ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 16 Декабр 2020 08:54

Салом аҳли қалами СССР. Ман ва ҳамдеҳагонам хонандагони доимии газетаи мардумии СССР мебошем. Медонем, ки газетаи шумо ҳамеша масоили доғро дар саҳифаҳояш матраҳ мекунад ва журналистонатон ҳам аз чизе намеҳаросанд. Мо дар гӯшаи кӯҳистонии кишварамон, яъне Кӯҳистони Мастчоҳ зиндагӣ мекунему инҷо мушкилоти зиёде домангири мост. Оё намешавад хабарнигоронатонро ба ноҳияи дурдасти мо фиристед, то аз мушкилотамон бигӯем ва шояд ба шарофати газетаи СССР ин мушкилот ҳалли худро ёбанд. 

Ёқуб Ҳасанов, деҳаи Палдорак, н.Мастчоҳи Кӯҳӣ, тел: 92 817 68 79

Аз редаксия: Хонандаи гиромӣ! Шумо низ метавонед аз мушкилоти деҳаву ҷамоату ноҳия ба мо аз забони худ бигӯеду нависед, мо ҳатман чоп мекунем! Мо метавонем!

 

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 08:46

Медонам, ух как, медонам, ки ин матлабро хондаву интеллигенсияи сулҳпарвару «дӯстироҷустуҷӯдорем»-и мо чигуна ба ғазаб меояд. Пештоз мегӯям, ман низ тарафдори ҷанг нестам. Вале касе аз ману ту хонанда мепурсад, ки ҷангро сар кунем бо шумо-тоҷикон ё не? Агар мепурсид, мо ҳамон соли 1992 мегуфтем…НЕЪ! Ва кори хирс тамом!

Воқеан ҳам баъзе давлатҳои абарқудрат маҳз бо ҶАНГ давлат сохтаанд, месозанд ва хоҳанд сохт. Мисол мехоҳед? Марҳамат. Рум! Англия! Фаронса. Америка. Исроил…Ва баъдан бисёри бисёр хоҳед, Давлати Сомониёнро ҳазрати Исмоил рӯи ҶАНГ сохта буд. Давлате, ки то ҳанӯз мо бо он ифтихор дорем. 

Вале баргардем сари мавзуъ: ҶАНГ! 

«Си вис песим пара беллум!»…Сулҳ мехоҳӣ? Пас ба ҷанг омода бош! Ва инро ман нагуфтаам. Медонӣ, хонандаи гиромии ин сутури ҳақир, ким инро гуфтааст?

Si vis pacem, para bellum-Эпаминонд лашкаркаши фивании Руми қадим 2420 сол муқаддам аз ҳамин шабу рӯз.

Воқеан ҳам таппончаи пуртири Парабеллум аз ҳамин овеза маншаъ мегирад. Пистолети Люгер ё худ Парабеллум соли 1898 бо иқтидори аз 8 то 32 патрон (!!!) сохта шудааст ва онро кадом террористи одамхӯру одамкуши мусалмон не, ки интеллигенти австро-аврупоӣ Георг Люгер барои одамкушӣ сохта буд. Бало паси Парабеллум, ки дар тӯли 3 аср сари садҳо миллион нафарро хӯрдааст. Биёед сари қудрати Армия ва техникаи низомӣ сӯҳбат кунем. Хоса баъди оне, ки Озарбойҷони бародар ба Арманистони додараш дарафтоду Ереванро сари зону шинонид, суоле ба миён меояд, ки магар Тоҷикистон бо ягон кишвари олам, ана гирем, бо ҳамсоякишваре ҷанг намекунад? Гиребонатонро нақаппеду ба ҳақиқат назар дӯзед. Мекунад! Ещё как мекунад. 

Намегӯям пагоҳ ё соли оянда ва ё даҳсолаи дигар. Вале кишвар, давлат, ҷумҳурӣ, ки шудӣ, бе ҶАНГ намешавад! Си вис песим-пара беллум! Ин аст, ки одамият дар тӯли ҳазорсолаҳо ба ҷанг омодагӣ мегирифту Армия месохт…

Ҳоло чанд «коршинос» фикр доранд, ки теъдоди сарбозу силоҳу муҳимоти Армияи Тоҷикро гӯем-сирри давлатиро фош месозем. Хандаовар иддаоест. Зеро теъдоди сарбозу техникаву тиру туфанги моро ҳама медонад. Мисле, ки сирру асрори дигар Армияҳоро. Абарқудратон аз спутникҳо ба фикратон ҳамарӯза кӯҳу кӯтали мову шуморо тамошо мекунанд?

Ёд доред, Армияи то дандон мусаллаҳи Саддом Ҳусейнро, ки «ҷаҳонро метарсонид»? А, дар чанд рӯз НАТО торумораш кард? Агар шумо фаромӯш кардаед. Ман  ёдрасатон мешавам: Дар 3 рӯз!!! Дуруст аст, ки конфликти ҳарбӣ 8 сол давом дошт. Вале ҷанги асл ҳамагӣ дар 3 рӯз хатм гардид. Ҷанги ироқӣ, ки дар болои ҷасади Армияи Саддом баъдан Артиши ДИИШ сохтанду тавассути он дар тӯли 8 сол тамомии давлатҳои арабиро бо шумули Сурия титу пит карданд, тӯлонитар шуд. Вале он ҷанг набуд. Ҷанги Сурия вақте шуруъ шуд, ки тоқати Русия тоқ гашту ба кӯмаки Башор Асад рафта, «Армия»-и Давлати Исломиро, ки аз дезертирҳои Саддом мураттаб буд, дар 3 моҳу 17 рӯзу 21 соат комилан маҳв намуд…

Армияи Тоҷик, агар ба таърихчаи он назар дӯзем, аз соли 1992 то 2008 яке аз пурқудраттарин Артиш дар Осиёи Миёна муаррифӣ мешуд. Зеро гавҳари ин Артиш Фронти халқӣ маҳсуб мерафту дар раъси баталёнҳояш генералҳои ҷангдидае чун Сӯҳроб Қосимов, Саидшо Шамолов, Мирзо Зиёев, Қурбон Чолов меистоданд. Ва аз ин Армия ҳамсояҳо метарсиданд. Сахт!!! Имрӯз наметарсанд. Зеро аз он сарбозу афсарон қариб касе намондааст.

Имрӯз Армияи моро камбағалбаччаҳои дар аксари маврид «облавашуда» таъсис медиҳанд. Ва инро дар гирду акноф ҳама медонад. Ин моем, ки вонамуд мекунем чунин нест ва вақте Нигинаи Амонқул бо либоси афсарӣ суруд мехонаду студенткаҳои қоматбаланди Славянский Универ марш мегузаранд…фикр дорем, Si vis pacem, para bellum!!!

Ба ҶАНГ бояд омода шуд. Дар навбати аввал даъват умумимиллӣ шавад. Мисле, ки дар Бокуву Ереван шарафмандона писарони вазирону раисон ба ҷанг мерафтанд. Дар мо, ақаллан, мисли писари раиси Бохтар шербаччаҳои раисону вазирон хизмат раванд. Хеле сохтмон кардем, хеле бойҳоямон бойтар шуданд, хеле кишвар ободу диданӣ гардид. Акнун бояд Армияро мусаллаҳ кард. Зеро Si vis pacem, para bellum…

Сахт гуфтам? Инро бояд касе мегуфт. Мо Метавонем!!!

 

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 08:43

(Ҷавоб ба мақолаи Аброр Соқиев «Ҳар ки оёти Худо бинад, ҳур аст»)

   Бародари меҳрубон Аброр Соқиев! Шумо «Обро нодида мӯза кашидед!».   «Гулчини ашъор»-и Иқбол аз тарафи шахси мутаассибе соли 2010 чоп шуд. Бо хурсандӣ онро харида мутолиа кардам. Хондаму аз хонданам пушаймон гаштам. Бисёр шеърҳои Аллома Муҳаммад Иқболро таҳриф намуда, ба чоп додааст. Аз ҷумла ҳамон рубоие, ки шумо нодуруст маънидод кардаед. Аз шумову хонандагони азиз хоҳиш мекунам, ки он асарҳои дар замони Шӯравӣ чопшудаи аллома Муҳаммад Иқболи Туронинажодро ёфта хонанд, агар ман ҳарферо дигар карда бошам, аз шумо 1000 бор узр мепурсам, агар не шумо аз ман узр пурсед.

   Биёед ҳамин шеърро таҳлил кунем. Агар «сабақ аз ҳикмати «Қуръон» нагирӣ хонем. Шахсе, ки аз «Қуръон» хабар надорад, тилисми «Қуръон» нашудааст, гуфтаҳои «Қуръон»-ро пеши ӯ хонӣ, ӯ фикр мекунад, ки ин мард девона асту «ҳазён» мегӯяд. Агар аз «Қуръон» бохабар бошаду тилисми он гашта бошад, Давлати Сомониёнро шикаст медиҳад, дар бозору дар масҷиду дар мактаб таркиш ба амал меорад, ки 100-ҳо нафар ба ҳалокат мерасанд. Чи тарзе дар мамлакати ҳамсояамон-Афғонистон ин ҳодисаҳо доимӣ рӯй медиҳанд, бо фармони мулло Абдураҳими «Қуръон»-дон. 

   Ё ҷанги шаҳрвандие, ки дар кишвари худамон шуда гузашт, кӣ ташкил кард? Мулло Абдуллои Нурии «Қуръон»-дон! Бо фармони кӣ беҳтарин олимону донишмандони миллати мову сайёҳони хориҷӣ ваҳшиёна кушта шуданд? Бо фармони чаламуллои «Қуоъон»-хон Муҳиддин Кабирӣ! 

Агар гуфтаҳои ман боиси малоли хотири шумо ё хонандагон гашта бошад, узр мепурсам. Мехоҳам ҳама миллатдӯсту Ватандӯст бошад, на бегонапараст! 

Ҳаким Ғуломов, 

н.Дӯстӣ  

 

Панҷшанбе, 10 Декабр 2020 09:45

   Сар аз имрӯз 10.12.2020, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ гардид. Тавре ширкати «Барқи тоҷик» хабар медиҳад, дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад. Дар баробари ин ширкати «Барқи тоҷик» бо пахши 1 муроҷиатнома аз сокинони кишвар хост, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд. Дар муроҷиатномаи ширкат аз ҷумла омадааст:

   «Ҳамватанони азиз! Ба иттилои шумо мерасонем, ки имсол бо сабаби вазъияти маълум ин амал кашол ёфт, ки барои ин аз муштариёни муҳтарам маъзарат мехоҳем. Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва махсусан, солҳои охир дар соҳаи энергетикаи кишвар таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Пеш аз ҳама, дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии бевоситаи Президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», маркази дуюми барқу гармидиҳии ш.Душанбе, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва даҳҳо нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода супорида шуданд. Ҳоло дар асоси нақшаҳои тасдиқгардида таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” амалӣ шуда истодааст.

   Ҳамаи ин имконият фароҳам овард, ки дар кишвар аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти интиқоли барқ пурра бардошта шавад. Бояд гуфт, ки мо эҳтиёҷоти кишварро то ба имрӯз танҳо бо нерӯи барқи истеҳсоли худӣ таъмин карда истодаем, ки ин, албатта, самараи татбиқи сиёсати энергетикии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

   Ҳамзамон бо ин, ширкати “Барқи Тоҷик” аз тамоми муштариёни нерӯи барқ хоҳиш менамояд, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии кишвар бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд. Бахусус, соли ҷорӣ, ки аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад.

   Обанбори нерӯгоҳи “Норак” ҳанӯз 2 сентябри соли 2020 то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шуд, вале бо сабаби дар моҳҳои охир кам шудани оби дарёи Вахш ва нисбат ба солҳои гузашта беш аз 2 метр кам гардидани захираи оби обанбори нерӯгоҳ, инчунин, аз рӯи пешгӯиҳои обу ҳавошиносон хунук омадани зимистони дарпешистода ҳар 1 сокини кишвар бояд ба масъалаи истифода бурдани нерӯи барқ боинсофона, сарфакорона ва бо масъулияти баланд муносибат намояд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳад.

   Соли ҷорӣ яке аз солҳои гармтарин ва камоб дар миқёси минтақа ва махсусан, Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо 99 фоизи нерӯи барқ аз ҳисоби об истеҳсол карда мешавад, яъне бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бевосита ва танҳо аз захираҳои об вобаста мебошад.

   Бори дигар хотиррасон месозем, ки тибқи таҳлилҳо зимистони имсола сарду тӯлонӣ меояд. Захираи об то охири зимистон басанда аст, лекин агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, яъне барои ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ зарурат пеш наояд, бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем.

   Ба таваҷҷуҳи мардуми кишвар мерасонем, ки ширкати “Барқи Тоҷик” ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ гузоштани мардум нест. Роҳбарияти олии мамлакат низ доимо дар талоши таъминоти пурраи мардум бо барқ мебошад. Доир ба ин масъала дар Паёми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид шудааст: – «Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем дар солҳои наздик ба истиқлоли энергетикӣ ноил гардем».

Бинобар ин, бори дигар хотиррасон месозем, ки фақат истифодаи сарфакоронаву оқилонаи нерӯи барқ аз ҷониби ҳар як оила ва тамоми ташкилоту муассисаҳо кафолат медиҳад, ки мо зимистони имсоларо бе ягон маҳдудият пушти сар намоем».

Чоршанбе, 09 Декабр 2020 13:06

(«Чойхонаҳоро баргардонед!»-ро бонги бисёр баланду саривақтии рӯзномаи мардумии СССР мепиндорем)

   Оре, вақти он расидааст, ки чойхонаҳо эҳё гарданд. Хусусан имрӯз, ки дари клубҳо баставу гӯшаҳои ба истилоҳ сурх, ҷойи нигоҳдории латаву сатилу чӯби (швабраи) фаршшӯии фаррошон гаштааст. Аз китобхонаҳои оммавии деҳот ном барои ҳисобот мондаасту халос. 

Баробари аз дӯкони Зоирбек харидани рӯзнома (ҳалолаш бод ин марди шарифро, ки ҳар рӯзи ҷумъа-тобистону зимистон, аз шаҳри Хуҷанд рӯзномаҳоро аз ҷумла, ҷаридаи мардумии СССР-ро дастраси мардум мегардонад), раҳораҳ онро варақ зада, маводро зери рубрикаҳои ошно меҷӯям ва дар саҳифаи 8 таҳти унвони «СССР: мо ва камбудии мо» чашмам ба сарлавҳаи «Чойхонаҳоро баргардонед!» афтид. 

Офаринатон, СССР-чиён, ки дарди дили мардумро медонед! Дар 1 дам маводро хондам, мазмунро «фуру» бурдам ва ба М.Аминзода рашкам омад, ки чаро ман нею ӯ навиштааст. Аҳсант, бародар, М.Аминзодаи СССР, қоил кардед бо ин мавзуи аз хотирҳо фаромӯшшуда! Пештар меҳмонони Душанбешаҳри гулистон, баъди дар меҳмонхона ё хонаи хешу табор, ҳамдеҳагон ҷо гирифтан, баробари сайру гашт, ҳатман бо чойхонаи «Роҳат» меомаданд, ки куфти роҳ бароранд, одаму олам бинанд, аз навигариҳо хабардор гарданд. Ҳозир чӣ? Ин рисолатро қурутобхонаи «Олимҷон» гирифтааст, аммо барои он ҷо рафтан таксӣ меҳмони нобаладро хеле «чарх» мезанонад дар кӯчаҳои пойтахт. СССР-ро хонда 1 воқеаи роҳатшиниам бо ҳамсабақон дар хотирам равшан шуд. 

Дуғоби «Роҳат»

 Мо-се нафар хатмкардагони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи милии Тоҷикистон (соли 1970), баъди вохӯрии умумӣ, хостем ҷойҳои «буҷулбозӣ»-амонро дар солҳои студентӣ, давр занем, гузаштаро ёд кунем. Омадем ба чойхонаи «Роҳат», баромадем ба қабати дуюм, ҷои мувофиқро интихоб карда нишастем. Пешхидмат омад, лутф кард, қоғазу  қалам дар даст. Зиёбой Ҷалилов (аз шаҳри бостонии Панҷакент) моро аз ҳаловати хизмат ба дӯстон маҳрум накунед гуфт, тем более, серем, баъди зиёфати умумӣ. Чи ҳам мегуфтем, ману Бекмуроди нафақахӯр. Ва фармоиш дод Зиёбой: 

-Хоҳарам, бисёр пазмон шудаем ба дуғобҳои «Роҳат», 3 гелос (Зиёбой чанд сол дар Афғонистон буд) аз ҳамон роҳати ҷон дар ин ҳавои тафсон меовардед. 

Пешхидмат, ки аз ин 3 нафари олуфта дигар чизро интизор буд, гапи Зиёбойро то охир гӯш накарда, ғайб зад. Ана, инро хизматрасонӣ мегӯянд, луқма партофт Бекмурод, дар 1 дам аз паи иҷрои «заказ» шуд.

Мо банди баҳсу мунозира, гузаштани вақтро нафаҳмида, суҳбат доштем, бекор-дия. Ниҳоят «заказ» омад, баъди чанд бори дигар таъкид намудани Зиёбой. Духтарак 3 зарфи пурдӯғро башаст болои миз партофту рафт (бале, нагузошт, партофт). Кашидем, тасф фаровардем, роҳат кардем. Зиёбой боз таъкид кард, ки кисаковӣ нашавад. Омад духтар ва тунд карда гуфт: 28 сомонӣ! Зиёбойи барои ҷебакковӣ нимхез шуда, ба ҷояш нишаста монд: чанд пул гуфтед, хоҳарам? 

- 28 сомонӣ, бобоҷон!...

-О, пештар, -пешхизматро ба инсоф даъват карданӣ буд Зиёбой, -дуғоб чанд тинак буд. 

-Пештар дар тоқи боло монд, бобоҷон, пула бароред, маро нороҳат накунед. 

Чойхонаи усто Шодӣ 

Чунин ном дошт аввалин чойхонае, ки барои фотеҳони Дилварзин хизмат мекард ва болои канали «Тоҷикистони советӣ» дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон соли 1956 сохта шуда буд. Чойхоначӣ шахси бисёр озодаю омода Усто Шодии пастиғавӣ буд. Ин чойхона, ба ғайр аз вазифаи асосиаш, боз ба сифати маҷлисгоҳ, клуб, макони консертҳо барои муҳоҷирон, кинохонаи сайёр истифода мешуд. Ҳамин ҷо қотилони Мулло Бобоҷонов-аввалин ронандаи Дилварзин дар колхози ба номи Жданов (имрӯза АХД Фирдавсӣ) тоторҳои Қрим суд карда шуданд, ҳамин ҷо моҷарои посбонони маҳбасхонаи ноҳия ва мардуми маҳаллӣ ҳалли қонунии худро ёфт (маҳбас ба дигар ҷо кӯчонида шуд). Хуллас, чойхона хонаи ҳама буд. Имрӯз ин чойхона болотар аз ҷои аввалинаш болои канали номбурда ҷойгир аст, вазифаи пулро ҳам аз болои канал иҷро мекунад, аммо чойхӯронашро касе намебинад. Шояд масъулони Ҷамоати деҳоти  Оббурдон, ки ҳамагӣ чансад метр дуртар аз чойхона ҷойгиранд, ба фаъолияти минбаъдаи он таваҷҷӯҳ кунанд? 

Дармонгоҳи муҳоҷирон-чойхонаи Хушекат

Соли оянда аз фатҳи Дилварзин 65 сол пур мешавад. Ва дар ҳамин муддат хизмати аҳли чойхонаи деҳаи Сурхгили Хушекати ноҳияи Айнӣ нисбати муҳоҷирони хонабарпушти Мастчоҳ аз хотирҳо зудуда нашудааст. Аз ҷумла, мани 9-сола ҳамроҳи хонаводаи 9-нафараамон, пеш аз убури ағбаи осмонбӯси Шаҳристон, 1 шаб меҳмони ин бандагони Худо будем. Ҳазорон меҳмони ин даргоҳи муқаддас дар ободии чӯли лабташнаи Дилварзин фотеҳаи аҳли ин маконро гирифта буданд, аз ин рӯ онҳоро ҳам фотеҳони Дилварзин гуфтан меарзад. 

«Пирожкиҳо»-и Қурбон Миров

Паҳлӯи чойхонаи марказии ноҳия дӯстам Қурбон Мировро хеле парешон дидам. Баробари вохӯрӣ пурсу посро «фаромӯш» карда, шумо мухбир, нависед, ҳақиқатро нависед, росташро гӯед, натарсед гуфта, нақл кард: 

   - Аз паҳлӯи чойхона 4 пирожкии гармакак гирифтаму даруни чойхона тохтам, бинед ҳаво ях, хостам он ҷо сари миз баҳазур танаввул кунам. Хӯрокро болои миз гузошта, аз чойхоначӣ чой пурсидам, аммо ӯ гуфт, ки аз мо хариди хӯрок накунед, чой нест! Ва аз паи кораш рафт. Ман ҳам сари ҷаҳл он хӯрокро ба сатили партовҳо рехтам. Менависед ё не? То навистем, то мошинка кардем, то флешка харидем (барои 1 хабар, редаксияҳо шакли электронӣ мепурсанд-ку?), то ба редаксия омадем, ки бинои  чойхона канда шуд!!! Ман пеши дӯстам хандахариш мондам…

Роҳати ҷон буд, «Мурғоб» 

Чанд сол пеш бо рӯзноманигор, сайёҳ, варзишгар, иқтисоддон, соҳибкор, ислоҳотчӣ, боғбон Тоҷиддин Саидолимови Хуросонӣ, ки дар Мастчоҳ бо номи Дэнсиопини тоҷик маъруф аст, бо фотеҳаи сардабири СССС устод Сайёфи Мизроб азми пиёда фатҳ намудани Бадахшон-Боми Ҷаҳонро кардем ва баъди бозгашт, ҳисоботи кӯтоҳе ҳам дар ин ҷаридаи ҳамахон ба нашр расида буд. 

Ана, дар ҳамин сафар, баробари Чашмаи Носири Поршнев, Чашмаи Авҷи Ишкошим, Гармчашма, Чашмаи Фотима-Заҳро, Қалъаи Қаҳ-Қаҳа, чойхонаи «Мурғоб» ҳам дар хотирҳо монд. Чойхона дар паҳлӯи бозори Хоруғ, болои дарёи Ғунд ҷойгир буда, аз маконҳои серодами ин шаҳр ба шумор меравад, роҳати ҷон буд «Мурғоб». 

Чойхона буду чойхӯр не…

Соли 2018 дар деҳаи зебоманзари Пушинги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон меҳмон будам. Маркази ноҳия хеле ободу зебо буда, бо кӯчаҳои васею иморатҳои хуштарҳаш шаҳри замонавиро мемонд. Мо баробари макотиби олию бозорҳо, аз чойхонаи маркази ноҳия низ дидан кардем. Бовар кун, хонандаи гиромӣ, дилхоҳ шаҳр чунин иморатро дар ҳудуди худ диданро орзу мекунад. Ин маҷмааи кандакорию меъмории боҳашамат бо боғу саҳни оростаю пероста дар ҳақиқат ҳам намунаи олии санъати дилфиреби бинокорӣ ба шумор меравад. Аммо … Аммо чӣ? Аммо ин ки чойхона ҳасту чойхӯр не! 

Гирдсанги Палдорак 

Дар кӯҳистон аз қадимулайём ҷойҳои махсус буданд, ки чун чойхона, мардум пас аз кор, он ҷо аз суҳбати ҳамдигар баҳра мебардоштанд. Масалан, дар деҳаи мирнишини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ-Палдорак, ин макон «Гирдсанги Палдорак» ном дорад. Барои мавқеи ин деҳаро таъкид кардан, байни мардум чунин иборае корбаст будааст: «Палдорак тинҷай? Оҳ, пас, почо тинҷай». «Гирдсанги Палдорак» тамоми фасли сол «серодам» буд. Ривояте ҳаст, ки 2 нафар аз ҳамсоядеҳа шарт мекунанд, ки оё дар ин нимишаби тирашаби зимистони қаҳратун дар «Гирдсанги Палдорак» нафаре  бошад ё на? Дар он хунукии туфкуняхкун чанд километрро тай карда, мебинанд, ки 2 нафар ҷома  ба сару чойнак пеши рӯ… сӯҳбат доранд. 

Лофгаҳи Сурхкат

Дар деҳаҳо чойхонаҳо бо номи лофгаҳ маълум буданд. Мардуми Сурхкати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чунин маконро лофгаҳ меномиданд, ки дар саҳни масҷиди деҳа рӯ ба рӯи Тагоб ҷойгир буд. Падарам мегуфтанд, ки ин ҷо мӯйсафедон аз рӯи синну сол, мартаба, паҳлӯи ҳам болои чӯб, қайроқсанг, деволча нишаста, масъалаҳои диёрдориро матраҳ менамуданд, сухани солхӯрдатарин бартарият дошт. Дар замони шӯравӣ ҳам Лофгаҳ мақому манзалати худро нигоҳ дошта тавонист дар ҳалли муаммоҳо. Аз  наздиктарин хона чою нон  пешкаш мешуд. Ягон  муаммои деҳотиён аз «назар» -и Лофгаҳ берун намемонд. Агар нафаре тӯйи сада (тӯй бо иштироки аҳли дигар деҳаҳо) карданӣ бошад, ҳатман тавсия ва маслиҳати аҳли Лофгаҳро мегирифт. Дар Лофгаҳ ҳал мешуд шумораи меҳмонон, агар бузкашӣ бошад, шумораи аспон, макони бузкашӣ, ҷобаҷокунии меҳмонон. Гузаронидани мусобиқаҳои давидан, гӯштингирӣ, ташкили байтбарак ҳам ба вазифаҳои Лофгаҳ дохил мешуд. Яъне, Лофгаҳ рисолати чойхонаро ба зимма дошт. 

Рисолати чойхона аз нигоҳи Латифӣ 

Нимаи аввали солҳои 70-уми асри гузашта ҷомеаи эҷодии рӯзномаи ноҳиявии «Машъал», ғайр аз устодон Усмон Олим ва шодравон Муллохун Сафаров (Охун Сафар), пурра аз ҳисоби ҷавонони навкор таркиб ёфта буд-ҳама ба омӯзишу маслиҳат ниёз доштанд. Рӯзе котиба Света (Светлана Ахмадгалиева) хабар дод, ки ҳама ба ҳуҷраи муҳаррир, маҷлис будааст. Он ҷо паҳлуи муҳаррир ҷавонмарди қоқинаи мӯйлабдоре менишаст, ки бо каланҷунбонӣ ҳамаро гӯё, ки «марҳамат» мегуфт. Муҳаррир Усмон Олим, ки чун ҳарвақта хеле ҷиддӣ буд, аз ҷо баланд шуда, бо овози марғуладор эълон намуд, ки дар меҳмонии мо рӯзноманигори шинохтаи советӣ, мухбири махсуси «Правда» дар Тоҷикистон, Отахон Латифӣ иштирок доранд. Мо, ки номи ӯро шунида, худашро акнун медидем, дам ба дарун мунтазири суханаш будем. Баъд саволу ҷавоб шуд. Кадоме аз ҳамкорон пурсид, ки муаммои муассисаҳои хизмати маиширо чи тавр рӯи саҳифа овардан даркор, ки ҳалли худро ёбанд, мо чанд сол боз менависем, аммо вазъият бе тағийр, хусусан кори чойхонаҳо нигаронкунанда аст. Устод тавсияҳои хуб дода, гуфт, ки мардуми кӯҳистон, аз ҷумла, болооби Зарафшон, аз қадим ба чойхона, ҳамчун муассисаи маишӣ таваҷҷӯҳ надоранд, марди кӯҳистонӣ дар паҳлуи хонааш чойхарию чойхӯриро қабул надорад, бинобар он паҳлуҳои дигари ин мушкилиро ҷустуҷӯ кунед.

Мувофиқи гуфти устод назари дигари чойхонаю чойхонашиниро мо ба нишон гирифтем ва бояд гӯям, ки дар тағийри муносибати мардум ба чойхонаҳо, чойхонашинӣ, таъсири чойхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳам кам нест. Имрӯз дар маркази ноҳия чанд чойхонаи замонавӣ амал мекунад, ки албатта, баъди баромади рӯзномаи СССР фаъолияташонро бояд беҳтар кунанд. 

 

Мирзоҳамдам Шарифзода, 

рӯзноманигор, н.Мастчоҳ, телефон: 92-757-97-72,

24.11.2020

 

Чоршанбе, 09 Декабр 2020 11:52

(интермедия)

Имрӯз мардум дар шабакаҳои иҷтимоию телевизион ва тариқи ВАО шикоят аз болоравии нархҳои маҳсулоти хӯрока доранд. Дар бастагӣ ба мавзӯъ мо сӯҳбатҳои сарироҳӣ бо мардуми оддӣ оростем. Мо метавонем!

24.11.2020. Соат ба вақти Душанбе 16:46 дақиқа. Хостам сайру гашти шаҳр бароям ва ба автобуси №1 савор шудам. Мо ният доштем то истгоҳи Сирк биравем. Дар дохили автобус, чизи аввале, ки диққати маро ҷалб кард, шикваи зани кӯҳансоле буд, ки бо овози баланд аз болоравии нархи бозор дарду ҳасрат дошт: 

-Э вой, Худоё, товба ҳамин фурушандагон бо баҳонаи короновирус имсол нархи маҳсулотро ин қадар боло бурдаанд! Соли оянда метарсам, ки имонашонро нафурӯшанд. Ман дилам аз ин фрӯшандагон тамоман монд!

Тоҷир не-дузд. Бозор не-Ғори Сим-сим

Кунҷковии журналистиам боло гирифт ва бо табассум ба пиразан нигариста гуфтам: -Чӣ шуд бибиҷон, ки дилатон аз савдогарон сард шуд? 

Пиразан ба ман нигариста гуфт: “Духтарҷон магар гӯшҳоят намешунаванд ё ин ки чашмонат нобиност? Охир духтарҷон ба ин нархгузории фурӯшандагони беинсоф нигар дар бозор ҳама чи гарон шудааст Инҳо на виждон доранд, на имон. Ғоратгаранд. Мисли дуздони Алибобо ва 40 роҳзанаш... 

Дар ҳамин вақт, зани дигар, ки Маҳбуба ном доштава сокини ш. Душанбест, ба сӯҳбати мо ҳамроҳ шуда, иброз дошт:

-Ғамгин нашавед мардум. Ман ба шумо 1 пешниҳоди хубе дорам, то нархҳо боло нашаванд! 

Пиразан ба апаи Маҳбуба нигариста гуфт : “Дар пичачаҳот садқа духтарам. Пешниҳод кун, фақат бо 1 шарт, ки пешниҳодат боиси коҳиши нарх дар бозорҳо гардад”. 

Ба алафчарӣ гузаред(м)

Маҳбуба-хола, ки шӯх будааст, бо ханда гуфт: 

“Ман пешниҳод мекунам , ки аз ин рӯз ба баъд, мо низ мисли гову гусфанд ба хурдани ҷуворимакаву алаф рӯ орем. Харҷамон камтар мешаваду нарх арзон”. Ҳамаи нишастагон, ҳато ронандаи автобус, хандид. Дар ҳамин росто муйсафеде ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда, бо овози баланд гуфт: 

-Э мардум, айб аст охир. Ҷабр ҳам сабри худро дорад. Агар вазъият чунин идома ёбад, метарсам, ин беинсофони бозоршин, нархи ему алафро низ мебардоранд!

Дар ин асно, мусофири дигари автобус, сокини Кӯлобшаҳр, Сабзаева Мунира ба сӯҳбати мо ҳамроҳ гашта гуфт:

“Ман бори охир барои харидани гулкарам ба бозор рафтам. Гулкараме, ки ҳоло дар бозорҳо ҳаст бештар ба тарбузи калон шабоҳат дорад, то ба гулкарам. Калони бе мазза. Онро харида ба хона меорӣ ва гумон мекунӣ, ки баъди пухтан ҳатто ба ҳамсояҳо ҳам мерасад. Аммо вақте мепазад, онро хурда намешавад, мисли санг сахт аст. Агар зиёд ҷӯшонем реза мешавад. Агар ва дар равған пазедаш, обдор мешавад. Яъне дохили он пури химикат аст. Ман гоҳе бо худам фикр мекунам, ки ин савдогарони оммафиреби бозор, дар он дунё чигуна ҳақи мардумро боз пас медиҳанд?... 

Сӯҳбати сарироҳии Омиронаи Сайёф, 

СССР

 

Чоршанбе, 09 Декабр 2020 11:51

 Заррина Абдулвоҳидова, сокини ш.Душанбе меҳмони идора шуда, гуфт, ки аз масъулони ҶДММ “Ёқут-2000”шикоят дорам.

   - Соли 2018 бо Қарори раиси ш.Душанбе хонаи мо, ки дар суроғаи ш.Душанбе, к.Шевченко 75 ҷойгир буд, тахриб карда шуд. Қарор буд ҶДММ “Ёқут-2000” дар ин макон иншооти наве бунёд намояд. Мувофиқи ҳуҷҷат ширкати мазкур бояд ба ду соҳибмулк баробари ҳудуди хонаи мо хонаи дуҳуҷрагӣ медод, вобаста ба ин баҳси додгоҳӣ ҳам гузашт, вале ҶДММ «Ёқут-2000” ба ваъда вафо накард-заминро гирифту на хона дод ва на иҷорапулӣ. 3 сол мешавад, ки мани маъюби гурӯҳи 2-юм бо 1 кӯдаки ноболиғ дар ба дар гаштааму бехонаву бесарпаноҳам, зеро падару модарам барвақт вафот кардаанд. Чаро раҳбарияти ширкатии мазкур бар хилофи дастури шаҳрдории Душанбе заминро гирифта, хонаҳоро вайрон карда, ба соҳибонаш, аз ҷумла ман ҷуброн намепардозад?

 

Чоршанбе, 09 Декабр 2020 10:02

 

 Салом СССР-и азиз! Чанд шумора пеш 1 хоҳар бо номи Саёҳат Абдуллозода, ки пасон фаҳмидам муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Ёвон будааст, дар бораи қатли Кароматуллои Қурбон, ситораи санъати тоҷик матлабе навишт. Саёҳат аз хотироти давраи хурдсолии хеш ба ёд оварда, таъкид медорад, ки қотили сароянда Кӯри Восит (Абдувосит Самадов) будааст, ки ба гуруҳи ҷинояткорони Фронти халқӣ роҳбарӣ мекард...

   Ман ин матлабро хонда, ба баъзе аз нуқтаҳояш розӣ шуда наметавонам, зеро бо шоҳидони ин ҳодиса борҳо суҳбат кардаву аз баъзе ҷузъиёташ хабар дорам. Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки Кӯри Восит узви Фронти халқӣ набуд ва барои ин далел ҳам дорам:

- Кӯри Восит баръакс гумоштаи ифротгароёни он солҳо, ки ба тозагӣ ба фаъолияти худ шуруъ карда, зери сояи ҲНИ-ҳизби наҳзат пинҳон шуда, даст ба ҷинояткориву қатлу куштор ва одамдуздӣ мекарданд, буд. Ба ғайр аз қатли Кароматулло Қурбон ӯ ва ҳамдастонаш боз дар куштори садҳо нафар одамони бегуноҳ даст доранд Вале ба масале онҳо 1 муллои наҳзатиро низ накуштанд. Аҷиб наменамояд?.

Ба забони дигар гӯем, Кӯри Восит зери сояи гӯиё Фронти халқии Ёвон корҳое мекард, ки обрӯи мардуми Ёвон ва горди халқии онро, ки ба дифоъи Ҳукумати Конститутсионӣ бархеста буданд, дар назди мардуми дигар манотиқ резонад!

Маҳз бо куштори Кароматуллои Қурбон ин фурӯхташудаи ТЭТ ҲНИ дастаи қотили Ризвонро Содировро сӯи Ёвон кашид ва ба ҷанги гражданӣ шиддат бахшид. Ҳам Ризвон ва ҳам Кӯри Восит коре карданд (бо маслаҳати пешакӣ), то мардуми Ёвон комилан ба ҷанг дароянд ва хунрезӣ авҷ гирад. Ана ҳамин моҷарои Воситу Ризвон ва қатли Ситораи Рахшонтарини эстрадаи Тоҷик-Кароматуллои Қурбон, агар хонанда аҳамият дода бошад, дар филми Хиёнат басо ҷолиб роҳандозӣ шудааст.

   Хоҳари гиромӣ Саёҳат Абдуллозода! Шумо, ки намояндаи ҲХДТ дар н.Ёвон ҳастед бояд аз мо хубтару беҳтар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон ва душманони миллатро донед, хосса онҳоеро, ки дар Фронти халқӣ барои пойдории сохти конститутсионӣ меҷангиданд. Кӯри Восит барин зархаридони исломист баръакс ба хотири рахна задани сулҳу субботе, ки ба осонӣ ба даст наомад, мекӯшиданд. 

Ва боз 1 факти хеле ҷолиби дигар: падари Кароматуллои Қурбон барои хунбаҳои писараш силоҳ гирифта бар зидди…оппозитсияи ҲНИ ба ҷанг баромад. Агар Кароматуллоро на бо амри ҲНИ мекуштанд, магар падари он раҳматӣ, ки худ милисаи касбӣ буд, аз ин огоҳ намешуд ва оё зидди Фроонти халқӣ намеҷангид?

Зимнан хоҳарам, аввал андеша баъд гуфтор гуфтаанд. Ба вежа, ки Шумои азиз пешбарандаи сиёсати Ҳукумати конститутсионӣ дар н. Ёвонед, бояд фикр карда, сипас ҷонфидоёни Фронти халқии Ёвонро, ки ҷону саломатии худро дар майдонҳои набард гузоштаанд, то мову шумо тинҷу осуда зиндагонӣ кунем, сияҳу сафед кунед.

Душманону патриотҳоро хубтар бишносед! Мо метавонем!

Диловар Самадов, 

н.Ёвон

 

Бори дигар дар бораи Кӯри Воситу Ризвон

Аз редаксия: Воқеан ҳам, қатли Кароматуллои Қурбон дар соли 1992 таҳрикдиҳандаи ҷанг шуд. Имрӯз мақомоти амниятӣ собит кардаанд, ки Абдувосит Самадов зери ливои озодихоҳӣ аслан агенти ТЭТ ҲНИТ будааст. Воқеан ҳам чунин агентҳои дупогона дар ун даврон кам набуданд ва бо пулу молу маноли кишварҳои хориҷии дуру наздик (ҳоло 100% собит шудааст, ки таҳрикдиҳандаи аслии ин ҷанг Эрони охундӣ буд) дар 2 фронт ва бо 2 погон меҷангиданд. 

Чеҳраҳои маъруфтарини таҳрикдиҳандаи ин ҷанг ҳамоно Кӯри Восит, Ризвон Содиров, Шайхи Сатттор, Талаб-Кузнетс, Шайх-Камол, Одинамадча, Шӯҳрат Олимов, Усто-Қадам, Қурбон Зардаков, Рустами Абдураҳим, Ғаффор-седой, Раҳмони Гитлер, Таваккал Мансуров, Ҷомӣ, Деҳқон, Мулло Ғаффор ва ғ. боқӣ мемонанд.

Вале имрӯз мо сари Кӯри Восит сӯҳбат мекунем, ки чигуна оташи ҷангро бо қатли Шахсияти тамоман бегуноҳ аланга андохта буд. Матлабро ҳатман хонед. Мо Метавонем!

Хроникаи 1 қатл

Соли 1992 Кароматуллоҳи Қурбон, аз хушномтарин ромишгарони тоҷики асри 20 дар синни ҳамагӣ 30-солагӣ кушта шуд. Қатли сароянда ва аъзои гурӯҳи ҳунарии ӯ дар тирамоҳи с.1992 аз ҷонсӯзтарин саҳифаҳои таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин хунёгар вақте кушта шуд, ки ҳамагӣ 30 сол дошт...

Анархия дар Ёвон

Дар моҳҳои апрел-декабри соли 1992 Ёвон ба ноҳияи транзитӣ табдил ёфта буд. Гурӯҳҳои қонунию мухолифин ба воситаи роҳи мошингарди Душанбе-Ёвон, Орҷоникидзеобод-Ёвон, Норак-Ёвон, Куйбишев-Ёвон омада, ба 4 тараф мерафтанд. Бе қарори комиҷроия дар назди деҳаҳои Қӯймот, Фурқат, Даҳана постгоҳҳои шабонарӯзӣ ташкил шуда, ба омаду рафти одамону мошинҳо “ихтиёриён” назорат мекарданд. Аз моҳи июн сар карда, дар ҳудуди ноҳия дастаҳои ғайриқонунӣ даст ба куштори одамон заданд. Метавон гуфт, тӯли чанд моҳе, ки ҳукуматро фалаҷ карда, Раҳмон Набиев ба Хуҷанд фирор кард, дар Ёвон, чун дар аксари шаҳру навоҳии кишвар анархия ҳукмрон шуд. Дигар зимоми зиндагониву аҷал дар дасти одами силоҳдор буд...

“Деҳқон” чаро Кароматуллоро Ёвон бурд?

17.10.1992. Тошохӯр. Ёвон. Кароматуллоҳ бо гурӯҳи ҳунариаш ба н.Ёвон омад. Ӯро бо ваъдаи таъмини амнияти ҷону танаш Аслонбек Нуров, мулаққаб ба «Деҳқон»-сокини бонуфузи Ёвон ба ин тӯй овард. То ҳанӯз Деҳқон расман ин рафторашро фош накардааст, ки бо пешниҳод ё тавсияи КӢ Кароматуллоро ба мавзеъе бурд, ки бӯи хун мекард!!! Гурӯҳи ҳунарманд дар Тошохӯр то соати 4-и бегоҳ ҳунарнамоӣ кард. Азбаски дар роҳу ҷодаҳо гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ пайдо шудаву вазъ ноором буд, бисёриҳо кӯшиш мекарданд, ки ҳанӯз то расидани шом худро ба ягон ҷои амн бирасонанд.

 Аммо Сулаймон Султонов-сокини дигари ноҳия, ки низ мехост 3 писарашро хатна кунад, хоҳиш дошт, то дар тӯйи фарзандонаш фақат Кароматуллоҳ «хидмат» намояд. Бо вуҷуди неву нестони Кароматуллоҳи Қурбон ва аъзои дастааш, «Деҳқон» бо ҳамон ваъдаи таъмини амнияти ҷону тани онҳо дар байн даромада, онҳоро барои хидмат дар тӯйи Сулаймон ба шаҳраки Спутник бурд. Тӯйи фарзандони Султонов тақрибан то соати 10-и шаб давом кард. Бо забони дигар Деҳқон талош намуд, ки пардаи шаб фаро расад…

Шаби хунин

17.10.1992. Соат ба вақти Ёвон 22:00 дақиқа. Ҳунармандонро соҳиби тӯй Султонов, Сафар Холов ва Сӯҳроб Носиров-2 тан аз муҳофизони «Деҳқон», барандаи тӯй-журналист Таваккал Файзуллоев ҳамроҳӣ карданд. Таваҷҷӯҳ кун, хонанда, Аслонбек Нуров-он же Деҳқон бо онҳо нарафт!

Нуқра Шералиева, ҳамсари Сулаймон Султонов: «Он шаб баъди рафтани мошинҳо мо чанд садои тири автомату таркишро шунидем. Дигар барқро кушта, то саҳар мунтазир шиштем. Субҳ омада, гуфтанд, ки Кароматуллоҳро куштаанд. Шавҳари ман ҳам дигар барнагашт...».

Тафтишот баъдан маълум кард, ки аъзои гурӯҳи Кароматулло ва ҳамроҳони онҳоро ҳамон шаб дар посгоҳи Даҳана силоҳбадастони Абдувосит Самадов, ки бо номи «Кӯри Восит» маъруф буд, аз мошинҳояшон поин карда, бо дашному таҳқир ба ҳунармандон дарафтодаанд, ки «мо ин ҷо хун мерезем, вале шумо тӯй ба тӯй кайфу сафо карда мегардед». 

Ин силоҳбадастон 11 тан, аз ҷумла, Кароматуллоро дар пушти тарабхонаи «Саёҳат» бурда паронданд. Аз миёни онҳо танҳо ба 1 нафар-Рустам Алимов муяссар шуд, ки гурезад ва худро бо азобе ба Душанбе расонда, фоҷиаи талхро ба мардум бирасонад.

Делои №8624

Иқтибос: «шаби 17 ба 18.10.1992, соати тақрибан 22:00, Абувосит Самадов (Восит) бо гурӯҳи худ дар ситоди воқеъ дар деҳаи Облошаки ноҳияи Ёвон қарор дошт. Онҳо қарор карданд, ки рафта, посгоҳи деҳаи Даҳанаро тафтиш кунанд. Ӯ бо ҷангиёнаш А.Урунов, А.Султонов (Красавчик), Б.Раҳимов (Бек), М.Кенҷаев (Малыш), М.Назаров (Махсуми Мадӣ), дар маҷмӯъ 14 нафар ба посгоҳ омаданд, ки гӯё ба фармондеҳи гвардияи худмуҳофизатии ноҳияи Ёвон Файзихон Холов ёрӣ расонанд. Дар ин посгоҳ боз 15 узви Гвардия қарор доштанд. Ҳамчунин дар вагончаи ҳамсоя кормандони ШКД н.Ёвон-4 нафар навбатдорӣ мекарданд. 

То омадани гурӯҳи Восит милисаҳо аллакай маст буданд, чунки дар наздикиҳо тарабхонае буд. Восит ва фармондеҳи гвардия Холов низ ба вагонча даромада, ба нӯшидан сар карданд. 

 Соати тақрибан 23 ба ин посгоҳ 2 мошин омад: ВАЗ 21-06, рақами давлатиаш О 05-47 ДБ, ки онро Сулаймон Султонов идора мекард, И.Ҳайдаров ва С.Холов ҳам буданд, ҳамчунин мошини УАЗ 3303, рақами давлатиаш 26-92 ДБЛ, ки дар он Кароматулло Қурбонов, бародари хурдиаш Н.Қурбонов, навозандагон Ф.Низомутдинов, А.Сафоев, Б.Бобоҷонов, Р.Алимов (коргардони садо), Д.Комилова (раққоса), ронанда Ҷ.Бобоёров ва гуселкунандаҳо С.Носиров ва Т.Файзуллoев буданд.

Р.Алимов, танҳо узви гурӯҳи Кароматуллоҳ, ки он шаби пурфоҷиа ҷон ба саломат бурд, баъдан ба расонаҳо гуфт:

«Болои ҷасадҳои ба замин афтода боз ҳам тир холӣ мекарданд. Сипас «боевик»-ҳо ба мошини соҳиби тӯй Сулаймон наздик шуданд. Ӯ мехост Воситро ором кунад, мегуфт, ки «ман бачаи ҳаминҷоям». Вале ин ба «боевик»-ҷо таъсир надошт ва ҳарсеро куштанд. Сипас навбати раққоса расид. Ӯро «боевик» бо лақаби «Малыш» 15 метр дуртар бурд ва аз Калашников 2 тираш зад»…

Дар ҷустуҷӯи ҷасади писар

18.10.1992. Аз ин дида фоҷеае ҳаст, ки падари пир бо чашмони пуробу дили ғамбор барои дарёфти ҷасади писари ягонаи офоқаш барояд? Шоҳиде дар ин бора қисса карда буд, ки «Рӯзи дигар, диққати мардуми башӯромадаи ноҳияи Ленинро мошини сабукрави «Жигули» бо сардори ШКД-Ҳамза Холмӯминов ва 4 нафар ҳамроҳонаш, ҷалб намуд. Маълум шуд, ки 1 нафари онҳо падари марҳум Кароматулло будааст. Ӯ бо чашмони ашколуд ва дили дарднок хоҳиш мекард, ки ҷасади писарашро дар куҷое ва дар кадом ҳолате бошад, ба ӯ баргардонанд...»

 Раиси комиҷроияи ноҳия Қ.Азизов ваъда дод, ки ҳамаи чораҳоро мебинад ва 12 нафар шаҳидро меёбад. Ҷасадҳоро баъди 2 рӯз аз ҳавзи партобҳои корхонаи кимиёвии Ёвон пайдо ва 19 октябр ба соҳибонашон доданд…

Ҷои қатли Булбули Шарқ

Ҳоло дар дидбонгоҳи деҳаи Даҳана ба ҷойи 2 вагон, ки дар гузашта ҷойи кори милисаҳо буд, 1 бинои дуошёна қомат афрохтааст ва шуъбачаи умури дохилӣ амал мекунад. Муҳаммадлатиф Тағоев бо ишора ба девори сангии рӯ ба рӯи бинои умури дохилӣ гуфт, ҳамин ҷо Кароматуллоҳ ва гурӯҳашро паррондаанд. Дар бархе аз ин сангҳо нишони тир то ҳанӯз ҳам аз он ҳаводиси мудҳиш шаҳодат медиҳанд. 

 

Шаҳрзоди Амин

Махсус барои СССР

 

саҳ 7 аз 11

Китобҳо

Flag Counter