоят кунад? Фарзи мисол, 1 негрро пулисе заду кушт, магар одамон дар Амрико зидди Доналд Трамп бархестанд ва ё илоҷи ҳалли қазияи лату кӯби студентонро дар Ҳонконг аз Си Зинпин талаб карданд? Ҳаргиз на. Ва ҳам аз таксисту шофёру фаррошу вазире “великомученник” касе наоварид. Аммо дар мо...

Саломиддин Мирзораҳматов-журналисти Тоҷики муқими Қазоқистон дуруст қайд карданд, ки ҳатто аз 1 алкоголик-режиссёр, ки бар ҳифзи 1 наҳзатӣ бархоставу Додоҷон Атовуллоеви нозанинро бо алфози қабеҳи зиндониҳои шӯравӣ (пахан зоны) дашном дод, оппозитсия ва ҳамон расонаҳои дастнигари хориҷии он, “великомученники кабирӣ” сохтанд. 

Имрӯз великомученник таксисте шудааст. Зидди ӯ чизе надорам. Танҳо таъкидан мегӯямаш:

Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ, биист!

Ғарра машава, ки гурбаи обид намоз кард!!!

Ин расонаҳо фардо сари турбати ғамангези ин нафар низ каме гургона мерақсанду ба дунёи фаромӯшиш медиҳанд ва дар фикри фиреби нав, туъмаи навбатӣ мешаванд. Онҳоеро, ки ман дар назар дорам, худашон нек медонанд, ки шамол аз куҷо мевазад...

Зайдро шинондед, Ғаффорро абадан суд кардед, Ёқуб беҳтарин рӯзгорашро дар зиндон паси сар кард, Искандаров маҳбасист... О, бас будагист, “қаҳрамонҷӯӣ”? Мардед, 1 бор худатон рафтаву 5-10 сутка шинед, баъд ба қадри зиндониён мерасед. Виждон надоред! Ва виждон эмон аст...

Мо Метавонем!

 

  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 11 аз 11

Китобҳо

Flag Counter